қонунгузорихои зиддимонополи, услуб ва хусусиятхои кунунии он
Маҳз аз сабаби бесуботии раванди бозори рақобати комил, монополикунонии иқтисод ва пайдо шудани шаклҳои гуногуни бозори рақобати нокомил ба миён омадаанд.
ҳукмронии монополияҳо ба яккаҳукмронӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод; муқарраркунии нарх, тамарказии бозор, тақсими захираҳо, истифодаи бераҳмонаи захираҳои табиат, меҳнат, сарватҳои ҷомеа ва ғайра оварда мерасонад.
Монополияҳо барои манфиати шахсӣ аксар вақт аз вазъи монополии худ сӯиистеъмол карда, ба корҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Таҷрибаи давлатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ин чорабиниҳо оиди:
— таҳрифи рақобатгарон, молу хадамот;
— паҳн кардани маълумотҳои бардурӯғ, ё ноҳақ дар хусуси рақибон ва фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии онҳо;
— иттилооти нопурраю бардурӯғ перомуни миқдор, сифат, ҷои истеҳсоли молу маҳсулот, тарзу услуби тавлиди он;
— истифодаи ғайриқонунии марказҳои тиҷорат, корхонаю ширкат ва тамғаҳои фирмавии онҳо; таблиғи бардурӯғ ва дур аз ҳақиқат оиди фаъолияти худ;
— ноҳақ ба ҳам муқоиса ва таққос кардани молҳои худ бо молҳои беҳтарини фирмаҳои маълуму машҳур ва поймол кардани обрӯю эътимоднокии молу маҳсулоти рақибон;
— пеши дасти худ, бидуни иҷозат истифода кардани ихтироотҳо, навовариҳо, иттилоот, натиҷаи илму техника ва дар ин асос истеҳсол кардани молу маҳсулот, паст задани шаъну шарафи маҳсулоти рақибон ва ғайра рух медиҳанд. Аз ин сабаб ҳанӯз дар охирҳои асри Х1Х дар мамлакатҳои инкишофёфтаи капиталистӣ қонунгузориҳо перомуни пешгирӣ кардани ин шакли фаъолияти монополияҳо қабул карда шуда буданд.
Сиёсати зиддимонополи(зиддитрести)-и давлат барои танзими муносибатҳои байни иштирокчиёни мубодилаи бозор перомуни:
а) манъ ё худ маҳдуд намудани хулқу атвор ва носозиҳои фаъолияти кории монополияҳо;
б) ташаккули сохтори иқтисоди бозорӣ, ки дар доираи он мақсад ва дархостҳои рақибон имконпазир мегардад, нигаронида мешавад.
Аз боиси он, ки муносибатҳои бозорӣ дар ҳар як мамлакат дар вақтҳои гуногун ва шаклҳои гуногун бунёд ва ташаккул ёфтаанд, бинобар ин сиёсати муқобили монополӣ (инҳисорӣ) ва роҳу ҳалли фасли онҳо низ ҳархела сурат гирифтаанд. Масалан, дар ИМА, заминаи ба вуҷуд омадани тафриқабандии қонунҳои зиддитрестӣ аз солҳои 1860-1870-ӯм баробари эҳё ва инкишоф ёфтани трестҳо ва таъсири онҳо ба тамаркази истеҳсолот, пешрафти механизатсияи истеҳсолот, густариши шакли ширкатҳои саҳҳомии корхонаҳо оғоз ёфтаанд.
Дар ин давра трестҳо дар соҳаҳои гуногун (нафт, роҳи оҳан, истеҳсоли шакар, ангишт, қӯрғошим, тамоку…) ба вуҷуд омада, бозорро зери тасарруфи худ дароварданд. Усулҳои ба таври сунъӣ баланд кардани нарх, аз байн бурдани рақибон, маҳдуд кардани ҳаҷми маҳсулот, беасос рӯпӯш кардани андоз ва аз худ кардани фоида, давлат ва бизнесро ба изтироб меоварад.
