Оқибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии таваррум ва танзими он

Нақша:

  • Оқибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таваррум
  • Тартиби танзими таваррум.
  • Сиёсати давлат барои бартараф кардани оқибатҳои таваррум.

Адабиётҳои тавсияшаванда:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Душанбе 28.07.2011.
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Душанбе 04.11.1995.
  • Хонҷонов А. «Фаъолияти бонкӣ», Шарқи озод, Душанбе 2010.
  • Шариф Раҳимзода «Муомилоти пул ва қарз» Душанбе 2008.
  • Ашӯров Н. «Муомилоти пул ва қарз» Матбуот, Душанбе – 2006.
  • Финансы, денежное обращение и кредит. Учебник для вузов. Под ред. Дробозиной Л. М.: Юнити. 1998.
  • Деньги, кредит, банки. Учебник для вузов. Под ред. Негробовой Н. М:. Финансы и статистика. 2000.

Оқибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таваррум

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳукумат мубориза бар зидди болоравии нархҳо — таваррум ба ҳисоб меравад, зеро аз тахти назорат баромадани он окибатхои ногувор дорад.

Беқурбшавӣ ба оқибатҳои зерини иҷтимоӣ-иқтисодӣ оварда мерасонад.

  • Таносуби тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ваӣрон мешавад;
  • Қобилияти харидории аҳолии мамлакат ниҳоят паст мешавад;
  • Бисёр соҳаҳои истеҳсолот тамоман аз фаъолият боз мемонад;
  • Дараҷаи бекорӣ дар мамлакат меафзояд;
  • Дар натиҷаи шумораи бекорон зиёд шудан, вазъияти иқтисодию иҷтимоии ячейкаҳои ҷамъият оилаҳо тезу тунд шуда, дар натиҷа барои пайдо шудани ҳаргуна норозиҳо ва ҷанҷолҳо байни аҳолӣ оварда мерасонад.

Оқибатҳои таваррум чунинанд:

1. Азнавтақсимкунии даромадҳо баӣни шахсони алоҳида; гурӯҳҳои аҳолӣ; соҳаҳои истеҳсолот; минтақаҳо; хоҷагиҳо; давлат, аҳолӣ ва ширкатҳо; байни дебиторону кредиторон. Аз чунин азнавтақсимкунӣ бештар нафақахӯрон, донишҷӯён ва кормандони соҳаҳои буҷетӣ, ки даромадҳои тағйирнаёбанда доранд, зарар мебинанд.

Тақсими ноаёну беадолатонаи даромадҳо байни шахсони алоҳидаю гурӯҳҳои аҳолӣ боиси камбағал гаштани як гурӯҳ ва беасос доро гаштани дигарон, зиёд шудани норозигии иҷтимоӣ аз сиёсати ҳукумат мегардад.
2. Беқурбшавии захираҳои пулии аҳолӣ, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои буҷетӣ ва фондхои амортизатсионӣ. Ин амал боиси паст шудани дараҷаи зисти мардум, имкониятҳои корхонаю ташкилотҳо барои таъмини самаранокии истеҳсолот, аз чониби муассисахои буҷетӣ иҷро нашудани нақшаҳои дар наздашон гузошташуда мегардад. Беқурб шудани фондҳои амортизатсионӣ сабаби сари вақт харидорӣ нашудани таҷҳизотҳои хозирзамон ва нав накардани тартиби коркарди махсулот дар соҳаҳои истеҳсолӣ мегардад
3. Суст шудани фаъолияти соҳибкорон, ширкатҳою сохахои алоҳидаи истеҳсолот. Беқурбшавии маблағҳо, зиёдшавии хароҷоту болоравии нархҳо нобоварии мардумро ба фаъолияти самаранок дар оянда зиёд намуда, боиси ба соҳаҳои дигар гузаронидани сармоя мегардад.
4. Кам шудани сармоягузорихои дарозмуддат, ки боиси суст шудани дараҷаи болоравии иқтисодиёт мегардад.
5. Рушди босуръати иктисодӣ пасипардагӣ ва аз андозеупорӣ «гурехтани» соҳибкорон;
6. Аз соҳаҳои истеҳсолӣ ба соҳаҳои савдою амалиётҳои миёнаравӣ (фондҳо, биржаҳо, ширкатҳои суғуртавӣ ва ғайра) гузаштани сармоя ва мутахассисон.
7. Номуносиб ё бефоида гаштани истифодаи комёбиҳои илмиву техникӣ барои пешрафти истеҳсолот.
8. Додани андози иловагии таваррумӣ ба давлат. Бо болоравии нархҳо маблағи андозҳо зиёд мешавад. Тавре ки дар боло зикр намудем, бо мақсади гирифтани даромади иловагӣ ҳукуматҳо аз қадим дидаю дониста, ба муомилот пули зиёдатӣ мебароварданд, ки боиси болоравии нархҳо гардида, ҳаҷми андозҳои номиналиро зиёд мекунад.

  • Тартиби танзими таваррум.

