Мафҳум ва қонунҳои иқтисодӣ

Ҳангоми таҳлил ва таҳқиқи ҳодисаҳои иқтисодӣ, хусусан раванди фаъолияти хонадорию хоҷагидорӣ вожа (калима) ва ибораҳои гуногунро истифода мебаранд, ки бо воситаи онҳо ин ё он равишу паҳлу ва тарафу ҷанбаҳои муайян тасвир карда мешаванд. Дар ибтидо онҳоро ҳамчун мафҳумҳои иқтисодӣ эътироф мекарданд. Бо мурури инкишофи ҷомеа доираи мафҳумҳои иқтисодӣ густариш меёбад. Дар натиҷаи таҳқиқи мантиқии ҳодисаву равандҳо, муайянсозии алоқамандиву ҳамбастагӣ таснифи (бо қисматҳо ҷудошавии) онҳо ба амал меояд. Дар натиҷа, қисме аз онҳоро мафҳум ва қисми дигареро қонун ном медиҳанд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки мафҳум ва қонунҳои иқтисодӣ ибораҳои мустақиле мебошанд, ки ҳар яке аз онҳо натиҷаи дуру дарози инкишофи ҷомеаи инсонӣ буда, ба худ хос мазмуну мундариҷа доранд ва дар асоси методология, метод ва принсипҳои муайян амал мекунанд.

Бо воситаи мафҳумҳои иқтисодӣ ҷараёни бепоёни ҷаҳони иқтисодӣ донистаю шинохта мешаванд. Онҳо шакли фишурдаи зуҳуроти ҳодисаҳои абстрактӣ буда, равобити мутақобилаи онҳоро дар зинаҳои гуногуни истеҳсолоти ҷамъиятӣ бо таври воқеӣ ва ҳақиқӣ инъикос менамоянд. Мафҳумҳои иқтисодӣ на фақат, ҳамчун ному ибора ва сирату сурати равандҳои иқтисодӣ, балки инъикоси муносибатҳои иқтисодии одамоне мебошанд, ки бо воситаи ақлу шуур ва мулоҳизаву тафаккури онҳо ташаккул меёбанд.

Одатан, таҳти мафҳумҳои иқтисодӣ, фаҳмишу ибораҳои мантиқие фаҳмида мешавад, ки бо воситаи онҳо тарафҳои муайяни ҷараёнҳои иқтисодӣ, яъне ҳаёти хоҷагӣ дарк карда мешаванд.

Дар адабиёти иқтисодӣ, одатан мафҳумҳои умумӣ, хос вамахсусро тафқиқ мекунанд.

Мафҳумҳои умумӣ ҳамчун кулли муносибатҳои ташаккулёфтаи ҷамъият сурат мегиранд. Онҳо тарафҳои бузургу сер-паҳлӯтарин ва умумитарини фаъолияти хоҷагидориро бештар ифода мекунанд, ки бидуни низоми иқтисод вуҷуд надоранд (макроиқтисод, маҳсулоти холис, сарвати миллӣ, андӯхт ва ғ.).

Мафҳуми хос — ибора ё худ фаҳмишҳои мантиқие мебошанд, ки тарафҳои мушаххаси равандҳои иқтисодиро дар зинаҳои алоҳидаи рушди иқтисод, бо махсусияти он давра ифода мекунад. Онҳо тибқи қонуну қонуниятҳои хоҷагидории ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, густариш меёбанд. Бо мурури таҳаввули рушди иқтисод инкишоф ёфта, баъди гузаштан ба зинаи дигар — зинаи сифатан нав, хислатҳои худро гум ё худ сифран аз нав мекунанд. Дар ҳамин асос онҳо мазмун ва меъёри ҷараёнҳои иқтисодию иҷтимоии зинаҳои рушди иқтисодӣ ва низому тамсилаҳои онро муайян месозанд. Масалан, муносибатҳои молию пулӣ, нарх, арзиш, мубодила, қарз, молия, фоида ва ғайра.

Мафҳумҳои махсус — ибораҳое мебошанд, ки муносибатҳои хосаи як давра, ё худ зинаи муайяни таърихии инкишофи ҷомеаро ифода мекунанд.

