​Моҳият, сабабхо ва шаклхои таваррум

Моҳият, сабабҳо ва шаклҳои таваррум

Таваррум гуфта, номувофиқ будани тақозою арзаи пул ва дигар таносубҳои иқтисодиро меноманд, ки дар афзоиши нархҳо намудор мешавад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ дар зери мафҳуми таваррум паст шудани қобилияти харидории пул, афзоиши умумии нархҳо ё ин ки ҷараёни зиёд шудани миқдори пули нақдро дар муомилот низ мефаҳманд.

Вобастабадараҷаитаваррумшаклҳоизеринионроазҳамдигарҷудомекунанд:

1. таваррумимӯътадил;

2. таваррумиҷаҳанда;

3. таваррумиазэътидолзиёд(гиперинфлятсия).

Таварруми мӯътадил гуфта, таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол то 10% инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба фаъолияти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ нарасонида, баръакс боиси афзоиши арзаи молу хизматҳо шуда метавонад.

Таварруми ҷаҳанда гуфта, таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол то 100% инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба кам шудани маблағгузорӣ оварда мерасонад ва боиси васеъ шудани доираи иқтисоди сиёҳ мегардад.

Таварруми аз эътидол зиёд таваррумест, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол беш аз 1000% ва дар як моҳ то 50% ифода мекунад.

1. таварруми тақозо;

2. таварруми арза;

3. таварруми таркибӣ.

Таварруми тақозобарзиёд будани маҷмӯи тақозоро бар маҷмӯи арза ифода мекунад.

Таварруми арза,дар натиҷаи афзоиши хароҷотҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд ва онро таварруми хароҷотӣ низ меноманд.

Таварруми таркибӣдар натиҷаи вайрон шудани таносубҳои байнисоҳавӣ ба миён меояд.

Бояд қайд намуд, ки ғайр аз сабабҳои номбаршуда сабабҳои дигари мавҷудияти таваррум низ ҷой доранд. Аз ҷумла:

Фаъолияти эмиссионии (интишори пул) давлат. Асосан дар замони муосир бисёри давлатҳо эмиссияро ба хотири афзоиши маблағгузорӣ ва пӯшонидани қарзи дохилию касри буҷа истифода мебаранд, ки ин ҳолат ба таваррум оварда мерасонад.

Монополияи иттифоқҳои касаба, ки зиёд кардани музди корро талаб мекунанд. Дар натиҷаи афзоиши дараҷаи музди кор нархҳо зиёд мешаванд ва боз иттифоқҳои касаба дараҷаи музди корро баланд мекунанд. ҳамин тавр, занҷири таваррум дароз

мешавад.

Фирмаҳои калон. Ин фирмаҳо имконият доранд, ки ба молу хизматҳояшон нархҳои монополӣ таъин намоянд ва дар натиҷа, афзоиши умумии нархҳо ба вуҷуд меояд, ки ин ҳолат ба таваррум сабаб шуда метавонад;

Афзоиши нархҳо ба молҳои воридотӣ. Агар молҳои истеъмолӣ ва захираҳои энержӣ (нафт, қувваи барқ, сӯзишворӣ ва ғайра) аз хориҷи кишвар ворид шаванд, пас, афзоиши дараҷаи нархҳо дар хориҷ боиси афзоиши дараҷаи нархҳо дар кишвар мегардад ва чунин ҳолатро таварруми воридотӣ низ меноманд.

790
Нет комментариев. Ваш будет первым!