Муносибатхои кишоварзи, мохият ва хусусиятхои он
Мезоиқтисод аз вожаи лотинӣ гирифта шуда, маънои «баъд», «пас аз ё худ баъд аз» ягон ҳодисаро ифода мекунад. Вай, равиш ва сирати зуҳурии ҳодиса, мазмун ва моҳияти муттавасит(миёна)-и зернизоми иқтисоди миллиро инъикос менамояд.
Дар адабиёти кунунии иқтисодӣ ба сифати ҷанбаҳои муҳимтарини мезоиқтисод инҳо мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор дода мешаванд: КАС (комплекси аграрию саноатӣ), КҳС (комплекси ҳарбию саноатӣ), иқтисодиёти сохтмон, савдо, нақлиёт, маориф, зерсохтор (инфраструктура)-и соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, нақш ва мақоми онҳо дар иқтисоди миллӣ (низоми иқтисодӣ), иқтисоди ноҳия, шаҳр, соҳа ва ғайра.
Аз сабаби маҳдуд будани доираи таҳқиқ мо фақат ба яке аз унсурҳои он — комплекси аграрию саноатӣ, махсусан, муносибат-ҳои кишоварзӣ бештар аҳамият хоҳем дод.
Соҳаи кишоварзӣ аз давраи эҳёи ҷомеаи инсонӣ то кунун дар ҳаёти ҷомеа нақш ва мақоми хоса дорад. Он сарчашмаи бо неъматҳои истеъмолӣ қонеъ гардондани талаботи инсон ва баланд бардоштани дараҷаи беҳбудии ҳаёти ҷомеа ҳисобида мешавад.
Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун узви пайвастаи иқтисоди миллӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар соҳаҳо (саноат, нақлиёт, савдо, сохтмон…) ба вуқӯъ пайваста, ботадриҷ ташаккул ва инкишоф меёбад.
Дар ташаккул ва таҳаввули назарияи кишоварзӣ мутафаккирони зиёде саҳмгузорӣ карда, муайян кардаанд, ки:
— дар соҳаи зироаткорӣ қонуни бартарии хоҷагиҳои калон нисбат ба хоҷагиҳои хурд амал мекунад. Афзалияти корхонаҳои калон дар дараҷаи баланди таъмин будан бо техника, ташкили беҳтарини агротехникаю агробизнес, сарфаи воситаҳои истеҳсолот, ташкили шакли қу-лайтарини меҳнату истеҳсолот, афзалият ҳангоми фурӯш ва хариди маҳсулот, воситаҳои истеҳсол ва гирифтани қарз мушоҳида карда мешавад;
— қонуни тахсис (махсусгардонӣ) ва тамарказ(кон-сентратсия)-и истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ махсусияти худро дошта, доира ва ҳадду ҳудуди амали онҳо дар ин соҳа нисбат ба саноат маҳдуд мебошад;
— муносибатҳои кишоварзӣ вобаста ба истифодаи замин ҳамҷун объекти хоҷагидорӣ ва ҳамҷун объекти моликият, ки мустақиман дар муносибатҳои рентавӣ таҷассум меёбанд, дорои хусусиятҳои хос мебошанд ва он ҳамчун муносибати байни субъектҳои иқтисодӣ оиди истеҳсол, тақсим ва истифодаи даромад (рента) аз замин сурат мегирад;
— замин бидуни меҳнат «бордор» шуда неъмат тавлид намекунад. Он ба худ хос қиммат дошта, ба объекти мубодила табдил меёбад. ҷисман маҳдуд ва таҷдиднашаванда мебошад;
— аз нигаҳи таърих, соҳаи кишоварзӣ гарчанде соҳаи сарнахуст дар ҳалқаи хоҷагии халқ ба шумор равад ва ҳазорсолаҳо пештар аз саноат эҳё гардида бошад ҳам он нисбат ба охирон тамоюли ақибмонӣ дорад ва онро бо ду роҳ, экстенсивӣ ва интенсивӣ пеш бурдан имконпазир мебошад;
— муносибатҳои кишоварзӣ ва рентавӣ дар чорчӯбаи муносибатҳои хос, қонуниятҳои иқтисодӣ ва қонуни асосии иқтисодии ҳар як низоми иқтисодӣ ва тарзу услуби истифодаи «дастаи ҳуқуқи» моликият ташкил карда мешавад;
— меҳвари асосии таҳрикдиҳандаи муносибатҳои кишоварзиро манфиатҳои иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ташкил медиҳад;
— муносибатҳои кишоварзӣ таҳти таъсири сиёсати иқтисодии давлат қарор гирифта, рушд ва такмил меёбанд;
— кишоварзӣ фаъолияти худро дар асоси таваккалӣ ба роҳ мемонад. Он на фақат раванди таъсири табиат, балки вайрон шудани экология, ифлос шудани муҳити зист ва заҳролудшавии маҳсулоту организми зиндаи инсонро низ дарбар мегирад.
