Рушди низомҳои иқтисодӣ: давра ва тафриқабандии онҳо

Ҳар як ҷомеаи инсонӣ дорои низоми муайян ва сохтори мураккабу пурпечу тоб ва ба ҳам алоқаманд мебошад. Иқтисод ҳамчун маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои мухталиф, дар мояи қонуни объективии диалектика пеш меравад. Аз диди таърих ҳодисаҳои иқтисодӣ эҳёву инкишоф, ташаккул ва густариш ёфта, дар ниҳояти кор аз байн мераванд. Онҳо, сониян, ҷои худро ба равандҳои навтарини нисбатан пешқадам вогузошта, мавқеъ ва нақши худро пурзӯр гардонда, рушду нумӯи муносибатҳои хоҷагидориро таъмин менамоянд. Аз ин лиҳоз, таърихи иқтисод ҳамчун маҷмӯи зинабандии давраҳои рушд ва ташаккули низомҳои мухталиф барангехта мешавад.

Таърихи низомҳои хоҷагидорӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳаёти иқтисодии ҷомеа ба монанди табиат, наботот ва ҳайвонот, ҷараёни доимию ягоҳангӣ (яъне такроршавии як ҷараён — таваллуд, сабзиш, бороварӣ, фавт) вуҷуд надорад. Олами иқтисод, ҳамчун кулли низомҳои ҳодиса ва воқеаҳои иқтисодии мухталиф (дараҷа ва сатҳи ҳархелаи пайдоиш, инкишоф, ташаккул; таркиби гуногуни ҳавзаҳои иқтисодӣ, тарзу услубҳои ҳархелаи хонадорию хоҷагидорӣ, идоракунӣ, анъанаҳои бешумори миллӣ, густариши алоқаҳои иқтисодӣ, тиҷорат…) яъне муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, техникию иқтисодӣ, истеҳсолию иҷтимоӣ, ташкилию идора, иттилоот ва ғайра дар ҳаракат буда, миқдоран ва сифатан тағйир ёфта, аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд.

Ҷаҳони муосир ҳамчун низомҳои мухталифи иқтисодӣ, ки дар санад ва муҳлатҳои гуногун эҳё гардидаанд ва тӯли ҳазорсолаҳои ҳастии худ инкишофу таҳаввул ёфтаанд сурат мегирад. Бунёд гардидану инкишоф ёфтани ҳар яке аз ин низомҳои (хонадорию хоҷагидории) иқтисодӣ, ҳамчун натиҷаи мухталифи омилҳои гуногун (ниг. сав. якӯм) қарор мегиранд. Аз сабаби дарёбии қонуниятҳову мизону меъёри якхелаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, лозим меояд, ки на ба таҷрибаи як ё якчанду халқият, на ба давраи маҳдуди номуайян, балки давраи тулонии инкишофи таърихӣ, ҳамчун давраи бунёдшаванда, тағйирёбанда, ташаккулу тараққикунанда, нестшавандаю аз нав эҳё шаванда, сифатан ва миқдоран таҷдидшаванда назар афканем.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, қисме аз иқтисоддонон кӯшиш ба харҷ дода, тамсила ва давраҳои рушди низоми иқтисодиро ба тартиб даровардаанд. Дар асоси таҳлил ва ҷамъбаст ба мо муяссар гардид, то ки онҳоро мувофиқи меъёрҳои муайян бо таври зайл тафриқабандӣ намоем (ниг. нақшаи 9).

Изображение

Тафқиқи форматсионӣ. Сарнахуст аз ҷониби К. Маркс тавсия карда шудааст.

К. Маркс таърихи бунёд ва таҳаввули олами башариятро ба се зинаи иқтисодию иҷтимоӣ тақсимбандӣ намудааст:

* аввалин — ибтидоӣ ё худ антиқӣ, ки он ба тарзи тавлидоти общинаи ибтидоӣ ва Осиёи мусоидат мекунад;

* дуввумин — ҷомеаҳое, ки ба шакли моликияти хусусӣ (ғуломдорӣ, феодализм, капитализм) асос ёфтаанд;

* саввумин — форматсияи ҷомеаи коммунистӣ. Тибқи ақидаи К. Маркс, Ф. Энгельс, В. Ленин ва дигарон вай ду зина (давра) — сотсиализм ва коммунизмро бояд дарбар гирад.