Онҳо метавонанд хислатҳои хосаи зинаҳои пештараро дар худ таҷассум намоянд, онҳоро сифатан нигоҳ доранд, бо ниқобҳои дигар зуҳур ёбанд ё худ бо таври куллӣ аз нав эҳё шуда, равия ва ҷараёнҳои иқтисодиро бо шарту шароитҳои ҷадидӣ бунёд гардида, муайян созанд. Масалан, сармоя, меҳнати кироя, арзиши изофа, монополия, рента, моликияти ҷамъиятӣ, мунтазамӣ, ҳисоби хоҷагӣ ва ғайра.

Сарҷамъи ҳама гуна мафҳумҳои иқтисодӣ — низоми онҳоро ташкил медиҳад. Низоми мафҳумҳо ҳамчун кулли низомҳои муносибатҳои истеҳсолӣ, субъект ва намояндагони иқтисодӣ, низому тамсилаҳои иқтисодӣ ва ғайра ташкил меёбад. Он хислати айнӣ (объективӣ), гузаранда (аз як низом ба низоми дигар), пайдоиш, густариш, таҳаввул ва нестшавӣ дорад.

Дарки мафҳумҳои иқтисодӣ имкон медиҳад, ки дар хусуси ҳар як давраи рушди иқтисод, ҷараёну равандҳои он, дониши амиқ ва ҳақиқӣ пайдо кунем, пастию баландӣ, камию костӣ, паҳлӯҳои гуногун ва дигар хусусиятҳои онҳоро фаҳмида гирем.

Бояд дар назар дошт, ки мафҳумҳои иқтисодӣ қодир нестанд ба ҳамаи масоилҳову паҳлӯҳои иқтисод ҷавоби саҳеҳу амиқ диҳанд. Чунки онҳо муносибатҳои иқтисодиро яктарафа, коста, бидуни равобити доимию устувор ва мутақобила, мавриди таҳлил қарор медиҳанд. Ин камию костигиро фақат қонунҳо ислоҳ карда метавонанд.

Дар адабиёти кунунии иқтисодӣ таҳти қонун фаҳмишҳои зиёде мегузоранд. Масалан, муаллифони китоби “Экономикс” Макконнелл К.Р. ва Брю С.Л. таҳти қонунҳои иқтисодӣ принсип, ё худ моҳияту мазмуни ҳодисаро мефаҳманд. Онҳо аслан, қонун ва моҳияти аслии ҳодисаро дар як маъно тасаввур мекунанд (27, 20-21).

Одатан, таҳти қонунҳои иқтисодӣ, робитаҳои доимӣ, устувор ва такроршавандаи байни ҳодисаву ҷараёнҳои иқтисодӣ, унсур-ҳои алоҳидаи низоми иқтисодӣ, таносубияти байни истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳо, ҳадамот ва нишонди-ҳандаҳое, ки онҳоро тавсиф медиҳанд фаҳмида мешавад. Қонун-ҳо сирати айнӣ дошта, бидуни майлу хоҳиш ва рағбати ҳар фарду ҷомеа ба вуҷуд омада, густариш меёбанд. Сирати айнии қонунҳо ҳаргиз маънии мутлақо ҳукмрон будани онҳоро нисбат ба инсон ва нотавонии охиронро дар назди қонунҳо надорад.

Фаҳмида гирифтан, донистан ва истифода кардани қонун-ҳои иқтисодӣ дар раванди кор, фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ, соҳибкорию бизнес аз он шаҳодат медиҳад, ки қонунҳо чизи доимию шахшуда нестанд. Хоҳнохоҳ, одамон онҳоро дар амалияи хоҷагидорӣ истифода мекунанд. Надонистан, дарк ва дар амалия истифода бурда натавонистани қонунҳо, ногузир, ба оқибатҳои бади иқтисодӣ бурда мерасонад. Феълан, аксарияти қонунҳои низоми иқтисодии амрӣ (сотсиализм) аз сабаби хислати маҷбурию ситоиш, фармоиш, надоштани пояи мустақил, таъмини ҳавасмандӣ… тӯли солҳои зиёд сабаби касодию рушд ва пастравии иқтисод гардида буданд.

