Тарҳрезии фаъолияти фирма

Чӣ тавре аз мавзӯҳои пештара маълум гардид, фаъолияти хоҷагидории корхона дар асоси принсипҳои гуногун, алалхусус, тарҳрези (ба плангирӣ, ба нақшагирӣ)-ю худидоракунӣ қарор мегирад.

Тарҳрезӣ — ҳамчун унсури муҳимтарини идораи корхона сурат мегирад. Он ҳамчун раванди коркарду таҳия, муайян кардани тарзу услуби амалиётҳои оянда, ҳаҷми кор, траекторияи инкишофи объекти хоҷагидорӣ истифода карда мешавад.

Изображение

Ҳангоми таҳияи нақша қадамҳои озмудашудаю дар ҳаёт исбот гардидаи фаъолияти хоҷагидорӣ, ки ботадриҷ ба сӯи амалӣ гаштани мақсади асосӣ ва натиҷаи ниҳоӣ бурда мерасонад, кор карда баромада мешавад. Дар он на масоилҳои тахминию тумтароқ, балки тадбирҳои воқеӣ, схемаҳои рушду таҳаввул, вазифаю мақсади мушаххас, образи муомилаи (сулукати) иқтисодӣ тасвир карда мешавад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ нақшаҳо(планҳо)-и директивии ҳукуматӣ, ки бо таври ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои болоӣ (Вазорат, Госплан, Совети Вазирон дар давраи ИҶШС) пешниҳод мегардиданд, истифода карда намешаванд. Ҳар як субъекти иқтисодӣ мустақилона фаъолият ва инкишофи худро ба нақша мегирад. Бо ибораи дигар, фаъолияти корхона дар асоси худнақшагирӣ сурат мегирад.

Барои ноил гаштан ба мақсади наздик ва натиҷаҳои волотарини истеҳсолӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самараи кори корхона, аксар вақт барномасози(программасозӣ)-и хоҷа-гӣ, иқтисодӣ, мақсаднок ва комплексӣ таҳия карда мешавад. Онҳо барои ҳалли масъалаҳои мушаххаси иқтисодӣ дар давраи муайян (ҷорӣ, солона, панҷсола…), аниқ кардани мақсаду вазифа, мӯҳлати иҷроиш, субъектҳои иҷрокунанда, сарчашмаи таъминот бо захираҳои моддию молиявӣ истифода карда мешавад.

Корхона на фақат масъалаҳои ҷорӣ, балки ҳолат ва инкишофу дурбинии бозорро низ барои худ муайян менамояд. Ҳалли масъалаҳои истифодаи сармоягузорӣ, навоварию ихтироотҳо, навсозӣ, идораи захираҳои молиявӣ на танҳо тибқи тақозои якнафаса, балки тамоюли тараққиёти бозор, технология, шарту шароитҳои рақобат ва танзими давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Фаъолияти тарҳрезии корхона ва қисматҳои он (звено, бригада, участка, сех ва ғайра) вобаста ба сирати низоми иқтисодӣ ва гуногуншаклии моликият ҳархела ташкил мегардад.

Дар шароити иқтисоди амрӣ, фаъолияти хоҷагидории субъектҳои иқтисодӣ соф сирати амрӣ дошта, аз бригада то корхонаю иттиҳодия ва вазорат, ҳама побанди иҷрои планҳои пешакии давлатӣ мегардиданд.

Дар шароити бозор бошад, ҳар як звеноҳои ибтидоӣ мусс-тақилона тарҳрезии фаъолияти хешро ба роҳ мемонад. Нақша-ҳои фаъолияти корхона аз ҷониби ҳамаи қисматҳои он, тибқи принсипи аз поён то ба боло ба роҳ монда мешавад. Ҳар як звеноҳои ибтидоӣ барои иҷро кардани нақшаҳои қабулгардида ҷавобгар мебошад. Тарҳрезӣ раванди доимӣ ва муозин буда, ҳама ҷанбаҳои фаъолияти корхонаро дар бар мегирад.

Нақшаи фаъолияти соҳибкорӣ ҳамеша ташаккули стратегияи инкишофи корхонаро дар назар дорад. Стратегияи корхона дар асоси таҳлили ҷузъиятҳои бозор, таносуби хароҷот ва ҳаҷми истеҳсолот ва тафриқабандии мақсад ва вазифаҳои звеноҳои истеҳсолӣ сурат мегирад.

