Бозори захирахои қарзи ва инкишофи он
Ба монанди дигар бозорҳо дар бозори захираҳои қарзӣ қарзро вобаста ба шакли қарздиҳӣ, вобаста ба мӯҳлати адои қарз ва вобаста ба хусусиятҳои қарз дар фазо, таснифбандӣ менамоянд.
Вобаста ба шакли қарздиҳӣ асосан қарзи молӣ ва қарзи пулиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
қарзи молӣ чунин намуди қарзест, ки молҳои гуногун ҳамчун объекти он баромад мекунад. Аз ҷумла молҳои саноатӣ, молҳои истеъмолӣ, ашёи хом, захираҳо ва воситаҳои истеҳсолот, ки метавонанд ҳамчун объекти қарз баромад намоянд.
қарзи пулӣ гуфта, қарзеро меноманд, ки дар шакли сармояи пулӣ (пули нақд, вексел, вомбарг, облигатсияҳо) дода мешавад.
Вобаста ба мӯҳлати адои қарз шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:
1. қарзи кӯтоҳмӯҳлат, яъне қарзе ки мӯҳлати адояш то 1 сол аст;
2. қарзи миёнамӯҳлат, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш то 5 сол аст;
3. қарзи дарозмӯҳлат, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш то 10 сол аст;
4. қарзи дарозмӯҳлати махсус, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш аз 20 то 40 солро ташкил медиҳад.
Вобаста ба хусусиятҳои қарз дар фазо, қарзи байнидавлатӣ, қарзи давлатӣ, қарзи бонкӣ, қарзи тиҷоратӣ, қарзи истеъмолӣ ва қарзи гаравиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
қарзи байнидавлатӣ ҳаракати сармояи судхӯриро дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ меноманд.
қарзи давлатӣ чунин шакли қарзест, ки онро давлат ба аҳолӣ ё ин ки соҳибкорони хусусӣ пешниҳод мекунад. Сарчашмаи асосии ин намуди қарз асосан облигатсияҳои давлатӣ мебошанд.
қарзи бонкӣ чунин шакли қарзест, ки онро муассисаҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, фирмаҳо ва ғайра) ба дилхоҳ субъектҳои хоҷагидорӣ (фирмаҳо, шахсони алоҳида ва ғайраҳо) пешниҳод менамоянд. Ин гуна қарз асосан қарзи пулӣ мебошад.
қарзи тиҷоратӣ чунин қарзест, ки онро як субъекти хоҷагидорӣ ба дигарон дар шакли фурӯши мол бо назардошти пардохти маблағи он пешниҳод намудааст. Ин гуна қарз асосан қарзи молӣ мебошад.
қарзи истеъмолӣ чунин намуди қарзест, ки асосан ба шахсони алоҳида то мӯҳлати 3 сол бо фоизи баланд (то 30%) пешниҳод мешавад. Ин шакли қарз метавонад қарзи молӣ ё қарзи пулӣ бошад.
қарзи гаравӣ чунин шакли қарзест, ки дар асоси ба гарав мондани амволи ғайриманқул (порчаи замин, хона, иншоот ва ғайра) пешниҳод мешавад.