Ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият: шакл, таҷриба ва хусусиятҳои он
Дар шароити низоми иқтисоди бозорӣ, мақсад ва вазифаи ҳар як субъекти иқтисодӣ — ташкил кардани раванди кор дар асоси ҳадди ақали (минимуми) хароҷот ва ноил гаштан ба ҳадди аксари (максимуми) фоида мебошад.
Барои ба ин ҳадаф ноил гаштан, мустақиман аз тарз ва услуби шаклҳои хоҷагидорӣ, моликияти давлатӣ, моликияти хусусӣ, шакл ва намудҳои дигари онҳо самаранок истифода кардан зарур аст.
Бозор ва моликияти ҷамъиятӣ, моликияти давлатии ба ҳад-ди аксар расида (зиёда аз 70%), мавҷуд набудани сектори хусусӣ, мустақилият ва озодии иқтисодӣ имконнопазиранд. Аз ин лиҳоз, чӣ дар мамлакатҳои Ғарб ва чӣ дар Шарқ масоили ғайридавла-тигардонии моликият ба миён омада, он ҳархел ҳаллу фасл карда мешавад.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ, роҳ ва услубҳои зиёди аз нав давлатикунонӣ, ғайридавлатикунонӣ, хусусигардонӣ, бунёди корхонаҳои нав (хусусӣ, давлатӣ), нест кардану якҷоя кардани ширкатҳову фирмаҳо ва ғайра дида мешаванд.
Дар мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб яке аз роҳҳои қулайтарину самараноктарини ташкили истеҳсолот табдил додани моликияти давлатӣ ба моликияти хусусӣ бо воситаи таҳсис намудани корхонаҳои тиҷоратӣ, яъне тиҷоратикунонӣ дониста мешавад.
Масалан, дар давлатҳои Европаи Шарқӣ тиҷоратикунонӣ ҳамчун табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ширкатҳои саҳҳо-мӣ, ки дар он саҳмиядорӣ асоси давлат боқӣ мемонад бештар маъруф аст. Ин гуна корхонаҳо аз нуфус ва таъсири ташкилот-ҳои давлатӣ озод гардида, зери таъсири қонунгузориҳои умумӣ қарор дода мешаванд.
Бахше аз корхонаҳои тиҷоратикунондашуда, мустақилона, тарҳрезии фаъолияти истеҳсолӣ, самту равиши инкишофи ҳози-ра ва ояндаи худро ташкил менамоянд. Ба онҳо инчунин ҳаққу ҳуқуқи озодона нархгузорӣ ба маҳсулотҳои худӣ дода мешавад. Қабул ва интихоби мутахассисон дар асоси ташкили бозори меҳнат ҳамчун шакли тиҷоратии муносибатҳои меҳнатӣ истифода карда мешаванд. Такрористеҳсол ва навкунии истеҳсолот аз ҳисоби фондҳои дохили корхонавӣ, яъне ғайримуттамарказ ба роҳ монда мешавад. Идораи корхонаҳои давлатӣ, тағйир додани самту равиши танзими фаъолияти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ва такмили дигар механизмҳои хоҷагидорӣ тибқи пешниҳод, мустақилона ҳал карда мешаванд.
Аз ин ҷо хулоса бар меояд, ки корхонаҳои давлатии ба ти-ҷорат табдил дода шуда (тиҷоратикунонидашуда) ҳамчун шакли ғайридавлатигардонии моликияти давлатӣ, бо истифодаи унсур-ҳои худидоракунию худмаблағгузорӣ ва худмустақилият амал карда, фаъолияти худро дар асоси муносибатҳои бозорӣ ба роҳ мемонанд.
