қонуниятхои бавучудоии сармояи инсони ва самаранокии маблағгузории он

Дар замони муосир сармояи инсонӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи тадқиқотҳои иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, ки омилҳои рушди иқтисодии 192 кишвари дунёро таҳлил намудаанд, дар кишварҳои ба иқтисоди бозоригузаранда (кишварҳои собиқ шӯравӣ) 16 фоизи рушди иқтисодӣ аз ҳисоби сармояи ҷисмонӣ (таҷҳизот, бино ва дигар инфраструктураҳои истеҳсолӣ), 20 фоиз аз ҳисоби сармояи табиӣ (замин, канданиҳои фоиданок ва дигар сарватҳои табиӣ) ва 64 фоизи боқимонда аз ҳисоби сармояи инсонӣ таъмин карда мешавад. Дар кишварҳои мутараққӣ бошад, то 40 фоизи маҳсулоти ҷамъиятӣ ба самараи системаи маориф вобаста мебошад. Назарияи сармояи инсонӣ дар нимаи дуюми асри ХХ аз ҷониби намояндагони мактаби неоклассикӣ Г. Беккер ва Т. Шултс пешниҳод шудааст. Мафҳуми «сармояи инсонӣ» дар доираи ин назария бо шаклҳои гуногун шарҳ дода шудааст. Баъзе аз намояндагони ин мактаб онро маҷмӯи қобилиятҳо, донишу маҳорати инсон ва баъзе аз онҳо онро маблағгузорӣ барои гирифтани маълумот ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорат шарҳ додаанд. Дар шакли пуррааш мафҳуми сармояи инсонӣ дар назарияи иқтисоди муосир чунин шарҳ дода мешавад.

Сармояи инсонӣ маҷмӯи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсонро меноманд. Маҷмӯи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсон барои он сармоя номида мешаванд, ки онҳо сарчашмаи гирифтани фоида ва таъмини талаботҳои оянда мебошанд. Бо дарназардошти ин унсурҳои таркибиаш, шаклҳои зерини сармояи инсониро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сармояи маърифатӣ, сармояи маданӣ ва сармояи тандурустӣ.

Сармояи инсонӣ дар муқоиса ба дигар шаклҳои сармоя (сармояи табиӣ, сармояи ҷисмонӣ ва сармояи молиявӣ) дорои хусусиятҳои зерин мебошад:

ташкили сармояи инсонӣ аз худи одамон ва ҷомеа сарфи муайяни хароҷотҳои пулию моддиро тақозо менамояд;

сармояи инсонӣ хусусияти андӯхт (ҷамъ) шуданро дорад;

сармояи инсонӣ мисли сармояи ҷисмонӣ хӯрда шуда, маблағи муайянро барои истеҳлок тақозо менамояд;

сармояи инсонӣ аз худи инсон, яъне соҳиби он ҷудо буда наметавонад;

новобаста аз сарчашмаҳои ташкилии он (давлатӣ, оилавӣ, хусусӣ ва ғ.) сармояи инсониро танҳо соҳибаш идора менамояд.

Бо дарназардошти хусусияти таъсири сармояи инсонӣ ба некӯаҳволии омма ду шакли сармояи инсониро аз ҳамдигар фарқ

мекунанд;

1.Сармояи инсонии истеъмолӣ, ки ба эҷодкорию дониши инсон вобаста буда, манфиатҳои истеъмолии ҷамъиятии хизматҳои алоҳидаро баланд мебардорад. Масалан, донишҳои нави муҳандисе, ки шакли нави самараноки хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро пешниҳод ва амалӣ менамояд.

2.Сармояи инсонии истеҳсолӣ эҷодкорию дониши нав барои истеҳсоли хизматҳои наве, ки истеъмолашон манфиатҳои истеҳсолии ҷамъиятиро афзун менамояд. Масалан, кашфи технологияи нав, ба вуҷуд овардани воситаи нави истеҳсолот ва ғ. Ин шакли сармояи инсонӣ, пеш аз ҳама ба фаъолияти маърифатию илмии инсон вобаста аст, ки натиҷаҳои онро дар истеҳсолот истифода менамоянд.

Дар назарияи иқтисод се шакли маблағгузориро ба сармояи инсонӣ аз ҳамдигар ҷудо менамоянд:

1.хароҷотҳо барои таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти расмию ғайрирасмӣ, миёна, миёнаи махсус ва олӣ, инчунин хароҷотҳо барои такмили ихтисос;

2.хароҷотҳо дар соҳаи тандурустӣ. Аз ҷумла хароҷотҳо барои пешгирии касалиҳои алоҳида, хизматрасонии тиббӣ ва

беҳтар намудани маҳалли зист;

3.хароҷотҳо барои зудҳаракат шудани қувваи корӣ, ки дар натиҷаи он коргарон бештар мехоҳанд дар ҷойҳои кори ҳосилнокиашон баланд фаъолият намоянд. Масалан, хароҷотҳо барои кӯчиш ва ҷустуҷӯи кори нав.

Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ дорои хусусиятҳои хос буда аз дигар шаклҳои маблағгузорӣ бо ин хусусиятҳояш фарқ мекунад:

самара аз маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ аз давраи зиндагонии соҳибаш, хусусан аз давраи қобилияти меҳнатӣ доштанаш вобаста аст;

вобаста ба андӯхташ (ҷамъ шудан) даромаднокии сармояи инсонӣ афзун мешавад. Аммо ин афзуншавӣ то ба анҷом расидани давраи қобилияти меҳнатии инсон давом намуда, баъди ба анҷом расидани он, кам мешавад;

на ҳамаи хароҷотҳо ба омили инсонӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ дониста мешаванд. Масалан, афзун намудани донишҳои ҷинояткорон, зеро ки ин гуна донишҳо барои ҷомеа хавф дошта, фоидаи ҷамъиятиро афзун наменамоянд;

Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ аз хусусиятҳои миллӣ, анъана ва маданияти одамон вобастагии калон дорад.

Сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ буҷаи давлатӣ, фондҳои ҷамъиятӣ, даромади фирмаҳои хусусию давлатӣ ва даромади оилаҳо ё фардҳои алоҳида мебошанд.

401
Нет комментариев. Ваш будет первым!