Рақобати комил, шароит ва омилҳои муайянкунандаи он

Эҳё ва густариши рақобат аз давраи ташаккули истеҳсо-лоти молӣ оғоз меёбад. Сабаб ва зарурати бунёд ёфтани хоҷаги-ҳои молӣ ва бозорӣ ҳамчун заминаи ибтидоии ташаккули рақо-бат ва механизми амали он хизмат мекунад. Аз ин ҷиҳат рақо-батро ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи фаъолияти молистеҳсол-кунанда, перомуни ташкили шароити беҳтарини истеҳсол ва мубодилаи молҳо, дар чорчӯбаи поймол кардани манфиатҳои субъектҳои бозор (бидуни тавлидгарони молу хадамот) медонанд.

Тибқи назардошти марксизм, рақобат хислати хоси истеҳсо-лоти молӣ буда, дар мояи моликияти хусусӣ ба воситаҳои ис-теҳсолот, муносибатҳои оштинопазирӣ байни тавлидгарони моли алоҳида оиди ба даст даровардани шароити мусоидтарини истеҳсол ва фурӯши молҳо ва дар ин асос таъмин кардани механизми танзими худсарона ва таносубҳои муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ сурат мегирад. Рақобат молистеҳсолкунандагон, ҳу-нармандон ва дигар табақоти ҷомеаро хонахароб гардонда, даромади онҳоро кам мекунад. Вай сабаби асосии нокомии ҷамъ-ият — қашшоқӣ, бенавоӣ, анархия, бӯҳронҳои иқтисодӣ ва нест-шавии сарвати миллӣ мегардад1.

Сотсиалистони хаёлӣ (Ш.Фурье, Р.Оуэн) таҳти рақобат парокандагии нерӯи мамлакат, муборизаи байни ҳамдигарӣ, шакли табдилгаштаи ҷанг ва ғоратгариро тасаввур мекарданд. Онҳо сабаби ҳамагуна бадбахтиҳоро дар рақобат медиданд.

Тибқи ақоиди Ш.Фурье рақобат ин муборизаи ҳамкорӣ, ҳаққонӣ, содда ва кафолатнок бояд бошад (14, 214).

Рақобат бештар хислати хосаи капитализми тоиндустриалӣ ва индустриалӣ дониста мешавад. Дар ин давра рақобат бо роҳи кам кардани хароҷот, паст намудани нарх, омӯхтани қисматҳои бозор ва ғайра ташкил карда мешавад. Хусусияти ин давра бо номи рақобати озод ё худ рақобати комил машҳур мебошад.

Дар давраи капитализми ахборотӣ (капитализми пас аз индустриалӣ) бештар диққат ба гуногунии намудҳои мол ва хиз-матҳо, ки қодир бошанд талаботро қонеъ гардонанд, ба масъалаи қиммат ва сифати онҳо, омӯхтани сегментҳо (ҷузъиятҳо) ва ҷойҳои ноомӯхтаю нотаҳлили бозор ва ғайра дода мешавад.

Мавҷуд будани рақобат имкон медиҳад, ки:

— ҳангоми истеҳсол кардани молу маҳсулот аз захираҳои молӣ, пулӣ, меҳнати самаранок истифода карда шавад;

— комёбию нодирии захираҳо ҳис карда шуда, барои муто-биқ гардонии раванди истеҳсол ва истеъмол нигаронда шавад;

— зарурати сари вақт ҳис кардану тағйирот даровардан ва воридсозии навовариҳову ихтироотҳо ба раванди истеҳсолот ба вуҷуд оварда шавад;

— перомуни истифодаи оқилонаи натиҷаи андӯхташудаи пешрафти илму техника, дар ҳавзаи тавлиди молу маҳсулоти нав, ҷорӣ кардани техникаю технологияи ҷадид, коркарди тарзу услуби ташкил ва идораи истеҳсолот шароит фароҳам оварда шавад.

