Гуногуншаклии моликият дар шароити бозор

Аз нуктаи назари субъекту объекти моликият ва истифодаи “дастаи ҳуқуқ”, моликият пеш аз хоҷагиҳои молӣ (бозорӣ) ба вуқӯъ пайваста аст. Амиқ гаштани тақсими ҷамъиятии меҳнату тахсис, густариши бозор ва тақозою арза барои бунёд гаштан ва ташаккул ёфтани шаклҳои гуногуни моликият замина гузоштаанд.

Ташаккул ва таҳаввули низомҳои иқтисодӣ дар ин ҷода, аз аҳамият дур нест. Масалан, дар доираи низоми иқтисоди суннатӣ, муносибатҳо оиди соҳибӣ, истифода ва азонихудкунии неъматҳо, чорво, ғалладона, мева, сару либос, асбобу анҷоми хона ва низоми иқтисоди бозорӣ — замин, сармоя, меҳнат, сарват, захира ва ғайра ташаккул меёбад.

Пайваста ба тарзу услуби азонихудкардани неъматҳову ҳадамот, воқеан, ашколи моликият ҳамчун: моликияти фардӣ, оилавӣ, шахсӣ, қавмӣ, оилавӣ, гурӯҳӣ, коллективӣ, саҳҳомӣ, монополӣ (инҳисорӣ), деҳқонӣ, фермерӣ, иҷоравӣ, давлатӣ… ташаккул ёфтаанд.

Азбаски меҳвари рушди низоми иқтисоди амриро моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот ташкил менамояд, шакли асосии моликият, моликияти давлатӣ (умумихалқӣ), коллективӣ, шахсӣ дониста мешавад. То ҳатто, аз эҳтимол дур набуд, ки онҳо ботадриҷ ба ҳам наздик ва як шуда ба моликияти ягонаи умумихалқӣ — моликияти коммунистӣ табдил меёфтанд.

Баъди дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рӯоварӣ ба иқтисоди бозорӣ, аз нав қабул кардани Сарқонуну қонунҳо оиди моликият дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёру доираи ҳуқуқии истифодаи шакл ва объекту субъекти моликият, нисбатан васеъ гардиданд. Кунун, тақсимбандии моликият ҳамчун шакли: моликияти шаҳрвандон, моликияти коллективӣ, давлатӣ, муштараки корхонаҳо, шаҳрвандони хориҷӣ, ташкилотҳо ва давлат тасвиб дода мешавад. Диққати асосӣ ба шаклҳои моликияти давлатӣ, коллективӣ, хусусӣ (шахсӣ) ва мухталат дода мешавад (16).

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ ва аснодҳои ҳуқуқӣ, таба-қабандии (классификатсияи) шаклҳои моликият тибқи меъёрҳои гуногун тавсиф карда мешавад.

Масалан:

  1. Тибқи шакли азонихудкунӣ:

— моликияти инфиродӣ (моликияти шахсӣ, хоҷагии ёрирасони аҳолӣ, хоҷагиҳои меҳнатӣ, фаъолияти инфиродии меҳнатӣ ва ғайра);

— моликияти коллективӣ (кооперативҳо, корхонаҳои коллективӣ, корхонаҳои иҷоравӣ, корхонаҳои рафиқона, ширкат-ҳои саҳҳомӣ, ассотсиатсияҳо, фирмаҳо ва ғайра);

— моликияти давлатӣ (умумидавлатӣ, мунисипиалӣ, федералӣ, ноҳиявӣ, территориявӣ ва ғайра).

  1. Тибқи шакли ҳуқуқии моликият:

— моликияти хусусӣ (моликияти шаҳрвандон, шахсиятҳои ҳуқуқӣ — корхонаҳо, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо ва ғайра);

— давлатӣ (моликияти омехтаи шаҳрвандону корхона, корхонаву ташкилотҳо, корхонаҳои худию хориҷӣ ва ғайра);

  1. Тибқи объект ва субъекти моликият:

— тибқи объект (моликият ба: маҳсулот, қувваи коргарӣ (меҳнат), захираҳои табиат, захираҳои иқтисодӣ, сарват, манзил, сармоя (воситаҳои истеҳсолот), воситаҳои пулӣ ва ғайра);

— тибқи субъект — моликияти шаҳрвандони алоҳида, коллектив, гурӯҳ, оила, давлат ва ғайра.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ, афзалиятан се шакли моликият: моликияти хусусӣ, моликияти давлатӣ ва моликияти коллективӣ диққатҷалбкунанда мебошад.