Таҳлил аз тариқи форматсионӣ имконият дод, ки классикони марксизм қонуниятҳои даврагии рушди иқтисодиро ҳамчун ягонагии панҷ тарзи истеҳсолоти моддӣ (ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ, коммунистӣ) муайян кунанд ва дар мояи он назарияи инқилоби сотсиалистиро ба вуҷуд оранд.

Таърихи тамаддун аз он шаҳодат медиҳад, ки на ҳамаи халқиятҳо ва миллатҳои ҷаҳон мавҷудиятҳои зинаҳои мазкурро эҳсос ва қисмати тақдир, нуфуз ва тасарруфи он зинаҳо гардида бошанд ҳам, аксарияти мамлакатҳои Амрикову Африко, Осиё лаззату ҳаловати баъзе аз он давраҳоро наҷашидаанд. (Масалан, Тоҷикистони имрӯза, давраи капиталистиро аз сар нагузаронида, бо шарофати тасарруфи Русия ба сотсиализм гузашт ва кунун ба низоми бозорӣ ва тамаддуни чаҳонӣ рӯ овардааст).

Бояд дар назар дошт, ки ногузирӣ ва сирати “универсали”(ҳамаҷанбави)-и даврабандии форматсионӣ, махсусан таи 25-30 соли охир, ботадриҷ зери фишори танқид қарор дода мешавад. Тибқи нигориши танқидчиён, раванди ташаккул ва густариши ҷаҳони муосир, минбаъд тарзи баҳодиҳии форматсиониро аз рӯи тарзи истеҳсолоти моддӣ, (бидуни афзалияти назариявӣ ва таърихӣ), раванди тағйирнопазирии куллии он(замони имрӯза)-ро баён карда наметавонад. Аз ин ҷабҳа, онҳо назарияҳои мухталифро пешниҳод мекунанд.

  1. Дар мояи рушди қувваҳои истеҳсолкунанда. Ин равия аз тарафи иқтисоддонони Амрико У. Ростоу ҷонибдорӣ карда мешавад. Вай таърихро ба 6 давра: 1) ҷомеаи суннатӣ; 2) марҳалаи пеш аз ҷаҳиш ё оғози дигаргуниҳо дар сохторҳои иқтисодию иҷтимоӣ; 3) марҳалаи хез ва ҷаҳиши иқтисодӣ (ҷомеаи то индустриалӣ); 4) марҳалаи рушд ва тавсиаи ҳамаҷонибаву доимӣ ё ҳолати булуғ ва расидагии иқтисодӣ (ҷомеаи пас аз индустриалӣ; 5) марҳалаи масраф (истеъмол)-и анбӯҳи тамоми табақаҳои иҷтимоӣ; 6) давраи муосир тақсим мекунад.
  2. Тибқи шаклҳои моликият ба сармоя, тарзу услуби идора ва мутобиқати фаъолияти иқтисодӣ. Ин шакли тафриқбандии низоми иқтисодӣ хусусияти замони ҳозираро бештар ифода мекунад. Давраҳои рушд ҳамчун тамсилаҳои низоми иқтисодӣ чунин қадршиносӣ карда мешаванд:

3.1. иқтисоди амрӣ — хислати хоси ҷаҳони сотсиалистӣ буда, ба моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот, планкашию идораи мутамарказ асос меёбад;

3.2. иқтисоди бозорӣ — (капитализми давраи рақобати озод). Ин шакли низоми иқтисодӣ дар асоси моликияти хусусӣ, мустақилият, озодии иқтисодӣ, худидоракунӣ ва ғайра ташкил карда мешавад;

