Рукнҳои асосии таълимот ва равияву мактабҳои иқтисодӣ

А. Рукн ва равияҳои мактабҳои иқтисодии пасгузашта

Сарнахуст, муқаррароти иқтисодӣ дар шакли мактаби махсус — мактаби савдогарӣ (меркантилизм) тахсис ёфтааст. Намояндагони асосии он: Т. Мен, А. Монкретьен, У. Стаффорд, Кольбер; дар Россия — Ордин-Нашокин, И.И. Посошков ва дигарон буданд. Он дар ибтидои асри XV-ум оғоз ёфта, то охирҳои қарни XVIII-ум дар аксарияти давлатҳо (Испания, Португалия, Фаронса, Голландия) ҳамчун равияи иқтисодии хоси бунёдгашта бар муомилоту тиҷорат, ҷанбаи ба даст овардани ҳар чӣ бештари тиллову нуқра ва содироти бештари молҳои саноатӣ ташкил ва густариш ёфтааст.

Меркантилизм сарнахуст ҳамчун монетаризм густариш меёбад (XV-XVI). Таҳкурсӣ ва мояи асосии назариёти онҳоро андӯхти сарват (фулузоти қимматнок — тилло, нуқра) ташкил медиҳад. Тибқи ақоиди онҳо ҳар давлате, ки дорои истиғроҷи тиллову нуқра бошад, худ онро пасандоз ё содир намояд, дар акси ҳол, онро бо таври тиҷорат (воридот) ба даст орад. Таносуби воридоту содирот бояд захираҳои фулузот ва тарози (баланси) бозоргонии мусбатро таъмин намояд. Онҳо назарияи «тарози пулӣ»-ро пешбарӣ карда, содироти пулро аз ҳудуди мамлакат манъ кардаанд.

Дар адабиёти имрӯза, монетаризм ҳамчун сиёсат оиди истиқрори иқтисод — танзими воситаҳои пулӣ аз ҷониби давлат (интишор ва интиқоли онҳо), истиқрори буҷаи давлат ва танзими фоизи қарзи бонк тасаввур карда мешавад.


Меркантализми ниҳоӣ

Меркантализми ниҳоӣ (пасина, асрҳои XVI-XVII) аз таҳлили мубодилаи пулӣ даст кашида, рӯ ба мубодилаи тиҷорат гардондаанд. Аз ҷониби онҳо назарияи «тарози тиҷорат» пешниҳод гардидааст. Ба содироти пул, воридот ва содироти молҳои саноатӣ иҷозат дода мешуд. Бояд ҳаҷм ва таркиби молҳои содиршаванда зиёду беҳтар, ба молҳои воридшаванда андози баланд ва иқтисоди миллӣ аз таҷовузи онҳо ҳифз гардад. Ин сиёсат минбаъд ҳамчун сиёсати «ҳимоятгароӣ»(протексионӣ) — маъмул гардид (10, 20, 2, 12, 13).


Мактаби физиократҳо

Бо мурури пешрафт ҷомеа ба хулосае меояд, ки асоси рушд ва рифоҳи башарият на мубодилаву тиҷорат, балки истеҳсолот мебошад. Аз ин ҷиҳат таҳлили ҳодисаҳои иқтисодӣ аз соҳаи муомилот ба тавлидот (истеҳсолот) гузаронида мешавад. Мутафаккирон, мутақид буданд, ки сарчашмаи сарвату дороӣ на тиҷорат, балки истеҳсолот мебошад. Дар соҳаи тиҷорат (савдо) маҳз мубодилаи молу хизматҳо сурат мегирад. Боигарии асосӣ на пул, балки мол мебошад. Ҳамин тариқ, заминаи айнӣ ба эҳёи «иқтисоди сиёсии классикӣ» гузошта мешавад.

