Менеҷмент, шакл ва хусусиятҳои он
Ҳар як корхона барои истехсоли неъматҳои моддӣ ва адои хизмат, аз захираҳои табиат, сармоя, меҳнат, ашё, материал, иттилоот, воситаҳои пулӣ истифода мебарад. Аз ин ҷо, зарурат барои идора кардани ин ҷараёнҳо — идораи воситаҳои истеҳ-солот, кормандон, захираҳои истеҳсолӣ, молия, технология ба миён меояд.
Барои ташкили раванди истеҳсолот, сароғоз материалҳои ибтидоӣ (предмет ва воситаҳои меҳнат) ба даст оварда шуда, ба-ъди истеҳсоли неъматҳо онҳо фурӯхта мешаванд. Аз ин ҷиҳат корхона кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки шӯъбаҳои махсуси таъ-минот ва фурӯш дошта, он ҷараёнҳоро идораю танзим намояд.
Ба ғайр аз ин корхона вазифадор аст, ки маҳсулоти дорои сифати баландро истеҳсол намояд, то ин ки он ба меъёри техникӣ ва стандарти давлатӣ ҷавобгӯй бошад. Аз ин нигоҳ, дар корхона шӯъбаи идораи сифат ташкил карда мешавад.
Дар корхона шӯъбаҳои дигар, ки ба масъалаҳои бозорши-носӣ, техникӣ, молиявӣ вобаста ба ҳаллу фасли вазифа, нақш ва мақоми худ дар иқтисоди миллӣ ташкил карда мешаванд.
Маҷмӯи ҳамаи ин ё он шаклу намуди идораи корхона (чи хеле, ки дар мамлакатҳои Ғарб қабул карда шудааст), менеҷментро ташкил медиҳад.
Менеҷмент (аз анг. — menejment) ҳамчун маъмурият, мудирият, идоракунӣ, ташкилкунандаи истеҳсолот фаҳмида мешавад. Он ҳамчун илм дар бораи маҷмӯи принсип, метод ва шаклҳои идораи истеҳсолот, ба мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҳосилнокӣ ва шиддатнокии меҳнат ва ба даст овардани даромаду фоидаи баланд нигаронида мешавад.
Менеҷмент дар асл ташкилоти амалкунандаи корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад. Вазифа ва мақсади асосии он — тавлиди неъмат ва адои хизмат, яъне қонеъ гардондани талаботи мизоҷон ва талаботи иҷтимоӣ бо воситаи бозор мебошад.
Фарқи менеҷмент аз дигар ташкилотҳо дар он ифода меёбад, ки ҳамаи масъалаҳои дар назди корхона гузошташуда, аз нуқтаи назари иқтисод ва натиҷагирии ниҳоии он ҳаллу фасл карда мешавад.
Менеҷментро на танҳо ҳамчун илм дар бораи тарз ва услуби идора, балки ташкилу такмили ривоҷи фаъолияти ҳаррӯза-(амалия)-и корхона тасаввур мекунанд. Фаъолияти амалии он на танҳо барои сари вақт дарк ва ҳис кардани вазъ ва ҳолати бозор, балки дарёб кардани бозори нав, ки қодир бошад, на фақат ба тағйирёбии бозор мутобиқ бошад, балки тавонад худи онро низ қатъиян дигаргун созад зуҳур меёбад.
Тибқи назардошти донишмандони соҳаи идора “хоҳишро мавҷуд кардан ва минбаъд онро воқеӣ гардондан” яке аз вазифаҳои менеҷменти корхонаҳои муосир мебошад. Аз ин нигаҳ вазифаи якӯмин дараҷаи менеҷмент:
— нияту орзуро дар амал тадбиқ кардан;
— фаъолияти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва бурунмарзиро ба роҳ мондан;
— даромаднокии баланди кори корхонаро таъмин намудан;
— забон ёфтан бо коргарони алоҳида ва коллектив ва таъмин намудани муҳити солими байни идораи звеноҳои поёнӣ;
— сари вақт ташкил кардани хизматрасонӣ. Ташкили маркетинг, навкунии раванди истехсолот, кор карда баромадани навъҳои нави маҳсулот, хизматрасонӣ, баланд бардоштани ҳаққи меҳнат, беҳтар кардани шароити меҳнат, шароити манзил, истироҳат;
— такмил додани таркиби молу хизмат, истеҳсолот, технология, таъмин кардани фоиданокии онҳо дар асоси таваккалӣ;
— таъмин кардани ҷараёни тарҳрезии фаъолияти корхона, дурнамоии он, ба ҳам мутобиқсозии кори корхона бо дигар корхонаҳо, махсусан бо звеноҳои болоӣ, корхонаҳои муштарак, корхонаҳои давлатҳои алоҳида ва ғайра зуҳур мегардад.