Дар иқтисод ва ҳам ҷомеаю табиат, дар байни ҳазорҳо ҳоди-саву ҳолатҳо ва ҷараёнҳои тасодуфии беохир, қонуниятҳои дохилии муайяне дида мешаванд, ки ин олами мавҷударо ба тартиб медарорад. Ин зарурати идора ва танзими равандҳои ҷоме-авию табииро қонунҳо ба зимма доранд. Ҳар як қонун моҳияти дохилӣ, амиқу доимии ҳодисаҳоро ифода мекунад. Шояд аз ин лиҳоз бошад, ки қонун ва моҳиятро дар як мазмун (маъно) тасаввур мекунанд. Фаҳмиши ҳодиса нисбат ба қонун чуқуртару васеътар мебошад, вале қонун моҳияти аслию воқеии ҳодисаро пай ва ҳис намуда, онҳоро ба ҳам пайваст ва идора менамояд.

Аз ин нуктаи назар қонунҳои иқтисодӣ ва қонунҳои табииро (новобаста аз хусусиятҳои умумӣ — ифодаи ҳодиса, алоқаи дохили, такроршаванда ва ғайра) аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

  1. қонунҳои табиӣ ҳамчун қонунҳои табиат сурат мегиранд, онҳо абадан идора ва танзимнашавандаанд; мувофиқи илми “теология”-диншиносӣ ин қонунҳо аз ҷониби Оллоҳ таоло офарида шуда, бо дархости он танзим ва идора карда мешаванд;
  2. қонунҳои табиӣ бидуни ҷомеаи инсонӣ вуҷуд доранд ва амали онҳо ба ягон фаъолияти инсонӣ вобастагӣ надорад. Инсон дар фаъолияти худ он қонунҳоро дарк намуда, дар раванди хонадорию хоҷагидорӣ истифода карда метавонад. Ба ҳар ҳол таъсири қонунҳои табиӣ ба ҷомеаи инсонӣ тағйирнопазир боқӣ мемонад. Қонунҳои иқтисодӣ фақат дар доираи истеҳ-солоти ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, характери таърихӣ дошта, таҳти омилҳои гуногуни низомҳои иқтисодӣ ҳархела сурат мегиранд;
  3. дарк ва истифодаи қонунҳои табиат ба як андоза мӯъ-тадил ва ҳамвор мегузарад. Қонунҳои иқтисодӣ бошанд — таҳти қувваҳои мухталифи заволёбандаи ҷамъиятӣ ба зиддият, муқобилият ва шиканҷаҳо дучор мегардад;
  4. маҷмӯи қонунҳои табиӣ — низоми қонунҳои табиат ва кулли қонунҳои иқтисодӣ — низоми қонунҳои иқтисодии рушди ҷо-меаро ташкил медиҳад. Азбаски қонунҳои иқтисодӣ — қонунҳои истеҳсоли ҷамъиятӣ ва охирон ҳамчун қонунҳои истифодаи захираҳои иқтисодӣ, алалхусус захираҳои маҳдуду комёби табиат сурат мегиранд, онҳо ҳамчун унсури муҳимтарини низоми қонунҳои табиӣ баромад мекунанд.
  5. қонунҳои табиӣ — ҳамчун кулли қонунҳои илмҳои гуногун — физика, химия, биология, астрономия… ташкил мегарданд ва таҳлили онҳо бо воситаи асбобу анҷомҳои муайян имконпазиранд. Қонунҳои иқтисодӣ бошанд, фақат дар доираи истеҳсо-лоти ҷамъиятӣ, фаъолияти хонадорию хоҷагидорӣ дар сатҳҳои гуногун (“микро”,- “мезо”,-”макро”,-”мегаиқтисод”) эҳёву таҳ-сис гардида, бо василаи ягон олот таҳлил карда намешаванд.

