Низоми қарзӣ ва ташкили он

Нақша:

  • Муносибатҳои қарзӣ ва марҳилаҳои асосии рушди он.
  • Сармояи қарзӣ ва сарчашмаҳои он
  • Қоидаҳои қарздиҳӣ.

Адабиётҳои тавсияшаванда:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Душанбе 28.07 2011.
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Душанбе аз 28.07.2011.
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Душанбе 04.11.1995.
  • Лаврушин О.И. «Деньги, кредит, банки» КНОРУС 2005.
  • Ҳонҷонов А. «Фаъолияти бонкӣ», Шарқи озод, Душанбе 2010.
  • Шариф Раҳимзода «Муомилоти пул ва қарз» Душанбе 2008 сол.
  • Ашӯров Н. «Муомилоти пул ва қарз» Матбуот Душанбе – 2006.
  • Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник для вузов. Под ред. Дробозиной Л. М.: Юнити. 1998.
  • Деньги, кредит, банки. Учебник для вузов. Под ред. Негробовой Н. М:. Финансы и статистика. 2000.
  • Муносибатҳои қарзӣ ва марҳилаҳои асосии рушди он

Барои истифодаи муваққатии маблағҳои пулӣ ё моли каси дигар қарзгирандаро зарур аст, ки бо қарздиҳанда муносибатҳои муайян барқарор намояд ва азбаски асоси пайдоишу рушди ин муносибатҳо гирифтан, истифодаю баргардондани қарз аст, дар адабиёти иктисодӣ онҳо муносибатҳои қарзӣ ном гирифтаанд. Муносибатҳои қарзӣ ҳамкории ду тарафро ҳангоми шиносшавии қарздиҳанда бо фаъолияти қарзгиранда, муайян кардани шартҳою бастани шартнома, додани маблағи пули, назорати истифодаи мақсаднок ва дар вақти муайяншуда баргардонидани қарзу иловапулиро дар бар мегирад.

Вобаста ба пешравии ҷамъият ва аз як зина ба зинаи дигар гузаштани он муносибатҳои қарзӣ ҳам ташаккул ёфтаанд. Рушди муносибатҳои қарзиро ба марҳилаҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

-пайдоиши муносибатҳои қарзӣ.

Муносибатҳои қарзӣ дар давраи гузариш аз хоҷагидории натуралӣ (табии) ба хоҷагидории молӣ пайдо шудаанд. Ба ҷамъияти ибтидоӣ муносибатҳои қарзие хос буданд, ки дар асоси онҳо шахсони алохида ба мӯҳтоҷон моли худро ба қарз медоданд ва баъдан ҳамин мол ё ба ивазаш моли ба он баробарарзиш баргардонида мешуд. Истифодаи молҳои алоҳида чун эквиваленти умумӣ муносибатҳои қарзиро осонтар гардонд, вале рушди бештари онҳо ба давраи пайдоиши пулу пешрафти муносибатҳои пулӣ рост меояд. Ба ҳам рост наомадани давомнокии истеҳсолу муомилоти молҳо, вақти истеҳсолу вақти фурӯши онҳо, мавсимӣ будани истеҳсолот дар соҳаҳои алоҳида қисме аз молистеҳсолкунандагонро маҷбур мекард моли худро ба қарз диҳанд, зеро харидорон бо сабабҳои гуногун (ҳоло нафурӯхтани молҳои мавсимӣ ва ғайра) пул надоштанд. Дар ин асос, шакли оддии қарздиҳӣ — қарзӣ тиҷоратӣ пайдо шуд.

Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва пайдоиши моликияти шахсӣ одамонро ба бою камбағал, дорою нодор ҷудо кард. Муфид будани қарздиҳӣ боиси пайдо шудани судхӯрон ва судхӯрӣ гардид. Дар аввал шахсони доро ба ҳамсафони худ гандуму молҳои заруриро бо шартҳои гарон ба қарз медоданд. Худи қарзгир ва ё замини у ба сифати гарави қарз қабул мешуд. Дар ин заминҳо қарздодагон сангҳоеро мегузоштаанд, ки дар бари онҳо номи қарздор, маблағи қарз, мӯҳлату тартиби баргардонидани он кандакорӣ шуда буд. Қарзгирифтагон ҳам қарзро бармегардонданду ҳам қисми зиёди ҳосилро ба судхӯрон медоданд.

