Тамсилаҳои низоми иқтисодӣ

Исбот карда шудааст, ки бо воситаи низомҳои иқтисодӣ фазилатҳои накӯтарин, бохту бурдҳо, таҷрибаю анъанаҳо ва санъати хонадории ҳар як халқияту миллат инъикос ёфта, аз як насл ба насли дигар вогузошта мешавад.

Ин тарзи инъикос ва тасвири ҳодиса ва ҷараёнҳои воқеӣ бо назардошту хусусиятҳои нотакрору тағйирнопазир мазмун ва мундариҷаи тамсилаҳои иқтисодиро муайян менамояд.

Тамсилаҳои иқтисодӣ — шакли мушаххас ва амиқтарини зуҳур ва табдили давраҳои низоми иқтисодӣ мебошад, ки мувофиқи аломат, меъёр, нишондиҳанда ва омилҳои гуногун муайян карда мешаванд.

Давраҳои равнақи низоми иқтисодӣ тибқи меъёрҳои гуногун (тарзи истеҳсолот, истеҳсолу истеъмол, тарзи идора, меъёри вақт, моликият, қувваҳои истеҳсолкунанда, сикли руҷӯи тамаддун, ҳокимияти иқтисодӣ, шаклҳои хоҷагидорӣ, дараҷаи ташаккули бозор ва ғайра) таҳқиқу таҳлил карда мешавад. Баъзеҳо ба ҳайси меъёри тамсилабандии низомҳои иқтисодӣ ҳаллу фасли масоили умдаи иқтисод: чӣ?, чӣ қадар?, барои чӣ?, барои кӣ?, чӣ тавр? истеҳсол кардро мегузоранд.

Бо назардошти ин нишондиҳандаҳо чунин шаклҳои намоёнтарини тамсилаҳои низомҳои иқтисодӣ тавсия карда мешавад (ниг. нақшаи 10).

Иқтисоди суннатӣ ҳамчун тамсилаи нахустини низоми иқтисодӣ буда, масоили ҳаёти хонадорию хоҷагӣ дар мояи ҳиссиёти оддии зиндагонӣ, урфу одат, анъана ва суннатҳои қадима ба роҳ монда мешавад. Ба амсоли ин гуна ҷомеа, қабилаҳои Ҳиндуҳои Амазонка, сокинони таҳҷоии Австралия, Африка ва дигар халқиятҳои Шимоли Руссияро метавон номбар кард.

Асоси онро моликияти умумии қабила, яъне община ташкил медиҳад. Масоили умдаи иқтисод (чӣ истеҳсол кард?, барои кӣ истеҳсол кард?, чӣ тавр истеҳсол кард?, чӣ тавр тақсим кард? ва ғайра) аз ҷониби сарони қабила ҳаллу фасл карда мешаванд. Ҳокимияти иқтисодӣ бо ҳокимияти сиёсӣ сарпеч аст ва таҳти нуфузи он қарор дорад. Шахс ҳамчун субъекти иқтисодӣ ҳанӯз аз умумияти иқтисодию иҷтимоӣ бурун наомада, чун воҳиди (омили) иқтисодӣ эътироф ҳам нашудааст. Фаъолияти инсон, хонадорию оиладорӣ, истеҳсолию иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ бидуни қарори сарони қабила аз имкон берун аст.

Тақсими неъматҳо дар доираи община мувофиқи синну сол, ҳаҷми оила, саршумори хурандаҳо ба роҳ монда мешавад. Раванди тавлид ё худ такрористеҳсол нисбатан маҳдуд ё худ фав-қулоддӣ сурат мегирад. Андӯхт ҳамчун сарчашмаи таҷдид ва инкишофу таҳаввули ҷомеа ба манфиати қонеъ гардондани талаботи истеъмолӣ истифода карда мешавад.

То ҳатто, дар шароити ҳозира истифодаи техникаи нав, сохтмонҳои объектҳои истеҳсолӣ дар баъзе мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ба монеъгариҳо дучор мегарданд. Муносибатҳои молию пулӣ, бозорӣ дар асоси ташаккули истеҳсолоти оддии молӣ ё худ хоҷагиҳои натуралӣ сурат мегирад.

Ислоҳотҳои хоҷагие, ки дар ин ё он мамлакатҳо гузаронида мешаванд, таҳти нуфус ва таъсири анъанаву суннатҳои иҷтимоию динӣ рӯ ба таназзул мениҳанд. Баъзан, барои бунёд кардани муносибатҳои нави бозорӣ таваккалкориҳои зиёде гузаронида мешаванд. Дар натиҷа, ҳолати нав ба вуҷуд наомада, устувору густариш наёфта, равандҳои пештара (кӯҳна) аз байн рабуда мешаванд ва иқтисод бе ину бе он мемонад. Ин гуна тадбирҳову ислоҳотҳо дар доираи низоми суннатӣ ногузир рӯ ба таназзул меоварад.