Таҳти талаби бизнес, фермерҳо, харидорон, корхонаву ширкатҳои хурду миёнаи ба трестҳо сару кор доштаю ҷабрдида ва иттифоқи касаба ба давлат муяссар гардид, ки он оиди назорати фаъолияти трестҳо тадбире андешад. Якӯмин тадбири давлат оиди қонунгузории муқобили трестӣ ҷорӣ кардани назорат буд. Назорат дар ду шакл: а) назорати ташкилотҳои ҷамъиятии танзимкунанда оид ба назорати иқтисодии фаъолияти монополияҳои табиӣ ва б) қонунгузориҳои зиддимонополӣ (зиддитрестӣ) тавсиф карда шуд.
Ба таври расмӣ қонунгузории зиддитрестӣ дар ибтидои асри ХХ ба анҷом пазируфт. Ин ҷараён бештар таҳти қонуни Шерман (с.1890) бештар маълуму машҳур гардидааст. Ин қонун, гарчанде хурду кӯтоҳ ва аз ду параграф (абзас) иборат бошад ҳам, он шакли мушаххас тадбирҳоро оиди амалиётҳои ғайриқонунии монополияҳо инъикос карда тавонист. Дар параграфи якӯм манъ кардани амалиётҳои ғайриқонунӣ дар хусуси ба ҳам забон як кардан, ба қарори умумӣ омадану ташкил кардани трест ё худ ягон шакли ба он монанд, маҳдуд гардидани ҳаҷми истеҳсолот, савдои байни штатҳо ё худ байни давлатҳо тасниф шудаанд. Тибқи параграфи дуввӯм ашхосони гунаҳкор — шахсоне, ки хоҳиши монополикунонӣ доранд ва ба ин мақсад байни худ забон як карда қисми истеҳсолот, савдои байни штатҳо ва савдои берунмарзиро аз худ менамоянд, аз озодӣ то ба 1 сол маҳрум ё худ ҷаримабандӣ карда мешаванд (5, 172).
Бо мурури амиқ гаштани ҳукмронии монополияҳо, сабзида расидани капитализм, ба дараҷаи баланди худ — империализм (В.И.Ленин) ва муайян гардидани ноқисию мушкилиҳои қонуни Шерман ва пурра намудани он дар соли 1914қонуни Клейтон қабул карда шуд. Ин қонун ҳамчун қонуни вусъат ва такмил-диҳандаи қонуни Шерман хизмат мекунад. Масалан, ба параграфи дуввӯм тадбирҳо дар хусуси манъ кардани табъизи нархии харидорон, дар ҳолате, ки табъиз ба фарқи хароҷот мусоидат надорад, илова карда шудааст. қонун то ба 8 пункт расонида шуда, дар он лаҳзаҳои маҷбурсозии хариду фурӯши маҳсулот, тибқи шарту шароитҳои муайян манъ кардани хариди саҳмия-ҳои рақибон, агар дар ҳолати муфлисшавӣ бошад, ба ҳам якшавии ширкатҳо, агар менеҷери асосӣ аъзои ширкати рақибку-нанда бошад ва дигар масъалаҳо эзоҳ дода шудаанд (5, 172).
Баробари ин дар соли 1914 қонун дар бораи комиссияи савдои Федералӣ (КСФ) дар ИМА қабул карда шуд. Дар ин қонун қисме аз амалиётҳои рақобат ва рақобатпазирии монополияҳо бидуни адолат ҳисобида мешавад.
Ба ғайриадолатии рақобат, амалиётҳо перомуни нархҳо, табъизи нархӣ, якҷояшавӣ, порахӯрӣ, ҳаннотӣ, шпионажи саноатӣ, паҳн кардани маълумотҳои бардурӯғ дар хусуси фирмаҳои рақибкунандагон, фурӯши молҳо бо воситаи лотерея, истифодаи «фирори мағзҳо» (ба худ ҷалб кардани хизматгарони фирмаҳои рақибкунанда) ва ғайра дохил карда шудаанд.
Ба комиссияи савдои федералӣ ҳаққу ҳуқуқи тафтиш ва муайян кардани раванди ин корҳо дода шудааст.