Пайдоиши пул ва рушди муносибатҳои пули боиси гузаштан аз қарздиҳии молӣ ба қарздиҳии пулӣ гардиду ва азбаски ин тартиби қарздиҳӣ муфидтар буд, судхӯрӣ боз ҳам равнақ ёфт. Акнун, қарзгирандагон аксаран камбағалон буданд. Дар Юнони қадим (асрҳои VII-VI то милод) тамоми мардум аз дороён қарздор буданд. Дар ин кишвар «Қонунҳои дувоздаҳ таблитсаҳо» қабул шуда буд, ки тартиби додану баргардонидани қарзро муайян мекард. Байни қарздиҳандаю қарзгиранда шартномаи қарзӣ баста мешуд. «Гӯшту хун»-и қарздор қонунан гарави қарз буданд. Дар ҳолати барнагардонидани қарз қарздода дар асоси карори суд метавонист қарздорро занҷирбанд кунад. Нисбати шахси аз якчанд нафар қарздор қонун чунин ҷазоро муайян карда буд: «бигузор қарздодагон дар рӯзи бозори сеюм (яъне охири хафтаи сеюм — Ш.Р.) онро ба қисмҳо бурида тақсим кунанд» (32,409). Албатта, ин ҷазо дар амал татбиқ намегардид, зеро ба ман­фиати қарздодагон набуд. Онҳо моликияти қарз­дорро аз худ мекарданд ва ё худи ӯро ба ғуломӣ фурӯхта, пули ба даст омадаро байнашон тақсим менамуданд.

Зиёдшавии талабот ба қарз, фоиданокии ин намуди фаъолият ва зарурати ташкили он дар сатҳи баланд боиси пайдоишу рушди аввалин амалиёти бонкӣ дар Рими қадим (асри III то милод) гардид. Дар аввал одамони алоҳида ба ивазкунии пулҳои дар давлату мавзеъҳои гуногун сиккашуда шурӯъ намуданд. Баъдан, онҳо ба қабулу нигоҳдории пулҳо, интиқоли пул аз як ҷой ба ҷойи дигар ва қарздиҳӣ машғул шуданд.

Ҳамин тавр, дар давраҳои қадим баробари пайдоишу рушди муносибатҳои қарзӣ намудҳои гуногуни қарз низ пайдо шуданд. Аммо пешрафти сусти хоҷагидорию муомилот боиси рушди сусти муносибатҳои қарзӣ гардида буд. Қарздиҳандагон аслан на ба фаъолияти самараноки қарзгиранда, балки ба ҳар чӣ тезтар баргардонидани қарзу иловамолӣ ё иловапулии худ ҳавасманд буданд. Ин амал садди роҳи пешрафти иқтисодиёту самаранокии истеҳсолот гардида буд. Бонкҳои нав пайдошуда низ асосан фаъолияти судхӯрона доштанд.
— Пойдоршавии муносибатҳои қарзӣ. Ин марҳалаи муносибатҳои қарзӣ асрҳои X-XIX-ро дар бар мегирад. Хусусиятҳои фарқкунандаи ин марҳила рушди амалиётҳои мубодилавӣ, пайдоиши миёнаравон байни пулдорону қарзгирандагон, боз ҳам тараққӣ ёфтани қарздиҳии молӣ, пойдоршавии бонкҳову пешрафти бонкдорӣ, пайдоишу истифодаи васеъи васиқаҳо чун воситаи ҳисоббаробаркунӣ мебошад.
— гузариш ба муносибатҳои қарзии танзимшаванда.

Охири асри XIX давраи саршавии вориди муносибатҳои қарзӣ ба ҳама намудҳои фаъолияти иқтисодист. Акнун истеҳсолот, муомилот, савдои байналхалқиро бе иштироки қарз тасаввур кардан мушкил буд. Сол то сол ҳаҷми қарзӣ давлатӣ меафзуд ва то ба ҳадде расидааст, ки имрӯз кишваре нест, ки аз мардумаш ва ё кишвари дигаре қарздор набошад.

Ширкатҳо, одамони алоҳида, давлатҳо дар як вақт ҳам қарздору ҳам қарзгиранда шуданд. Агар мо ҳаррӯза меҳнат карда ширкат ё муассисаеро қарздор кунем, дар баробари он ҳар рӯз аз хизмати ширкатҳои дигар (масалан, ширкати таъминкунандаи барқ, об, гармӣ ва ғайра) истифода карда, қарздор мешавем. Охири моҳ қарзашонро (музди меҳнатамонро) медиҳанду қарзҳоямонро медиҳем.

Дар баробари пешрафти иқтисодиёту зарурати таъмини талаботи муомилоти пулӣ ба пул эмиссияи он аз ҷониби бонкҳои марказӣ меафзояд. Ягона роҳи ба муомилот баромадани ин пулҳо ба қарз додани онҳост. Дар муомилот онҳо аз суратҳисобҳо ба суратҳисобҳо гузашта, боиси боз ҳам зиёд шудани ҳаҷми пулу захираҳои қарзӣ мешаванд.