Азбаски Аврупо дар ҳамон вақт кишвари кишоварзӣ буд, истеҳсолот ва соҳаи кишоварзӣ дар як маъно тасаввур карда мешуд, аз ин ҷиҳат гурӯҳе аз ташаббускорон ба таҳлилу дарки он, мустақиман шуғл варзиданд. Аз ҷумлаи онҳо: Франсуа Кенэ, Тюрго, Дюпон де Немур, Мирабо ва дигаронро номбар кардан ҷоиз аст.

Фаъолияти ин мактаб бо номи физиократҳо дар таърихи иқтисод бештар маъруф аст. Он дар Франсия аз ҷониби Франсуа Кенэ эҳё шуда, минбаъд аз тарафи В. Мирабо, Д.Неймур ва Ж.Тюрго идома ёфтааст. Он ҳамчун шохаи ибтидоии мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ маъмул гаштааст. Мактаби физиократҳо боварии комил дорад, ки замин ва он чи аз он ба даст меояд, аз ҷониби худованд офарида шуда, сарвати аслиро ташкил медиҳад. Замин ва меҳнати маҳсулноки деҳқон қодир аст ҷомеаро бо неъматҳои моддӣ таъмин намояд. Онҳо итминон доранд, ки кишоварзон нерӯҳои асосии истеҳсолии ҷомеаанд ва молик(заминдор)-ону саноатгарон дар сурати фаъолияти онҳо зиндагӣ мекунанд.

Назариёти Ф. Кенэ дар адабиёти кунунии иқтисодӣ бештар бо унвони ҷадвали иқтисодии Кенэ маъруф аст. Он аз нигоҳи имрӯз, ҳамчун сарнахуст ҷадвали тароз(баланс)-и байнисоҳавӣ, таҳлили “макроиқтисод” дар асоси меъёр ва тамсила(модел)-ҳои риёзиёт, таҳсиси ҳисоб(счет)-ҳои миллӣ ва ғайра дониставу қадр карда мешавад (20, 47-49).


Мактаби классикҳо

Мактаби классикҳо — ҳамчун кулли ақоидҳои мухталифи мактабҳои меркантилизму физиократҳо ва зеҳниёни англис, дар авъзои эҳё ва ташаккули низоми бозори сармоядорӣ ба миён омадааст. Намояндагони мактаби ҷадиди англис (А.Смит, Д.Ри-кардо, В.Петти) тарафдори «Тиҷорати озод» ва маҳдуд кардани дахолати давлат ба иқтисодиёт буда, гумон доранд, ки раванду ҷараёнҳои онро на қонунҳои табиӣ, балки «дастҳои ноайён», — қонунҳои иқтисодӣ идора мекунанд, онҳо сирати айнӣ (объективӣ) дошта, иқтисодро дар ҳолати мувозинӣ нигоҳ медоранд ва баъзан, садди роҳи рушди онҳо мегарданд.

Мувофиқи ақоиди онҳо манбаи рушди иқтисодро на сарвату тиҷорат, балки истеҳсолот ҳамчун кулли соҳаҳои мустақил (саноат, кишоварз, савдо…) ташкил медиҳад.

Нақш ва мақоми мактаби асосгузорони иқтисоди сиёсӣ дар он аст, ки онҳо: таҳлили ҷараёнҳои иқтисодиро аз соҳаи муомилот ба истеҳсолот гузаронидаанд; исбот намуданд, ки меҳнат асос ва меъёри қадркуни (ченкуни)-и нархии ҳамаи молҳо мебошад; иқтисод бояд аз ҷониби бозор танзим карда шавад. Бозор дорои қонунҳои худ мебошад. Қонунҳо, хислати айнӣ (объективӣ) доранд ва аз ҷониби ягон кас (каролу ҳукумат) ҷорию танзим ва манъ карда намешаванд; сарчашмаи даромади ҳамаи табақоти ҷомеаро (саноатчиён, кишоварзон, савдогарон, бонкирон…) муайян намуданд.