Кунун муайян карда шудааст, ки тавлидоти кишоварзӣ дар асоси «дастҳои ноайён», яъне қонунҳои иқтисодӣ амал мекунад. Дар ин бахш якӯмин шуда қонуни иқтисодии нодир зуҳур меёбад. Дар воқеъ, сарчашмаҳои тавлидоти кишоварзӣ (замин, хусусан заминҳои киштбоб) маҳдуданд ва неъматҳои иқтисодие, ки аз он бардошта мешаванд, низ маҳдуд мебошанд. Аз ин ҷиҳат замин ҳамчун захираи иқтисодии маҳдуд ва ҳамчун нодир қадрши-носӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат (ҳам маҳдуд ва ҳам нодир будан) замин ҳамчун неъмати иқтисодӣ баромад мекунад.
Аз ин нуқтаи назар аз давраҳои қадим то рӯзҳои мо, инсон нисбат ба замин ҳамчун сарчашмаи ғизодиҳанда ва бо ризқу рӯзӣ таъминкунанда, бо нигоҳи нек ва чашми хоҷагидорӣ муносибат мекунад. ҷомеа вобаста ба ҳаҷму меъёр ва маҳсулнокии замин, имконияти захира кардани ҳаҷми озуқаворӣ ва қонеъ гардондани талаботи аҳолиро ба эътибор мегирад. Дар ҳолати паст будани қудрат ва нерӯи истеҳсолоти кишоварзӣ, ҷомеа рӯ ба буруни мамлакат ниҳода, тақозои қонеъ нагардидаи худро аз ҳисоби сарчашмаҳои беруна пурра мекунад. Аз ин нигоҳ масъалаи пурра таъмин кардани аҳолӣ бо озуқа ва мустақилияти истиқлолияти ҳар як давлат ба ҳаҷм ва дараҷаи истеҳсолоти кишоварзӣ нигаронида мешавад.
Шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки ҷомеаи инсонӣ дар гузашта, то қунун тарз ва услубҳои мухталифи кишти замин, коркарду баланд бардоштани ҳосилхезии он, ташкили кору меҳнат (кооперативонӣ, комбинаткунонӣ, махсусгардонӣ, тамарказ ва марказияти истеҳсолот), ҳамгироии соҳаҳои кишоварзӣ (комплексҳои кишоварзию саноатӣ, иттиҳодияҳои байнихоҷагӣ) ва ғайраро оиди истеҳсолу коркардабарории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ истифода менамояд.
Худ аз худ истифода кардани замин, растаниҳову ҳайвонҳо ба мақсади қонеъ гардонидани талабот, ҳанӯз маънои ташаккули муносибатҳои иқтисоди(кишоварзи)-ро надорад. Ташаккули муносибатҳои кишоварзӣ аз давраи тағйир ва дигаргунсозии предметҳои табиат (ғун кардани ғалладона, кишт кардану гирифтани ҳосил…) ва ба вуҷуд омадани соҳаҳои махсуси истеҳ-солоти ҷамъияти (заминдорӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ…) оғоз ёфта, то ба дараҷаи инкишофи индустриалии муосир расидааст. ҷавҳари пешбаранда ва ҳаракатдиҳандаи онро меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад. Маҳз, ба туфайли меҳнати кишоварзон ҷомеа имконият пайдо кард, ки на фақат тухми растаниҳоро кӯр-кӯрона ҷамъоварӣ намояд, ҳайвонҳоро ром карда ба сифати қувваи кори истифода барад, балки тӯли қарнҳо тарзу услуби кишту киштгардон, баланд бардоштани сифату ба вуҷуд овардани навъҳои нави онҳо, мутобиқгардонӣ вобаста ба иқлим, ғун кардану истифодаи таҷрибаҳои пешқадамро оиди баланд бардоштани маҳсулнокии зироати чорво истифода кунад.
