Хирадманди- талаботи асосии санъати менечмент

1.Таъсири урфу одат ва рафтору маданият ба роҳбар

2.Омилҳои таъсиррасонандаи рафтор ва хусусиятҳои хоси онҳо.

3.Нишонаҳои асосии баҳо додан ба роҳбар, хислатҳои фарқкунандаи пешвоёни хирадманд.

Хулоса.

Таҷрибаи идоракунӣ нишон медиҳад, ки роҳбарон ҳангоми иҷрои вазифа аз шакл ва усулҳои гуногун истифода мебаранд. қисме аз онҳо усули нисбатан сахтро бо роҳи ҷазо додан, миқдори дигари онҳо бошад, бештар бо ташкили системаи ҳавасмандгардонии моддию маънавии натиҷаҳои фаъолияти меҳнатии тобеон аҳамияти бештар медиҳанд.

Аммо қисми сеюми роҳбарон ба ҳалли масъаллаҳои мушаххаси иҷтимоӣ, яъне муҳаё сохтани шароити хуби корӣ, мустаҳкам намудани тартибу интизоми қатъӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

Дар шароити имрӯза фаъолияти соҳибкорӣ ба таври фаврӣ рушд ёфта истодааст, ки асоси ин фаъолиятро роҳбарӣ намудан ба гурӯҳи хурд ё калони одамон, ҳамчунин коргоҳ ё ташкилоте таркиб медиҳад. Барои роҳбари хуб шудан як қатор омилҳое вуҷуд доранд, ки онҳоро бояд ба назар гирифт: аз он ҷумла омили пешоҳангӣ, яъне хирадмандӣ.

Хирадмандӣ аз куҷо ибтидо мегирад?- Талаботҳои гуногуни истеъмолкунандаи мол, доду гирифти тиҷоратӣ, роҳ ёфтан ба бозори дохила ва беруна соҳибкорро маҷбур мекунад, ки дар ҳама ҳолатҳо, махсусан дар низоми идоракунӣ, хирадмандӣ ва пешоҳангиро сармашқи кори худ қарор диҳад. ҳар як халқу миллат хосиятҳои хоси худро аз ҷиҳати рафтору кирдор доро мебошад, ки барои донистану қадр кардани онҳо аз роҳбар ва менеҷер пеш аз ҳама хирадмандӣ талаб карда мешавад. Агар як намуди фаъолият дар як давлат хуб қадр карда шавад, шояд дар давлати дигар ғайриқонунӣ бошад. Мисол, дар олами соҳибкории галандиҳо худро ташвиқот кардани кори беақлона ҳисобида мешавад, вале амрикоиҳо бошанд ба ин амал баҳои баланд дода муваффақиятҳои шахсиро хуб мепарастанд.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дар рафтору муносибат ва хулқу атвори фаъолиятии халқу миллатҳои гуногун фарқиятҳо хело гуногунанд. Гуногунию мураккабии маданияти халқу миллатҳо, дину оин ва анъанаҳои онҳоро нишон медиҳад. Бинобар ин, фаҳмидани одамони фарҳангашон гуногун, ки чӣ мегӯянд, чӣ фикр доранд, ё худ чӣ рафтор доранд, ниҳоят мушкил аст. ҳамин тавр решаи хислати миллӣ, ки рафтор, гуфтор ва кирдори шахсони алоҳида дида мешавад, нишондиҳандаи асосии фарҳангии онҳо аст.

Маданият- ин худ маҷмӯи ақидаҳо муносибати иҷтимоӣ, арзишҳо ва фаҳмишҳои ҳаётии гурӯҳи муайяни одамон мебошад. Бинобар ин хислати миллии шахс ҳамчун рафтори дастҷамъист, ки дар мафкураи шахси алоҳида чун меъёри арзишманди иҷтимоӣ ташаккул ёфта, дар тули ҳаёт пос дошта мешавад.

Дар Тоҷикистон, Аврупо, Амрико, Руссия, қазоқистон ва ҳоказо арзишҳои маданӣ қисми таркибии рафтору кирдори одамон мебошанд. Бинобар ин, онҳо ба сохтор, усул ва шакли идоракунӣ таъсири калони худро мерасонанд.

Вақте ки шахс чун роҳбар ба дараҷаи хирадмандӣ мерасад, дорои чунин хусусиятҳои хосе мешавад, ки онҳо аз маданияти маъмурии халқу миллати худ фарқ менамояд:

1.Дар шароитҳои глобалӣ, ки тарҳи умумии рафтори роҳбарӣ қабул карда мешавад, маданияти корӣ нисбат ба маданияти миллӣ афзалиятнок мебошад.

2.Усули роҳбарии хирадмандон аз маданияту усули умумиқабулшуда фарқ дошта, арзишҳои баланди инсониро дар бар мегирад.

