Вазифаҳои бозор ва омилҳои муайянкунандаи он
Бозор худ аз худ, бидуни сабаб ва шароитҳои муайяни таърихӣ бунёд ва густариш ёфта наметавонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки инкишоф ва таҳаввули бозор таҳти шароит ва услубҳои мушаххас қарор мегиранд. Дар ҳаёт тадбиқ гаштани онҳо дар шароити мавҷуд будани равандҳои гуногун: фазои иқтисодӣ, мустақилият, нархмуқарраркунии озод, моликияти хусусӣ ва бисёрмоликиятӣ, тавлидгару истеъмолкунанда, харидору фурӯшанда, тақозою арза, рақобат, демокративонии истеҳсолот, танзими давлатӣ, зерсохтор(инфраструктура)-и истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра имконпазир мебошанд.
Ҳар яке аз ин нишондиҳандаҳо, паҳлуҳои гуногуни бисёр-ҷабҳаи бозорро вобаста ба сирати бисёршаклии моликият ва ташаккули низомҳои иқтисодӣ ифода мекунад. Дар навбати худ, ҳар яке аз онҳо таҳти таъсири омилҳои мухталиф қарор мегиранд.
Омилҳо ҳамчун фишанги иқтисодӣ мустақим ё ғайримустақим, як ё якчанд паҳлӯҳои муносибатҳои бозориро муайян намуда, барои амалӣ гаштани онҳо замина мегузоранд.
Бояд қайд намуд, ки ҳар як омил дар алоҳидагӣ моҳияти аслӣ ва воқеии ҳодисаҳоро бо пуррагӣ тасвир карда наметавонад. Охирон, дар аснои ба ҳисоб гирифтани кулли ҳодиса — сабаб, шароит, услуб, омил, меъёр, нишондиҳанда, ҳаҷм, динамика, сохтор… имконпазир мегардад.
Дар адабиёти иқтисодӣ (гарчанде тақсимбандии мушаххас вуҷуд надошта бошад ҳам) ба сифати омилҳои муайянкунандаи муносибатҳои бозорӣ чунин унсурҳо номбар карда мешаванд:
— гуногуншаклии моликият ва тарзу услубҳои амалигардонии он;
— демократикунонии истеҳсолот бо нигоҳ доштани воситаҳои танзими давлатӣ;
— эҳё ва густариши зерсохти бозор, махсусан бозори молу маҳсулот, ҳадамот, бозори омилҳои истеҳсолот, бозори молия ва ғайра;
— такмил ва инкишоф додани мояи ҳуқуқии субъект ва объекти бозор — ҳуқуқи тавлидгар, истеъмолгар, фурӯшанда, харидор, ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, ихтиёрдорӣ ва идораи молу ҳада-мот, яъне мансуб будан ба 11-”дастаи ҳуқуқ” (ниг. боби 4-ум);
— табдил додани иқтисоди миллӣ ба иқтисоди боз (кушод), бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ба мақсади муайян истифода кардани он, роҳ надодан ба масрафкорӣ, дуздӣ, ҷаллобӣ, каср (дефисит) ва ғайра;
— муайян кардани ҳудуди судмандии бозор, яъне аниқ гардонидани доираи фаъолияти бозор, ҳаҷми хароҷоти ниҳоӣ, теъдоди харидорон, фурӯшандагон, шарту шароити мубодила, бастани шартномаю қарордодҳо, ба даст овардани ахборот оиди ҳавзаи муомилот, рафти ҷараёни муносибатҳои бозорӣ ва ғайра;
— таъмин кардани инкишофи муозин ва истиқрори иқтисод, худтанзимкунӣ ва танзими давлатии бозор, чандирӣ ва муто-биқгардонӣ ба шароитҳои тағйирёбандаи иқтисод, алоқаи бисёрҷабҳаи байни субъектҳои иқтисодӣ;
— кафолат ба озодии иқтисодӣ — озодона интихоб кардани тавлидгарон, интихоби озоди истеъмолгарон, таъмин кардани шароит барои амалӣ гаштани манфиатҳои шахсӣ;
— рақобат — дараҷаи ба ҳам иттисол ва пайваст карда тавонистани манфиатҳои шахсию ҷамъиятӣ, гурӯҳию коллективӣ дар асоси “дастҳои ноайён”;
— ҳавасмандӣ дар истифодаи захираҳо, баланд бардоштани самаранокии онҳо, ба ҳадди ақал расонидани хароҷот ва ба ҳадди аксар боло бурдани даромаднокии истеҳсолот ва сифати маҳсулот;
— таъмин кардани рушди интенсивии иқтисод дар асоси истифодаи инқилоби илму техника (ИИТ), таҷдиди технологияи навтарин ва иттилооти муосир;
— нархмуқарраркунии озод, муҳайё кардани иттилоот барои субъектҳои иқтисодӣ;
— танзими ҳаҷм ва меъёри тақозою арза, азнавтақсимкунии захираҳо ба манфиати субъектҳои иқтисодӣ ва ғайра.