Инсон тавонист бар зидди насозиҳову ноқисиҳои табиат истодагирӣ карда, вайронаҳоро обод, биёбонҳоро обшор, дарёҳоро банд, ҳаҷм ва миқдори заминҳои коршоямро афзун гардонад ва баробари ин тозагии муҳити зистро нигоҳ дорад.
Муносибатҳои кишоварзӣ ҳамчун узви муҳимтарини муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷониби субъект ва агент(намоянда)-ҳои иқтисодӣ, оиди хусусиятҳои «дастаи ҳуқуқ»-и моликият (истифода, ихтиёрдорӣ, азони худ ва соҳибию идора кардани замин) сурат мегирад.
Дараҷа ва сатҳи охирон, вобаста ба дараҷаи пешрафту тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, сирати рушди низомҳои иқтисодӣ, ташаккули шаклҳои хочагиҳои ҷамъиятӣ, умумигардонии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва шаклҳои моликият ҳархела ташкил мегардад.
Муносибатҳои кишоварзӣ аз нигаҳи тафриқабандии рушди низомҳои иқтисодӣ бо хосиятҳои хос ташкилу инкишоф меёбад.
Масалан, тибқи назардошти «иқтисоди сиёсии марксистӣ», дар давраи феодализм, замин ба заминдорон (феодалҳо, бойҳои заминдор…) тааллуқ дошта, муносибатҳои байни ду синф — феодал (соҳиби замин) ва деҳкон (истифодабаранда, иҷорагир) сурат мегирад.
Замин ҳамчун сарчашмаи ғизодиҳандаи ҳам деҳқон ва ҳам феодал хизмат мекунад. Он ҳамчун мояи асоситарини истисмори деҳқон ба ҳисоб меравад. Порчаи (қитъаи) замини дар ихти-ёри деҳқон буда, такрористеҳсоли қувваи кории он ва қитъаи замини хӯҷаин — маҳсулоти изофа ба вуҷуд оварда, он аз ҷониби соҳибони замин дар шакли рента азони худ карда мешавад.
Дар шароити капитализм муносибатҳои аграрӣ дорои муносибатҳои хос мебошанд. Замин ҳамчун омили истеҳсолот ва унсури муҳимтарини захираҳои иқтисодӣ, моликияти хусусӣ буда, ба заминдорони калон таалуқ дорад ва ба капиталистони иҷорагир ба иҷора дода мешавад. Дар ин асно ҳуқуқи соҳибӣ ва истифодаи замин муваққатан аз соҳиби замин ба иҷорагир гузашт карда мешавад. Замин ҳамчун мол ба объекти хариду фу-рӯш табдил меёбад. Деҳқон ва коргарони корхонаҳои кишо-варзӣ аз ҷониби соҳибони замин ва капиталистони иҷорагир истисмор карда мешавад. Дар ин ҷо замин ҳамчун объекти моликият ва ҳамчун объекти хоҷагидорӣ аз ҳам ҷудо мегардад. Аз ин ҷиҳат монополия ба замин ҳамчун моликияти хусусӣ ва монополия ба замин — объекти хоҷагидорӣ ба миён меояд, ки онҳо сабаби ба вуҷуд омадани ду шакли рента — рентаи мутлақ ва рентаи тафриқавӣ мегарданд. Барои капитализми томонополистӣ, асосан тафриқашавӣ ва хонахароб гардидану аз байн рафтани моликияти майдаи деҳқонон ба замин ва табдил ёфтани онҳо ба коргарони кироя хос мебошад. Муносибатҳои аграрӣ дар шароити капитализми давлатии монополистӣ дорои хусусиятҳои хос мебошад. Прогресси техникӣ бо таври оммавӣ ба муфлисшавии фирмаҳои хурд ва деҳқонон оварда мерасонад. Дар хо-ҷагии қишлоқ раванди тамарказ ва марказияти моликият ба замин ривоҷ меёбад. Охирон, торафт ба монополияҳо тобеъ мегардад. Дар натиҷа муносибатҳои аграрӣ тағйир ёфта, деҳқонон муфлис ва аз замин ронда мешаванд. Онҳо ба коргарони кироя табдил меёбанд. Дар навбати худ қисми зиёди заминҳои беҳта-рин ба дасти монополистони алоҳида андӯхта шуда, корхонаҳои калони кишоварзӣ, ки начандон вазни қиёсии зиёде доранд, қисми зиёди заминро доро буда, маҳсулоти зиёди молӣ мебароранд ба вуҷуд меоянд.