Бояд тазаккур дод, ки давлатикунонӣ ё худ ғайридавлатику-нонии воситаҳои истеҳсолот дар ҳар як давлат вобаста ба ша-роитҳои таърихию иқтисодӣ ҳархела сурат мегирад. Масалан, дар Полша, таи солҳои охир, бештар усули “конверсия”-и корхонаҳои давлатӣ ба ширкатҳои навъи тиҷорат-ширкатҳои саҳҳо-мӣ ё худ ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд, бо вогузории вазифаи идора ба ташкилотҳои болоии корпоративҳо истифода шудаанд.
Дар Чехословакия на усули тиҷоратикунонӣ, балки корпоративикунонӣ, яъне баргардондани корхонаҳои “сотсиалистикунонидашуда”ба ширкатҳои саҳҳомӣ, ки пурра ба давлат таалуқ доранд, истифода карда мешавад.
Дар Венгрия шакли мухталати онҳо (тиҷоратикунонӣ ва корпоративикунонӣ) ҳамчун шакли табдил додани моликияти давлатӣ ба корхонаҳои милликунондашудаи навъи корхонаҳои Ғарб (ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои рафиқонаи дорои масъулияти маҳдуд), ки асосан тобеъи давлат мебошанд ташкил карда шудаанд.
Мулоҳизаҳо нишон медиҳанд, ки бунёд ва ташкил кардани корхонаҳо дар шакли корхонаҳои “тиҷорат”, “корпоратив” ва ғ. дар аксарияти собиқ давлатҳои низоми иқтисоди амрӣ (сотси-алистӣ) бо таври пурра истифода карда шудаанд. Онҳо ҳамчун шакли дигаргунсозии нақш ва мақоми моликияти давлатӣ ва табдил додани онҳо, аз корхонаҳои ғайри тиҷорат ба корхона-ҳои тиҷоратию корпоративӣ бо нигоҳ доштани баъзе аз унсур-ҳои “дастаи ҳуқуқ” — хусусан, соҳибӣ, азонихудкунӣ, истифода… аз миён бардоштани баъзе аз монеъгарию маҳдудгардониҳо, бунёд кардани муҳити рақобатпазирӣ ва солимгардонии амали механизми бозор нигаронида мешаванд.
Дар Руссия ва дигар Давлатҳои Муштараккул Манофеъ (СНГ), аз боиси якхела набудани таркиботи моликияти ҷамъия-тӣ, ҳархела будани вазни қиёсии моликияти давлатӣ дар истеҳ-соли маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ (ММҶ), шароитҳои гуногуни таърихӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ роҳи қулайтарини гузариш ба иқти-соди бозорӣ — бунёд кардани муносибатҳои бисёрукладӣ ва истифодаи шаклҳои навтарини моликият ва хоҷагидорӣ, хусусигардонию ғайридавлатигардонӣ интихоб карда шудаанд.
Сабаби интихоб ва хусусиятҳои ногузирии ин роҳу услуб аз он низ иборат аст, ки эҳёи иқтисоди бисёрукладӣ аз мағзу устухони низоми амрию маъмурӣ сар мезанад. Он дар шароити ҳа-маҷониба ҳукмрон будани моликияти давлатӣ ба воситаҳои истеҳсолот, надоштан ё худ кифоя набудани маблағҳои пулию молиявии аҳолӣ барои сармоягузорӣ ба объектҳои харидашаванда (объектҳои хусусӣ ва коллективӣ), сатҳ ва дараҷаи ниҳоят пасти зерсохтори истеҳсолию иҷтимоӣ ва бозорӣ, ногуворӣ ё худ дараҷаи пасти ҳифзи ҳуқуқии нерӯи моликияти хусусӣ, набудани таҷрибаи кофӣ, дар истифодаи сарчашмаҳои сармоягузорӣ ва ғайра сурат мегирад.
Хусусияти фарқкунандаи ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар доираи давлатҳои СНГ нисбат ба давлатҳое, ки роҳу услуби тиҷоратӣ ва корпоративикунониро истифода кардаанд, аз он иборат аст, ки ҳангоми ғайридавлати-кунони “дастаи ҳуқуқ”-и моликияти давлатӣ на ба манфиати давлат ё худ ягон субъекти дигар, балки ба манфиати шахсҳои (субъектҳои моликияти хусусӣ) алоҳида ҳал карда мешаванд.