Корхона пеш аз ҳама ҷоест, ки дар он одамон ба фаъолияти истеҳсолӣ банд мебошанд. Бинобар ин менеҷмент ба сифати ташкилоте баромад мекунад, ки тавонад коргарон ва хизматчиёнро ба кор таъмин намояд ва нисбати онҳо ва коллектив назорат барад.
Менеҷмент ҳамчун илм оиди идора андешаи он дорад, ки коргарон ва хизматчиён инсонанд, онҳо ҳамаҷониба аз ҳамдигар фарқ доранд. Аз ин нигаҳ дар корхона муҳити солим оиди муносибатҳои инсонӣ ба вуҷуд оварда тавонад.
Аз ҷониби мудирият:
— қобилияти мусбӣ ва норасогиҳои объекти мудирият (идорашавандагон);
— масоили иҷтимоии коргарон (ҷои кор, шароити меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, шароити манзил, тарзи зиндагӣ ва ғайра);
— вазъи харидор (истеъмолкунанда);
— ба вуҷуд овардани муҳити солим дар байни мудирият(роҳбарон)-и звеноҳои ибтидоӣ;
— фаъолияти коллектив барои амалӣ гардондани мақсад ва вазифаҳои корхона ва ғайра танзим ва идора карда мешавад.
Таҷрибаи давлатҳои инкишофёфтаи иқтисоди бозорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки кунун методи яккаҳукмронӣ аз ҷониби директор, президент, менеҷмент ё худ сардор ва ғайра ба раванди истеҳсолот самараи дилхоҳ намедиҳад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи гурӯҳи менеҷерони баробарҳуқуқ дар идоракунии корхона, нисбат ба менеҷери алоҳида самараи зиёд медиҳад. Дар адабиётҳои муосири иқтисодӣ сифат ва сирати менеҷер ба таври васеъ шарҳ дода шудааст, ки муҳимтаринаш инҳоанд:
* менеҷер шахсест, ки ягон кор, амалиёт, ё худ тадбиреро тибқи усулҳои илми муосир анҷом диҳад;
* дараҷаи инкишофи техникаю технологияи нав, боло бурдани сатҳ ва дараҷаи самаранокии истеҳсолот ва беҳбудии корхонаҳои худро сари вақт таъмин намояд;
* оиди фаъолияти корхонаи худ ва корхонаҳои дигар, маълумоти зарурӣ дошта, аз натиҷаҳои илмҳои иқтисодӣ, техникӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва ғайра бохабар бошад;
* фикру зикри он ҳамеша барои навоварӣ, ихтироъкорӣ нигаронида шуда, шоҳроҳи инкишофи корхона, фаъолияти аппарати идоракуниро муайян карда тавонад;
* ҷустуҷӯкунандаи равандҳои нави хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ буда, маданияти истеҳсолотро хуб дарк намояд;
* фаъолияти он на барои 1-2 рӯз, балки ояндаи наздик, ноил гаштан ба натиҷаи хуби истеҳсолӣ нигаронида шуда бошад;
* фикру андешаи он нисбат ба дигарон боло буда, ҳеҷ гоҳ побанд ва тобеи аъзоён, алалхусус ёвари худ набошад;
* ҳушёр, бетоқат ва кунҷков нисбат ба кор, боғайрат, ҳақгӯй буда, дигаронро аз паси худ бурда тавонад, дар кору бор ва хоҷагидорӣ устоди ҳама бошад.
