Ҳамгироии байналхалқии иқтисодӣ ва шаклҳои зуҳуроти он
Мавҷудияти хоҷагии ҷаҳониро бе ҳамбастагии (интегратсия) байналхалқии иқтисодӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ гуфта, наздикшавию мутобиқшавии хоҷагиҳои миллиро бо ҳамдигар ва амалӣ намудани сиёсати ягонаро дар асоси созишномаи тарафайн меноманд.
Сабаби асосии мавҷудияти ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ зиддият дар байни дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва чорчӯбаи иқтисоди миллии онро маҳдудкунанда мебошад.
Вобаста ба хусусиятҳои минтақавии ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ, шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: ҳамбастагии байнидавлатӣ ва ҳамбастагии минтақавӣ. ҳамбастагии байнидавлатӣ наздикшавӣ ва мутобиқшавии байни ду давлатро меноманд. Масалан, ҳамбастагии байни Белорусия ва Руссия.
ҳамбастагии минтақавӣ наздикшавӣ ва мутобиқшавии иқтисоди чанд давлати як минтақаро ифода мекунад. Масалан, ҳамбастагии давлатҳои Осиёи Миёна, ё ин ки ҳамбастагии давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ).
Дар назарияи иқтисод ҳамбастагии уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ)–ро низ аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. ҳамбастагии уфуқӣ наздикшавӣ ва якҷояшавии якчанд давлатҳоро дар як ташкилот мефаҳмонад. Масалан, Иттифоқи иқтисодии давлатҳои муштаракулманофеъ ё ин ки Иттифоқи Аврупо ва ғайра.
ҳамбастагии амудӣ – ин наздикшавӣ ва мутобиқшавии давлатҳоро бе итоат ба ягон ташкилот ифода мекунад. Масалан, ҳамбастагии Тоҷикистон ва ИМА. Ин шакли ҳамбастагӣ танҳо доду гирифти одиро ифода мекунад.
Дар ҷаҳони имрӯза шаклҳои гуногуни ҳамбастагии байналхалқӣ- иқтисодӣ вуҷуд доранд, ки дар ҷараёни инкишофи таърихии инсоният ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла шаклҳои зерини иттиҳодияҳои ҳамбастагии иқтисодӣ вуҷуд доранд:
1.минтақаи озоди тиҷорат, ки озодии амалиётҳои содиротию воридотии давлатҳои иштироккунандаро инъикос мекунад;
2.иттифоқи иқтисодӣ, ки ба ҷуз аз барҳам додани монеаҳои гумрукӣ, ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи иқтисодӣ ва низоми ягонаи танзими байнидавлатии ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодиро пешниҳод менамояд;
3.иттифоқи гумрукӣ, ки гардиши озоди молу хизматҳоро дар дохили давлатҳо пешбинӣ мекунад;
4.бозори умумӣ, ки на танҳо барҳам додани монеаҳоро барои ҳаракати молу хизматҳо, балки барҳам додани монеаҳоро барои таъмини ҳаракати омилҳои истеҳсолот низ пешбинӣ менамояд;
5.минтақаи ягонаи иқтисодӣ, ки дар доираи он тамоми монеаҳо ба хотири таъмини тиҷорати озод, ҳаракати молу хизматҳо, ҳаракати одамон ва сармоя бартараф карда мешаванд;
6.иттифоқи асъорӣ, ки мавҷудияти асъори ягона ва сиёсати ягонаи асъорию молиявиро барои ҳамаи давлатҳои аъзои он пешбинӣ менамояд.
Барои ҷТ шакли маъмул ва муҳими ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ Иттифоқи иқтисодии ИДМ ба ҳисоб меравад, ки моҳи сентябри соли 1993 ташкил шуда буд. Созишномаи байни давлатҳои аъзои он ҳаракатро аз ҷамъияти тиҷорати озод ба Иттифоқи гумрукӣ, баъд ба бозори умумӣ ва баъд аз он ба Иттифоқи асъорӣ пешбинӣ менамояд.