Адам Смит — мӯътақид аст, ки қудрат ва нерӯи инсонӣ меҳвари таҳрикдиҳандаи рушди иқтисод буда, ҳамчун озодии табиӣ, яъне тиҷорати озод, таҳриқаи (ҳаракати) озоди қувваи коргарӣ, савдои озоди замин, манъ кардани маҳдудият ва монеъгарии ҳукумат оиди рушди саноату савдо ва ғ. сурат мегирад.

Давид Рикардо — итминони комил дорад, ки асосу таҳкурсии рифоҳи (беҳбудии) вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро истеҳсолот ташкил медиҳад. Охирон сарчашмаи арзиши мол ва даромади табақахои гуногун (коргарон, сармоядорон, моликони замин) мебошад. Маҳз, ин нерӯи мавҷуда мояи таҳрикдиҳандаи ҷомеае мебошад, ки дар асоси он масоили умдаи дигари иқтисод ҳалли худро меёбад (20, 49-54).

Бояд тазаккур дод, ки давраи пасазклассикӣ давраи мураккабе буд. Иқтисоди сиёсӣ як муддате ба сукунат ба вуқӯъ пайваст ва оқибат, дар нимаи аввали асри ХIX ба ҷунбиш даромада, ба ду ҷанба — марксизм ва марҷинализм тафриқ гардид.

Марксизм — ё худ назарияи илмии сотсиализм (коммунизм) ҳамчун самти ҷадид дар иқтисоди назариявӣ ба вуқӯъ пайваста, барои таҳлилу тадқиқи қонуну қонуниятҳои инкишофи ҷомеаи сармоядорӣ, таназзулу заволи он ва барпо кардани ҷомеаи нави сотсиалистӣ (коммунистӣ) хизмати шоёне кардааст. Сотсиализм дар асоси принсипҳои: моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот, инкори истисмори меҳнати коргари кироя, ҳаққи баробар ба меҳнати баробар, шуғли умумӣ ва пурра ба кор банд будани аҳолӣ, пеш бурдани хоҷагӣ тибқи нақшаи ягона ва ғайра бояд сурат гирад.

Марксизм, афзалиятан дар мояи баланди илмии мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ ва утопистони хаёлӣ ба саҳнаи таърих омадааст. Асосгузорони он К.Маркс, Ф.Энгельс, В.И. Ленин ва иқтисодчиёни минбаъдаи рус ва собиқ сотсиалистӣ мебошанд.

Назарияи бунёд кардани ҷомеаи бидуни истисмору моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот дар асоси танзими давлатии иқтисод, асосан аз ҷониби К.Маркс дар китоби безаволи ӯ «Капитал», ки онро Ф.Энгельс «башорати синфи коргар» номидааст бештар маъмулу маъруф аст.

Кашфиёт ва ихтироотҳои назариявии К.Маркс дар адабиёти иқтисоди ҳамчун табаддулоти инқилобӣ эътироф карда мешавад, ки асосан инҳоянд: таълимот дар бораи ташаккули давраҳои рушди иқтисод, сабабҳои пайдоиш ва заволи форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ; таҳлили қонуниятҳои пайдоиш, инкишоф ва рушди капитализм, таззод ҳамчун қувваи дохилии таҳрикдиҳандаи он, таърихан характери гузаранда доштани капитализм ҳамчун форматсияи иқтисодӣ; коркарда баромадани назарияи такрористеҳсол ва бӯҳронҳои иқтисодӣ, нархи истеҳсол, таълимот дар хусуси характери духелаи меҳнати дар мол таҷассумёфта, зиддияти мол, арзиши изофаю тақсими он дар байни гурӯҳ ва табақаҳои алоҳидаи ҷамъият; пешкаш намудани назарияи хоса оиди таҳаввули шаклҳои арзиш; назарияи даромад, рента ва рентаи мутлақ, андӯхту бенавоӣ ва ғайра.