Бо боварии том метавон гуфт, ки барои муносибатҳои кишоварзии капиталистӣ чунин хислатҳо хос мебошанд:
— мавҷуд будани моликияти хусусӣ ба замин. қисми асосии замин дар ихтиёри заминдорони калон буда, онро ба капиталистони иҷорагир ба иҷора медиҳанд ва даромад (рента)-и ба вуҷуд омадаро байни худ тақсим мекунанд;
— замин ба объекти хариду фурӯш табдил ёфта, таҳти таъсири омилҳои гуногун (тақозо ва арзаи замин) қарор мегирад;
— истисмор кардани деҳқонон ва коргарони соҳаи ки-шовар-зӣ аз ҷониби заминдорони калон ва капиталистони иҷорагир;
— аз ҳам ҷудо сохтани замин ҳамчун объекти моликият ва ҳамчун объекти хоҷагидорӣ ва дар ин асос ба вуҷуд омадани ду шакли монополия: монополия ба замин ҳамчун объекти моликият ва монополия ба замин ҳамчун объекти хоҷагидорӣ, ки онҳо сабаби ба вуҷуд омадани ду шакли рента — рентаи мутлақ ва рентаи тафриқавӣ мегарданд;
— тафриқшавӣ ва муфлис гаштани деҳқонон, нест карда шудани моликияти майдаи деҳқонӣ ба замин ва табдилсозии деҳқонон ба коргари кироя;
— пурзӯр ва амиқ гаштани раванди тахассус, тамарказ ва марказияти истеҳсолоти кишоварзӣ, ҳукмронии монополия ва олигополия дар соҳаи КАС, ташаккули низоми хоҷагиҳои фер-мерӣ, кооперативҳои хоҷагии қишлоқ, ассотсиатсияҳои деҳқонӣ, ширкатҳои саҳҳомӣ ва ғайра;
Дар эҳё ва ташаккули муносибатҳои кишоварзӣ ҷаҳони сотсиализм истисно нест. ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз ба шарофат ва туфайли ин ҷаҳон эҳё ва густариш ёфтааст, ҳамчун ҷузъи муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ дар ин ҷода саҳми муайяне гузоштааст. Таърихи пайдоиш ва инкишофи муносибатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таркиби ягонаи низоми иқтисодии Шӯравӣ, аниқтараш Руссия ташкил ёфтааст.
Ба муносибатҳои кишоварзии низоми амрӣ (сотсиалистӣ) чунин хислатҳо хос мебошанд:
— нест кардани моликияти хусусӣ ва ҳама гуна шаклу намудҳои он нисбат ба замин. Ба моликияти умумихалқӣ (давлатӣ) табдил додани замин;
— манъ шудани фурӯши замин, нест кардани монополия ба замин ҳамчун объекти моликият (яъне рентаи мутлақ);
— ба миён омадани шаклҳои нави моликият ва намудҳои хоҷагидорӣ: совхозҳо, госхозҳо, колхозҳо, хоҷагиҳои шахсӣ, хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ;
— вусъат ёфтани идора ва планкашии мутамарказ, аз марказ муайян карда шудани ҳаҷм, таркиб, нарх, нормаю нормативҳо, тақсими даромад, таъминоти воситаҳои истеҳсолот…;
— таи солҳои аввал (то ибтидои солҳои 1960) мавҷуд набудани ҳисоби хоҷагӣ, яъне мустақилияти хоҷагидорӣ, худидораю худтаъминкунӣ, ҳавасмандии шахсӣ ва ғайра.
Бояд тазаккур дод, ки дар ихтиёри корхонаҳои калони хоҷа-гии қишлоқ қисми зиёди нерӯи (потенсиали) захираҳо андӯхта шуда буданд. Дар ихтиёри системаи давлатӣ дар СССР 98,4-фоизи ҳамаи заминҳои корамшавандаи хоҷагии қишлоқ, 97,1-фоизи киштзор, заминҳои бекорхобида ва чарогоҳ, 64-фоизи растаниҳои бисёрсола, 98-фоизи алафдаравӣ мавҷуд буд.