Қонунҳоро одамон намеофаранд ва дар сатҳи болоӣ (ҳукумат) тасдиқ ҳам намекунанд. Онҳо новобаста ба майлу хоҳиш ва ақлу идроки одамон дар ҷараёни муносибатҳои истеҳсолӣ ба миён меоянд ташаккул меёбанд. Қонунҳо фақат бо воситаи шуур, ақлу тафаккур фаҳмидаву дониста (дарк) мешаванд. Аз ин лиҳоз, низоми қонунҳои иқтисодӣ, ҳамчун маҷмӯи қонунҳои мушаххаси “микро-мезо-макро-мегаиқтисод” ташаккул меёбад. Он тибқи хусусиятҳои зинаҳои ташаккули таърихӣ, низомҳову тамсилаҳои иқтисодӣ чунин тафриқабандӣ карда мешавад:

  1. қонунҳои махсуси иқтисодӣ;
  2. қонунҳои хосаи иқтисодӣ;
  3. қонунҳои умумииқтисодӣ.

Қонунҳои махсуси иқтисодӣ қонунҳое мебошанд, ки мансуб ба ягон шакли махсуси шакли хоҷагидорӣ дар доираи зинаҳои рушди мушаххаси таърихӣ амал мекунанд. Масалан, қонуни тақсимот дар давраи ғуломдорӣ, капиталистӣ, сотсиалистӣ…

Қонунҳои хосаи иқтисодӣ — қонунҳое мебошанд, ки дар ин ё он зинаҳои рушди иқтисодӣ барояшон муҳити муфидтарини амалиёт вуҷуд дошта бошад. Масалан, қонуни арзиши изофа (капитализм), қонуни тарақиёти муттаносиби ва муозинии хоҷагии халқ (сотсиализм)…

Қонунҳои умумииқтисодӣ — қонунҳое мебошанд, ки новобаста ба сират ва хусусиятҳои давраҳои таърихӣ, дар ҳамаи зинаҳои рушди иқтисод амал мекунанд. Онҳо раванди доимию паи ҳам инкишофёбанда ва рушди истеҳсолоти ҷамъиятиро ифода мекунанд. Онҳо доимию шахшуда нестанд. Ҳангоми густариш аз як зина ба зинаи дигар, шакл ва намуди зоҳирии худро вобаста ба хусусияти давраҳои рушди иқтисод дигар мекунанд. Масалан, қонуни сарфаи вақти, қонуни болоравии талабот, қонуни тақси-моти меҳнат ва ғайра.

Ин тарзи тақсимбандии “марксистии” қонунҳо гарчанде дар адабиёти муосири иқтисодӣ ҷонибдорони худро камтар дошта бошад, ҳам аз хостан ё нахостани онҳо ҳастӣ ва амали қонунҳо тағйир намеёбад. Вазифаи инсон — дарк ва истифодаи қонунҳо дар раванди хоҷагидорӣ мебошад.

Ҳамин тавр, гуфта метавонем, ки қонунҳои иқтисодӣ бидуни амалиёти инсон вуҷуд дошта наметавонанд ва худ ба худ пешрафти иқтисодиро низ таъмин намекунанд. Амали онҳо танҳо бо воситаи амалиётҳои субъект ва агентҳои иқтисодӣ дар асоси манфиатҳову дархостҳои онҳо имконпазир мебошанд.

Ҳастии қонунҳо (бидуни қонунҳои табиӣ ва ҳуқуқӣ) вобаста ба нақш ва мақоми давраҳои рушд ва низомҳои иқтисодӣ хислатҳои пайдоиш, инкишоф, гузариш, густариш, нестшавӣ, гусаста ва азнавэҳёшавӣ доранд. Кулли қонунҳои давраҳои ис-теҳсолоти ҷамъиятӣ (истеҳсол, тақсим, мубодила, истеъмол), зи-наҳои иқтисод (“микро”,-“мезо”,-”макро”,-”мегаиқтисод”) ва шаклу намудҳои онҳо (махсус, хоса, умумитарин) — низоми қо-нунҳои иқтисодиро ташкил медиҳад (20, 74-96; 60, 46-47; 62, 16-17).

Дар ҷараёни таҳсил ба қисме аз ин қонунҳо: қонуни болоравии масрафи мукаллаф, қонуни даромаднокии интиҳоӣ (закон убывающей доходности) қонуни арза, қонуни тақозо, қонуни муомилоти пул ва ғайра аз наздик шинос хоҳем шуд.


486
Нет комментариев. Ваш будет первым!