Назарияи иқтисодии К.Маркс зиёда аз 100 сол ин ҷониб, (беназардошти тағйирот дар соҳаи иқтисодию иҷтимоиёт) дар илми иқтисод истифода шуда, зиёда аз 70 сол ҳамчун шоҳроҳи асосии ҷомеаи шӯравӣ (советӣ) хизмат намудааст. Аз ин ҷихат қисме аз ғояҳои назариявии он (хислати антогонистии капитализм, имконнопазирии рифоҳи ҷомеа, бенавошавии мутлақи аҳолӣ ва ғайра) ба талабот ва воқеияти имрӯза ҷавоб дода наметавонад. Ба ин васила ақида нисбати «догмаи» (карахтии) марксизм бештар назаррас мебошад. Он, алалхусус, баъди заволи ҷаҳони сотсиализм ва гузариши онҳо ба иқтисоди бозорӣ ҳис карда мешавад (20, 54-58).


Марҷинализм

Намояндагони ин мактаб (К.Менгер — Австрия, У.Ҷевонс — Англия, Л.Валрась — Шветсария) аз таҳлили моҳияти тарзи капиталистии истеҳсолот ва хислатҳои он, алалхусус истисмор ва роҳҳои ба даст овардани арзиши изофа (ғояи асосии назарияи К.Маркс) даст кашидаанд. Онҳо мақсад ва вазифаи ниҳоии худро дар ҷустуҷӯи роҳҳои қулайтарини тақсими захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва ташкили оқилонаи тарзу услуби хоҷагидорӣ мебинанд. Барои он, ки тадқиқоташон сирати амиқи иҷтимоӣ надошта бошад, онҳо тоҳатто аз истифодаи мафҳуми иқтисоди сиёсӣ даст кашида, ба ҷои он «Экономикс»-ро истифода кардаанд. Ташаббускорони ин равия, асосан У.Ҷевонс ва А.Маршалл буданд.

Тарафдорони равияи ҷадид, на ба назария, балки бештар ба истифодаи усул ва тамсилаҳои риёзӣ (математикӣ) шуғл варзида, дар эҳё ва ташаккули равияи мактаби неоклассикӣ саҳми арзанда гузоштаанд (20, 58-60).


Б. Ҷанбаҳои муосири афкори иқтисодӣ

Афкори иқтисодии замони ҳозира, асосан охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ташаккул ёфтааст. Он ҳамчун кулли ақида, назария ва падидаҳои нисбатан пешқадамтарини замони худ баромад мекунад. Онҳоро тақрибан чунин тафриқабандӣ кардан мумкин аст:

— мактаби неоклассикӣ;

— мактаби кейнсгароӣ;

— институтсионализми иҷтимоӣ;

— либерализми иктисодӣ.

Мактаби ниҳоиюн (неоклассикҳо) ҳамчун назарияи аксуламал нисбатан ба К.Маркс ба миён омада, мояи асосии онро назарияи рақобати озод ташкил медиҳад. Он то ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ идома ёфта, баъди авҷи бӯҳрони иқтисодии солҳои 1929-1930, ба вуҷуд омадани назарияи танзими иқтисод (Ҷ. Кейнс) рӯ ба рукуд ниҳод ва баъди вусъат ёфтани дахолати давлат ба иқтисодиёт (солҳои 70-80-ӯм) аз нав эҳё гардид.

Бунёдгарони ин равия Ф.Визер, Э. Бём Баверк (мактаби Австрия), Ч.Хикс, Ч.Мид (мактаби Англия), Ч. Кларк, Р. Солоу, М. Браун, М.Фридмен (мактаби Америка) матлаби худро дар таҳлилу тадқиқи «Иқтисоди холис», ки ба шакли ташкили ҷомеавии он робита надорад мебинанд. Объекти таҳлили эшон на муносибатҳои истеҳсолӣ (К.Маркс), балки тадқиқи хулқу атвори (сулукаи) «инсони иқтисодӣ» қарор мегирад.

