Кобилияти карздоркунии карзгиранда
Таҳти мафҳуми қобилияти қарзадокунии қарзгиранда имкониятҳои он оид ба иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои молиявӣ* ва барнагардонидани қарзу фоизи он фаҳмида мешавад. *масалан, додани андозу пардохтҳои гумрукӣ ба гурӯҳи ӯҳдадориҳои молиявӣ дохил мешаванд. Азбаски пардохти ин ӯҳдадориҳо ҳатмӣ мебошад, корманди бонкро зарур аст, ки маблағи онҳоро нисбати сармояи корхона муайян намуда, ҳангоми баҳодиҳӣ ба қобилияти қарзадокунии он ба инобат гирад. Дар таҷ рибаи бонкдории ҷаҳонӣ вобаста ба сатҳи пешрафти ҳисобдорию бонкдорӣ усулҳои гуногуни муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда истифода мешаванд. Бонкҳои кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ дар фаъолияти худ бештар усули «панҷ с» *-ро «Five c’s» истифода мекунанд, ки мувофиқи он паҳлӯҳои зерини фаъолияти қарзгиранда таҳлил мешаванд: *Панҷ ҳарфҳои аввали калимаҳои зерин англисӣ: character, capacity, capital, collateral, conditions. 1. Хислати қарзгиранда (character). Таҳти мафҳуми «хислат» поквиҷ донии қарзгиранда, сатҳи масъулиятшиносӣ ва хоҳиши баргардонидани қарз аз ҷ ониби он фаҳмида мешавад. Азбаски баҳисобгирии омили маънавӣ ҳангоми муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда хеле муҳим аст, яке аз зинаҳои авали таҳлили вазъи молиявии корхона сӯҳбати рӯ ба рӯ бо роҳбари он мебошад. Ҳангоми сӯҳбат корманди бонкро зарур аст, ки ба рафтору гуфтор ва фаъолияти пешини қарзгиранда таваҷ ҷ ӯҳи хоса зоҳир намояд. Барои муайян кардани хислати қарзгиранда ва додани баҳои муносиб ба он истифодаи сарчашмаҳои берунӣ* низ ба мақсад мувофиқ аст. *Дар кишварҳои пешрафта сохторҳои махсус оид ба фаъолияти шаҳрвандон маълумоти заруриро ҷ амъ карда, ба талабгорон мефурӯшанд. 2. Пардохтпазирӣ (capacity). Пардохтпазирии қарзгиранда дар асоси таҳлили вазъи молиявии он дар чанд соли охир муайян карда мешавад. Мақсади асосии ин таҳлил пешбинӣ кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда дар оянда мебошад. 3. Сармоя (capital). Сармояи корхона асоси фаъолияти самаранокии он мебошад, аз ин рӯ, бисёре аз нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нисбати сармоя муайян карда мешаванд. Зарур аст, ки таносуби қарзҳои мавҷ удаи қарзгиранда, даромади он, қарзҳои дигарон аз он нисбати сармояаш муайян карда шавад. Агар қарзҳои аллакай доштаи он нисбати сармояаш зиёд бошад, сатҳи қобилияти қарзадокуниаш паст аст ва баръакс. Сатҳи қобилияти қарзадокунии қарзгиранда дар навбати худ асоси муаяйн кардани шартҳои қарздиҳӣ мебошад, бинобар ин корманди бонк ҳангоми таҳлили вазъи молиявии корхона аз нишондиҳандаҳое низ истифода мекунад, ки нисбати сармояи он муайян карда мешаванд. 4. Таъминнокӣ ё гарави қарз (collateral). Таҳти мафҳуми «гарави қарз» дороиҳои қарзгиранда (масалан, хонаи он) замонатнома ё кафолатномаҳои ҳукумат, бонкҳо ё корхонаҳои дигар фаҳмида мешавад, ки қарздиҳанда онҳоро ҳамчун гарав қабул мекунад. Корманди бонкро зарур аст, ки бозоргирии гарав, арзиши он имконияти фурӯши он ҳангоми барнагардонидани қарз ва омилҳои ба он вобастаро муайян намояд. 