Дар ин маврид, як шакли моликият (давлатӣ) ба шакли дигари он (хусусӣ) табдил дода мешавад. Ҳуқуки азонихудкунӣ ва истифодаи моликият аз ҷониби давлат на ҳамчун соҳибкор, балки ҳамчун намоянда ба роҳ монда мешавад. Корхона ба субъект-ҳои иқтисодӣ пурра ё қисман фурӯхта мешавад. Ё худ қисми фондҳои фаъоли он воситаҳои асосӣ мубодила карда мешавад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки шакл, роҳ, услуб ва механизми истифодаи ғайридавлатикунонӣ, вобаста ба вазифа ва мақсади давлат, оиди дигаргун сохтани таркиби иқтисодиёт, гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодӣ, марҳалаҳои гузариш аз як тарзи хоҷагидорӣ ба дигари он, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию бу-рунмарзӣ ва ғайра ҳархела ташкил карда мешавад. Аз ин лиҳоз, вазни қиёсии иштироки давлат дар корхонаҳои хусусигардонидашуда на зиёда аз 50 фоиз (мамлакатҳои Британияи Кабир) ё худ аз 50 то 70 фоиз (Индонезия, Малайзия. Турсия) буда метавонад. Аз ин зиёдро иқтисоди бозорӣ намеписандад.
Аз таҳлили ками маводҳои пешниҳодшуда маълум мегардад, ки дар ҷаҳони имрӯза, оиди моҳияту мазмун ва мундариҷаи ғайридавлатигардонии моликият фаҳмиши ягона ва роҳи мушаххаси истифода вуҷуд надорад. Масалан, таҳти ғайридавла-тигардонӣ дар Руминия интишори қоғазҳои қимматдор муво-фиқи молу мулки корхона; дар Югославия ба вуҷуд овардани шароити муфид ва табдил додани моликияти давлатӣ ба моликияти бевоситаи молистеҳсолкунандагон; дар Амрико ҳамчун стратегияи мӯҳлатноки густариши сектори хусусӣ аз ҳисоби қатъ гардонидани сектори ҷамъиятӣ; дар Япония фурӯхтани корхонаҳо ба фардҳои хусусӣ, ташкилотҳо ва бо тадриҷ аз байн рабурдани монеъгариҳову маҳдудгариҳо, табдил додани компанияҳои давлатӣ ба ширкатҳои саҳҳомӣ ва минбаъд ба шахсият-ҳои хусусӣ фурӯхтани саҳмияҳо, иҷора; дар Литва фурӯхтани молу мулки давлат бо воситаи музоидаҳо (ауксионҳо); дар Руссия (дар ибтидои с.90-ӯм) фурӯхтани корхонаҳо бо воситаи чекҳо (ваучер) ва гайра фаҳмида мешавад.
Умуман, эътироф карда шудааст, ки таи 20-соли охир, дар ҷараёни ғайридавлатигардонӣ, хусусигардонӣ ва давлатигардо-нӣ зиёда аз 50 мамлакат фаъолона иштирок намудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликият, тарз ва услуби гузаронидани он аз қарор ва қонунҳои собиқ ИҶШС ғизо мегирад. Минбаъд, баъди эълон кардани мустақилият, мушаххасан дар қонунҳову қарордодҳои гуногун тасниф ва тавсиф карда шудаанд.1
Дар ин маҷмӯи карору қарордодҳо: самтҳои муҳимтарин, мақсад ва принсипҳои ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият; ташкили иқтисоди бисёрукладӣ; табдил додани моликияти давлатӣ ба шаклҳои ҳархелаи моликияти хусусӣ ва коллективӣ; рафъи вазъи инҳисории (монополии — яккаҳукмронии) моликияти давлатӣ; ташкил кардани ҳавзаи рақобатпазирии байни субъ-ектҳои иқтисодӣ; таъмин кардани ҳавасмандии иқтисодӣ; баланд бардоштани манфиати субъектҳои иқтисодӣ ва ташаббус дар истифодаи шаклҳои гуногуни бизнесу соҳибкорӣ; барои шаҳрвандон таъмин намудани имконияти воқеии молик будан ва пурра аз худ кардани натиҷаи ниҳоии он ва ғайра интишор шудаанд.