Ин ва дигар омилу шароитҳои бозор дар ягонагӣ низоми иқтисоди бозориро ташкил медиҳанд. Низоми бозор тибқи ақидаи Раймон Барр ”навъи иқтисоди ғайримутамарказе мебошад, ки дар он нақша ва амалиётҳои воҳидҳои соҳибихтиёр бо воситаи бозор ва пул, яъне мубодила ба ҳам мутобиқ карда мешаванд”1. Ин мубодила бо воситаи вазифаҳои муайян тасниф карда мешавад.
Вазифаи танзим. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ дар сатҳи микроиқтисод аз ҷониби хоҷагиҳои хонавода, молӣ, фирмаву ширкатҳо дар асоси худтанзимкунӣ ба роҳ монда мешавад. Ин вазифа тибқи ҳалли масоили умдаи иқтисод: чӣ?, чӣ қадар?, барои чӣ?, чӣ хел?, бо кадом миқдор истеҳсол намуд? дар амал тадбиқ карда мешавад.
Бозор таносубии миқдории байни молу пул, нарху арзиш, тақозою арза, нишондиҳандаҳои микро ва макроиқтисодиро таъмин ва танзим менамояд.
Худтанзимкунӣ аз ҷониби худи бозор ва танзими фаъолияти бозорӣ аз тарафи институтҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
- Вазифаи ҳавасмандгардонӣ. Ин вазифа, асосан ҳангоми пасту баланд шудани нарх ва пайваста ба ин танзими миқдори молҳои ба бозор воридшаванда назаррас мебошад.
Бозор ҳар як субъекти иқтисодиро доир ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ба даст овардани маҳсулот бо натиҷаи ками сарфи меҳнату сармоя ва гирифтани фоида водор менамояд. Он ҳар як тавлидгари неъмату ҳадамотро барои истифодаи натиҷаи илму техника ва технологияи замони ҳозира ва дар асоси онҳо ба роҳ мондани усулҳои интенсивии замони ҳозира ва таъмини самаранокии кулли ҷузъиятҳои иқтисод ҳавасманд мегардонад.
Ба мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолӣ, коллектив имкон дорад, мустақил роҳбарони идоракунандаи истеҳсолот ва муомилотро интихоб намояд. Дар шароити бозор коллектив ба натиҷаи меҳнати худ ҳавасманд буда, бидуни таъсир ва фишори субъектҳои болоӣ, дар асоси фишанг-ҳои иқтисодӣ (нарх, манфиати шахсӣ, фоида) фаъолият мебарад.
- Вазифаи манфиатнокии қиммат ва қиёскунии сарфи меҳнати молҳо. Дар бозор молҳо мувофиқи сарфи вақт (меҳнат) ё худ вақти зарурии ҷамъиятӣ мубодила карда мешаванд. Бозор ҳадду ҳудуди манфиатнокии ниҳоии молу хадамотро муайян мекунад. Агар хароҷот барои маҳсулот баланд бошад, нархи он ҳам баланд мешавад ва нисбати он қобилияти харидорон низ паст мегардад ва онро харида гирифта наметавонанд. Албатта, он дар оянда аз нав истеҳсол карда намешавад, ё худ миқдори он маҳдуд гардонда мешавад. Дар натиҷа объектҳои бозор рӯ ба таназзул меоваранд ва дучори касодӣ мегарданд. Дар ҳолати акс онҳо рӯ ба инкишоф оварда, рушду равнақ меёбанд.
Бо ибораи дигар, бозор меҳнати инфиродии барои истеҳ-соли неъмату ҳадамот сарфшударо бо меҳнати зарурии ҷамъ-иятӣ қиёс намуда, самараи истеҳсолотро муайян мекунад.
- Вазифаи нархмуқарраркунӣ. Нархи воқеӣ дар бозор таҳти тақозою арза ташаккул меёбад. Он вобаста ба ҳаҷми маҳсулоти ба бозор воридшаванда пасту баланд мегардад. Охирон, ҳадди муозинии нарх ва миқёси тавлидоту пешниҳодоти молу хадамотро минбаъд муайян менамояд.
- Вазифаи тафриқасозии истеҳсолкунандагон. Таҳти тақозою арза ва калобиши нархҳо субъектҳои бозор ба рақобат дучор мегарданд. Он молистеҳсолкунандае, ки хароҷоти истеҳ-солиаш нисбат ба нархи бозор паст аст, он дар натиҷаи рақобат соҳиби фоидаи баланд мегардад. Дар акси ҳол он касод ва хонахароб шуда, аз “саҳнаи бозӣ” бурун меравад. Соле дар ИМА зиёда аз 3500 корхонаҳои хурду миёна шикаст хӯрда, аз нав бунёд карда мешаванд.
