Муҳоҷирати байналхалқии қувваи коргарӣ ва содироти сармоя

Кӯчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ яке аз шаклҳои маъмули муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Содироти сармоя кӯчиши сармоя дар шакли молӣ ё пулӣ ба хориҷи кишвар бо мақсади гирифтани даромад дар шакли фоидаи соҳибкорӣ ё фоизи қарз мебошад. Сабабҳои асосии содироти сармоя инҳо мебошанд:

инкишофи бозори сармоя;

тағйирот дар қонунгузории миллӣ;

хоҳиши фоида гирифтан аз тағйироти қурби пул ва ғайра.

Мақсади асосии содироти сармоя дар дигар кишвар ба даст овардани фоидаи бештар аз ҳисоби бартарии шароитҳои берунӣ нисбат ба шароитҳои хоҷагии миллӣ мебошад.

Дар илми назарияи иқтисод шаклҳои зерини содироти сармояро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: содироти сармояи соҳибкорӣ ва содироти сармояи судхӯрӣ.

Сармояи соҳибкорӣ бо мақсади ташкили истеҳсолоти худӣ дар хориҷи кишвар ё ин ки бо мақсади маблағгузорӣ дар ширкати дигар содирот карда мешавад. Маблағгузорӣ ба корхонаи хориҷӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани он маблағгузории бевосита номида мешавад.

Маблағгузорӣ ба қоғазҳои қиматноки хориҷӣ, ки на бо мақсади назорат кардан, балки бо мақсади даромад гирифтан сурат мегирад, маблағгузории дастҷамъӣ (портфельный) номида мешавад.

Содироти сармояи судхӯрӣ як шакли қарзи байналхалқӣ мебошад, ки қарз додани субъекти хоҷагидории як давлатро ба субъекти хоҷагидории давлати дигар ифода мекунад.

Дар асоси содироти сармоя ба хориҷа ширкатҳои фаромиллатӣ ташкил карда мешаванд. Ширкатҳои фаромиллатӣ гуфта корхонаҳоеро меноманд, ки дар ду ё якчанд давлат шӯъбаҳою муассисаҳои итоаткунанда дошта, аз як марказ сиёсати ягонаро ҷорӣ менамоянд.

Кӯчиши қувваи корӣ низ яке аз шаклҳои муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Кӯчиши қувваи корӣ гуфта, ҳаракати аҳолии қобили меҳнатро аз як давлат ба давлати дигар меноманд. Асосан, ду гурӯҳи сабабҳои кӯчиши қувваи корӣ вуҷуд дорад: сабабҳои иқтисодӣ ва сабабҳои ғайрииқтисодӣ.

Ба сабабҳои иқтисодии кӯчиши қувваи корӣ инҳо дохил мешаванд:

паст шудани тақозо ба қувваи кории тахассусаш паст ва афзоиши арзаи он;

фарқияти музди кор дар давлатҳои гуногун;

афзоиши тақозо ба қувваи кории тахассуснок.

Ба сабабҳои ғайрииқтисодии кӯчиши қувваи корӣ бошад инҳо дохил мешаванд:

вазъи демографӣ;

вазъи оилавӣ;

вазъи миллӣ;

вазъи сиёсӣ;

дин;

маданият ва ғайра.

425
Нет комментариев. Ваш будет первым!