Мохият, вазифа ва шаклхои қарз

ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ гардиши доимии маблағҳои пулиро тақозо менамояд ва ҳангоми такрористеҳсол маблағҳои пулии баъзе истеҳсолкунандагон муваққатан озод мемонад, аммо дигар гурӯҳи истеҳсолкунандагон бинобар маҳдуд будани ҳаҷми захираҳои молиявиашон ба ин гуна маблағҳо эҳтиёҷот пайдо мекунанд. Дар амалияи ҷамъиятӣ чунин зиддият тавассути қарз ҳал карда мешавад.

Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуми қарз дар маънои васеъ ва маҳдуд шарҳ дода мешавад.

қарз (дар маънои васеъ) муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки ба ихтиёри шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ додани амвол ё маблағҳои пулиро бо шартҳои мӯҳлати муайян, бозгардонидан ва пардохти фоизи муайян ифода мекунад.

қарз (дар маънои маҳдуд) ҳаракати сармояи судхӯрӣ буда, хусусияти муваққатан дар ихтиёри дигаре будан, бозгаштан ва фоида оварданро дорад.

Ба объекти муносибатҳои қарзӣ ҳар гуна амвол ва маблағҳои пулӣ дохил мешаванд. Масалан: гандум, ашёи хом, молҳои саноатӣ, хона, маблағҳои пулӣ ва ғайра.

Ба субъекти муносибатҳои қарзӣ давлат, корхонаҳо, ташкилотҳо, фондҳо, бонкҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дохил мешванд.

Сарчашмаи асосии қарз маблағҳои дохилии субъектҳои хоҷагидорӣ буда, дар натиҷаи гардиши сармоя муваққатан озод мебошанд. Онҳоро ба қисмҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

1.Маблағҳое, ки барои барқарор намудани сармояи асосӣ таъмин шудаанд ва дар фонди истеҳлок (амортизатсионӣ) ҷамъ шудаанд. Корхонаҳо то харидани воситаҳои истеҳсолот (сармояи асосӣ) метавонанд ин маблағҳои ҷамъшударо ба дигар субъектҳо қарз диҳанд.

2.қисми сармояи гардон, ки бинобар сабаби номувофиқ омадани вақти фурӯши мол, хариди ашёи хом, сӯзишворӣ, додани музди кор ва ғайраҳо дар шакли маблағҳои пулӣ боқӣ (озод) мондаанд.

3.Захираҳои пулии корхонаю ташкилотҳои буҷавӣ ва фондҳои мақсаднок.

4.Даромадҳои пасандозшудаи аҳолӣ.

қарз вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

1.Азнавтақсимкунӣ, яъне ба воситаи қарз захираҳои пулию молӣ дар байни ноҳияҳо, фирмаҳо, соҳаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ бо шарти бозгардонидан аз нав тақсим

карда мешаванд.

2.Ивазкунии пул, яъне қарз имконият медиҳад, ки пулҳои нақд бо пулҳои қарзӣ (банкнотҳо, вомбаргҳо ва ғайраҳо) иваз карда шаванд. Ин вазифа имконият медиҳад, ки хароҷотҳои муомилот кам карда шуда, суръати гардиши пул тезонида шавад.

3.Самаранокӣ, яъне қарз самаранокии истеҳсолотро зиёд намуда, боиси афзоиши он мегардад, зеро қарз дар бештари ҳолатҳо барои васеъ намудани истеҳсолот, ба даст овардани техникаю технологияи нав ва сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ истифода мешавад.

686
Нет комментариев. Ваш будет первым!