МАЧМӯИ ДАРОМАДХОИ АХОЛИ ВА СИЁСАТИ ИЧТИМОИИ ДАВЛАТ

1. Даромади аҳолӣ ва сарчашмаҳои он. Даромади номиналӣ ва ҳақиқӣ.

2. Сатҳи зиндагии аҳолӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда.

3. Камбизоатӣ: сабабҳо ва шаклҳои он.

4. Тақсими даромадҳои аҳоли. Каҷхатаи Лоренс

5. Системаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва сиёсати иҷтимоии ҳукумати ҶТ.

1. Даромади аҳолӣ ва сарчашмаҳои он. Даромади номиналӣва ҳақиқӣ.

Натиҷаи тақсимоти маҳсулоти миллӣ дар даромад ифода меёбад. Даромад гуфта, суммаи маблағҳои пулиеро меноманд, ки дар мӯҳлати муайяни вақт ба даст оварда шудаанд.

Мафҳуми даромадро барои инъикос намудани натиҷаи истифодаи омилҳои истеҳсолот низ истифода мекунанд. Ба ақидаи бештари иқтисодчиён даромад афзоиши арзиши маҳсулоти истифодашударо бар хароҷотҳои он инъикос менамояд.

Сарчашмаҳои асосии даромади аҳолӣ ва умуман, оилаҳо инҳо мебошанд:

музди кор;

даромад аз моликият (дивидентҳо, фоизи қарз, рента ва иҷорапулӣ);

пардохтҳои трансфертӣ (нафақа, идрор, кӯмакпулӣ, хизматҳои бепул дар соҳаи тандурустӣ ва маориф);

даромад аз дигар сарчашмаҳо (мерос, тӯҳфаҳо ва ғайра).

Ба даромадҳои аҳолӣ омилҳои зерин таъсир мекунанд;

дараҷаи ҳадди ақали музди кор;

тағйирёбии нарх;

афзоиши арзаи молу хизматҳо.

Вобаста ба таъсири ин омилҳо даромади аҳолиро ба ду шакл ҷудо мекунанд: даромади номиналӣ ва даромади ҳақиқӣ.

Даромади номиналӣ гуфта, миқдори маблағи пулиеро меноманд, ки шахсони алоҳида мегиранд.

Даромади ҳақиқӣ миқдори молу хизматҳое мебошад, ки бо даромади номиналӣ харида мешаванд. Аз ҳамин ҷиҳат бузургии даромади ҳақиқӣ аз дараҷаи нархҳо вобаста мебошад.

Вобаста ба қонуни будани фаъолият (меҳнат) шаклҳои зерини даромадро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

даромади меҳнатии қонунӣ – даромадҳое, ки аз ҳамаи намуди фаъолиятҳои қонунӣ гирифта мешаванд;

даромадҳои ғайримеҳнатии ғайриқонунӣ – даромад аз порахурӣ, дуздӣ, фиребгарӣ ва ғайра;

даромадҳои меҳнатии ғайриқонунӣ – даромад аз фаъолиятҳои меҳнатии манъшуда, масалан, даромаде, ки аз баҳогузории нодурусти меҳнат гирифта мешавад;

даромадҳои ғайримеҳнатии қонунӣ – даромадҳое, ки бо андозаҳои муайян дар вақти муайян ситонида мешавад. Масалан, иҷорапулии хона, мерос, бурди лоторея ва ғайраҳо.

Дар таркиби даромадҳои аҳолии Точикистон мавқеи асосиро музди кор, фоидаи соҳибкорӣ ва даромад аз замини наздиҳавлигӣ ташкил медиҳанд. Масалан, соли 2005 таркиби миқдории даромадҳои аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон чунин буд: музди кор – 45,6%, нафақа, ёрдампулӣ ва идрор – 3,1%, ҷубронпулиҳо – 3,9%, даромад аз фурӯши амволи ғайриманқул – 0,2%, даромад аз хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ – 28,9% ва дигар даромадҳои пулӣ – 18,3%.

2. Сатҳи зиндагии аҳолӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Мақсади асосии ҳар гуна фаъолияти иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Сатҳи зиндагии аҳолӣ гуфта, дараҷаи истеъмоли неъматҳои моддӣ ва хизматҳоро меноманд. Дараҷаи истеъмоли неъматҳои моддию хизматҳо аз рӯи хароҷоти оилаҳо муайян карда мешавад. Дар навбати худ хароҷоти оилаҳо аз унсурҳои зерин таркиб ёфтаанд:

андозҳо;

пардохтҳои иҷтимоӣ;

пардохтҳо ба хизматҳои коммуналӣ (барои барқ, пардохти хона ва ғайра);

хароҷот барои харидани молҳо;

хароҷотҳои иҷтимоӣ (барои фароғат, гирифтани маълумот ва ғайра);

хароҷот барои нақлиёт;

пасандозҳо ва ғайраҳо.

Дар назарияи иқтисод мафҳуми сифати зиндагиро низ истифода мебаранд, ки он дар баробари сатҳи зиндагӣ нишондиҳандаҳои зеринро низ дар бар мегирад: бехатарии меҳнат, дараҷаи маданӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва ғайра.