Корхонаҳои муосир ҳамчун ҳамгироии сохторҳои гуногун (корхона, иттиҳодия, ширкат, корхонаҳои хурду калон, трест, консерн, конгломерат ва ғайра) ташкил меёбад. Ҳар яке аз ин корхонаҳо на фақат дар доираи соҳаи худ амал карда, мувофиқи хислати он маҳсулот тавлид менамоянд, балки чандин корхо-наҳои соҳаҳои ба ҳам мухталифро муттаҳид менамоянд. Аз ин нуктаи назар тарҳрезӣ дар доираи як фирма (масалан, “Ҷенерал Моторз” ва ғайра) имконияти дар худ таҷассум кардани ҳамаи хусусиятҳои корхонаҳои ба худ тобеьро надорад. Аз ҳамин ни-гоҳ, фаъолияти ҳар як корхонаи ба иттиҳодия ё худ ширкатҳои бузург дохил буда, мустақилона дар асоси тарҳрезии дохили фирмавӣ ба роҳ монда мешавад.

Тарҳрезии фаъолияти дохили фирмавӣ — узви ташкили идораи корхона мебошад. Он тибқи вазифа ва мақсади ниҳоии фир-ма (таъмин кардани раванди даврагии доимии тавлидот тибқи имконияти фирма, дар асоси омилҳои мавҷудаи истеҳсолот) ба роҳ монда мешавад.

Нақшаҳои таҳия ва пешниҳодгардида сирати комплексӣ дошта, дар он фаъолияти қисматҳои (звеноҳои) асосӣ ба ҳам мутобиқ карда мешаванд. Нақшаҳо аз боло то ба поён фиристода шуда, фаъолияти дохили фирмави(дохили истеҳсоли)-ро дарбар мегиранд.

Ҳар як звено дар алоҳидагӣ фаъолияти истеҳсолӣ (миқдори маҳсулот, ҳолати техникӣ, имконияти навсозии таҷҳизот, навоварӣ…) ва тиҷоратиро ба нақша мегирад, камбудӣ ва афзалияти фаъолият, ҳолат ва вазъи омилҳои истеҳсолот омилҳои муҳити зист, истифодаи захираҳои стратегӣ ва ғайраро дар он нишон медиҳад. Нақша, одатан, дар ду сатҳ: иттиҳодияҳои истеҳсолӣ ва корхона таҳия карда мешавад.

Дар сатҳи иттиҳодия нақшаи тахминии фаъолияти корхона-ҳои алоҳида, нақшаи стратегии инкишофи онҳо, нақшаи кори ҳар як фирма, нақшаи молиявӣ, нақшаи оперативи(таъҷили)-и фаъолияти иттиҳодия ва ғайра таҳия карда мешавад.

Дар асоси нақшаи иттиҳодия, нақшаи кории ҳар як фирма, лоиҳаи кории онҳо муайян карда мешавад. Дар мояи онҳо роҳ ва усулҳои ба даст овардани фоида, интихоби кадрҳо, ҷобаҷо гу-зории онҳо, диверсификатсияи (паҳноиши) фаъолият, сарчаш-маҳои сармоягузорӣ, ҳаҷми истеҳсол, нарх, хароҷот, ҳаҷми фурӯш ва ғайра ба мӯҳлати аз як то се сол (дар алоҳидагӣ) муайян карда мешавад.

Ҳангоми таҳияи нақшаҳои инкишоф нишондиҳандаҳои зиёди миқдорӣ ва сифатӣ истифода карда мешавад. Бо воситаи онҳо маълумотҳо оиди: нархгузорӣ, шароити бозор, омилҳои истеҳсолот, сармояи асосию гардон, фурӯши маҳсулот, захи-раҳои моддию молиявӣ, рақибон, ихтироотҳо, ҳолату вазъи тадқиқотҳои илмӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, маблағгузорӣ, андӯх-ту истеъмол, тақозою арза ва ғайра ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ба нишондиҳандаҳои миқдории мақсади фирма: афзун гардондани ҳаҷми фурӯш, фоида, паст кардани ҳаҷми хароҷот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва нишондиҳандаҳои сифа-тӣ: баланд гардидани қадру нуфуз, ҳисси эҳтиёткорӣ нисбат ба муҳити зист, маданият, маърифат ва дигар фаъолиятҳои манфиатноки ҷамъиятӣ дохил карда мешавад.

Фаъолияти банақшагирии фирма дар асоси муайян кардани мақсади ҳозира ва оянда, яъне таҳия намудани нақшаҳои ҷорӣ, кӯтоҳмӯҳлат, дарозмӯҳлат, дурнамою пешгӯи(прогноз)-ҳо ба роҳ монда мешавад. Он бо мақсади муайян намудани ҳаҷм ва андозаи захираҳои фондҳои (сармояи) асосию ёрирасон, сӯзиш-ворӣ, энергия, таҷҳизот, хадамот, қувваи коргарӣ, пулӣ, нақш ва мақоми онҳо дар тавлидот, тарзу услуб ва вақту соати истеъмол, камбудӣ ё худ барзиёдии онҳо дар ҳар як мавриди зарурӣ, ба вуҷуд овардани захираҳои зарурӣ барои таъмин кардани фаъолияти мӯътадили кори фирма ва ғайра истифода карда мешавад (7, 145-148).


313
Нет комментариев. Ваш будет первым!