Таъсисгарони ин мактаб мӯътақиданд, ки илми иқтисод рукн ва равияи махсусест оиди мутоила ва эҳсои (ҳисобкуниҳои) ақлӣ, ба ҳадди ақал (минимум) расондани масрифот (хароҷот) ва ноил гаштан ба ҳадди аксари (максимуми) фоида, яъне таъмин кардани ҳадди манфиатнокии чизҳо, ҳосилнокӣ ва ғайра.

Неоклассикҳо, риёзиётро ҳамчун асоси тадқиқоти худ қарор дода, иқтисоди назариявиро ба иқтисоди холис (амалӣ, иҷти-моӣ), ки дар чорчӯбаи услуби натиҷагирӣ ва интихоби роҳу василаи илмӣ қарор мегирад табдил додаанд. Аз ин ҷиҳат он ҳамчун мояи сарнахусти мактаби муосири тамсилаҳои риёзии иқтисодӣ хизмат намудааст. Маҳз дар асоси таҳлили риёзӣ ва вобастагиҳои функсионалӣ равияи нави иқтисод — «Экономикс», «тамсилабандии иқтисодӣ» ва ғайра эҳёву ташаккул ёфтаанд.

Хизмати шоёни ин мактаб дар он аст, ки онҳо иқтисодро дар меҳвари иқтисоди исботӣ (позитивӣ — он чӣ мавҷуд аст, ё бояд эҳё шавад) ва иқтисоди нормативӣ (меъёрӣ — он чӣ бояд бошад, ё ба вуҷуд ояд) мутоила ва баррасӣ намудаанд (20, 60-63).


Мактаби кейнсгароӣ

Мактаби кейнсгароӣ — асосан ба номи бунёддиҳандаи он Ҷон Мейннард Кейнс машҳур аст. Дар олами иқтисод онро баъди А.Смит ва К.Маркс ҳамчун шахси саввӯм қадршиносӣ мекунанд.

Тибқи ақидаи Ҷ. Кейнс танзими бозорӣ дар сатҳи «Микроиқтисод» истиқрори комили иқтисодро таъмин карда наметавонад, аз ин ҷиҳат: а) таҳлил бояд сатҳи «макроиқтисод»-ро фаро гирад; б) танзими иқтисод аз ҷониби давлат ба роҳ монда шавад. Ин ғояи асосӣ дар асари оламшумули ӯ «Назарияи умумии шуғл, рента ва пул» маъмули хонандагон гардидааст.

Ҷ. Кейнс ақида ва навиштаҷоти худро дар пояи таҳлил ва қиёси назарияҳои классикҳову марҷинализм ва неоклассикҳо ба роҳ монда, бар хилофи онҳо, на ба таҳлилу таҷриба ва вазъу ҳолатҳои иқтисод, балки бештар бо роҳи мушаххаси ҳал ва дарку баёни мушкилиҳо, таҳлили сабабу натиҷа ва омилҳои муайянкунандаи онҳо машғул шудааст.

Сабабҳои номуозинии иқтисод, сикли иқтисодӣ, инфлятсия (таваррум), бекорию шуғл ва сармоягузорию таҷҳизониро таҳ-лил намуда, Ҷ.Кейнс ба хулосае меояд, ки дар ҳалли ин масъала бозор ва субъектҳои иқтисодӣ оиди истиқрори иқтисодиёт тадбире андешида наметавонанд. Дар ин ҷода, нақши дахолати давлат ба иқтисод, бо воситаи танзим ва тарҳрезии (планкашии) он аҳамияти хоса дорад. Сирати рӯҳи инсон руҷӯъ, ҷойгаҳ ва мақоми иқтисодро муайян мекунад. Асоси муташаккилии иқти-содиро самаранокии тақозою арза, тақозо ба сармояву сармоя-гузорӣ ва омилҳои муайянкунандаи онҳо ташкил медиҳад.