Дар ИМА бошад ҳамаи қарордодҳои байни фирмаҳои рақобаткунанда оиди тасвиби нарх, маҳдудгардонии ҳаҷми фурӯш, тақсими бозор новобаста ба имконият ва натиҷаҳои он ғайриқонунӣ дониста мешавад. Ин равиши баҳодиҳии фаъолияти монополистӣ дар асоси қоидаи per se, яъне амалияи монополистӣ дар асл ғайриқонунӣ аст, новобаста аз он ки сирати бидуни иҷтимоии онро исбот намудан имконпазир аст ё на, сурат мегирад. Бояд тазаккур дод, ки қонуни зиддиинҳисорӣ умуман қонун дар бораи пурра манъ кардани фаъолияти монополияҳо нест. Сиёсати давлат ҳам комилан зидди трестҳо равона карда намешавад. Давлат баъзан ба монополияҳо гузашт намуда, раванди рақобатро чандир мегардонад.
Аз таҳлили қонунгузориҳои кунунии федералӣ бармеояд, ки сиёсати давлат оиди хоҷагии халқ ва ба он додани саҳми муайяни яккаҳукмронӣ ва ба маҳсулоти истеҳсолкардашуда нигоҳ доштани нархи баланд нисбат ба дараҷаи нархи рақибон равона карда шудааст. Инро нисбати иттифоқҳои касаба низ қайд кардан мумкин аст. Давлат ҳаракати иттифоқҳои касабаро перомуни муқаррар намудани ҳаққи меҳнат аз дараҷаи нархи рақибона баландтарро дастгирӣ менамояд ва талаб мекунад, ки ҳамаи монополистон ҳатман онро иҷро кунанд.
Яке аз воситаҳои дастгирӣ кардани монополияҳо аз ҷониби давлат қабул кардани қонун дар бораи комиссияи савдои федералӣ мебошад.
Аҳамияти қонун дар он аст, ки он 1) диапазони ба ҳисобгирии амалиётҳои ғайриқонунии монополияҳоро васеъ намуда, 2) ҳаққу ҳуқуқи ташкилотҳои зиддимонополиро оиди муоина ва тафтиши корҳои ҷиноятӣ ва кушодани парвандаҳои ҷиноӣ имконияти васеъ фароҳам меоварад.
қонуни Уилер-Ли (соли 1938) ба зиммаи комиссияи мазкур ҷавобгарии масъул оиди корҳои ношоям дар савдо (дурӯғгӯӣ, ҳаннотӣ, таблиғи қалбакӣ, таҳрифи ҳарифон, иттилооти барду-рӯғ…)-ро гузошт. Ин қонун ҳамчун илова ба қонуни Робинсон — Петмен (с.1936) хизмат мекунад. Тибқи ин қонун фаъолият оиди ташкили «нархи қайчӣ», табъизи нархӣ ва ғайра манъ карда мешавад. Дар соли 1950 илова ба қонуни Клейтон, изофапункти Селлер-Кефовер қабул карда шуд. Агар қонуни Клейтон хариди саҳмия ва ба ҳам як шудани монополияҳоро дар сатҳи гори-зонталӣ (уфуқӣ) манъ мекард, қонуни Селлер-Кефовер — харидани унсурҳои моддӣ (сармояи асосӣ ва таҷҳизоти рақибон), ба ҳам якҷояшавии сатҳи вертикали(умуди)-ро низ дарбар гирифта, истеҳсол, фурӯшро манъ мекунад. Тибқи қонуни Селлер-Кефо-вер, харидани унсурҳои моддии фирмаҳое, ки рақобатпазир нестанд ва он ба суст гардидани рақобат оварда мерасонад, манъ карда мешавад. дар давлатҳои Европаи
Дар давлатҳои Европаи ғарбӣ, аз боиси нисбатан ба дараҷаи Америка суст будани дараҷаи тамаркази истеҳсолот, ташкил гардидани картелу синдикат дар иқтисод на манъ, балки ҳавасманд гардонида мешуданд. Дар мамлакатҳои инкишофёфтаи иқтисоди бозорӣ қонунгузориҳои зиддитрестӣ асосан баъди ҷанги дуюми ҷаҳон қабул карда шудаанд. Масалан, дар Австрия, Белгия, Дания, Шветсия, Норвегия, Шветсария гуфтушунид ва баҳам муттаҳид шудани картелҳо иҷозат дода мешавад, агар онҳо аз қайди вазорати адлия гузашта бошанд ва ба амалиётҳои ғайриқонунӣ шуғл наварзанд.