Дар мамлакатҳои муттарақӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ нишондиҳандаи «бузургии сабати истеъмолӣ»-ро истифода мебаранд. Сабати истеъмолӣ гуфта, маҷмӯи неъматҳои истеъмолӣ ва хизматҳоеро меноманд, ки барои таъмини талаботи оилаи миёна лозим аст. Сабати истеъмолӣ аз молҳои хӯрокворӣ, молҳои ғайрихӯрокӣ ва хизматҳо таркиб меёбад.

Ба сатҳи зиндагии аҳолӣ омилҳои зерин таъсир мекунанд:

дараҷаи даромад, ки бо афзоиши он истеъмолот зиёд мешавад ва баръакс;

дараҷаи нархҳо, ки бо болоравии онҳо даромади ҳақиқӣ кам шуда сатҳи зиндагӣ паст мешавад;

меъёри андоз ба даромади шахсони воқеӣ ва меъёри андоз ба фоидаи шахсони ҳуқуқӣ.

3. Камбизоатӣ: сабабҳо ва шаклҳои он

Аз нигоҳи илми назарияи иқтисод камбизоатӣ вазъи иҷтимоию иқтисодии хоҷагиҳои хонагиест, ки дар дараҷаи нисбатан пасти таъмини захираҳои моддию пулӣ ва дараҷаи пасти таъмини талаботҳои маънавӣ, моддӣ ва табиӣ-физиологиашон қарор доранд. Дар амалияи ҷамъиятӣ аз дигар таърифҳо низ истифода мебаранд. Масалан, мувофиқи ҳисоботи байналхалқӣ оид ба тараққиёти инсоният дар соли 1996 «камбизоатӣ мавҷуд набудан, ё ин ки маҳдуд будани имкониятҳои таъмини талаботи инсонҳоро оид ба гирифтани маълумот, таъмини тарзи ҳаёти солим ва дастрасии захираҳои зарурӣ, меноманд».

Мувофиқи қарори Шӯрои иқтисодию иҷтимоии СММ аз 19 декабри соли 1984 ба шумули камбизоатон, одамон ё оилаҳое дохил мешаванд, ки соҳиби захираҳои маҳдуданд ва инчунин, таъминот бо захираҳо барои таъмини тарзи мақбули ҳаёт дар давлате, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, имконият намедиҳад.

Дар назарияи иқтисод барои таҳлили камбизоатӣ консепсияҳои мутлақ ва нисбии муайян намудани камбизоатиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Консепсияи камбизоатии мутлақ ба фаҳмиши ҳудуди камбизоатӣ такя менамояд, ки он ба бузургии арзиши сабати истеъмолии камтарин (минималӣ) баробар аст. ҳудуди камбизоатӣ барои ҳар як давлат гуногун мебошад. Масалан, он соли 1998 дар ИМА ба 172,8 доллар дар як сол, соли 2001 дар Эстония ба 99 доллари амрикоӣ ва дар қазоқистон соли 2001 қариб 144 доллари амрикоиро ташкил медод.

Алҳол Бонки ҷаҳонӣ барои муқоисаи байналҳалқӣ меъёрҳои зеринро барои муайян намудани ҳудуди камбизоатӣ муқаррар намудаст:

барои давлатҳои мутарраққӣ ҳудуди мутлақи камбизоатӣ 14,4 доллари амрикоӣ дар як рӯз (бо паритети қобилияти харидорӣ);

барои давлатҳои ба иқтисоди бозорӣ гузаранда 4 доллари амрикоӣ дар як рӯз (бо паритети қобилияти харидорӣ);

барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ 1-2 доллари амрикоӣ дар як рӯз (бо паритети қобилияти харидорӣ);

Мувофиқи консепсияи камбизоатии нисбӣ ба камбизоатон онҳое дохил мешаванд, ки сатҳи зиндагиашон аз стандартҳои истеъмолии мавҷуда дар давлат пасттар мебошад. Ин консепсия бар тадқиқотҳои олими англис П. Таусента асос ёфта, маҳрумии нисбиро аз захираҳои моддию молиявӣ ифода мекунад. Масалан, мувофиқи стандарти европоии «иҷтимоиёти камтарин» оилаҳое камбизоат ҳисобида мешаванд, ки:

танҳо дорои ду ҷуфти пойафзол ба сари як одаманд;

мошини ҷомашӯӣ надоранд;

яхдон надоранд;

ба дигарон имконияти тӯҳфа кардан надоранд;

имконияти гарм кардани хонаҳояшонро надоранд;

ҳаммом ва ҳоҷатхона надоранд;

имконияти дар ду рӯз як маротиба харидории гӯшти мурғу моҳиро надоранд;

имконияти харидорӣ намудани либоси навро надоранд ва ғайра.

Дар кишварҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф камбизоатӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад:

гуруснагӣ;

дастрас набудани оби нӯшокии тоза;

мавҷуд будани муриши одамон аз касалиҳои сироятӣ;

афзоиши шумораи аҳолии бесавод;

набудани маблағ барои харидани молҳои мӯҳлати истифодаашон дурудароз;

надоштани имконият барои гирифтани қарзи ипотекӣ (қарз барои харидани хона).