3.Дар идоракунии ташкилотҳои байналхалқӣ унсурҳои беҳтарини маданияти халқҳои гуногун ба инобат гирифта мешаванд.

4.Гуногунрафтории одамон, муҳит, хислат, эҳсосот, забону гуфтор ва муомилаи онҳо аз тарафи роҳбари хирадманд якхела қабул шуда, фақат бо як дониши хело баланди кордонӣ ва рафтори ҳамидаи роҳбарӣ ҷавоб гардонида мешавад.

5.Хирадмандон бояд як қатор рафтору хусусиятҳои хоси миллиро донанл ва дар муошират ба эътибор гиранд.

Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки одамон вобаста ба маданияти халқу миллат, минтақа ва ҷои зисташон чунин хусусият ва рафторҳои хосро доро мебошанд:

1.Муҳит- риояи он ба халқу миллатҳо мебошад, мисол, агар дар вақти кор ё дар мағозаҳо, ошхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ бо якдигар бар хурдани одамон дар Амрико, Фаронса, Бразилия, Руссия хело зиёд ба назар расида, ҳодисаи муқаррарӣ бошад, дар мо қобили қабул нест.

2.Эҳсосот- мардуми шарқ ба эҳсосот тез дода мешаванд. Англисҳо умуман дар вақти муошират ба эҳсосот дода намешаванд, чунки онҳоро аз хурди доимо таъкид кардаанд, ки аз эҳсосот ҳамеша канораҷӯӣ кунанд. Аз ин сабаб ҳам ҳангоми муҳокимаи масъалаи муҳим озодона суханронӣ намуда дигаронро ба ҳайрат меоранд.

3.Чеҳраи одамон дар вақти вохурӣ- дар чунин ҳолатҳо баъзан одамон бо табассум, ё баръакс ҷиддӣ бо чеҳраи гирифта, ё вобаста ба табъашон амал мекунанд.

4.Вақти ҳозир шудан бо вохуриҳо- дар ҳар халқу миллат ин мафҳум маънои гуногун дорад.

5.Суҳбат ва мулоқот намудан- ҳангоми суҳбат пеш аз ҳама ба тозагӣ ва равонии забон, сухани хуш гуфтан диққат додан лозим аст. Чунки ҳангоми сӯҳбат намудани одобу рафтори шахс баръало ҳис карда мешавад.

Чунин як хусусиятҳои хоси маданияти мили албата ба маданияти роҳбари таъсири худро мерасонадва пеш аз ҳамам ин дар сохтори идоравӣ, қабули қарорҳои идоракунӣ, иҷроиш ва назорати онҳо нақши намоён дорад.

Дар аксар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ принсипи марказонидашудаи демократӣ бештар ба инобат гирифта мешавд, ки дар чунин шароит интихоби пешво, баҳо додан ба сифатҳои ӯ хело мушкил мебошад. Вақте аз шахсон- пешвоёни ширкатҳои калони байналхалқӣ таъсири омилҳоро барои инкишофи фаъолияти онҳо пурсон мешаванд, аксаран чунин ҷавоб мегӯянд: «Анъанаҳои миллӣ, саёҳат кардан, омӯзиш ва дониши нав, вазифа ва ташкили даставии роҳбарӣ». қисми дигари пешвоён мегӯянд, ки пеш аз ҳама зиндагонӣ ва кор кардан дар байни давлату халқҳо ва миллатҳои гуногун, созгор шудан ба муҳитҳои гуногун ба мо бештар таъсир мерасонад.

Асоси пешравии фаъолияти роҳбарӣ аз дуо мил бештар вобастагӣ дорад:

Омили якум ин оила ва муҳити оилавӣ мебошад, чунки рафтору маданияти муомиларо пеш аз ҳама шахс дар оила бо худ мегирад.

Омили дигаре, ки яке аз талаботҳои асосии пешвоӣ ва хирадмандӣ мебошад, ин маърифатнокӣ ва таҷрибаи корӣ аст. Маърифатнокӣ ва ташаккулёбии он дар ҷаҳонбинии шахс аз овони хурдсолӣ аҳамияти калон дорад то андозае, ки мавқеи шахсро дар оянда байни ҷомеа муайян мекунад.

Дар санъати менеҷмент чунин хусусиятҳои пешвои хирадмандро ҷудо мекунанд:

v Пешво барои фаъолият дар оянда ҳавасманд буда, менеҷер бошад тамоми қувваро барои имрӯз сарф мекунад.

v Пешвоён дар асоси нақшаҳои дурнамо (стратегӣ)-и худ фаъолият менамоянд, менеҷерон аз рӯи нақшаҳои кутоҳмӯддат.

v Пешвоён барои дигаргунсозӣ ва навгонӣ ҳаракат намоянд, менеҷерон оромиро дӯст медоранд.

v Пешвоён ояндаро пешбинӣ менамоянд, менаҷерон бошанд аз рӯи дастурамалҳо фаъолият мекунанд.

v Агар шиори пешвоён «чӣ бояд кард» бошад, менеҷерон аз рӯи шиори «барои чӣ» амал мекунанд.

v Пешвоён ҳукмрониро ба дигар кас ҳам бовар мекунанд, менеҷерон мехоҳанд назоратро ба дасти худ гиранд.

v Пешвоён метавонанд фаъолиятро содда намоянд, менеҷерон баракс мураккаб кардан мехоҳанд.

v Пешвоён ба донишу фаҳмиш, менеҷерон бошанд ба мантиқ такя мекунанд.

v Пешвоён фаҳмиши васеъи касбӣ, менеҷерон бошанд соҳавӣ доранд.