Баробари афзалият зарур аст, ки ба баъзе камбудиҳои он низ аҳамият диҳем. Асосан, камбудиҳо ва норасоиҳои рақобат аз камбудиҳои бозор сар мезанад. Ба ҷумлаи камбудиҳои рақо-бат метавон номбар кард:

— ҳирси рақибӣ ва фоидаҷӯӣ, раванди истифодаи захираҳои камёбу нодирро тезонида, такрористеҳсоли онро барқарор намегардонад;

— ҳадду ҳудуди адолати иҷтимоӣ надорад: муҳити зист ва ҳифзи инсону табиатро ба дӯши худ надорад, барои инкишофи соҳаҳои умум — илм, маориф, тиб, ҳавзаҳои зерсохти истеҳсолию иҷтимоӣ, аз ҷумла, роҳ, нақлиёти умум, хоҷагидории шаҳру деҳот мусоидат намекунад; барои ба даст овардани даромад, ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат кафолат намедиҳад.

Дар ҳаёти воқеӣ, дар ин ё он шакл, муносибатҳои ҳамкорӣ, мусобиқа, ҳарифӣ, мубориза дар байни субъектҳои иқтисодӣ (фард, гурӯҳ, коллектив, фирмаю ширкатҳо, соҳаю территори-яҳо, ноҳияю шаҳрҳо, вилоят, давлат, ҷаҳон) вуҷуд дорад. Вобаста ба ин тақсимбандии рақобат низ ашколи ҳархела қабул карда метавонад.

Агар дар иқтисоди сиёсии марксистӣ бештар ба низоми рақобати дохилисоҳавӣ, байнисоҳавӣ, монополӣ ва ғайра аҳа-мият медода бошанд, пас дар адабиёти кунунии иқтисодӣ ба ду тамсилаи ташкили рақобати бозорӣ — тамсилаи рақобати комил ва нокомил диққат медиҳанд.

Тамсилабандии рақобати бозорӣ дар мояи меъёрҳои гуногун ҳамчун воқеияти айнӣ, бидуни ҳодисоти моддӣ, дар шакли рамзӣ ба роҳ монда мешавад. Баъзе аз иқтисоддонон (Сажина М.А., Добрынин В., Рузавин Г.И….) исбот карданианд, ки тамсилабандии бозор ба рақобати комил ва рақобати нокомил дар шакли соф вуҷуд надорад (39,114; 62,113).

Тамсилаи рақобати комил ҳамчун стандарти баҳодиҳии идеалӣ ё худ базиси мантиқии қиёси таҷрид(абстракт)-ӣ истифода карда мешавад. Бо ибораи дигар, рақобати комил ҳамчун тамсилаи ибтидоии таркиботи бозорӣ барои шартан ифода кардани ҳодисаҳои воқеии иқтисодӣ истифода карда мешавад. Аломати рақобати комил, тибқи ақидаи М.Фридман, гарчанде рақибпазир набошад ҳам ҳангоми амали бозор зуҳур меёбад.

Аксар вақт бозори рақобати озод(бозори комил)-ро ҳамчун бозори рақобатпазир тасниф мекунанд. Аз ин ҷиҳат бояд тазаккур дод, ки мафҳуми рақобат ва рақобатпазирӣ ба ҳам наздиканд, вале аз ҳам фарқ мекунанд. А.Смит таҳти рақобат на таҳдиду шикаст, балки рақибпазирии фирмаҳоро бо воситаи таъсири нарх дар назар дошт.

Аз он давра то имрӯз рақобат марҳалаҳои зиёду пурпечутобро паси сар кард. Дар шароити ҳозира, таҳти рақобат вазъи-ятеро мефаҳманд, ки дар бозор ягон молистеҳсолкунанда қоби-лияти бо таври яккаҳукмронӣ (монополӣ) муайян кардани нархи молҳоро надорад.

