Моҳият, зарурият ва вазифаҳои қарз
Нақша:
1. Мафҳуми қарз.
2. Зарурияти истифодаи қарз.
3. Вазифаҳои қарз.
Адабиётҳои тавсияшаванда:
- Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Душанбе аз 28.07.2011.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Душанбе аз 28.07.2011.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Душанбе 04.11.1995.
- Хонҷонов А. «Фаъолияти бонкӣ», Шарқи озод, Душанбе 2010.
- Шариф Раҳимзода «Муомилоти пул ва қарз» Душанбе 2008.
- Ашӯров Н. «Муомилоти пул ва қарз» Матбуот. Душанбе – 2006.
- Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник для вузов. Под ред. Дробозиной Л. М.: Юнити. 1998.
- Деньги, кредит, банки. Учебник для вузов. Под ред. Негробовой Н. М:. Финансы и статистика. 2000.
Мафҳуми қарз.
Қарз мафҳумест нофорам. Касе намехоҳад қарз гирад ё қарздор бошад. Қарздиҳанда ҳам пулашро ба каси дигар бо дили нохоҳам ва ё ба ивази иловапулию иҷрои шартҳои муайян медиҳад. Пас, чаро қарз категорияи иқтисодисту дар асоси мавҷудияту зарурати истифодаи он бонкҳо ташкил шудаанд ва ҳазорон мутахассисон ҳамарӯза машғули қарздиҳианд? Чаро корҳонаҳою одамони алоҳида бино, хона, мошину лавозимоти дигарашонро ба гарав монда қарз мегиранд? Чаро доимо дар матбуот бонкҳою ҳукуматро барои пурра бо қарз таъмин накардани мизоҷон танкдд мекунанд? Барои чӣ ҳатто дар кишварҳои бойтарини дунё, ба монанди Шветсария, Амрико, Ҷопон, Британияи Кабир ва ғайра низ талабот ба қарзу қарзгирӣ хеле зиёд аст? Чаро дар олам кишваре нест, ки аз мардумаш ё кишварҳои дигар қарздор набошад ва ё ба кишварҳои дигар қарз надода бошад? Магар бе қарз фаъолияту зиндагй карда намешавад? Барои ҷавоб ба ин саволҳо моро зарур аст, ки ба мафҳум, моҳият, зарурият ва нақши қарзу муносибатҳои қарзӣ дар пешрафти иқтисодиёт сарфаҳм равем.
Аслан дар забони имрузаи тоҷикй тахти мафҳуми қарз маблағи пулӣ ё моле фаҳмида мешавад, ки муваққатан ва бе талаби иловапулӣ ё бо талаби он ба каси дигар дода шудааст. Дар адабиёти классикии тоҷикӣ истифодаи мафҳуми «вом» бештар ба назар мерасад. Ин аст, ки коғазҳои қарзии Вазорати молия аз соли 1997 cap карда номи «вомбарг»-ро гирифтанд, ки маънояш шаҳодатномаи қарзӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар адабиёти иқтисодии хориҷӣ (масалан аврупоӣ) маблағ ё моли муваққатан ба каси дигар (бе талаби иловапулӣ) додашуда «ёрдами молиявӣ» ва ё «ёрдам» ном дорад. Дар аксари ҳолатҳо чунин намуди қарздиҳӣ бар зарари қарздиҳанда аст, зеро сатҳи мавҷудаи таваррум хатари қарзи додашударо рӯз то рӯз кам мекунад, яъне қобилияти харидории пуле, ки ба соҳибаш баргардонида мешавад, аз пешина камтар аст. Дар шароити Тоҷикистон низ сатҳи таваррум солҳои охир ба ҳисоби мнёна 8-10 фоизро ташкил медиҳад. Дар шароите, ки таваррум иқтисодиёти тамоми кишварҳо, аз он ҷумла Тоҷикистонро, фаро гирифтааст, додани қарзӣ бефоиз зараровар аст.
Дуруст муайян кардани мафҳуми қарз дар забони тоҷикӣ низ ба мақсад мувофиқ аст. Азбаски қарздиҳӣ қонунан вазифаи бонкҳою муассисаҳои қарзӣ буда, он бо шартҳои муайян (баргардонидашаванда, додани иловапулӣ, мӯҳлатнок) дода мешавад, зарур аст, ки таърифи қарз ин хрлатро дар бар гирад. Илова бар он, гарчанде дар ҳолатҳои алоҳида, хусусан ҳангоми надоштани пули хариди мол, он ба харидор ба қарз дода мешавад, фурӯшанда интизори гирифтани маблағи пулӣ (нархи мол) аст, вале на худи мол. Аз ин рӯ, ин намуди қарз низ дар бозгашт шакли пулиро мегирад. Дар Тоҷикистони имрӯза, хусусан дар шаҳртҳо, одамоне ёфт мешаванд, ки ба қарздиҳӣ машғуланд, яъне маблағҳои пулиашонро муваққатан ва ба ивази фоизи муайян ба касони дигар медиҳанд, вале бояд донист, ки ин амалиёти ғайриқонунӣ буда, барои он ҷазо муайян шудааст.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 13(335) аз 12 майи соли 1995 дар қаламрави кишварамон амалиётҳои бартерӣ (моливазкунӣ) манъ аст.