Назарияи Ҷ. Кейнс то ибтидои солҳои 70-ӯм ҳамчун ғояи маъмулу ҳамарофарогиранда амал менамуд. Баъд аз солҳои 70-ӯм дар раванди таҳаввули «назари иқтисод» равия ва рукни ҷадид, «институтсионализми иҷтимоӣ» бо шаклу тамсилаҳои гуногун густариш меёбад. Намояндагони асосии он: Т.Веблен, У.Митчел, М.Вебер, В.Зомбарт, Д.Гэлбрейт, Г.Мюрда, Д.Коммонс ва дигарон мебошанд.

Азбаски назарияҳои қабл, ҳалли масоили иҷтимоиро ба эътибор намегирифтанд, аз ҳамин сабаб ин равия ба миён меояд. Тибқи ақоиди бисёре аз намояндагони он, сирати таҳаввули низоми иқтисодиро на бозор худ ба худ, балки ҳамаи низомҳои институтҳои иқтисодӣ (соҳибкорон, ширкатҳо, монополия, иттифоқҳои касаба, давлат…), ки бозор фақат як қисмати ӯст муайян мекунад. Онҳо ҳамчун намунаи ҷомеаи «рифоҳи иҷтимоӣ»-еро кашф кардаанд, ки дар он: барномаҳои иҷтимоӣ, тарҳрезии «индикативӣ», иштироки мардум дар идораи истеҳсолот ва азони худкунии он ва ғайра ҳузур дорад. Ин ғояҳои мавҷуда ба қадри имкон дар «тамсилаи шведӣ»-и рушди иқтисод амалӣ гардонда шудаанд.

Т.Б.Веблен (Америка) ақида дорад, ки «институт-ҳои иҷтимоӣ» ҳанӯз дар давраи ҷомеаи тоиндустриалӣ пайдо шуда, ба тартибдарории фаъолияти онҳо дар сатҳи эҳсос — эҳсоси меҳнат, ҳиссиёти бародарӣ, падарию модарӣ, ҳисси кунҷковона ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Мувофиқи фаҳмиши он ҷамъият фақат дар асоси инкишофи номуозинаҳо (ғайриистиқрор) пеш меравад. Тараққиёти он, хоҳ но хоҳ, ба пайдо шудани гурӯҳи одамони сарватманд, зиёд шудани сарвату дороии онҳо, баланду беҳтар шудани дараҷаи зиндагӣ, дороӣ, аҳволи маишию маданӣ ва кайфияти онҳо мегардад. Ҳирси сарватғундорӣ соҳибкоронро водор мекунад, ки онҳо барои иҷрои корҳои ношоям: рафъи рақобат, маҳдудгардонии теъдодҳои молҳо, аз байн рабурдани рақибон ва несту нобуд кардани молу мулки онҳо даст зананд.

Тарафдорони ҳозираи ин мактаб мӯътақиданд, ки маҳз пеш-рафти илму техника мушкилкушои тазоди иҷтимоӣ буда, ҷомеаи индустриалиро ба пасазиндустриалӣ, супериндустриалӣ ё худ неоиндустриалӣ (яъне информатсионӣ) табдил медиҳад.

Бояд хотиррасон кард, ки дар асоси ин кашфиёт назарияи ҷадид ба номи назарияи конвергенсияи (баҳамназдикшавии) ду системаи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби Ҷ.Гэлбрейт, П.Сорокин — ИМА, Р.Арон — Франсия, Я.Тинберген — Нидерландия пешниҳод гардидааст ба миён омадааст (20, 66-68).

Неолиберализм (либерализми ҷадид) асосан, дар мояи назарияи классикони англис — назарияи танзими иқтисод ва ба ҳадди ақал расондани дахолати давлат ба иқтисодиёт, озодии субъектҳои иқтисодӣ, рақобати озод, густариши фаъолияти тадбиркории хусусӣ ва ғайра ба миён омадааст.