1.Мушоҳидакорӣ- ин омилро аз рӯи мисоли зер метавон натиҷагирӣ намуд.

« Аз Луқмони ҳаким пурсиданд: адабро аз ки омухтӣ? ӯ чунин ҷавоб дод: аз беадабон, яъне ҳар амали норавои онҳоро дар худ қабул накардаам».

То он замоне, ки шахс ба зинаи роҳбарӣ мерасад бо роҳбарони зиёде сару кор гирифта ба онҳо муомила менамояд. Ва метавон маҳз дар ҳамин давра аз онҳо ҷиҳатҳои хуби рафториро ба худ гирифта аз манфӣ худдорӣ намояд.

2.Ба истифодаи саволнома ё худ Анкета- ҳангоми истифодаи як қатор саволҳо оиди санъати роҳбарӣ метавон фикру ақидаҳои одамони сину соли гуногун ё дар улум кормандонро ҷамъ намуда аз онҳо хулосаи лозимаро пайдо намуд. Барои мисол аз кормандон дар ҳолатҳои мувофиқ метавон чунин саволҳо дод. а) Оё рафтору кирдори роҳбаратон ба шумо маъқул аст? б) дар симои роҳбаратон шумо чи гуна шахсро дидан мехоҳед ва ғайраҳо. ҳама ҷавобҳоро таҳлил намуда, сипас барои эътибори роҳбариро пайдо намудан андеша рондан хело осон аст.

3.Таҷриба ва доништалабӣ. Барои роҳбар дар ҳама ҳолатҳо истифода бурдани таҷрибаи пешқадам ва дониш омухтан аз манфиат холӣ нест. Ин омилро устоди гиромиқадр, яке аз беҳтарин донандагони илми менеҷмент дар Тоҷикистон профессор ғаниев Т.Б (китоби менеҷмент, қисми 3 саҳ.48) хело моҳирона ва бо маврид таъкид намудааст:

«Таҷриба омӯзед! Таҷриба омӯзед! Таҷриба омӯзед!»

Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки илм омухтан, таҷрибаи корӣ пайдо кардан пайвандест, ки инсонро ба қуллаи мурод мерасонад.

4.Муомила- ҳар як роҳбар санъати суханварии ба худ хос дорад. Мавриде бо як оҳанг, ҳатто ҳарфи хӯш садо дода роҳбар метавонад ба дили кормандонаш роҳ ёбад ва онҳоро моҳирона аз думболи худ бубарад, ки дар натиҷа фаъолияти меҳнатии онҳо ҳосилнок гардад. Ё баръакс муомилаи дурушти роҳбар метавонад зердастонашро фарсахҳо аз ӯ дурр кунад. Аз ин рӯ ҳангоми муомила аз одоби муошират, одоби сухангӯӣ, оҳанги дурусти корфармоӣ бо хабар шуда онҳоро дар мавридӣ лозима эҷодкорона бояд истифода бурд.

1.«Менеҷмент» қисми 2, 3. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ғаниев Т.Б

2.«Менеҷмент» Донишгоҳи Давлатии Тиҷорат.

    Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки мақоми пешвои хирадманд дар ташкилот ё корхонаҳо аз менеҷар дида бузургтар аст.

    Мувофиқи хусусиятҳои дар боло зикр гардида пешвои хирадманд дар натиҷаи донишандӯзӣ, таҷриба ва маърифати бузурги роҳбарӣ метавонад, ки ба мақсадҳои ниҳоии дар назди ӯ ва кормандон гузошта шуда бе монеаҳо рассад.

    Хулоса

    ҳангоми мутоила ва таҳлили мафҳуми хирадмандӣ андешаю пешниҳодҳо бевосита пайдо мешаванд, ки кас мехоҳад онҳоро ба таври хулосави рӯи коғаз орад. Барои хирадманд шудан корро аз чӣ бояд оғоз намуд ва кадом омилҳоро ба эътибор гирифтан лозим аст. Аз рӯи нишондоди манбаҳо ё адабиётҳои истифодашуда якчанд омили муҳим барои дарки хирадманди дар фаъолияти роҳбарӣ вуҷуд доранд.

617
Нет комментариев. Ваш будет первым!