- Вазифаи ба ҳам пайваст намудани истеҳсолкунандаю истеъмолкунанда. Хоҳ нохоҳ ҳар як иштирокчии бозор дар нақши харидор ё нақши фурӯшанда ширкат меварзад. Онҳо ҳамчун субъекти бозор барои худ, ё барои ташкил кардани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ (бизнесу соҳибкорӣ) ба кор муроҷиат мекунанд. Бозор ин алоқаро ба ҳам пайваст ва устувор мегардонад.
- Вазифаи иттилоот. Бозор ҷое мебошад, ки дар он натиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ҷамъбаст карда мешавад. Охирон, бидуни маълумоти қофӣ оиди вазъи бозор, тақо-зою арза, нарх, теъдоди харидорону фурӯшандагон, ҳаҷми фурӯш, номгӯ(номенклатура)-и молҳо, ҳаҷми молҳои бақиямон-даю ба фурӯшнарафта, ҳаҷми воридоту содирот, талабот ба меҳнат, ба ҷои кор, ҳаҷми пул ва гардиши он, мубодилаи асъор ва қоғазҳои қимматнок, ҳаҷми захираҳои иқтисодию омилҳои истеҳсолот, ҳаҷми талаботҳои ҷамъиятӣ ва даҳҳову ҳазорҳо ҷа-раёнҳои дигари иқтисодӣ имконнопазир мебошад.
Бозор “мухлисони” худро бо воситаи “агентҳояш” (биржа, музоида, савдо, радио, телевизор, низоми бисёрҷанбаи алоқа, рӯзномаю маҷалла, таблиғ (реклама) ва ғайра аз аҳволи худ хабардор мекунад.
- Вазифаи таъмини муозинӣ ва мутаносибии иқтисодиёт. Бозор тибқи нишондоди иқтисоди сиёсии марксистӣ, муозинӣ ва таносубии иқтисодро таъмин карда наметавонад. Амалияи хоҷагидорӣ нишон медиҳад, ки бозор таносуби байни истеҳсолоту истеъмол ва тақозою арзаро тибқи ҳаҷму таркибот ва навъу хелҳои маҳсулот муқаррар мекунад. Ин таносубиҳо ба воситаи барқарор кардани алоқа дар байни сад ва ҳазорҳо тавлидгарону истеъмолгарони мустақил ба роҳ монда мешавад.
Эътироф карда шудааст, ки вобаста ба амиқ гаштани тақсими ҷамъиятии меҳнат ва тамоюли умумибашарикунонии хоҷагидорӣ ва ҳамгироии равандҳои байналхалқии иқтисодӣ, бозор таносубҳои байнисоҳавӣ, ноҳиявӣ, территориявӣ, минта-қавӣ, хоҷагиҳои миллӣ ва умумибашариро барқарор ва танзим мекунад.
Аз таҳлили фишурдаи вазифаҳои бозор хулоса бар меояд, ки онҳо моҳият ва равандҳои бозорро аз як, ё якчанд паҳлӯ инъикос намуда, нақш ва мақоми онро чун мафҳуми умумииқтисодӣ дар ҷараёни истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба тасвиб медиҳанд.
Нақши бозор дар ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ дар он ифода меёбад, ки он:
— на танҳо як ҳавза — муомилот, балки боқимонда давраҳо — истеҳсол, тақсим, азнавтақсимшавӣ ва истеъмолро низ фаро мегирад;
— ба истеҳсолот бо воситаи алоқаҳои ниҳоию пасгузаштаи тартиби аввал оиди масоили умдаи иқтисод (чӣ қадар?, чӣ? дар кадом вақт?, бо кадом миқдор? истеҳсол ва пешкаши бозор кард) муозинӣ ва таносубии иқтисодро ташкил менамоянд;
— тақозо ва арзаро ба эътидол дароварда, муозинӣ ва таносуби иқтисодро таъмин менамояд;
— тибқи натиҷаи ниҳоӣ, самаранокӣ, подоши масрафҳои моддӣ ва қонеъ гардондани ниёзу эҳтиёҷи мардум, молистеҳсолкунандагонро тафриқа мекунад;
— хоҷагӣ, корхона, фирмаю ширкатҳое, ки рақобатпазир нестанд, сармоягузории кофӣ барои таҷдиди (навкунии) истеҳсолот надоранд, тоза мекунад.
Бозор ҳамчун маҳсули таҳаввулоти таърихию табиии инсоният махсусиятҳои таърихӣ, миллӣ, динӣ ва рӯҳии миллатҳои алоҳида, анъанаҳои беҳтарини онҳоро, ки тӯли ҳазорсолаҳо густариш ёфтааст дар худ инъикос менамояд. Бозор дар ҳама давраҳои рушди тамаддун ҷой дошт ва аз ин лиҳоз дорои сират, шакл, намуд ва меъёрҳои гуногун мебошад. Аз рӯи бозор қудрат ва нерӯи давлат, нуфус ва эътибори миллатро мешиносанд. Бозор оинаи миллат аст.
1 Ниг.Дайджест Экономической теории/Под.ред. проф. Соколинского Е.М. — М., 1998.-с.27.