Оқибатҳои ногувори таваррумро ба инобат гирифта, одамони алоҳида ва корхонаҳо бо роҳи гуногун маблағҳои пулии худро аз таъсири он ҳимоя мекунанд. Танзим ва ё дар сатҳи барои ҷамъият мусоид нигоҳ доштани таваррум вазифаи ҳукумат аст, ки бо роҳи пешбурди сиёсати дурусти макроиқтисодӣ таъмин карда мешавад.

Бинобар ин аз тарафи органҳои давлатӣ барои бартараф кардани оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии беқурбшавӣ ё таваррум чораҳои фаврӣ ба монанди:

  • Пешбурди сиёсати дурусти пулӣ
  • Сиёсати дурусти асъорӣ.
  • Сиёсати дурусти қарзӣ.
  • Сиёсати дурусти буҷетӣ.
  • Сиёсати дурусти сохторӣ.
  • Сиёсати дурусти антимонополӣ.
  • Сиёсати дуруст дар соҳаи савдои берунӣ.
  • Роҳ надодан ба истифодаи асъорҳои хориҷӣ дар савдои дохилӣ.

андешида мешаванд.

Ҳамин тариқ татбиқи сиёсати дурусти иқтисодӣ имкон медиҳад, ки таваррум дар сатҳи аз ҷониби ҳукумат муайяншуда нигоҳ дошта шавад.

  • Сиёсати давлат барои бартараф кардани оқибатҳои таваррум.

Барои бартараф кардани оқибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодии таваррум аз тарафи давлат сиёсатҳои зерин ба тариқи барномавӣ ба амал бароварда мешавад:

  • Сиёсати даромадӣ ё, ки ҳавасмандкунии тараққиёти иқтисодиёт;
  • Сиёсати дефлятсионӣ ё, ки нигоҳ доштани тараққиёти иқтисодиёти мамлакат;

Сиёсати даромадӣ аз тарафи давлат бо роҳи пурзӯр намудани назорати давлати аз болои нархгузорӣ ва танзими музди меҳнат ба амал бароварда мешавад. Ин сиёсат аз 2 қисм иборат аст:

1. Сиёсати кӯтоҳмуддат бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

А) корхонаи давлатӣ, хусусӣ гардонида мешавад;

Б) бо корхонаю ташкилотҳо имтиёзҳо оид ба пардохтҳои андозӣ, гумрукӣ ва ҳатмии ғайриандозӣ дода мешавад;

В) дар бирҷаҳо ба таври васеъ фурӯши саҳмияҳо ва дигар қоғазҳои қимматнок корхонаҳои шахсии нав ба роҳ монда мешавад;

Г) барои ҳавасмандии аҳолӣ ба корхонаю ташкилотҳо меъёрҳои фоизии пасандозҳо баланд бардошта мешавад.

2. Сиёсати дурнамоӣ бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

А) барои кам кардани касри буҷети давлатӣ, андозҳо оҳиста-оҳиста зиёд карда мешаванд;

Б) Хароҷотҳои давлатӣ оҳиста-оҳиста кам карда мешаванд;

В) чорабиниҳо барои ба танзим даровардани гардиши пул андешида мешавад.

Агар иқтисодиёти мамлакат ниҳоят ба дараҷаи баланд тараққӣ кунад, он гоҳ барои нигоҳ доштани суръати тараққиёт, сиёсати дефилятсионӣ бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

  • Хароҷотҳои давлатӣ кам карда мешавад;
  • Ҳамаи намуди андозҳо ва меъёри онҳо зиёд карда шуда, андозҳои нав ҷорӣ карда мешавад;
  • Барои бонкҳои тиҷоратӣ меъёрҳои фоизҳои қарздиҳӣ баланд карда мешавад;
  • Захираҳои нормативии ӯҳдадории ҳатмии бонкҳои тиҷоратӣ аз нав дида баромада мешавад;
  • Ба тарафи васеъ фурӯши қоғзҳои қиматноки давлатӣ ва дигар қоғазҳои қиматноки корпаративӣ ба роҳ монда мешавад.

Усулҳои асосии ба танзим даровардани сатҳи таваррум аз тарафи бонки марказӣ ба роҳи гузаронидани ислоҳоти пулёб:

  • Ташкил кардани низоми нави пулӣ (гузаштан аз биметаллизм ба монометаллизм аз монометаллизм ба пулҳои қоғазӣ);
  • Қисман тағийр додани системаи пулӣ (тағиӣр додани тартиботи эмиссионии пулӣ ва намудҳои пули қоғазин);

Бонкҳо бо усулҳои зерин барои бартараф кардани оқибатҳои беқурбшавӣ гардиши пули миллиро ба танзим медароранд:

  • Нулефикатсия – бекор кардани пулҳои беқурбшуда ва баровардани пулҳои нави миллӣ;
  • Деволватсия – ин паст намудани қурби миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ мебошад;
  • Револватсия – ин баланд кардани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷа мебошад;
  • Шоковая терапия – ин ба таври тезӣ гузаштан ба иқтисодиёти бозоргонӣ, нархгузории озод, нигоҳ доштани музди меҳнат ва мувақатан паст шудани дараҷаи зиндагонии аҳолӣ мебошад.
  • Деноминатсия – ин усул бо роҳи кам кардани сифрҳо дар пули қоғазин ё, ки зиёд кардани масштаби нарх мебошад.
1.16K
Нет комментариев. Ваш будет первым!