Рушди савдои байналхалқӣ ба ташкили дурусти муносибатҳои қарзӣ зич алоқаманд шуд. Ҳиссаи баланди қарз дар сармояи истеҳсолӣ вобастагии истеҳсолоту иқтисодиётро аз ташкили дурусти муносибатҳои қарзӣ боз ҳам зиёд кард.

Дар натиҷаи вориду истифодаи кортҳои бонкӣ хариду фурӯши ҳаррӯза хусусияти қарзиро гирифт. Одамон ҳар рӯз бо истифодаи корт пули хӯрок, либос ва харҷҳои дигарашонро медиҳанд. Дар охири моҳ ширкати кортро бароварда (масалан, Mastercard ё Visa) аз ҳисоби бонкии шахс маблағи дар давоми моҳ харҷкардаи ӯ ва фоизи муайянро мегирад. Агар дар ҳисоби одамон пул набошад, бонк то маблағи муайян ба онҳо қарзӣ кортӣ (овердрафт) медиҳад. Масалан, қарзӣ ба воситаи кортҳо гирифтаи шаҳрвандони ИМА дар соли 2005 зиёда аз 13 млрд. долларро ташкил медод.

Пешрафти муносибатҳои қарзӣ боиси пайдоиши намудҳои нави хизматрасонии бонкӣ, ташкили бонкҳои махсусгардонидашуда ба монанди бонкҳои амонатгузорӣ, саноатӣ, содироту воридотӣ, ипотекӣ ва ғайра гардид.

Аз нимаи дуюми асри XX cap карда, бонкҳои марказии дунё ба танзими муносибатҳои қарзӣ шурӯъ намуданд.

  • Сармояи қарзӣ ва сарчашмаҳои он.

Маблағҳои пулии ширкату одамони алоҳида, ки дар истеҳсолоту муомилот истифода мешаванд, сармоя ном доранд. Маблағҳои пулии дар истеҳсолот истифодашавандаро сармояи истеҳсолӣ ва дар соҳаи муомилот истифодашавандаро сармояи савдо меноманд. Хусусиятҳои хоси гирдгардишу гардиши сармояҳои истеҳсолию савдо бо­иси муваққатан озод мондани маблағи муайян мегардад. Илова ба он ширкату одамоне ҳастанд, ки маблағҳои пулии худро дар бонкҳо пасандоз карда, аз ҳисоби даромади онҳо фаъолияту зиндагӣ мекунанд Дар натиҷа, ҳаҷми муайяни маблағҳои пулие пайдо мешавад, ки онҳоро барои қарздиҳӣ истифода кардан мумкин аст. Дар адабиёти иқтисодӣ ин маблағҳои пулӣ захираҳои қарзӣном доранд. Қисми ин захираҳо ки ба қарз дода мешаванд, дар якҷоягӣ бо арзиши молҳои ба қарз додашуда сармояи қарзиро ташкил медиҳанд.

Сарчашмаҳои сармояи қарзӣ инҳоянд:

  • маблағҳои пулии дар фондҳои истеҳлокӣ (амортизатсия) ҷамъшуда.
  • Қисме аз воситаҳои гардони ширкатҳо.
  • Маблағи фондҳои гуногуни аз ҳисоби фоидаи софи ширкатҳо ташкилшуда.
  • Даромаду пасандозҳои аҳолӣ.
  • Захираю даромадҳои пули давлат.
  • Қоидаҳои қарздиҳӣ

Раванди додани қарзро қарздиҳӣ меноманд. Асоси мавҷудияти категорияи иқтисодӣ, аз он ҷумла қарз, риояи талабот шартҳои муайяне аст, ки бе онҳо категория моҳияти худро гум ме­кунад.

Қарз бо шартҳои зерин дода мешавад:

  • Муддати тезтар баргардонии он (мӯҳлатнокӣ)
  • Баргардонии он (бозгаштпазирӣ)
  • Таъмин намудани қарз (таъминнокӣ)
  • Қарзи маблағӣ (музднокӣ)

Фаъолияти қарздиҳӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ дар асоси дастурмали №116 оиди кор бо қарз ба роҳ монда мешавад.