Исбот шудааст, ки кунун бо воситаи рақобатпазирӣ нархро муайян кардан дигар имкон надорад. Рақобат асосан аз мавҷуд набудани имконият дар таъсиррасонии нарх ташаккул меёбад.

Кунун, таҳти рақобатпазирӣ (лот.-pivalry) хулқу атвори ис-теҳсолгарон дар бозор ва таҳти рақобат муносибат ё худ қоби-лияти фирмаҳо оиди ташкили сохти таркиби(структура)-и бозорӣ фаҳмида мешавад.

Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки дар шароити рақобати комил, рақибнокӣ (ҳарифӣ), яъне рақобатпазирӣ вуҷуд надорад, чунки ягон фирма ба нарх, миқдори молҳо, тақозою арза таъсир расонда наметавонад1.

Рақобати комил дар асоси моликияти хусусӣ ва муста-қилияти хоҷагидорӣ бо роҳ монда мешавад. Равобити байни ис-теҳсолкунандагон фақат бо воситаи бозор сурат мегирад. Дар ин бозор шумораи зиёди молистеҳсолкунандагони мустақил, ки молҳои якхела мебароранд ва шумораи беадади истеъмолгарон, ки муштоқи ин гурӯҳи молҳо мебошанд, амал мекунад. Ҳар як истеъмолкунанда ба таври озод метавонад аз тавлидгари дил-хоҳ, тибқи манфиати истеъмолӣ ва нархҳои қулай молҳоро харида гирад.

Ҳар як тавлидгар, ихтиёран молҳои худро бе ҳадду ҳудуд барои манфиати худ фурӯхта метавонад. Ягон харидор ё худ фурӯшанда наметавонад ягон қисми зиёди тақозо ва арзаро ба таври кулл муайян кунад. Ягон фирма дар алоҳидагӣ ба нархи мол таъсир расонда наметавонад. Ҳаҷми арзаи худро таҳти нархи тақозо мутобиқ мегардонад, дар ин сурат ҳарифии байни фирмаҳо ҷой надорад.

Рақобати комил дар ҳолати мавҷуд будани чунин шароитҳо амал карда метавонад1:

— ҳамаи истеҳсолоти фирмаи алоҳида ночиз буда, он ба нархи фурӯши моли ҳамин фирма таъсир намерасонад;

— молҳои фурӯхташавандаи фирма якхел намуд дошта, нарх-ҳои онҳо пешакӣ ба харидорон маълуманд. Дар ҳолати тағйир ёфтани нарх тавлидгарон харидорони худро аз даст медиҳанд;

— фурӯшандагон байни худ оиди дигаргун кардани нарх гуфтушунид намекунанд ва ҳар яке аз онҳо бидуни якдигарӣ амал мекунанд;

— фирмаҳои тавлидгар ба ҳар як соҳа имконияти озодона ворид ва аз он берун рафтанро муҳайё мекунанд;

— ягон иштирокчи(агентҳо)-и бозор дар алоҳидагӣ ба қарори дигар иштирокчӣ таъсир расонда наметавонад;

— ҳар як иштирокчии рақобат оиди бозор, ҳаҷми бозор, тақозо, арза, нарх, нормаи фоида ва ғ. маълумоти пурра дорад;

— аз захираҳои иқтисодӣ (табиат, сармоя, меҳнат, замин) имконияти истифодаи якхела доранд;

— захираҳои молиявии худро дар шароити таъмин кардани фоидаи мӯътадил барои инкишофи истеҳсолот, навоварӣ ва рақобатпазирии фирма истифода мекунанд;

— иштирокчиёни рақобат бемонеъгарӣ ва маҳдудият ба бозор ворид гашта, чизҳои зарурию дилхоҳи худро дастрас намуда, озодона аз он берун рафта метавонанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як шахс имконияти ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғл варзидан дошта, дар шароитҳои зарурӣ онро қатъ гардонда метавонад. Кору бори худро аз нав бунёд намуда дар фаъолияти меҳнатӣ иштирок намояд, қувваи коргарии кирояро истифода барад, саҳмияҳои худро барорад, онҳоро фурӯшад, саҳмия ва дигар коғазҳои қимматнокро харида гирад, ё худ онҳоро дар муассисаҳои молиявӣ нигоҳ дорад, аз сармоягузории худӣ ва қарзи банкӣ истифода барад.

