Танзими макроиқтисодии системаи пули-қарзи
Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) гуфта, маҷмӯи чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар бахши пулию қарзӣ ба хотири таъмини тараққиёти мӯътадили иқтисодӣ андешида мешаванд. Ин гуна сиёсатро Бонки марказӣ дар якҷоягӣ бо ҳукумат амалӣ менамоянд. Мақсади асосии сиёсати монетарӣ идоракунии фаъолияти хоҷагидорӣ, мӯътадил гардонидани дараҷаи нарх, бозсозии таркиби иқтисодиёт, мустаҳкам намудани қурби пул, таъмини шуғли пурра ва таъмини рушди иқтисодӣ мебошад. Воситаҳои асосии сиёсати монетарӣ инҳо мебошанд: Амалиёт дар бозори кушод; Тағйирот дар меъёри захираҳои ҳатмӣ; Тағйироти фоизи қарз.
Аз ҳамин ҷиҳат дар зери мафҳуми сиёсати монетарӣ идоракунии дараҷаи фоиз, бузургии миқдори пул ва идоракунии қарзро низ мефаҳманд.
Амалиёт дар бозори кушод (идоракунии қарз) гуфта, хариду фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатиро аз тарафи Бонки марказӣ меноманд.
Тағйирот дар меъёри захираҳои ҳатмӣ яке аз воситаҳои асосии таъсири Бонки марказӣ ба миқдори пул мебошад. Мувофиқи қонун бонкҳои тиҷоратӣ як қисми захираҳои худро ҳатман бояд ҳамчун захира дар Бонки марказӣ нигоҳ доранд, ки андозаи онро Бонки марказӣ муайян мекунад.
Тағйироти дараҷаи фоизи қарз (сиёсати дисконтӣ) аз ҷониби Бонки марказӣ сурат мегирад. Дараҷаи фоизи қарз гуфта, меъёри фоизеро меноманд, ки ба воситаи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарзи кӯтоҳмуддат медиҳад.
Вобаста ба вазъи иқтисодӣ сиёсати монетарӣ дар ду шакл зоҳир мегардад:
1.Сиёстаи пулҳои арзон, ки асосан ҳангоми ҷой доштани бӯҳрони иқтисодӣ ва баланд шудани дараҷаи бекорӣ истифода карда мешавад. Мақсади асосии ин сиёсат арзон кардани қарз, зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ, истеҳсолот ва шуғл мебошад. Сиёсати мазкур тавассути чораҳои зерин амалӣ мешавад:
паст кардани дараҷаи фоизи қарз, ки ба бонкҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад аз Бонки марказӣ бештар қарз гирифта, захираҳои худро зиёд намоянд;
Бонки марказӣ дар бозори кушод қоғазҳои қиматнокро харида мегирад ва ба ивазашон захираҳои бонкҳои тиҷоратиро зиёд мекунад, ки дар натиҷаи он миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад;
Бонки марказӣ андозаи захираҳои ҳатмиро кам мекунад, ки дар натиҷаи он захираҳои зарурӣ ва миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад.
2. Сиёсати пулҳои қимат, ки бо мақсади кам кардани миқдори пул дар муомилот амалӣ карда мешавад. Чораҳои асосии амалӣ намудани сиёсати пулҳои қимат инҳо мебошанд:
баланд кардани дараҷаи фоизи қарз, ки боиси камтар қарз гирифтани бонкҳои тиҷоратӣ аз Бонки марказӣ мешавад;
фурӯши қоғазҳои қиматнок аз тарафи Бонки марказӣ дар бозори кушод, ки ба кам шудани миқдори пул дар муомилот оварда мерасонад;
баланд кардани дараҷаи захираҳои ҳатмӣ, ки боиси кам шудани захираи зарурӣ ва миқдори пул дар муомилот мегардад.