Тамсилаи IS-LM
Чӣ тавре ки аз таҳлили бозори пул ва назарияи миқдории пул бармеояд, пул ҳамчун фишанги иқтисодӣ ба ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо таъсири бевосита расонида метавонад…Чӣ тавре ки аз таҳлили бозори пул ва назарияи миқдории пул бармеояд, пул ҳамчун фишанги иқтисодӣ ба ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо таъсири бевосита расонида метавонад. Инчунин омили нархии бозори пул – меъёри фоизи қарз дар бозори пул ва бозори молу хизматҳо нақши муҳимро мебозад. Бо дарназардошти ҳамин олимон Хикс ва Хансен тамсилаеро пешниҳод намудаанд, ки мувозинати бозори пулро бо бозори молу хизматҳо нишон медиҳад. Ин тамсила бо номи тамсилаи IS-LM машҳур мебошад ва дар шакли графикӣ чунин шакл дорад:
Нақшаи 11. Тамсилаи IS-LM.
Каҷхатаи IS муносибати байни меъёри фоизи қарз ® ва дараҷаи даромади миллиро (Y) нишон медиҳад. Дар ҳамаи нуқтаҳои ин каҷхата ҳосили ҷамъи пасандозҳою андозҳо ба ҳосили ҷамъи маблағгузорӣ ва хароҷотҳои давлатӣ баробар аст. Номи каҷхатаи IS аз шарти аввалаи он ки онро Хикс пешниҳод намуда буд, мондааст, зеро ки он қаблан пасандоз (S) ва маблағгузориро (I) дар бар мегирифт.
Каҷхатаи LM муносибати байни меъёри фоизи қарз ® ва дараҷаи даромади миллиро (Y) нишон медиҳад, ки мувозинатро дар бозори пул низ ифода мекунад. Дар ҳамаи нуқтаҳои ин каҷхата ҳаҷми тақозо ба пул ба ҳаҷми арзаи пул баробар аст. Қаблан Хикс онро каҷхатаи L номида буд ва баъдтар Хенс онро каҷхатаи LM номид. Чунин тағирот ба хотири он буд, ки дар қад-қади ин каҷхата тақозо ба пул (L) ба арзаи пул (M) баробар аст.
Ҳангоми тағир ёфтани мавқеи каҷхатаи IS нуқтаи мувозинати низ дигар мешавад ва онро дар шакли графики чунин тасвир намудан мумкин аст:
Нақшаи 12. Мувозинати IS-LМ дар порчаҳои гуногун.
Чӣ тавре, ки дар нақша дида мешавад, каҷҳатаи LМ шакли махсус дорад: қисми чаппи он нисбатан ба тарзи уфуқӣ (горизонталӣ) ҷой ва қисми росташ ба таври амудӣ ҷой гирифтааст. Азбаски каҷхатаи IS аз нуқтаи дилхоҳи каҷхатаи LМ гузашта метавонад, бинобар ҳамин вариантҳои гуногуни мувозинати бозори пулӣ ва бозори молу хизматҳо ҷой дошта метавонад.
Мувофиқи қонуни арза ҳангоми зиёд шудани миқдори пул (LМ) бояд нархи вомбаргҳо зиёд шавад ва меъёри фоизи қарз кам шавад, зеро ки миқдори пулҳои нақд низ зиёд мешавад ва аҳолӣ мехоҳад аз онҳо дар шакли фоиз фоида гирад. Ҳангоми афзоиши миқдори пул (қисми чаппи каҷхатаи LМ) одамон фикр мекунанд, меъёри фоизи қарз хело паст аст ва нархи вомбаргҳо баланд аст. Онҳо интизорӣ мекашанд, ки бояд нархи вомбаргҳо паст шуда, меъёри фоизи қарз боло равад. Аз ҳамин ҷиҳат онҳо зарур мешуморанд пулҳои худро дар шакли нақдӣ нигоҳ доранд. Дар натиҷа афзоиши миқдори пул дар муомилот (LМ) танҳо боиси афзоиши миқдори пулҳои нақд шуда ба паст шудани меъёри фоизи қарз мусоидат намекунад. Ин гуна вазъиятро Кейнс «доми бозоргирӣ» номидааст. Ба ақидаи ў одамон барои худ як бузургии (масалан 12 %) муайяни фоизи қарзро муайян менамоянд ва дар сурати баланд шудани меъёр аз ин нишондиҳанда вомбаргҳо харидори намуда, дар сурати кам шудани меъёр аз ин бузургӣ пулҳои худро дар шакли нақдӣ нигоҳ медоранд.
Мавҷудияти консепсияи «доми бозоргирӣ»- и Кейнс аз самаранок набудани монетарӣ хабар медиҳад, зеро ки афзоиши ҳаҷми миқдори пул (LМ) ба пастшавии меъёри фоизи қарз, афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва афзоиши ҳаҷми маҷмўи тақозо оварда намерасонад. Аз ҳамин ҷиҳат дар сурати ҷой доштани «доми бозоргирӣ» давлат бештар сиёсати фискалиро истифода менамояд. Аммо ин маънои онро надорад, ки сиёсати монетарӣ дар ҳалли масъалаи «доми бозоргирӣ» беқудрат аст. Дар амалияи ҷамъиятӣ бошад, сиёсати монетарӣ ва фискалӣ дар якҷоягӣ амалӣ карда мешаванд. Масалан, барои пўшонидани касри буҷа давлат аз қарзҳои Бонки марказӣ истифода мебарад, ки он тавассути самараи фузунсоз, боиси афзоиши миқдори пул дар муомилот мегардад. Бештари иқтисодчиён чунин меҳисобанд, ки чорабиниҳои сиёсати монетарӣ нисбат ба сиёсати фискалӣ зудамал буда дар мубориза ба муқобили таваррум ва пастравии сатҳи истеҳсолот самараноктаранд. Чораҳое, ки дар чорчубаи сиёсати фискалӣ андешида мешаванд, вақти зиёдро тақозо менамоянд, зеро ки онҳо аз фаъолияту ба мувофиқаоии ҳокимияти қонунбарор ва ҳокимияти иҷроя вобаста мебошанд. Маҳз ҳамин чиз самараи чораҳои сиёсати фискалиро кам мекунад.