Ҳамин тавр, қарз ин маблағи пулиест, ки бо шартҳои баргардонидашавӣ ва додани иловапулӣ муваққатан ба каси дигари ҳуқуқӣ ё воқеӣ дода шудааст.
Дар адабиёти иқтисодии русӣ ва англисӣ мафҳумҳои зиёд — кредит (credit), ссуда, займ (Loan), долг (debt) истифода мешаванд. Масалан, кредит (credit) ин ҷамъи муносибатҳои иқтисодист, ки ба тавассути онҳо маблағҳои пулии озодмонда бо шартҳои баргардондашавию додани иловапулӣ муваққатан ба каси дигари ҳуқуқӣ ё воқеӣ дода мешаванд. Ин муносибатҳо аз шиносшавӣ бо фаъолият қарзгиранда оғоз ёфта, бо муайян кардани шартҳою бастани шартнома, додани маблағи пули, иҷораи истифодаи мақсаднок ва дар ҳолати муайяншуда баргардонидани он ба анчом мерасанд. Дар забони тоҷикӣ низ истифодаи калимаи кредит аст, вале то ҳол он вирди забони мардум нагаштааст. Ба мафҳуми қарзӣ тоҷикӣ мафҳумҳои «ссуда»-и русӣ ва «Loan»-и англисӣ ҳаммаъноянд, ки ифодакунандаи маблағи пулии ба қарз додашуда мебошанд.
2. Зарурати истифодаи қарз.
Агар дар қатори кашфиётҳои беҳтарини инсоният яке пул бошад, дигаре қарз аст. Кашфу истифодаи мол имкон дод пайвастагии доимии истеҳсолот, муомилот ва истеъмолот, ки яке аз шартҳои асосии самаранокии иқисодиёт мебошад, таъмин карда шавад.
Зарурати истифодаи қарз бо сабабҳои зерин ба миён меояд:
— мавҷудияти фосила байни замони маблағузорӣ ва замони
бозгашти маблағҳои пули барои истеҳсоли маҳсулот сарфшуда.
Вобаста ба давомнокии силсилаи истеҳсолӣ фосилаи байни харҷӣ маблағ ва фурӯши молу баргардонидани пул метавонад гуногун бошад. Масалан дар соҳаҳои истеҳсоли техника (мошинсозӣ ва ғ.) ин фосила хеле калон буда, дар соҳаҳои дигар камтар аст.
—ба ҳам мувофиқ наомдани вақти истеҳсоли маҳсулот ва вақти фурӯши он.
Дар қисме аз зерсоҳаҳои саноат маҳсулоте истеҳсол мешавад, ки талабот ба онҳо мавсимӣ аст. Масалан. истеҳсоли либосҳои зимистона дар фабрикаҳо мавсими нест, вале фурӯши он мавсимӣ мебошад.
—ба одам мувофқ наомадани вақти фиристодии мол ва вақти гирифтани пули он.
Вобаста ба дур будани харидор аз фурӯшанда, нобоварӣ ба фурӯшанда оид ба иҷрои ӯҳдадориҳояш (масалан, оид ба миқдор, намуд, сифати моли фиристодашаванда) ва сабабҳои дигар вақти фиристодан ё супурдани мол ба харидор ва вақти гирифтани пули он ба ҳам рост намеоянд. Зарурати таъмини муназзами истеҳсоли маҳсулот истифодаи қарзро барои хариди ашёи хом, пӯшонидани хароҷотҳои истеҳсолию додани музди меҳнат талаб мекунад.
—зарурати васеъ кардани истҳсолот ва хариду истифодаи технологияи нав.
Суръати баланди пешрафти илму техника ва истифодаи натиҷаҳои он барои ба талаботи бозор мувофиқ гардонидани истеҳсолот зарурати истифодаи қарзро талаб мекунад. Рақобати сахт дар бозор молистеҳсолкунандагонро маҷбур месозад, ки пайваста аз навовариҳои илму техника истифода карда малакаи кормандонашонро баланд бардоранд. Барои иҷрои ин мақсадҳо қисми зиёди онҳо аз қарз истифода мекунанд.
—зарурати кам кардани хароҷот дар истеҳсолоту муомилот бо роҳи таъмини таносуби мусоид байни воситаҳои худӣ ва ҷалбшаванда (қарзӣ).
Азбаски талабот ба воситаҳои иловагӣ муваққатӣ асту онро метавон аз ҳисоби қарз таъмин кард, зарур нест, ки ширкатҳою соҳибкорон воситаҳои пулии худро беҳаракат дар ҳисобҳояшон нигоҳ доранд. Ҳатто дар ҳолати доштани маблағҳои зиёдатӣ онҳоро пасандоз кардан манфиатовар аст. Талаботи муваққатии дар давоми сол пайдошавандаро метавон аз ҳисоби қарз конеъ гардонид.