4. Тақсими даромадҳои аҳоли. Каҷхатаи Лоренс.

Тақсими даромадҳои аҳолӣ аз руи таркиби сабади истеъмолии он сурат мегирад. Аз сабаби дар давраи ҳозира яъне гузариш ба муносибатҳои бозорӣ нобаробар будани даромадҳои аҳолӣ тақсимоти он ҳам нобаробар аст. Ин ҳолат боиси пайдоиши гурӯҳҳои гуногуни аҳоли шуда, ҷамъиятро ба табақаҳои ҳархела (сарватманд, миёнаҳол, камбизоат ва қашшоқ) тақсим мекунад. Дар ин маврид давлат метавонад бо роҳи кумакҳои пулӣ расонидан ба табақаҳои ичтимоии ҷамъият тақсимоти нобаробари даромадҳои аҳолиро ба тартиб дарорад. Ҳангоми ҳисоб кардани тақсими даромадҳои аҳоли ва муайян кардани сатиҳи зиндагӣ аз каҷхатаи Лоренс истифода мебаранд, ки ба таври графики чунин тасвир карда мешавад:

Дар график фарз карда шудааст, ки баробарии мутлақ дар тақсими даромадҳо мавҷуд аст (ҳангоми 100% будани даромадҳо аҳоли ҳам бояд 100% аз онҳо бархурдор бошанд), аммо дар ҳаёти воқеи ҳамма наметавонанд даромадҳои якхула дошта бошанд, бинобар он дар муқобили хати рост каҷхатае пайдо мегардад, нобаробарии даромадҳои аҳолиро ё ин ки нобаробарии иҷтимоиро ифода мекунад ва каҷхатаи оренс номгузори карда шудааст.

5. Системаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва сиёсати иҷтимоии ҳукумати ҶТ.

Сиёсати иҷтимоии давлат гуфта, маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси давлатиро меноманд, ки барои паст кардани нобаробарии даромадҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Нобаробарии даромадҳои аҳолӣ дар зери таъсири омилҳои зерин ба вуҷуд меояд: сифати кори коргарон, шумораи аъзоёни оила, вазъи саломатӣ, шароитҳои иқлим, вазъи ҷуғрофии маҳали зист ва ғайра.

Шартҳои асосии таъмини баробарии даромадҳо, ки мақсади асосии сиёсати иҷтимоии давлат аст, «ҳифзи иҷтимоӣ» ва «кафолати иҷтимоӣ» мебошанд.

ҳифзи иҷтимоӣ низоми чораҳои мушаххаси давлатие мебошад, ки барои таъмини вазъи устувори моддию иҷтимоии шаҳрвандон равона карда шудааст. Кафолати иҷтимоӣ ӯҳдадории давлат дар назди аъзоёнаш оид ба таъмини талаботи онҳо мебошад.

Сиёсати иҷтимоии давлат асосан дар ду самт сурат мегирад:

ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашон;

ҳифзи иҷтимоии камбизоатон.

Дар самти якум барномаҳои зерини давлатӣ оид ба шуғли аҳолӣ амалӣ карда мешаванд:

барномаҳо оид ба тақвияти афзоиши шуғл ва афзоиши ҷойҳои кор дар сектори давлатӣ;

барномаҳо оид ба тайёр намудани қувваи коргарӣ;

барномаҳое, ки барои кирояи қувваи корӣ мусоидат мекунанд.

Дар самти дуюм барномаҳои зерини давлатӣ оид ба дастгирии дараҷаи даромадҳо амалӣ карда мешаванд:

барномаи суғуртаи иҷтимоӣ, ки аслан барои дастгирии музди кор, нафақапулӣ ва «музди кор»-и бекорон равона шудааст. Ин барнома асосан, аз ҳисоби ҷамъоварии андоз аз музди кор, маблағгузорӣ шуда барои ҷубронпулӣ, музди кору нафақа ва кӯмакпулӣ ба бекорон истифода карда мешавад;

барномаи кӯмаки давлатӣ, ки кӯмакпулиҳоро нисбат ба онҳое, ки меҳнат карда наметавонанд (маъюбон ва кӯдакон) ва нисбат ба онҳое, ки дар оилаашон кӯдаки бисёр доранд, пешбинӣ менамояд.

Дар ИМА инчунин барномаҳои калони хӯрокворӣ ба камбизоатон, барномаи молиякунонии хизматрасониҳои тиббӣ ва дигар барномаҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд.

Дар ҷТ низ чораҳои гуногун дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат мегирад. Масалан: нафақапулӣ, ҷубронпулиҳои гуногун, кӯмакпулиҳо ба оилаҳои серфарзанд ва ғайраҳо. Инчунин аз ҳисоби буҷаи давлатӣ як қатор хизматрасониҳои бепул оид ба маърифат, тандурустӣ ва маориф сурат мегиранд.

1.25K
Нет комментариев. Ваш будет первым!