Тамсилаи иқтисоди бозорӣ дар асоси моликияти хусусӣ ва ҳалли масоили иқтисодӣ, тибқи манфиатҳои шахсӣ ва хусусии соҳибкорӣ ташкил мегардад. Ҳаллу фасли қарорҳои иқтисодӣ бо воситаи рақобат ба ҳам мувофиқ карда мешавад. Барои самараи баланди истифодаи захираҳо ва рушди босуръати иқтисод мусоидат намуда, ҷомеаро аз нуқтаи назари ташаккули даромад ба табақаҳо (бенавоён, дороёну сарватмандон, миллионеру миллиардерҳо…) тақсим мекунад.

Чорчӯбаи ҳаракатдиҳандаи онро қонунҳову қонуниятҳои рушди стихиявӣ, бидуни танзими давлат ташкил медиҳад. Он ҳамчун шакли ғайримутамаркази иқтисод баромад мекунад. Фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ бо воситаи механизмҳои ҷудогонаю мустақил амалӣ гардонида мешавад.

Инкишофу густариши он дар мояи худтанзимкунӣ, чандирӣ, дараҷаи баландтарини ба ҳам мутобиқшавӣ, озодии иқтисодӣ, интихоби озодонаи истеъмолгарону тавлидгарон, ба ҳам пайвастшавии манфиатҳои хусусию ҷомеавӣ дар асоси “дастҳои ноайён”, ҳавасмандӣ оиди ба даст овардани самараи баланди истеҳсолӣ, ақаликунонии (минимизатсияи) хароҷот, нархмуқарраркунии озод ва ғайра сурат мегирад.

Низоми идораи иқтисоди мутамарказ ҳанӯз дар давраи қадим аз ҷониби қавми Инкҳо — қабилаҳои Перу ва Боливия ва Ацтекҳо — қабилаҳои Ҳиндуёни Мексика, инчунин ҷаҳони сотсиализм истифода шудааст. Дар ин низом: ҳокимияти иқтисодӣ ба ҳадди аксар (максималӣ) марказонида мешавад. Бозор дар ин низом нақшу вазифаи танзими иқтисодро иҷро намекунад. Вобаста ба он, қонуну механизмҳои он низ амал намекунад.

тамсилахои низоми иктисоди

Асоси онро моликияти ҷамъиятӣ ба воситаҳои истеҳсолот ташкил медиҳад. Идораи иқтисод дар асоси усулҳои маъмурию бюрократӣ ва сентрализми демократӣ ба роҳ монда мешавад. Давлат субъекти асосии иқтисодиёт мебошад. Манфиатҳои ҷамъиятӣ нисбат ба манфиатҳои шахсӣ бартарӣ доранд. Ташкилотҳои давлатӣ вазифаи идораро дар сатҳи макроиқтисод ба зиммаи худ доранд ва корхонаҳоро аз худидоракунӣ, мустақилият, худтаъминкунӣ маҳрум месозанд.

Афзалияти ин низом дар танзим ва рушди масоилҳои иҷтимоӣ — беҳбудии оммаи халқ, таъмин будан бо кор, хондан ва табобати бепул, роҳ надодан ба беқурбшавии пул ба тафқиқи (дискриминатсияи) аҳолӣ ва баробарии иҷтимоӣ ва ғайра ҳис карда мешавад.

Дар адабиёти кунунии иқтисодӣ зери ибораи иқтисоди мухталат фаҳмишҳо оиди мавҷуд будани шаклҳои хоҷагидории гуногун, фаъолиятҳои гуногун, банду басти ҳархелаи иқтисодиёт, омезиши тарзу услуби истифодаи неъматҳо ва захираҳои иқти-содӣ дар асоси гуногунтаркибии шакли иқтисодиёт ва моликият ва ғайра фаҳмида мешавад. Аз ин ҷиҳат меъёри ягона перомуни муайян кардани мазмуну мундариҷаи он вуҷуд надорад.

Вобаста ба объект ва субъекти иқтисодӣ, таҳлили иқтисоди мухталат дар доираи “микро” ва “макроиқтисод” ташкил мегардад. Аз ин лиҳоз, таркиббандии онро дар асоси мавҷуд будани ду намуди муносибатҳои худ ба худ танзимшавандаи (худсаронаи) бозорӣ ва муносибатҳои танзимшаванда фарқ мекунанд.

Муносибатҳои рушди худсаронаи бозорӣ бештар дар доираи хоҷагиҳои хонавода ва муносибатҳои танзимшаванда дар сатҳи микроиқтисод ба воситаи нақшагирии дохили фирмавӣ ва макроиқтисод — танзими давлатии иқтисод сурат мегирад.