— зарурати қонеъ гардонидани талаботҳои шахсӣ.
Барои сохтмони хона, хариди мебелу дигар лавозимот, гирифтани маълумоти олӣ ва ғайра шахсони алоҳида ба қарз мӯҳтоҷанд ва ин намуди қарзгирӣ солоҳо охир хеле рушд кардааст. Хусусан, дар кишварҳои пешрафта, ба монанди ИМА, Британия Кабир ва ғайра мардум қисми талаботи худро аз ҳисобои қарз қонеъ мегардонад. Истифодаи кортҳои қарзӣ ба одамони алоҳида имкон медиҳад, ки талаботи аз меъёр зиёди худро низ аз ҳисоби қарз қонеъ гардонанд.
Хуллас, таъмини гардишу гирдгардиши бемайлони сармоя, воридшавии саривақтии ашёи хому воситаҳои дигари истеҳсолот ба корхонаҳо, татбиқи наовариҳои илму техника бо мақсади қонеъгардонии талаботи доимоафзояндаи ҷамъияту шахсони алоҳида ва ҳалли масъалаҳои дигари барои пешрафти истеҳсолот муҳим зарурати истифодаи қарзро ба миён меорад.
3. Вазифаҳои қарз
Моҳияти қарз дар иҷрои вазифаҳои муайян зоҳир мешавад. Бинобар ин, омӯзиши вазифаҳои қарз ба мақсад мувофиқ аст. Қарз ҳамчун категорияи иқтисодӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- Азнавтақсимкунии маблағҳои пулӣ (соҳавӣ, минтақавӣ)
Даромади корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорони алоҳида баробари воридшавӣ ба суратҳисобашон байни онҳо, давлат ва ташкилотҳои дигар тақсим мешаванд.
Қисме аз ин маблағҳои тақсимшуда бо сабабҳои гуногун (баъдан харидани мол, мавсимӣ будани истеҳсолот, дар охири сол тақсим кардани фоида, ташкили фондҳои истеҳлок (амортизатсионӣ) ва ғайра) муваққатан озод мемонанд.
- Ба ҷои пулҳои ҳақиқӣ баромад намудани амалиётҳои қарзӣ
Арзиши баланди ташкили муомилоти пулӣ дар асрҳои миёна (доштани захираҳои зарурии тиллою нуқра, сикказании тангаҳо, нигаҳдошту ҳимояи захираҳои пулӣ, зарурати пайваста иваз кардани тангаҳои арзишашон камшуда ва ғайра) ҳукуматҳоро маҷбур месохт, ки доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳои муфидтари ташкили он бошанд. Ин аст, ки амалиёти қарзӣ (ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи векселҳо, бонкнотаҳо, чекҳо ва ғайра) аз авали пайдоишашон доираи истифодаи пулҳои аслӣ (тиллоию нуқрагӣ)-ротанг карда, баъдан пурра ҷойи онҳоро гирифтанд. Хусусияти хоси пулҳои қарзӣ аз он иборат аст, ки онҳо дар асоси амалиёти қарзӣ, яъне ҳангоми доани қарз ба муомилот бароварда шуда, бо мурури замон ба бонк бармегарданд. Суръати баланди пешрафти соҳаи бонкдорӣ ва пайдоишу истифодаи шаклҳои ҳозиразамони ҳисоббаробаркунӣ доираи истифодаи пулҳои нақдрорӯз то рӯз танг карда истодааст. Рақобати иқтисодӣ бонкҳоро маҷбур месозад, ки новобаста аз мавҷудияти маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои мизоҷони боваринок қисми зиёди амлаиётро аз ҳисоби қарз иҷро кунанд. Ин шаҳодати он аст, ки бо шарофати истифодаи зиёдтари амалиёти қарзӣ ҳаҷми пулҳои нақд ва хароҷотҳои ба чопу ташкили гардиши он вобаста пайваста кам мешавад.
- Маблағҳои муваққатан холиро барои истифодабарӣ зам мекунад
- Хароҷотҳои муомилотиро кам мекунад
- Иқтисодиётро ба танзим медарорад.
Ҳамин тариқ, агар иҷрои вазифаи аввали қарз (воситаи азнавтақсимкунии маблағҳои пули муваққатан озод) имкон медиҳад, ки маблағҳои муваққатан озоди хоҷагии халқу аҳолӣ барои пешрафти иқтисодиёт истифода шаванд, иҷрои вазифаи дуюми он боиси пайваста кам кардани харҷот барои ташкили муомилоти пулӣ мегардад.
Мӯҳлатҳои қарз:
- Қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат то 1 сол
- Миёнамӯҳлат аз сол то 3 сол
- Дарозмӯҳлат аз 5 сол зиёда.