​Оқибатхои ичтимои-иқтисодии таваррум. Качхатаи Филлипс

ҷараёни таваррум ба инкишофи иқтисодиёт ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки таварруми мӯътадил ба тараққиёти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ намерасонад ва баръакс, афзоиши миқдори пул дар муомилот ва болоравии дараҷаи нархи молҳо то 10% дар як сол боиси афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва маҷмӯи арза гашта, ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Аммо таварруми ҷаҳанда ва таварруми аз эътидол зиёд ба тараққиёти иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ки ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо ҳолатҳои зерин дохил мешаванд:

қобилияти худидоракунии механизми бозорӣ кам мешавад, зеро бо афзоиши таваррум ахборот оид ба сатҳи нархҳо ва ҷойгиршавии сармоя, ба истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон намерасад ва камчинии ахборот ба вуҷуд меояд;

қобилияти харидории одамон кам мешавад, зеро бо таваррум даромади ҳақиқии аҳолӣ кам мешавад;

вазъи иҷтимоии одамоне, ки музди корашон муқаррар шудааст (хусусан, коркунони соҳаи буҷет), бад мешавад, зеро дар сурати баланд шудани таваррум истеъмолот ва пасандози онҳо низ кам мешавад;

дараҷаи фаъолияти соҳибкорӣ паст шуда, сармоя аз соҳаи истеҳсолот ба соҳаи тиҷорат ё ин ки ба хориҷи кишвар «мекӯчад»;

арзиши маблағҳои қарздодашуда ва пасандозҳо паст мешавад ва дар натиҷа қарздиҳандагон ва пасандозкунандагон муфлис мешаванд;

таваррум ба беқурб шудани маблағҳои ҳамчун андоз ба буҷаҳо воридшуда оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он низоми молиявӣ ба бӯҳрон дучор шуда, маблағгузории соҳаи иҷтимоиро низ кам мекунад.

қобилияти харидории як воҳиди пул кам мешавад, ки дар натиҷа беқурбшавии пул ба вуҷуд меояд.

Оид ба таъсири таваррум ба сатҳи иқтисодиёт дар назарияи иқтисод ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Олими ангис Олбана Филлипс маълумотҳои омории иқтисоди Англияро дар давраи солҳои 1861-1957 таҳлил намуда, алоқамандии байни дараҷаи бекорӣ (U) ва музди корро муайян намудааст. Мувофиқи тадқиқоти ӯ ҳангоме ки тақозо дар бозори меҳнат ба қувваи корӣ меафзояд, дараҷаи бекорӣ кам мешавад.

Ақидаи Филлипсро дар шакли графикӣ чунин тасвир кардан мумкин аст:

Мувофиқи нақшаи 13 дар ҳолати паст кардани дараҷаи таваррум дараҷаи бекорӣ зиёд мешавад ва баръакс, дар ҳолати паст кардани дараҷаи бекорӣ дараҷаи таваррум меафзояд.

755
Нет комментариев. Ваш будет первым!