Бозори қоғазхои қиматнок

Бозори қоғазҳои қиматнок яке аз шаклҳо ва қисматҳои маъмули бозори сармоя буда, барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ сарчашмаи асосии захираҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Пайдоши бозори қоғазҳои қиматнок ба мавҷудият ва инкишофи талабот ба захираҳои қарзӣ вобаста аст. Бозори қоғазҳои қиматнок бар истифодаи сармояи судхӯрӣ (қарзӣ) асос меёбад ва ҳаракати (хариду фурӯши) қоғазҳои қиматнок ин истифодаи сармояи пулиро ба мақсади судхӯрӣ (даромади муфт гирифтан) ифода менамояд. Дар чунин сурат қоғазҳои қиматнок шакли ҳуҷҷати қарзиро мегиранд. Вазифаи асосии бозори қоғазҳои қиматнок ин зудҳаракатии (мобилизатсия) маблағҳои пулии субъектҳои иқтисодӣ барои ташкил ва равнақи истеҳсолот мебошад. Бозори қоғазҳои қиматнокро метавон ба бозори аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо намуд. Дар бозори аввалиндараҷа қоғазҳои қиматноки навинтишоршуда хариду фурӯш карда мешаванд, ки дар натиҷа интишоркунандаи он соҳиби сармояи пулӣ ва харидорон соҳиби қоғазҳои қиматнок мегарданд. Нархи қоғазҳои қиматноки дар бозори авалиндараҷа харидуфурӯшшаванда ба арзиши номиналии онҳо, яъне маблағе, ки дар онҳо нишон дода шудааст, баробар аст. Соҳибони қоғазҳои қиматнок метавонанд онҳоро ба дигар субъектҳои иқтисодӣ фурӯшанд ва ин боиси пайдоиши бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қиматнок мегардад. Дар ин шакли бозор нархи (қурби) қоғазҳои қиматнок ба омилҳои гуногун, аз қабили даромади ширкатҳои саҳҳомӣ, вазъи сиёсӣ, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ва фоизи қарзи бонкӣ вобаста мебошад.

Дар бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қиматнок гардиши биржавӣ ва гардиши ғайрибиржавиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Гардиши биржавии қоғазҳои қиматнок хариду фурӯши онҳо дар биржаи фондӣ мебошад.

Гардиши ғайрибиржавии қоғазҳои қиматнок хариду фурӯши онҳоро берун аз биржаҳо мефаҳмонад. Сабаби асосии ҷой доштани гардиши ғайрибиржавӣ дар он аст, ки ҳар як биржаи фондӣ талаботҳои худро дорад ва на ҳама ширкатҳо ба ин талаботҳо розӣ мешаванд. Гузашта аз ин, хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок берун аз биржа хароҷоти ширкатҳоро кам мекунад. Дар бештар мавридҳо ба ин кор фирмаҳои махсуси брокерӣ сару кор доранд. Воситаҳои асосии гардиши ғайрибиржавӣ алоқаи телефонӣ, интернет, факс ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Биржаи фондӣ гуфта, бозори муташаккили қоғазҳои қиматнокро меноманд, ки дар он хариду фурӯши онҳо сурат мегирад. Биржаи фондӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

алоқамандии харидорон ва фурӯшандагони қоғазҳои қиматнокро таъмин менамояд;

қурби қоғазҳои қиматнок ва муносибати сармоядоронро нисбат ба ҳар яки онҳо муайян менамояд;

ба сифати механизми ҳаракати сармоя аз як соҳа ба соҳаи дигар баромад менамояд.

Биржаҳои фондӣ метавонанд ба сифати ширкатҳои саҳҳомӣ дар асоси моликияти коллективӣ ва ба сифати муассисаи давлатӣ дар асоси моликияти давлатӣ ташкил карда шаванд.

2.07K
Нет комментариев. Ваш будет первым!