3.3. иқтисоди мухталаф (омехта). Низомест, ки дар он шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ (бунавӣ, давлатӣ, хусусӣ, гурӯҳӣ ва ғайра), дар истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва фавқи некӯ-аҳволии ҷомеа саҳми якҷоя мегузоранд. Бе муболиға метавон гуфт, ки дар ҷаҳон иқтисодиёти ягон давлат дар шакли “иқ-тисоди соф” вуҷуд надорад ва комилан сирати мухталат дорад;

3.4. иқтисоди даргузар — вазъу ҳолати ин ё он низоми хоҷагидорие дар назар дошта мешавад, ки дар шароитҳои лозимӣ аз яке ба дигаре гузашта мешавад. Масалан, гузаштан аз тарзу услуби хоҷагидории давлатӣ ба шакли иҷора, бунёд кардани “ширкатҳои саҳҳомӣ”, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва ғайра;

3.5. иқтисоди суннатӣ (муқаррарӣ) — дар мояи анъанаҳои таърихӣ, миллӣ, саҷда ва тақлид ба барномаҳои тумтароқи сарони қавм ва ғайра қарор мегирад;

3.6. иқтисоди либералӣ — низомест, ки диққати асосӣ бояд ба фард, дараҷаи маънавию мадании он, ташаббус ва фаъолияти он нигаронида шавад.

3.7. иқтисоди мутавасит — (миёна) иқтисодест, ки дар он як ё якчанд хислатҳои низомҳои иқтисодӣ вуҷуд дошта метавонанд.

  1. Мувофиқи меъёру мантиқи вақт. Ин назария аз ҷониби О. Тофлер пешниҳод карда шудааст. Он дар мояи инкишофи таърихии ҷамъият ҳамчун давраҳои хоҷагидории кишоварзӣ, индустриалӣ, давраи густариши замони ҳозира ташкил карда мешавад;
  2. Мувофиқи зинаҳои инкишофи индустронии ҷамъият. Ҷ. Гэлбрейт ва Р. Арон — ба ҳайси зинаҳои кунунии низоми иқтисодӣ — ҷамъияти индустриалӣ, пас аз индустралӣ, индустриалии ҷадид ва давраи иттилоотро пешбарӣ менамоянд;
  3. Тибқи сатҳу дараҷаи озоди хоҷагидорӣ. Дар асоси таҳлилу таҳқиқи он Уолич — иқтисоди озодро бо мавҷуд будани баъзе аз унсурҳои танзими давлатӣ, яъне истифодаи услуби диктатураи иқтисодиёти мутамарказ ва иқтисодиёти мутамаркази демокра-тӣ фарқ мекунад;
  4. Тибқи сатҳи мукаммали низоми хоҷагидорӣ — Ф. Зомбарт — хоҷагиҳои инфиродикунандашударо, ки бидуни равобити хоҷагидорӣ амал мекунад, хоҷагиҳои даргузар ва иҷтимоиро тавсиф менамояд;
  5. Тибқи меъёр ва сирати истеҳсолу истеъмол. К. Бюхер низоми хоҷагидориро ба се гурӯҳ қисмат мекунад: ба гурӯҳи аввал — хоҷагиҳои сарбастаи бунавӣ (хонагӣ)-ро, ки неъматҳои тавлидкардаи худро бидуни хариду фурӯш дар доираи хоҷагиҳои худӣ ба роҳ мемонанд, дохил кардааст. Ин тарзи хонадорӣ аз мавҷуд будани оилаҳои ибтидоӣ (модаршоҳӣ), (падаршоҳӣ) шабоҳат медиҳад;

— ба гурӯҳи дуввум — хоҷагиҳои шаҳрӣ, яъне хоҷагиҳои мустақили ҳунармандон, косибон ва ғайра дохил мешаванд ва фаъолияти онҳо дар асоси мубодила сурат мегирад;

— ба гурӯҳи саввум — хоҷагии халқ тавсиф карда мешавад. Он ҳамчун истеҳсолоти калони молӣ (капиталистӣ) дар асоси истисмори меҳнати кироя бунёд мегардад;

  1. Мувофиқи равнақи даврагии (сиклии) тамаддун. Барои таҳлили ин масъала, сароғоз назаре ба афкори иқ-тисодии ниёгон, алалхусус, Абурайҳони Берунӣ (973-1048) назар меафканем. Профессор Б. Исоматов ақида дорад, ки мувофиқи овардаҳои А. Берунӣ … олам тақрибан ҷудо мешудааст: қисмати аввал — 400 ҳазор сол; дуввӯм — 300 ҳазор сол; сеюм — 200 ҳазор сол; чорӯм — 100 ҳазор сол.