Дар ҳолати иҷро шудани ин шарту шароит алоқаи тавлидгару истеъмолгар ба таври дилхоҳ (муозин) ба роҳ монда мешавад. Дар меҳвари он механизми танзими бозор, нарх, батартибдарории низоми иқтисодӣ, ангезаи фардҳои ҷудогона оиди ба даст овардани фоидаи баланди иқтисодӣ ва дар ин асос тадбиқ намудани мақсади ниҳоӣ — баланд бардоштани сатҳ ва дараҷаи беҳбудии оммаи халқ амалӣ мегардад.

Албатта, ин тарз ва услуби маънидодкунии рақобати комил ҳамчун шакли фавқулодда ё худ идеалии бозор эҳтимол вуҷуд надошта бошад. Вале онро дар амалияи хоҷагидорӣ ҳамчун тамсила ё худ таҳкурсии таҳлилу таҳқиқ, барои дурусттар ва ҳамаҷониба дарк кардани раванди бозор истифода мекунанд.

Ҳамчун истисно, ба ин шакли бозор хоҷагиҳои хонадорӣ, хоҷагиҳои фермерӣ ё худ корхонаҳои хурдро ворид кардан мумкин аст, ки онҳо мустақилона, дар асоси моликияти шахсӣ ё худ иҷоравӣ фаъолият пеша мекунанд. Азбаски вазни қиёсии онҳо дар бозор оиди фурӯши мева, сабзавот, ғалла, чизҳои дигари ис-теъмолӣ нисбатан кам мебошад, бинобар ин онҳо вазъи бозорро дар танҳоӣ тағйир дода наметавонанд. Эҳтимол, аз ӯҳдаи иҷрои ин кор комплексҳои кишоварзию саноатӣ ё худ корхонаҳои калонтар бароянд. Ба ин мақсад онҳо нархҳои монополӣ барқарор карда метавонанд. Вале монополикунонии соҳаи кишоварзӣ дар мамлакатҳои Ғарб начандон васеъ истифода карда мешавад ва аз ин ҷиҳат чи қадаре, ки мол ба бозор ворид нагардад, бозорро идора ё худ зери тасарруфи худ карда наметавонанд. Тақозо ва арзаи бозори рақобати комилро бо воситаи графикаҳо тасвир кардан мумкин аст.

Аз нақшаҳои мазкур маълум мегардад, ки чӣ қадаре, ки ба бозор молу маҳсулот аз ҷониби тавлидгарон ворид карда нашавад, нархи бозорӣ (Р1Е) ё Р1МR тағйир намеёбад. Фирма нисбати нарх дар бозор ягон хел назорат бурда наметавонад. Ҳаҷми моли ба бозор воридкардаи он нисбат ба ҳаҷми умумии молҳои дар бозор буда хеле ҳам кам мебошад.

Фирма, хоҳ нохоҳ, агар ҳаҷми онро каму зиёд намояд ҳам, ин тағйирот дараҷаи нархро дигар карда наметавонад. Агар со-ҳибкор нархи молро ба таври сунъӣ баланд бардорад, онгоҳ харидор ҳамин гуна молро тибқи ҳамин нарх аз фурӯшандаи дигар мегирад. Агар моли худро нисбат ба моли рақиб бо нархи паст фурӯшад, онгоҳ аз қисми даромад маҳрум мегардад. Аз ин ни-гоҳ, хатти тақозои рақобати фирма ҳамчун хатти рости Р1MR, яъне параллел ба хатти умудии OQ сурат мегирад. Дар ин асно рақобати комили фирма таҳти нархи бозорӣ сурат гирифта, самт ва дараҷаи онро муайян карда наметавонад.