Дар амалияи хоҷагидории Германия қонуни комили зидди монополистӣ дар соли 1957 қабул карда шудааст. Тибқи тақозои ин қонун тасвиби нарх ва аҳду паймон кардани фирмаву ширкатҳо манъ карда мешавад. Дар ҳаёти воқеӣ, охирон ҳамчун истисно ба мақсади омодасозии соҳаҳои шахшудамонда, кам кардани хароҷот дар асоси таҳқиқи якҷояи илмию техникӣ ва ба ихтироотҳою навовариҳо, ташкили маркетингу менеҷмент, кӯмак дар содироту воридот ва ғайра истифода карда мешавад.
Новобаста ба давраи бунёду ташаккул, хислатҳои ҷойгиро-нию дараҷаи такомули бозорӣ рақобати монополистӣ, сиёсати зидди монополистии давлат дар асоси услубҳои муайян ташкил карда мешавад. Дар давлатҳои Европаи ғарбӣ услуби ба мақсад мувофиқ набудани фаъолияти фирма дар ҳолате дониста мешавад, ки амалиёти содиршуда ба манфиати ҷомеа мувофиқ набошад.
Яке аз роҳҳои ҳимоя кардани фаъолияти монополии фирма қабули қонун оиди патентҳо ба ҳисоб меравад. Тибқи қонунгу-зориҳои ИМА ҳифзи ҳуқуқи патентӣ ба мӯҳлати 17 сол муайян карда шудааст. То ин мӯҳлат ягон субъекти ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ҳаққу ҳуқуқи бе иҷозат истифода кардани онро надорад. Ин ҳам як тарзи ҳимояи монополия мебошад. Тадқиқотчиён ақида доранд, ки маҳз дар ҳамин асос ширкатҳои номдори Америка (ҷенерал Электрик, Дюпон…), ки дорои чунин патенту ихтиро-отҳо будаанд, ба зинаи фавқулинкишоф расидаанд.
Аз соли 1960 сар карда, самти ҷадиди танзими давлатӣ — танзими иҷтимоӣ вусъат меёбад. Он ҷараёни шароитҳои истеҳ-соли молу хадамот, таъсири истеҳсолот ба ҳаёти ҷомеа, таснифи ҳар як молу маҳсулоти алоҳидаро дарбар мегирад. Ин чораби-ниҳо аз ҷониби кумитаҳо ва комиссияҳои маълум: Кумитаи идора оиди бехатарии меҳнат ва саломатӣ, дар хусуси масъалаҳои ҳимояву ҳифзи коргарон аз фалокату касалиҳои профессионалӣ; Комиссия оид ба бехатарии молҳои истеъмолӣ дар хусуси муайян кардани нормаҳои бехатарии маҳсулот; Кумитаи идора оид ба ҳифзи муҳити зист дар хусуси танзими моддаҳои заҳролуде, ки тавлидгарон ҳангоми кор ба фазо мепартоянд; Комиссия оид ба риояи шарту шароитҳои қабули коргарони кироя, дар хусуси таъмин кардани занон ва намояндагони миллатҳои бениҳоят хурд бо кор ва ғайра ба роҳ монда мешаванд.
Ин чорабиниҳо ногузир хароҷотҳои иловагиро талаб мекунанд. Ин масрифот аз ҷониби худи монополистон ё худ маъмурияту ҳокимияти маҳаллӣ, ноҳия, штат, губернияҳо перомуни беҳтар кардани сифати молу хадамот, ҷорӣ кардани ихтироот-ҳою навовариҳо, такмили техникаю технология, ҳифзи муҳити зист, коргар, маҳсулот ва ғайра нигаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хароҷоти танзими иҷтимоӣ, ба зиммаи истеъмолгарон гузошта шуда, бо воситаи баланд бардоштани нархҳо воқеӣ гардонда мешавад.