Дар амалияи хоҷагидорӣ байни корхонаҳои давлатӣ (совхоз, гозхоз, лесхоз) ва колхозҳою кооперативҳо фарқи куллие ву-ҷуд надошт. Давлат нисбат ба колхозҳо ҳукмронии иқтисодиро нигоҳ дошта, тарзи хоҷагидории онро муайян мекард. Гарчанде маблағгузории зиёд ва фондғунҷоиши баланд вуҷуд дошта бошад ҳам боздеҳи фонд ва ҳосилнокии меҳнат хеле паст буд. Масалан, дар солҳои 80-ӯм маҳсулнокии ҳар гектар замини дар ихтиёри хоҷагиҳои шахсӣ буда, нисбат ба заминҳои совхоз — 29 ва колхоз — 13 маротиба баландтар буд. Ин таносубӣ дар зироат-корӣ — 22:1 ва дар соҳаи чорводорӣ — 33:1- ро ташкил медод.
Муносибатҳои кишоварзӣ, новобаста аз сират ва хусусият-ҳои фарқкунандаи худ, дар доираи низомҳои мухталифи иқтисо-дӣ, таҷдид(азнавтакрор, барқарор) карда мешаванд. Такрорис-теҳсоли муносибатҳои кишоварзӣ нисбат ба дигар соҳаҳо хусусияти хоса дорад. Инҳо чунинанд:
— дар хоҷагии қишлоқ воситаи асосии истеҳсолот замин мебошад, ба сифати воситаҳои истеҳсолот дар ин ҷо растанӣ ва ҳайвонот истифода карда мешавад;
— ҳаҷми барои кишту кор истифодашавандаи замин маҳдуд ва қисми манфиатноки он нисбатан васеъ мебошад. Аз ин сабаб қувваи коргарӣ ва воситаҳои истеҳсолот дар доираи ҳамин замини маҳдуд ҷойгиронда мешаванд, зарурат ба ҷойивазкунии воситаҳои истеҳсолот ба миён меояд. Масалан, дар ҷумҳурии Тоҷикистон 85-фоиз аҳолӣ дар ҷойҳои пастию ҳамвор ва 15-фоизи боқимонда дар мавзеъҳои кӯҳӣ ҷойгиранд. 7-фоизи ҳам-ворие, ки дар сарзамини тоҷикон мавҷуд аст, пурра аз худ карда шуда, пур аз аҳолӣ мебошад. Зичии аҳолӣ дар ин минтақаҳо 200-300 нафарро дар ҳар як км2 ташкил медиҳад. Ин рақамҳо дар ноҳия ва мавзеъҳои кӯҳӣ ба 15-20 нафар ва вилояти Бадахшони Кӯҳӣ 4-5 нафар ба ҳар як км2 рост меояд;
— дар хоҷагии қишлоқ омилҳои иқтисодӣ ва омилҳои табиӣ дар алоқамандӣ баромад мекунанд. Дар ин ягонагӣ нақш ва мақоми омилҳои табии, яъне шароитҳои табиию иқлим бартарӣ доранд. Масалан, иқлими Тоҷикистон континенталӣ буда, тобистон ҳаво то 50-дараҷа гарм ва зимистон то 50-дараҷа хунук мешавад;
— ба хоҷагии қишлоқ сирати хосаи тақсими ҷамъиятии меҳнат ва тахсиси истеҳсолот хос мебошад. Дар ин ҷо як ё ду соҳаи асосие вуҷуд дорад, ки бо дигар соҳаҳо алоқаманд шуда, раванди ягонаи кишоварзиро ташкил медиҳад. Заминдорӣ ба соҳаҳои алоҳида тақсим нашуда, он барои тавлиди ин ё он намуди маҳсулот махсус гардонда мешавад. Соҳаҳои боқимонда бошанд вобаста ба хислат, нақш ва мақоми он фаъолияти худро ташкил ва мутобиқ месозанд;
— такрористеҳсол вобаста ба шаклҳои моликият (колхоз, совхоз, ширкатҳои саҳҳомӣ, рафиқона, кооперативҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ) ҳархела ташкил карда мешавад. Аз ин ҷиҳат дараҷаи рушд ва болоравии соҳаи кишоварзӣ бо таври мухталиф сурат мегирад.