Таркиби массаи пул ва андозаи он

Пул ҳамчун фишанги молиявӣ омили асосии тарақкиёти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат низоми пулӣ яке аз қисматҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад. Низоми пулӣ шакли таърихии ташкили муомилоти пулист, ки тавассути қонунгузорӣ муайян карда шудааст. Дар таърихи иқтисод ду шакли низоми пулӣ: низоми металлӣ ва низоми аломатҳои пулӣ маълум мебошанд. Албатта, чунин таснифот нисбист, зеро дар ҳарду низом шаклҳои дигари пул низ гардиш менамоянд. Низоми пулҳои металӣ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: биметаллизм (яъне дар гардиши пулӣ якчанд металл ба сифати пул истифода мешавад) ва монометаллизм (яъне дар гардиши пулӣ танҳо як намуди металл ба сифати пул истифода мешавад).

Низоми амонатҳои пулӣ низ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: низоми пулҳои бозоргир (гардишашон тез) ё пулҳои қоғазӣ ва низоми пулҳои сохта. Ба низоми пулҳои бозоргир, пеш аз ҳама пулҳои нақд ва ба низоми пулҳои сохта бошад, пулҳои амонатгузоштаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар намудҳои қоғазҳои қиматнок дохил мешаванд.

Дар назарияи муомилоти пулӣ консепсияи миқдории пул мавқеи хосса дорад, ки тавассути он миқдори пули барои муомилот зарур муайян карда мешавад. Миқдори пули барои муомилот зарур маҷмӯи ҳамаи воситаҳои пулии дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ мавҷудбудаеро, ки вазифаҳои воситаи муомилот, пардохт ва андӯхтро иҷро мекунанд, мефаҳманд.

Миқдори пули барои муомилот зарур тавассути қисмҳои таркибии он, ё агрегатҳои пулӣ шарҳ дода мешавад. Агрегатҳои пулӣ нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва таркиби миқдори пули барои муомилот зарур мебошанд. Дар назарияи иқтисод агрегатҳои М, М1, М2, М3 ва Lро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.М — пулҳои нақдӣ; М1 -ин М+пул дар суратҳисобҳои ҷорӣ, яъне амонатҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки онҳоро амонатҳои дархостӣ низ мегӯянд; М2 -инМ1 + амонатҳои мӯҳлатноки ҳаҷмашон майда; М3 ин М2 + амонатҳои мӯҳлатноки ҳаҷмашон калон; LМ- ин М3 + қоғазҳои қиматнок ва асъори хориҷӣ.

Дар амалияи ҷамъиятӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ шакли мукаммал ва ягонаи агрегатҳои пулӣ вуҷуд надорад. Дар давлатҳои алоҳида ин агрегатҳо вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар шаклҳои гуногун истифода карда мешаванд. Масалан, дар Бритониёи Кабир ба Мамонатҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар бонки марказӣ ё ин ки дар Олмон ба М3 амонатҳо бо евро низ дохил карда мешаванд.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерии соли 2005 агрегатҳои пулӣ дар шаклҳои зеринашон истифода мешуданд: М — пулҳои нақдӣ; М1 -инМ+амонатҳои дархостӣ; М2 -инМ1 + дигар амонатҳо ва қоғазҳои қиматноки давлатӣ.

Консепсияҳои гуногуни назарияи миқдории пул низ ҷой доранд, ки аз ҷониби намояндагони мактабҳои марксистӣ, монетаристӣ ва неоклассикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ин консепсияҳо инчунин назарияҳои тақозо ва арзаи пулро ифода менамоянд. Формулаҳое, ки онҳо барои муайян намудани миқдори пули барои муомилот зарур пешниҳод намудаанд, бо номҳои «баробарии марксистӣ», «баробарии кембриҷӣ» ва «баробарии Фишер» маъмул мебошанд.

«Баробарии марксистӣ» аз ҷониби Карл Маркс дар асари ӯ «Оид ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» дар шакли зерин пешниҳод шудааст:

Дар ин ҷо: М — миқдори пули барои муомилот зарур; Р — маҷмӯи нархи молу хизматҳо; П — маблағи пардохтҳои мӯҳлаташон расида; ВП — арзиши умумии пардохтҳои ҳамдигарро пӯшонанда, яъне молҳое, ки бо ҳамдигар иваз карда мешаванд (бартер); V — суръати миёнаи гардиши пул.

Мувофиқи консепсияи марксистӣ ва «баробарии марксистӣ», миқдори пули барои муомилот зарур бояд бо миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда баробар бошад. Дар сурате ки миқдори пул аз арзиши молҳою хизматҳои истеҳсолшуда зиёд шавад, таваррум ба вуҷуд меояд ва дар ҳолати баръакс, миқдори пул барои хариди молу хизматҳо намерасад.

«Баробарии кембриҷӣ» тавассути формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

М= kPY

Дар ин ҷо: М-миқдори пули барои муомилот зарур; P- дараҷаи мутлақи нарх ё ин ки дефлятори ММД; Y- маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҳақиқӣ; k- коэффисиенти пуликунонии ММД, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

яъне миқдори миёнасолонаи пули барои муомилот зарур, тақсими ММД.

Мувофиқи «баробарии кембриҷӣ» агар ҳаҷми арзаи пул зиёд шавад, дараҷаи нархҳо низ зиёд мешавад ва баръакс.

«Баробарии Фишер» бо номи олими машҳури амрикоӣ Ирвинг Фишер, ки яке аз намояндагони асосии монетаризм ба ҳисоб меравад, машҳур аст ва шакли зеринро дорад:

ки дар ин ҷо; M — миқдори пули барои муомилот зарур; V — суръати миёнаи гардиши пул (дар давоми сол); Q — миқдори молу хизматҳои фурӯхташуда (дар давоми сол); P — нархи миёнаи молу хизматҳо (дар давоми сол); P х Q — маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ.

Баробарии Фишерро тағйир дода, формулаи зеринро мукаммал кардан мумкин аст:

Аз «баробарии Фишер» ва «баробарии Кембриҷ» чунин бармояд, ки агар бузургии k кам бошад, пас, барои харидани миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда бояд суръати гардиши пулро (V) зиёд кардан зарур аст.

411
Нет комментариев. Ваш будет первым!