Дар бонкҳои тиҷоратӣ ҷараёни қарздиҳӣ чунин сурат мегирад:

  • Қабули дархости қарзӣ аз тарафи мизоҷи қарзгир.
  • Гузаронидани сӯҳбат бо қарзгир аз тарафи корманди шӯъбаи қарздиҳӣ ва ё сардори шӯъба.
  • Омӯзиши фаъолияти молиявӣ – тиҷоратии қарзгир, ҳаракати маблағҳои пулии он ва ниҳоят қобилияти қарзадокуни қарзгир, дар куҷо воқеъ будани ҷои савдо ё истеҳсолоти мизоҷон.
  • Омӯзиши нақшаи тиҷорати қарзгир (бизнесплан) ва мувофиқ будани он ба ҳолати молиявии мизоҷон.
  • Дар натиҷаи муайян шудани устувории молиявии қарзгир талаб намудани ҳуҷҷатҳои зерин барои гирифтани қарз аз тарафи мизоҷ:

А) ариза барои гирифтани қарз;

Б) анкетаи қарздиҳанда;

В) нусхаи гувоҳномаи мақомоти андоз дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупор ба мизоҷ (ИНН);

Г) нусхаи патент ё шаҳодатнома дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ;

Д) нусхаи шиноснома, ки шахсияти мизоҷи қарзгирро тасдиқ мекунад;

Е) маълумотнома аз ҷои истиқомат, ки ҳақиқатан ҷои зисти мизоҷро тасдиқ мекунад;

Ҷ) бизнесплан, ки дар он самаранокии истифодаи қарз ва мақсаднокии он нишон дода мешавад;

З) карточкаи баҳисобгирии мизоҷ;

И) хулосаи шӯъбаи қарзӣ оиди натиҷаҳои таҳлили қобилияти қарзадокунии мизоҷ оиди додан ё надодани қарз;

К) таклифот оиди додани қарз;

Л) шартномаи қарзӣ, дар идора нотериалӣ ва адлия ба қайд гирифта мешавад;

Ин намуди ҳуҷҷатҳоро шахсони воқеӣ пешниҳод мекунад.

Коидаҳо (принсипҳо)-и қарздиҳӣ инҳоянд:
— баргарданда будани қарз.

Гирифтани қарз корест осон, вале баргардонидани он хеле мушкил. Беҳуда нест, ки дар бораи қарз чунин мегуянд: «пули бегонаеро мегирию пули худатро медиҳӣ».

Баргардонидани қарз нишондиҳандаи фаъолияти самараноку боварибахши қарзгиранда ва ташкили дурусти муносибатҳои қарзӣ байни он ва бонк мебошад. Иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои қарзии қарздорон асоси иҷрои ӯҳдадориҳои бонк дар назди пасандозкардагон аст, зеро қарз аз ҳисоби пасандозҳои онҳо дода мешавад. Бонк соҳиби мутлақи маблағҳои пулии ба қарз додашуда нест, бинобар ин, ҳар бор пеш аз додани қарз бонкро зарур аст, ки имконияти сари вақт баргаштани онҳоро дуруст муайян намояд. Агар қарзҳо сари вақт баргардонида нашаванд, бонк пасандозҳои аҳолиро дар мӯҳлатҳои муайяншуда баргардонида наметавонад, ки боиси косташавии боварии мардум ба бонк ва касодии он мегардад. Аз ин рӯ, баргардандагии қарз хосияти объективии он буда, новобаста аз ҳоҳиши мо вуҷуд дорад. Пурра бекор кардани ин қоида аз ҷониби ҷамъият боиси зарарбинии бонкҳою пасандозкардагон ва аз байн рафтани қарздиҳӣ мегардад, ки ба манфиати ҷамъият нест.
— мӯҳлатнок будани қарз.

Қарз бояд на дар вақти барои қарздор мувофиқ, балки вақти дар шартнома нишондодашуда баргардонида шавад. Азбаски вайрон кардани талаби ин нишондод боиси сари вақт иҷро нашудани ухдадориҳои бонк дар назди мизоҷону давлат мегардад, дар шартнома намудҳои муайяни ҷазо пешбинӣ шудааст. Бонк метавонад нисбати қарздори ноӯҳдабаро ҷазоҳои зеринро раво бинад: зиёд кардани фоизи қарз, муроҷиат ба додгоҳ оид ба гирифтани маблағи зарурӣ аз қарздор, касод эълон карда­ни қарздор ва фурӯши молу мулки он.
— додани иловапулӣ барои истифодаи қарз.

Моҳияти ин қоида аз додани иловапулӣ (фоизи қарз) ба қарздода иборат аст, зеро қарздода ин маблағҳоро аз дигарон (пасандозкардагон) гирифтааст ва барои истифодаи онҳо иловапулӣ медиҳад.

1.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!