Моликияти хусусӣ. Аз нигоҳи таърих, моликияти хусусӣ ҳам-чун воситаи маҳдудгардонӣ аз моликияти давлатӣ ва дигар шак-лу намуди он истифода шудааст. Дар шароити ҳозира, ҳамагуна, шаклу намуди моликияти ғайридавлатӣ (шаҳрвандон, коопера-тивҳо, ассотсиатсияҳо…) ҳамчун моликияти хусусӣ дониста мешавад. Ба сифати моликияти хусусӣ — хоҷагиҳои бунавӣ (хона-гӣ), корхонаҳои хусусӣ хурд, миёна, калон “гигант” корхонаҳои амалиётҳои шахсӣ (иҷора, монанди хона, муомилоти пулию асъорӣ, мардикорӣ…) ва ғайра эътироф карда мешавад.

Моликияти хусусӣ дар асоси принсипҳои озодии комил, кафолати мутлақи ҳуқуқ барои фаъолият, бехатарию дастгирӣ ва ҳавасмандкунонии сармоягузорӣ, ба роҳ монда мешавад. Моликияти хусусӣ ягона моликияте нест, ки он бозорро ташкил намояд. Бозор дар асоси бисёршаклии моликият ривоҷ меёбад.

Моликияти давлатӣ. Захираҳои табиат, замин, об, ҷангал ва ғайра аз ибтидо то кунун ба давлат таалуқ доранд. Дар шароити бозор, соҳибкорону бизнесменон фақат ба соҳаи истеҳсолоти моддӣ сару кор доранд ва дар мояи он шаклҳои гуногуни моликиятро ташкил медиҳанд. Нигоҳ доштану инкишоф додани соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, ки барои ҷомеа заруранду маблағтала-банд (илм, маориф, идора, мудофиа, тиб, муассисаҳои қарзию молиявӣ, ҳифзи табиат…) ба зиммаи давлат гузошта мешаванд ва онҳо ҳамчун моликияти давлатӣ ташкил мегарданд.

Моликияти давлатӣ метавонад аз ҳисоби: маблағгузориҳои буҷавӣ ҳамчун сохтмони корхонаҳои нав, харида гирифтани объектҳои мавҷуда ё худ корхонаҳои барҷомонда (муфлисшуда), милликунонии моликият ва ғайра ташкил ёбад. Овардаанд, ки вазни қиёсии давлат дар фондҳои асосӣ дар давлатҳои Ғарб аз 7 то 30 фоизро ташкил медиҳад.

Дар аснои пурра ва ҳамаҷониба истифода кардани имкони-яти давлат (қобилияти танзими макроиқтисодӣ, ташаккули стра-тегияи инкишофи ҷомеа ва муносибгардонии истеҳсолот, имконияти истифодаи усулҳои пешқадами идора, илму техника ва ғайра) ташкил ва ташаккули самарабахши моликияти давлатӣ, беҳудуд ғайридавлатикунии моликияти мавҷудаи давлатӣ низ хислати иқтисоди бозорӣ намебошад. Моликияти давлатӣ яке аз шаклҳои қулайтарини ташкили иқтисоди бозорӣ мебошад.

Моликияти коллективӣ ҳамчун натиҷаи муборизаи синфи коргар дар ташкил ва инкишоф додани шакли моликияти кооперативӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ, дар ибтидои асри ХIХ-ум ба вуқӯъ пайвастааст.

Кооперативҳои нахустин дар Дания ва Шветсия дар соли 1880-1885 оиди ба даст овардани нуриҳои минералӣ ва Нидерланду Франсия оиди хариди асбобу олоти хоҷагии қишлоқ бунёд гаштаанд.

Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 1 млн. ташкилотҳои кооперативӣ ва 120 хелу намудҳои он амал мекунад. Кооперативҳо аз 30% (ИМА, Британияи Кабир, Италия, Белгия) то 90 фоизи (Япония) маҳсулоти молии кишоварзиро мубодила мекунанд.