Иқтисоди мухталат яке аз ҷузъиятҳои иқтисоди бозорӣ буда, тибқи қонун ва қонуниятҳои иқтисоди бозорӣ (моликияти хусусӣ, мустақилият, худидоракунӣ, ҳавасмандӣ, манфиатнокӣ, худмаблағгузорӣ, озодии иқтисодӣ ва ғайра) ташкил меёбад.

Фаъолияти хоҷагидорӣ бидуни дахолати давлат ба роҳ монда мешавад, дар акси ҳол он нақши ҳалкунанда надорад. Таъсир ва дахолати давлат ҳамчун тадбирҳо оид ба нигоҳ доштани тартибу интизом, муайян кардани ҳаққу ҳуқуқ нисбат ба моликият, меъёри ҳавасмандию шавқмандӣ (муайян кардани ҳадди рӯзи корӣ, музди кор, нафақа, суғурта…), ҳифзи шартномаву қарордодҳо (контрактҳо) ва ғайра қарор мегирад.

Дар шароити иқтисоди мухталат давлат на фақат танзиму тавсиягар, балки иштирокчии фаъоли раванди истеҳсолот низ мебошад. Фаъолияти он ҳам аз ҷониби механизми рақобати бозорӣ ва ҳам фишангҳои муттамаркази давлатӣ танзим карда мешавад.

Аз ин ҷиҳат тамоюли ривоҷу равнақи иҷтимоии иқтисодиёт ҳам аз ҷониби бозор (қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи мардум, баланд бардоштани ҳосилнокию шиддатнокии меҳнат, ҷорӣ кардан ва истифодаи технологияи ҷадид…) ва ҳам давлат (ҳифз ва ҳимояи ҷомеа, таъмин кардани истиқрори умумии иқтисод, баробарии иҷтимоии мардум, бехатарӣ, тартибу низоми қонунгузорӣ, ҳифзи табиат, тансиҳатӣ…) то рафт вусъат меёбад.

Сатҳ ва дараҷаи ҳифзи иҷтимоии низоми мухталат аз дараҷаи ташаккули қувваҳои истеҳсолкунанда, шароитҳои таърихию иқтисодӣ, маданӣ, миллӣ, сиёсӣ ва ғайра вобастагӣ доранд. Таносуби танзими муносибатҳои бозорӣ ва муносибатҳои танзими давлатӣ мустақиман аз сатҳ бо дараҷаи таъсири тамоюли иҷтимоӣ, вазни қиёсии сектори (бахши) давлатию хусусӣ, дахолати давлат, фаъолияти соҳибкории хусусӣ ва ғайра алоқаманд мебошад.

Амалияи хоҷагидорӣ шаклҳои гуногуни тамсилаҳои низоми мухталатро пешбарӣ намудааст. Дар адабиётҳои кунунӣ бештар оиди тамсилаҳои Европои Ғарбӣ, Америкоӣ ва Японӣ баҳс меравад.

  1. Тамсилаи Европои Ғарбиро бо хусусиятҳои миқёсан бузурги соҳибкории давлатӣ, дараҷаи баланди бо воситаи буҷа аз нав тақсимкунии маҳсулоти умумии миллӣ (50%) ва ғайра фарқ мекунанд.

Дар ин низом тамсилаи шведӣ нисбатан назаррас мебошад. Дар ин ҷо тамоюли иҷтимоӣ баландтар буда, барои тадбиқи он то 50 фоизи маҳсули холиси миллӣ дар шакли андоз истифода карда мешавад. Шумораи бекорон ба ҳадди ақал (минимум) расонида шудааст. Тафриқаи начандон баланди музди кор ва сатҳи даромад мушоҳида карда мешавад. Бартарии он дар баланд будани дараҷаи рушди иқтисод, рифоҳи зиндагонии мардум, пурра ба кор банд будани аҳолӣ ва ғайра зуҳур мегардад.

2.Тамсилаи америкоӣ нисбат ба Европои Ғарбӣ перомуни начандон баланд будани вазни қиёсии банду басти давлатӣ, аз ҷониби давлат мустақиман танзим кардани раванди ҳаёти иҷтимоӣ — маориф, бизнес ва тибқи эҳтиёҷ танзими бозор, алалхусус нарху нархгузорӣ фарқ мекунад.

3.Тамсилаи японӣ бошад, оиди банду басти ҳаҷми начандон калони фаъолияти соҳибкорӣ, вусъат ёфтани алоқаҳои анъанавии ҳокимияти бюрократӣ бо соҳибкорони хусусӣ, дараҷаи баланди планкашӣ, ба ҳам мутобиқсозии фаъолияти ҳукумат бахшҳои хусусӣ ва ғайра афзалият дорад (5, 28-29).


346
Нет комментариев. Ваш будет первым!