Раҳнамоёни он (Людвиг фон Мизес, Фридрих фон Хайек) мӯътақиданд, ки на танзими амиқу абадулабади давлат ба иқти-сод, балки соҳибкории хусусӣ қобил аст иқтисодро аз ҳолати бӯҳрон бурун орад ва рушду нумӯъи он ва беҳбудии аҳолиро таъмин намояд. Бино ба ин бояд ба таври аксар ба соҳибкорон барои ҳалли вазифаҳои хоҷагидорӣ озодии комил дода шавад.

Тибқи ақоиди Л.Мизес, сотсиализм дар ҳамон ҳолате, ки вуҷуд дорад (моликияти давлатӣ, танзими давлатии иқтисод, идораи муттамарказии он, танзими ҳукуматии бозор, тарҳрезию нархгузаронии муттамарказ…) минбаъд рушду камол ёфта наметавонад.

Ф.Хайек (дорандаи мукофоти нобелӣ дар соҳаи иқтисод, соли 1974) дар китоби худ «Роҳ ба сӯи асорат» таъкид мекунад, ки даст кашидан аз озодии иқтисодӣ ва нархгузаронии бозорӣ ба сӯи диктатура ва асорати иқтисодӣ роҳ мекушояд. Иқтисоди бозорӣ нисбатан ба иқтисоди «маъмурӣ» ва «иқтисоди мухталат» бартарӣ дорад, капитал доимӣ буда, дар замони капитализм истисмор вуҷуд надорад, мояҳои иқтисоди давлатӣ майли завол доранд ва табиатан ҳалокатпазиранд.


Назарияи ҷаҳонпазирӣ

Назарияи ҷаҳонпазирӣ равияе дар иқтисод дониста мешавад, ки асосгузорони он таҳлили раванд ва ҳодисаҳои иқтисоди-ро дар сатҳи таҳаввулоти умумибашарӣ ба миён мегузаранд. Он-ҳо мӯътақиданд, ки ҳар як низоми иқтисодӣ дар асоси та-ҳаввул (эволютсия) сурат мегирад. Таҳаввулот — шакли махсуси баҳам мутобиқгардонӣ, ба ҳам наздикшавӣ ва баҳам воридшавии на якчанд давлат (назарияи конвергенсия), балки низомҳои гуногун(иқтисоди бозорӣ, мухталат, амрӣ)-и иқтисодӣ, ки қодиранд минбаъд навъи индустрониро ҳамчун шакли иҷтимоии иқтисод бунёд кунанд ва инсон дар он мавқеи хоса — субъект ва омили асосии истеҳсолот бошад, ташкил шуда метавонад.

Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки дар ҷаҳони муосир мубориза баҳри ташкил ва бунёд кардани низоми ягонаи умумибашарӣ, солим нигоҳ доштани ҷаҳони муосир ва оқилона истифода кардани сарватҳои иқтисодии ҷаҳон сухан меравад. Мо ки то кунун таҳти идеологияи марксистӣ қарор доштем ва ба назариёти аҳли адаби ғарб ғаразнок чашм медӯхтем, бояд ин чизҳоро донем ва сари вақт кӯшиш ба ҳаллу фасли онҳо харҷ намоем.

Дар охир бояд иқрор шуд, ки дар доира ва ҳаҷми як савол ифшову таҳлили равишу паҳлӯҳои гуногунравишии афкори иқтисодӣ имконнопазиранд. Онҳо минбаъд дар раванди таълими мавзӯҳои алоҳида, ё худ фанҳои «таърихи иқтисод», «таърихи афкори иқтисод», «микро- ва макроиқтисод ва ғайра мустақил омӯхта мешаванд.


1.07K
Нет комментариев. Ваш будет первым!