Дар шароити сотсиализм, моликияти коллективӣ дар шакли кооперативҳои истеҳсолӣ (колхозҳо), кооператсияи матлубот ва моликияти корхонаҳои муштарак густариш ёфта, ба насли имрӯза мерос мондааст.

Колхозҳо, ҳамчун шакли кооперативҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, моликияти онҳо дар доираи истеҳсолот ташкил карда мешавад.

Кооператсияи матлубот дар шакли кооперативҳо дар ҳавзаи муомилот ташкил карда мешаванд.

Моликияти коллективӣ дар шароити ҳозира, ҳамчун моликияти ширкатҳои саҳҳомӣ, моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои рафиқона, муассисаҳои динӣ, шакли моликияти зеҳ-нӣ (интеллектуалӣ), аз худ кардани маҳсули ақлонӣ, ихтироотҳо, яъне “фирори мағзҳо” ва ғайра сурат мегирад.

Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, давлат ва ҷомеа, хоҳ но хоҳ муносибатҳои ба иқтисоди сотсиалистӣ муносибро, бо тадриҷ тибқи ҳалли вазифа ва мақсади стратегӣ, ба муноси-батҳои бозорӣ табдил медиҳад. Бозор, чӣ тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, меъёри ягонаест, ки ҳуқуқи баробарии моликиятҳоро ба ҳам андоза мекунад. Бозори воқеӣ, фақат дар асоси мавҷуд будани моликияти хусусӣ ва сектори хусусӣ, бо таври бояду шояд амал карда метавонад. Он бидуни такмили муносибатҳои моликиятдорӣ ва гуногуншаклии он имконнопазир аст.

Бозор ҷое мебошад, ки дар он қисмати муносибатҳои моликиятдорӣ оиди сармоя, воситаҳои истеҳсолот, молу мулк, қувваи коргарӣ, иттилооот, масоили мустақилият, истиқлолият ва озодии иқтисодии тавлидгару истеъмолгар ҳал карда мешавад. Маҳз, ба туфайли бозор, қонунҳои соҳаи истеҳсолот тақсим ва муомилот ба қонунҳои бозор (арза, тақозо, рақобат, нарх…) васл ва тадбиқ карда мешаванд. Бешубҳа, ин раванд дар шароити гуногунтаркибии моликият имконпазир мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки механизми муносибатҳои бозорӣ ба туфайли ҳавасмандии моддии моликон ба роҳ монда мешавад.

Моликон ба он ҳавасманданд, ки объекти моликият судбахшу манфиатнок бошад ва бо тавассути бозор онро бештар эътироф намоянд.

Дар шароити бозор, ҳар як субъекти моликият маҷбур аст, ки моликияти худро дар шакли чиз, молу маҳсулот, неъмат ва ғайра ба бозор пешкаш намояд. Бозор арзи вуҷуд кардан ё худ муфлисшудани субъектҳои моликиятро дар натиҷаи рақобат муайян мекунад.

Маҳз, натиҷаи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ, яъне ҳаҷми даромад, хароҷот, фоидаю зарари онҳо дар бозор айён мегардад.

Бозор ҷоест, ки дар он раванди таваккалии субъектҳои иқтисодиро ҷамъбаст намуда, натиҷаи фаъолияти соҳибкорию бизнес, маркетингу менеҷментро ба ҳам қиёс менамоянд.

Рақобати бозорӣ ба бунёду инкишоф ва таназзули ашколи барҷомондаи моликият мусоидат мекунад. Маҳз шакли такмилёфтаву фавқулқудрати моликият ба нерӯ ва қудрати рақобат тоб оварда метавонад

Хуллас, таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот менамояд, ки иқтисоди инкишофёфтаи бозорӣ, бозори мутамаддин на ба шакли яккаву ягонаи моликияти хусусӣ, балки шакли гуногунтаркибии моликият асос меёбад. Он нисбат ба тақдири субъектҳои иқтисодӣ, озодию мустақилияти хоҷагидорӣ ва шароити рақобату танзими онҳо бепарво нест. Дар ин ҷода нақш ва мақоми моликияти давлатӣ ва моликияти хусусӣ дар бунёд ва инкишофи механизми бозор бузург мебошад.


373
Нет комментариев. Ваш будет первым!