Арза, моҳият, хусусият ва омилҳои он

Мавҷуд будани танҳо тақозо ҳоло мазмуни ташкил ёфтани бозори воқеиро надорад. Тақозо бидуни бозор ҳам мавҷуд буда метавонад (талабот ба об, ба ҳаво, неъматҳои табиат, чизҳои хона…).

Барои бунёд ва ташкил шудани бозор унсурҳои дигар, ба монанди арза(пешниҳод)-и неъматҳо, молу маҳсулот, хадамот, сарвату дороӣ, пулу чизҳои қимматнок ва ғайра низ зарур мебошанд. Маҳз ба туфайли аз ҷониби ашхоси алоҳида (хоҷагиҳои хонадорӣ, бизнес, давлат…) пешкаш гардидани воситаҳои зарурӣ ва харида гирифтану истеъмол кардани онҳо аз тарафи субъектҳои иқтисодӣ (шахс, оила, коллектив, корхона ва ғайра), бозор дар маънои ҳақиқиаш ташкил карда мешавад.

Бозор ҳамчун пажӯҳишгоҳ ё худ механизме мебошад, ки харидорон (эҳтиёҷмандон, ниёзмандон, талабгорон) ва фурӯшандагон(пешниҳодгарон)-и молу хадамотро ба ҳам пайваст менамояд.

Тақозо бе бозору арза ва арза бе тақозою бозор вуҷуд дошта наметавонанд. Дар он ҷое, ки арзаи молҳо набошад, бозор низ мавҷуд нест ва тақозо ба чизи набуда пайдо намешавад.

Арза нафақат раванди дарк ва таҳлили ҳодисаҳои маҳдуду ягона ва қонеъ гардондани талаботҳои шахсию гурӯҳӣ, балки низоми комили мураккаби иқтисодӣ, комплекси неъматҳову хадамот, талаби ҷомеаву ҷаҳони им-рӯзаро дар назар дорад. Аз нигаҳи бозори муосир, арзаи молҳо аз сӯзан то қувваи коргарӣ, самолёту ракетаро дарбар мегирад. Кунун, дар ҷаҳон чизе нест, ки он барои хариду фурӯш пешниҳод карда нашавад. Аз ин лиҳоз, доира, ҳаҷм ва меъёри он интиҳо надорад. Нишондиҳанда ва омилҳои ба он таъсиррасонанда низ бешуморанд. Масалан, ҳаҷми тақозо, миқдори молу маҳсулот, хадамот, сифати онҳо, ҳаҷми захираҳои иқтисодӣ, дараҷаи истифода ва ҷойгиршавии онҳо нисбат ба бозор, захираҳои ашёю сармоя, дараҷаи истифодаю навкунии онҳо, ҷорӣ кардани навовариҳою ихтироотҳо, навсозию сармоягузорӣ, ҳаҷми пасандозу андӯхт ва таносуби истифодаи онҳо барои такрористеҳсол, этикаю эстетика (хулқу зебоги)-и хизматрасонӣ, миқдори мутахассисону кормандони илмию техникӣ ва ғайра.

Арза вобаста ба хислат ва меъёрҳои бозор, шакл ва дараҷаи таҳаввули онҳо ҳархела ташкил меёбад. Масалан, дар шароити бозори рақобати озод масъалаи ҳамаҷониба қонеъ гардондани талабот сирати манфӣ дошта, эҳтимолияти он ҳам пасттар мебошад. Чунки дар ин ҷо фурӯшандагон(пешниҳодгарон)-и номаълум ва бешумори молҳо иштирок намуда, молу маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд. Онҳо дар бораи харидорон (талабгорон), шумораю дархосту ҳаҷми харид маълумоти кофӣ надоранд. Миқдори молҳо ба таври тахминӣ, тибқи хариду фурӯши муқаррарӣ ва нархҳои миёна баргузор мегардад. Харидорон дар ин шароит ба пешниҳодкунандагони молҳо тобеанд ва мувофиқи миқдори молҳои воридшаванда ва пасту баландшавии нархҳои бозорӣ амалиёт мегузаронанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар бозори рақобати озод ягон фард ё худ ширкат самту равиш ва тамоюли пешбурди бозор, нарх ё ҳаҷми тақозою арзаро мустақиман тағйир дода наметавонад.

Хуллас, бозори рақобати озод ҷое мебошад, ки воҳидҳои бозор ба он озодона ворид гашта, ба рақобати ҳарифона дучор шуда, озодона аз он берун мераванд. Дар ин бозор меъёри муайян ва қонунгузориҳое, ки тавонанд ҳаҷми арзаро муайян созанд вуҷуд надорад. Ин шакли бозор афзалиятан, барои давраи рушди токапиталистӣ, низоми суннатӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикис-тон хос мебошад. Фарқ фақат дар он аст, ки дар бозорҳои Тоҷикистон молҳо на аз ҷониби истеҳсолкунандагони дохилӣ, балки воридот аз ҳисоби давлатҳои дигар, бо воситаи миёнравҳои тиҷорат ба роҳ монда мешавад. Он ҳамчун истеъмолгари маҳсулоти саноати дигар мамлакатҳову ис-теъмолгари маҳсулоти хоҷагии қишлоқ (зиёда аз 60-80 фоиз) ва тавлидгари маҳсулоти саноати сабук (пахта, равған…) ва ба ҳадди ақал — маҳсулоти саноати ранга баромад мекунад.

Арза дар шароити рақобати нокомил, алалхусус рақобати монополӣ тафовутнок сурат мегирад. Дар ин шакли бозор, ба ҷои тавлидгарону пешниҳодкунандагони зиёд як ё якчанд корхонаҳои бузургу фавқулқудрат баромад мекунанд. Як фирма имкон дорад шумораи маълум ва зиёди маҳсулотро (мошинҳои сабукрав, радио, телевизор, мебел…) истеҳсол намояд ва он ҳамчун фурӯшандаи ягона ё худ пешниҳодгари хизматҳо баромад кунад. Маҳсулоти ин фирма метавонад амсоли дигаре надошта бошад.

Азбаски капиталист-монополист дар доираи соҳаи худ яккаҳукмрон аст, метавонад тибқи нерӯ ва қудрати худ нуфузи худро дар бозор ҷорӣ намояд. Миқдори зарурии молҳою хадамот, сатҳу дараҷаи нарх, меъёр ва таносуби тақозою арза, ҳаҷму нормаи даромаду фоидаи корхонаи худро муайян ва танзим намояд. Дар ин асно бешубҳа муҳарриқи танзимдиҳандаи тақозою арзаро манфиати инфиродии тавлидгар (соҳибкор) ташкил медиҳад.

Яккаҳукмронии монополияҳоро мо дар сатҳҳои гуногуни ҷойгиршавии бозорҳо, шаҳрҳо ва мавзеъҳои дигари аҳолини-шин доир ба мошинасозӣ, соатсозӣ, истеҳсоли яхдон, радио, телевизор, асбобу анҷоми рӯзғор ва ғайра дучор меоем.

Маълумот дар бораи «Тақозо»-ро инҷо мутолиа намоед >>ТАҚОЗО


398
Нет комментариев. Ваш будет первым!