Вобаста ба ин, шакл ва намудҳои онҳо низ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳоанд:
— табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ширкатҳои саҳҳомӣ ё худ дигар ташкилотҳои хоҷагидорӣ ва хоҷагиҳои рафиқона;
— харида гирифтани амлоки корхонаҳои давлатие, ки ба иҷора дода мешаванд;
— харида гирифтани молу мулки корхонаҳои давлатӣ аз тарафи коллективҳои меҳнатӣ;
— фурӯхтани моликияти давлатӣ бо воситаи конкурсҳо ё худ музоидаҳо ба шаҳрвандон ва дигар шахсиятҳои ҳуқуқӣ.
Ғайридавлатӣ ва хусусигаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ботадриҷ, бо назардошти таҷрибаи ҷумҳурияҳои собиқ Шуравӣ, алалхусус Руссия анҷом пазируфт.
Марҳалаи ибтидоии он солҳои 1990-2000-ро дарбар мегирад. Дар ин давра ғайридавлатигардонии “хурд” дар ш. Душанбе, Ленинобод, Кӯлоб ва дигар ноҳияҳо оғоз ёфта, оҳиста — оҳис-та ба боқимонда сарзамини Тоҷикистон паҳн гардид. Густариши бизнеси хурд, сектори хусусӣ — хусусияти ин давра мебошад.
Дар ин марҳала, ғайридавлатигардонӣ асосан соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, коммуналӣ ва тиҷоратро фаро гирифта буд. Дар саноат дар асоси додани моликияти давлатӣ ба ширкатҳои саҳҳомии навъи кушод, бо маҳдуд кардани пакети назоратӣ: дар соҳаи кишоварзӣ — бо назардошти соҳаҳои алоҳида, тибқи барномаҳои махсус: дар соҳаҳои коммуналӣ — мувофиқи барнома-ҳои территориявӣ ва гайра ба роҳ монда шудаанд.
Таи солҳои охир (1991-1999) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусигардонии соҳаҳои асосии хоҷагии халқ (саноат-120, сохтмон -73, нақлиёт ва алоқа-46, савдо-2218, хизмати маишӣ-1953, соҳаи кишоварзӣ-427 ва дигар соҳаҳо-721 воҳид)-ро фаро гирифт. Шумораи умумии он ба 5558 воҳид расид. Аз он ҷумла, тибқи шаклҳои моликияти хусусӣ-4257, моликияти коллективӣ-1223 ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ — 78 объектро ташкил дод. Теъдоди умумии хонаҳои хусусигардондашуда — 202,7 ҳаз. воҳидро ташкил намуд.
Хусусигардонӣ дар ҳамаи минтақа ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Масалан, дар ш. Душанбе — 1170 объект, вилояти Суғд — 1875, вилояти Хатлон — 1692, Бадахшони Кӯҳӣ — 96, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ — 725 объект хусусӣ гардонда шудааст1.
1 Ниг. Қонунҳои ҶТ дар бораи: ѓайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликият дар ҶТ (с.с.1991,1997); ширкатҳои саҳҳомӣ… (с.с.1992, 1997); сармоягузорӣ…(с.с.1992,1997); қоѓазҳои қимматнок…(с.с.1992, 1997); бонкҳо… ва ѓайра.
1 Статистикаи солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 2000, саҳ. 121-122