Таи даҳсолаҳои охир, фирмаҳо бо таври васеъ барои идора ва назорат ба сифати маҳсулот, таъмир ва навоварию ихтиро-отҳо бештари коргарон ва хизматчиёнро ба ҷараёни худидора-кунӣ ҷалб менамоянд. Масалан, дар Япония бо ном “Маҳфили сифат” бо таври васеъ истифода карда мешавад, ки дар он қариб ҳамаи коргарон ва хизматчиён иштирок мекунанд. Коргарон барои он ҳавасманд гардонда мешаванд, ки онҳо ҳатман ба навоварӣ ва ихтироот машғул шаванд. Дар баъзе фирмаҳо то ҳатто қароре қабул карда шудааст, ки агар коргар дар зарфи 3-6 моҳ ягон навоварӣ ва ихтироот пешкаш нанамояд, онро аз кор пеш мекунанд. Аксар вақт қабули коргар ё баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси он аз рӯи принсипи интихоби авлодӣ (яъне ба кор қабул кардани танҳо фарзандони беҳтарини коргарон барои идома ва қувват додани раванди идора) ба роҳ монда мешавад.
Принсипи ба доираи идоракунӣ бо таври аксар ҷалб кардани коргарону хизматчиён, ҳалли масъала ва қабули қарорҳо дар мояи принсипи аз поён то ба боло қариб дар 75 сад дар сади корхонаҳои Ғарб истифода карда мешавад. Ин тарзи идора, ки дар адабиёти иқтисодӣ таҳти унвони “инқилоб дар идора” машҳур аст, аз ҷониби 62 фоизи мудирони корхонаҳои Япония дастгирӣ меёбанд (14, 156-157).
Дар адабиёти Ғарб, асосан се шакли идоракуниро фарқ мекунанд:
— top managment, яъне звенои олии идоракунӣ (директори генералӣ, директор ва дигар ҳайати идора);
— middle management — звенои миёнаи идоракунӣ (роҳбарони ташкилотҳо ва дигар қисматҳои худмухтор);
— lover management — звенои поёнии идоракунӣ (роҳбарони зершӯъба ва дигар звеноҳои ибтидоӣ — бригада, сех, участка…).
Дар доираи фирма идора дар асоси меъёри функсионалӣ — истеҳсол, маркетинг, молия ташкил карда мешавад. Ин тарзи идора бештар барои фирмаҳои Европаи Ғарбӣ хос мебошад. Ҳар як корхонаҳои фирма аз ҷониби шӯъбаҳои функсионалӣ назорат карда мешавад.
Баъзе аз корхонаҳо принсипи идораи ноҳиявиро бештар истифода мекунанд. Дар ин ҷо ба ҳайси идораи асосӣ (саридора) — шӯъбаҳои истеҳсолот, маркетинг, тадқиқотҳои илмӣ, тарҳрезӣ, кадрҳо баромад карда, дар ноҳияҳо шӯъбаҳои ноҳиявии идора оид ба истеҳсолот, молия ва маркетинг ташкил менамоянд.
Дар аксарияти корхонаҳои бузурги ИМА (“Ҷенерал электрик”) сохти идораи истеҳсолӣ, яъне роҳбарии идораҳои асосӣ (истеҳсолот, молия, маркетинг, тарҳрезӣ, кадрҳо, мутахассисони оид ба ноҳияҳо) ва шӯъбаҳои истеҳсолии мавҷуда роҳбарӣ менамоянд ва самту равиши тараққиёти онҳоро муайян мекунанд.
Баъзан шакли муштараки идора (идораи функсионалӣ, ноҳиявӣ, истеҳсолӣ), дар шакли сохтори матрисавӣ истифода карда мешавад.
Дар шароити инқилоби илму техника идораи истеҳсолот бештар дар чорчӯбаи сохтори идораи иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад. Идораи истеҳсолот дар асоси аз ҳар як шӯъба ва ноҳия зина ба зина ворид гаштани ахборот сурат мегирад.
Дар асоси идораи иттилоотӣ низоми идораи компютерии идоракунӣ ташаккул ёфта, густариш меёбад.
Компютерҳои муосир имконият медиҳанд, то ки иттилоот озодона аз як шакли идора ба дигараш, аз як шӯъба ба шӯъбаи дигар, аз як пункт ба пункти дигар гузашта ҳамаи низоми идораро фаро гирад (14, 157-162).