Маҳсулоти умумии дохилӣ ва усулҳои ҳисоб намудани он

Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар системаи ҳисобгирии милли инъикос ёфтаанд, ки дар охири солҳои 20 уми асри ХХ аз тарафи гурӯҳи иқтисодчиёни америкоӣ бо роҳбарии С. Кузнетс (дорандаи мукофоти Нобели дар соли 1968) тартиб дода шудааст.Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар системаи ҳисобгирии милли инъикос ёфтаанд, ки дар охири солҳои 20 уми асри ХХ аз тарафи гурӯҳи иқтисодчиёни америкоӣ бо роҳбарии С. Кузнетс (дорандаи мукофоти Нобели дар соли 1968) тартиб дода шудааст. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон аксарияти мамлакатҳо мувофиқи пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) услуби ҳисоби нишондиҳандаҳои макроиктисодиро дар асоси принсипҳои СҲМ оғоз намуданд, ки ин чорабинӣ шароити муқоиса наудани ҳолати макроиқтисодии мамлакатҳои гуногуни ҷаҳонро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монади дигар мамлакатҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ин усулро аз ибтидои солҳои 90- уми асри ХХ оғоз намуд.
Системаи ҳисобгирии миллӣ – ин маҷмӯаи нишондиҳандаҳои макроиктисодии оморӣ буда, ҳаҷми маҷмӯаи маҳсулотро (бароришро) ва маҷмӯаи даромадро тавсиф намуда, имконият медиҳад, ки ба ҳолати иқтисодии мамлакат баҳо дода шавад. Асоси назариявии СҲМ, модели гирдгардиши маҳсулот, хароҷотҳо ва даромадҳо хизмат мекунад.
Нишондиҳандаҳои асосие, ки маҷмӯаи бароришро ва маҷмӯаи даромадро ҳисоб мекунад, чунин нишондиҳандаҳо мебошанд: маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД); маҳсулоти умумии миллӣ (МУМ); маҳсулоти софи дохилӣ (МСД); маҳсулоти софи миллӣ (МСМ); даромади миллӣ (ДМ); даромади шахсӣ (ДШ); даромади шахсии ихтиёрӣ (ДШИ).
Нишондиҳандаи асосие, ки ҳаҷми умумии истеҳсолотро тавсиф мекунад, МУД мебошад.
Маҳсулоти умумии дохилӣ–ин маҷмӯаи арзишҳоибозории ҳамаимолҳовахизматҳои ниҳоӣ, ки дар иқтисодиёт (дардохилимамлакат) дардавомияксолистеҳсолкардашудааст.
Барои ҳисоби МУД се усул истифода шуданаш мумкин аст: аз рӯи хароҷотҳо (усули истифодаи ниҳоӣ); аз рӯи даромадҳо (усули тақсимотӣ); аз рӯи арзиши иловашуда (усули истеҳсолӣ).
Истифодабарии ин усулҳо натиҷаи якхеларо медиҳад, зеро дар иқтсодиёт маҷмӯаи даромадҳо ба ҳаҷми маҷмӯаи хароҷотҳо баробар аст, ҳаҷми арзиши иловашуда бошад ба арзиши маҳсулоти ниҳоӣ баробар аст; бо вуҷуди ин ҳаҷми арзиши маҳсулоти вопасин ҳамчун суммаи хароҷотҳои ниҳоии истеҳсолкунандагон барои молҳо ва хизматҳо сарф шуданаш мумкин аст.
Усули ҳисоб намудани МУД аз рӯи хароҷотҳо. Маҳсулоти умумии дохилии аз рӯи хароҷотҳо ҳисоб карда шуда, бо худ суммаи хароҷотҳои ҳамаи агентҳои макроиқтисодиро ифода мекунад, ки чунин хароҷотҳоро дар бар мегирад: хароҷтҳои хоҷагиҳои хонавода (хароҷотҳои истеъмолӣ); хароҷотҳои фирмаҳо (хароҷотҳои инвеститсионӣ); хароҷоти давлат (харидҳои давлатии молҳо ва хизматҳо); хароҷотҳои сектори хориҷӣ (хароҷотҳо барои содироти соф).
МУД аз рӯихароҷот = C+Igross+G+Хn.
Усули ҳисоби МУД аз рӯи даромад. Ҳангоми истифодабарии ин усул, МУД ҳамчун суммаи даромадҳои соҳибони захираҳои иқтисодӣ (хоҷагиҳои хонавода) мушоҳида карда мешавад, яъне ҳамчун суммаи даромадҳои омилӣ, ки ба онҳо дохил мешаванд:
МУДаз рӯидаромад=Музди меҳнат+Пардохтииҷоравӣ+Пардохтҳоифоизӣ+Даромадазмоликият+Фоидаикорпоратсияҳо+Андозҳои ғайримустақим+Хӯрдашавӣ–Даромадисофиомилӣ азхориҷа.
Усули ҳисоби МУД аз рӯи арзиши иловашуда. Ҳангоми ҳисоби МУД бо ин усул, арзишҳои иловашудаи ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти иқтсодиёт ҷамъ карда мешавад:
МУД = Суммаи арзишҳоииловашуда.
Аз ин гуфтаҳо принсипҳои асосии муайянкунандаи МУД-ро баррасӣ кардан мумкин аст:

роҳ надодан ба ҳисоби дукаррата;
ҳисоби танҳо он чизҳое, ки ҳаҷми барориши умумиро тағйир медиҳад ва натиҷаи азнавтақсимкунии даромадҳо намебошад;
инъикоси танҳо арзиши маҳсулоте, ки дар соли додашуда истеҳсол карда шудааст.

888
Нет комментариев. Ваш будет первым!