5. Омилҳо умумииқтисодӣ (conditions). Ҳангоми муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда таъсири омилҳои умумииқтисодӣ*, ки даромаднокии фаъолияти қарзгиранда аз онҳо вобаста аст, ба инобат гирифта мешавад. *Омилҳои умумииқтисодӣ инҳоянд: қурби пул, сатҳи таваррум ва суръати болоравии он, мизони фоиз, доштан ё надоштани имтиёзҳо нисбати молистеҳсолкунандагони хориҷ ӣ, тағйирёбии нархи мол вобаста ба мавсим, сиёсати ҳукумат ниисбати молистеҳсолкунандагони дохилӣ (масалан, додан ё надодани ёрдампулӣ, субсидия ба кишоварзон) ва ғайраҳо. Усули дигари баҳодиҳӣ ба вазъи молиявии корхонаҳо ва бонкҳою муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ* бо номи CAMEL маъмул аст. Мутобиқ ба ин тартиби баҳодиҳӣ ё муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда таҳлили нишондиҳандаҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст: C –Capital Adequasy – басандагии сармоя. A –Asset Quality – сифати дороиҳо (активҳо). M –Management – идоракунӣ. E –Earnings — даромаднокӣ L –Liquidity — ликвиднокӣ** *Бонк ва муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ дар баробари қарздиҳанда буданашон қарзгиранда низ ҳастанд. **Имконияти дар мӯҳлати кӯтоҳ ба пул мубаддал шудани дороиҳоро ликвиднокии онҳо меноманд. Корманди бонк маълумотҳои зарурӣ оид ба фаъолияти қарзгирандаро дар парвандаи қарзӣ (кредитное досье) ҷамъ меоварад. Ҳисоботу маълумотномаҳои зерини парвандаи қарзӣ асоси муайян кардани нишондиҳандаҳои болоӣ (Five c’s ва CAMEL) мебошанд: 1) тавозун (баланс) ва ҳисобот оид ба фоидаю зарари қарзгиранда; 2) нишондиҳандаҳои (коэфитсиентҳои) вазъи молиявӣ ва тамоили пешрафти фаъолияти қарзгиранда; 3) маълумоти аз бонкҳою ширкатҳои ҳамкори қарзгиранда ҷ амъшуда оид ба сари вақт барнагардонидани қарзҳои он; 4) хулоса оид ба фаъолияти қарзгиранда; 5) ҳолномаи соҳибону роҳбари корхонаи қарзгиранда, фаъолияти роҳбарии онҳо то ба имрӯз; 6) сатҳи боварӣ (рейтинг, rating) ба қарзгиранда, ки нишондиҳандаи қобилияти қарзадокунии он мебошад. Илова ба нишондиҳандаҳои Five c’s ва CAMEL корманди бонк нишондиҳандаҳои дигари молиявиро низ муайян мекунад. Ба ин гурӯҳ нишондиҳандаҳои зерин дохил мешаванд: коэфитсиентҳои ликвиднокӣ,*коэфитсиентҳои гардишнокӣ,** коэфитсиентҳои қобилияти пардохткунӣ (финансовқй леверидҷ ), *** коэфитсиентҳои фоиданокӣ,**** коэфитсиентҳои хизматрасонии қарзҳо.***** * коэфитсиентҳои ликвиднокӣ қобилияти баргардонидани қарзҳои кӯтоҳмуддати қарзгирандаро нишон медиҳанд. Онҳо ба ду намуд ҷудо мешаванд: коэфитсиентҳои ликвиднокии ҷорӣ (дороиҳои ҷорӣ / пассивҳои ҷорӣ) ва коэфитсиенти ликвиднокии баландсуръат ё фаврӣ (пули нақд (бақияҳои кассаю суратҳисоб) + қоғазҳои қимматноки ликвидӣ + дебиторҳо / пассивҳои ҷ орӣ). Дороиҳои ҷорӣ (активҳо) = пулҳои дар кассаю суратҳисоббуда + қарзи дебиторӣ + захираҳо + дороиҳои дигар. Пассивҳои ҷ орӣ ӯ қарзҳои кӯтоҳмуддат +ҳисобҳои пардохтнашуда + қисми баргардонидашавандаи қарзҳои дарозмуддат ва фоизи онҳо + пассивҳои дигари ҷ орӣ. **Ин коэфитсиентҳо нишон медиҳанд, ки қарзгиранда то кадом дараҷ а дороиҳои худро самаранок ё фаъолона истифода мебарад. Ба ин гурӯҳ коэфитсиентҳои зерин дохил мешаванд: коэфитсиенти гирдгардиши дороиҳо = даромад аз фурӯш / дороиҳо; коэфитсиенти гардишнокии воситаҳои асосӣ = даромад аз фурӯш / арзиши воситаҳои асосӣ; коэфитсиенти дебиторҳо дар фурӯши ҳаррӯза = дебиторҳо / маблағи фурӯши якрӯза. *** Ин коэфитсиентҳо қобилияти иҷ рои ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддати қарзгирандаро нишон медиҳанд. Ба онҳо дохил мешаванд: коэфитсиенти қарздорӣ ӯ ӯҳдадориҳои пулӣ / дороиҳо; коэфитсиенти қарздорӣ нисбати сармоя ӯ ӯҳдадориҳои пулӣ / сармояи корхонаи қарзгиранда; коэфитсиенти қарздорӣ нисбати воситаҳои гардони моддӣ ӯ ӯҳдадориҳои пулӣ / воситаҳои гардони моддӣ. Воситаҳои гардони моддӣ ӯ сармоя – даромадҳои берунинақшавӣ. Даромадҳои берунинақшавӣ (goodwill)-даромадҳое, ки аз фаъолияти корхона вобаста нестанд. Масалан, гирифтани даромади иловагӣ аз боло рафтани арзиши амвол. **** Коэфитсиентҳои фоиданокӣ: даромаднокии умумӣ = фоидаи умумӣ / даромад аз фурӯш; даромаднокии соф = фоидаи соф / даромад аз фурӯш; меъёрҳои фоида = фоидаи соф / дороиҳо; фоидаи соф / сармоя; даромади дивидендӣ ӯ дивиденд барои як саҳмия / нархи миёнаи бозории як саҳмия. ***** коэфисиенти хизматрасонии қарзҳо нишон медиҳад, ки ба ҳар сомонии фоизи қарз чӣ қадар фоида рост меояд. Ин коэфисиент = фоида пеш аз додани фоизу андозҳо / фоизҳои додашуда. Баъди таҳлили коэфитсиентҳои молиявии дар боло қайдшуда корманди бонк ба таҳлили гардиши воситаҳои пули қарзгиранда (cashflow) шурӯъ мекунад. Ин таҳлил даромадҳои пули қарзгиранда ва хароҷ отҳои онро дар давраи муайян дар бар мегирад. Мақсади таҳлил муайян кардани талаботи қарзгиранда ба воситаҳои пулӣ, вақти додани қарз, мӯҳлату вақти баргардонидани он мебошад. Таҳлили вазъи молиявии қарзгиранда, муайян кардани коэфитсиентҳои гуногун, гардиши воситаҳои пулӣ, омӯзиши ҳолномаи роҳбарони он ба корманди бонк имкон медиҳад, ки ба қарзгиранда баҳои муносиб диҳад. Вобаста ба баҳои додашуда қарзгирандагон ба гурӯҳҳои зерин ҷ удо мешаванд: Гурӯҳи аввал – қарзгирандагони вазъи молиявиашон устувор: қарзҳои пешинаро сари вақт баргардонидаанд, гардиши пулӣ (cashflow) ва таъминнокии қарзашон (гарав) аввалиндараҷ а мебошанд. Ба чунин қарзгирандагон қарзҳои арзону имтиёзнок додан мумкин аст. Гурӯҳи дуюм – қарзгирандагони вазъи молиявиашон нисбатан устувор: қарзҳоро сари вақт баргардонидаанд, гардиши пулу таъминнокии қарз ба талабот ҷавобгӯй мебошанд. Бонк вобаста ба сиёсати қарзиаш метавонад ба онҳо қарзи имтиёзнок ё беимтиёз диҳад. Гурӯҳи сеюм – қарзгирандагони вазъи молиявиашон қаноатбахш: қарзҳои пешин бо каме таъхиркорӣ баргардонида шудаанд, гардиши пулию гарави қаноатбахш доранд. Ба чунин қарзгирандагон қарзҳои беимтиёз ва доимоназоратшаванда (масалан, қарзи револверӣ, ҳудуддошта) додан лозим аст. Гурӯҳи чорум – қарзгирандагони вазъи молиявиашон шубҳанок: қарзҳои пешин сари вақт баргардонида нашудаанд, гардиши пулию гарави қарз шубҳаоваранд. Аз чунин қарзгирандагон гарави иловагӣ талаб намуда, истифодаи қарзро таҳти назорати доимӣ гирифтан зарур аст. Гурӯҳи панҷум – қарзгирандагони вазъи молиявиашон бад: мавҷ удияти қарзҳои пешин, нобоварӣ ба низоми идоракунии корхона, гардиши пулию гарави ғайриқаноатбахш доранд. Ба чунин қарзгирандагон танҳо дар асоси гарвномаҳои бонку ширкатҳои боэътимод қарз додан мумкин аст. Ба гурӯҳҳо ҷудо кардани қарзгирандагон ба бонк имкон медиҳад, ки нисбати онҳо шартҳои дахлдори қарздиҳӣ, мизони фоизи муносиб ва гарави боэътимоди қарзро истифода кунад. Таъминнокии қарз ё ба таври дигар, гарави он яке аз шартҳои асосии додани қарзу асоси баргардонидани он мебошад.