Ин тадбир аз тарафи соҳа имконпазир мегардад. Аз нақшаи якӯм маълум мегардад, ки каҷхати тақозои соҳа аз боло ба поён, ба тарафи рост майл дорад (ДД). Барои он ки ҳаҷми фурӯши мо-лу маҳсулот зиёд карда шавад, соҳа маҷбур аст, ки нархи онҳоро паст намояд. Нуқтаи буриши тақозо ва арза (Е) аз муозини(эъти-доли)-и нарх ва ҳаҷми истеҳсоли молҳо гувоҳӣ медиҳад.

Аз нақшаи дуввӯм бармеояд, ки каҷхати арза нисбат ба каҷхати тақозо тасвири дигар дорад.

Азбаски фирма молҳои худро тибқи нархҳои бозорӣ мефу-рӯшад, каҷхати арза дар асоси каҷхати интиҳоӣ (МС), хусусан он қисме, ки поёнтар аз хатти хароҷотҳои миёнаи тағйирёбанда ҷойгир аст (JL) муайян карда мешавад.

Фирма дар ҳамон ҳолат қобилияти истеҳсол кардани молу маҳсулотро пайдо мекунад, агар нарх нисбат ба хароҷоти миёнаи тағйирёбанда (АVC) баландтар бошад. Ба ҳам мусовӣ будани нарх ва хароҷоти миёнаи тағйирёбанда маънои онро дорад, ки фирма дар сарҳади касодӣ қарор гирифтааст.

Корхона то он даме мол истеҳсол мекунад, ки хароҷотҳои интиҳоӣ (МС) бо даромади интиҳоӣ дар нуқтаи Е ба ҳам баробар нагарданд. Аз нарх зиёд гардидани хароҷотҳои интиҳоӣ ногузир ба болоравии хароҷотҳои миё-на оварда мерасонад. Дар натиҷа фоидаи фирма кам гашта, хатари касодӣ ё худ таҳдиди нестшавӣ ба миён меояд.

Агар фирма фаъолияти худро қатъ гардонад ҳам, ногузир аз хароҷотҳои мустақим (пардохтҳои посбонӣ, истифодаи қувваи барқ, оби гарм, рента аз замин, адои фоизи қарзи бонкӣ ва ғ.) озод карда намешавад. Бинобар ин, то он даме, ки даромад аз ҳадди хароҷотҳои тағйирёбанда зиёд бошад, фирма имконияти фаъолият кардан дошта метавонад. Дар ин давра ба вай имкони қисман барқарор кардани хароҷотҳои доимӣ пайдо мешавад. Дар ҳолати бетағйир мондани нархи фирма оиди хароҷоти тағ-йирёбанда назорат бурда, ҳаҷми онҳоро муқоиса менамояд ва оиди тавлиди маҳсулот қарор қабул мекунад.

Хусусияти ташкили рақобати комили фирма дар он аст, ки даромади интиҳоӣ ва нарх ба ҳам мувофиқ меоянд. Ба ҳадди аксар расидани фоида дар ҳолати баробарии даромади интиҳоӣ (MR) ва хароҷоти интиҳоӣ (МС) сурат мегирад. Бояд тазаккур дод, ки фақат дар шароити рақобати комил мувофиқати даромаду хароҷоти интиҳоӣ ва нарх имконпазир мегардад (9,116).


1 Стародубровская И.В. От монополизма к конкуренции. М., 1990.

1 Ниг. Львов Ю. Основы организации экономики и организации бизнеса. Санкт-Петерберг. 1992.с.135

1 Лившиц А.Я. Введение в рыночную экономику. Ч.1. Душанбе. 1993.

330
Нет комментариев. Ваш будет первым!