Онҳо мавриди таҳлили амиқи илмӣ нашуда бошанд ҳам ба се зина: ёбоигӣ, ҷоҳилия (варварӣ) ва тамаддун ҷудо карда шудаанд (15, 105-106). Пас аз 300 сол ин ақида аз ҷониби Ибн Халдун аз нав баррасӣ шудааст.

Ҳақ ба ҷониби профессор Б. Исоматов аст, ки ин “натиҷаи тадқиқот тӯли асрҳои зиёд дастраси Аврупоиён нагардидаст ва онон ин зинаҳои бараълои инкишофи тамаддунро танҳо дар қарнҳои 18-19 ҳамчун кашфиёт пешниҳод кардаанд”. Масалан, муаллифони китоби “Назарияи иқтисодӣ” — М.А. Сажина ва Б.Г. Чибриков қайд мекунанд, ки ба давраҳо тафриқа кардани таърих тибқи аломати тамаддун (цивилизатсия) якумин маротиба аз ҷониби файласуфи шотландӣ А. Фергюсон (1723-1816) баррасӣ шудааст. Он дар асоси махсусияти фаъолияти хоҷа-гидорӣ ва моликият ҷомеаро ба се зина: ваҳшигӣ, бо тараққии хоҷагиҳои шикорчигӣ ва набудани моликияти хусусӣ; ҷоҳилия (варварӣ) — пойдоршавии чорводорӣ ва моликияти хусусӣ; тамаддун — рушду нумӯи зироаткорию моликияти хусусӣ ҷудо мекунад. Минбаъд ин назария аз ҷониби Ч. Дарвин ва Ф. Энгельс бо таври амиқ таҳлилу густариш ёфтааст.

Дар Руссия ин тариқи даврабандии рушди низоми иқтисодӣ аз тарафи Н. Данилевский (1822-1885) ҳамчун даҳ (10) хели тамаддуни таърихии ҳамдигарро ивазкунанда тавсиф карда шудааст (39, 24-27).

Дар шароити ҳозира ин назария аз ҷониби бештари иқтисоддонон (О. Шпенглер, А. Тойнби, А.М. Ковалев, Ю.В. Яковец ва дигарҳо) дастгирӣ карда шуда, чунин тамсилаи он пешкаш карда мешавад: 1) тамаддуни давраи неолит (30-35 аср давом кардааст); 2) тарзи ғуломдории Шарқ (асри биринҷӣ — 20-23 аср); 3) тамаддуни антиқӣ (асри фулузот 12-13 аср); 4) феодализми бармаҳал (7 аср); 5) тамаддуни тоиндустриалӣ (4-5 аср); 6) тамаддуни давраи индустриалӣ (2-3 аср); 7) пас аз индустриалӣ (1-3 аср) давом кардааст (60, 44).

Дар аксарияти адабиётҳои муосири “назарияи иқтисодӣ” ин тамсилаи низоми иқтисодӣ ҳамчун ягонагии низомҳои:

1) тамаддуни фавқулоддӣ;

2) тамаддуни Шарқӣ ва Ғарбӣ;

3) ташаккули тамаддуни умумибашарӣ пешбарӣ карда мешавад.

Маҳз, дар мояи ин пешниҳодот тамсилаҳои низомҳои иқтисодӣ (иқтисоди суннатӣ ё ғайрибозорӣ, иқтисоди бозорӣ, иқтисоди пас аз индустриалии ҷомеа, иқтисоди мухталат ва ғайра) баррасӣ карда мешаванд (10,11-17, 60,33-45).


317
Нет комментариев. Ваш будет первым!