Гирдгардиши маҳсулот, хароҷотҳо ва даромадҳо.
Муайян намудани хусусиятҳои хоси рафтори агентҳои иқтисодӣ (агрегиронии агентҳо) ва қонуниятҳои асосии фаъолияти бозорҳои иқтисодӣ (агрегиронии бозорҳо) имконият медиҳад, ки алоқамандиҳои макроиқтисодӣ муттаҳид карда шаванд (агрегатсия шаванд). Ин ҳолат ба воситаи модели гирдгардиши маҳсулот, хароҷотҳо ва даромадҳо ифода шуданаш мумкин аст.Муайян намудани хусусиятҳои хоси рафтори агентҳои иқтисодӣ (агрегиронии агентҳо) ва қонуниятҳои асосии фаъолияти бозорҳои иқтисодӣ (агрегиронии бозорҳо) имконият медиҳад, ки алоқамандиҳои макроиқтисодӣ муттаҳид карда шаванд (агрегатсия шаванд). Ин ҳолат ба воситаи модели гирдгардиши маҳсулот, хароҷотҳо ва даромадҳо ифода шуданаш мумкин аст.
Номи модел бо он тасдиқ карда мешавад, ки даромадҳо ва хароҷотҳо дар он дар шакли давра ҳаракат мекунанд. Даромади ҳар як агенти иқтисодӣ хароҷот шуда, ба даромади дигар агенти иқтисодӣ мубаддал мешавад, ки ҳамчун асоси хароҷоти он мегардад. Афзоиши хароҷотҳо ба афзоиши даромадҳо оварда мерасонад, афзоиши даромадҳо бошад, заминаи афзоиши хароҷотҳо дар оянда мебошад.
Гирдгардиш дар модели дусектораи иқтисодиёт. Модели дусектораи иқтисодиёт танҳо аз ду агентҳои макроиқтисодӣ – хоҷагиҳои хонавода ва фирмаҳо, ва ду бозорҳои макроиктисодӣ – бозори молҳо ва хизматҳо ва бозори захираҳои иқтисодӣ иборат аст. Аз модели дусектораи иқтисодиёт айён мегардад, ки:
маҷмӯаи маҳсулот (барориш) ба даромади маҷмӯавӣ (миллӣ) баробар аст;
маҷмӯаи хароҷотҳо ба маҷмӯаи барориш баробар аст;
маҷмӯаи даромад ба маҷмӯаи хароҷотҳо баробар аст.
Маҷмӯаи хароҷотҳо дар модели дусектраи иқтисодиёт аз хароҷотҳои истеъмолии хоҷагиҳои хонавода С ва хароҷотҳои инвеститсионии фирмаҳо I иборат аст: Е = C+ I. Маҷмӯаи даромадҳо бошад аз хароҷотҳои истеъмолӣ С ва пасандозҳо Sиборат аст: Y= C+ S. Азбаски маҷмӯаи хароҷотҳо Е айниятан ба маҷмӯаи даромад Y баробаранд, мувофиқан инвеститсияҳо Iайниятан ба пасандозҳо S баробаранд: I= S.
Гирдгардиш дар модели сесектораи иқтисодиёт. Ба таҳлил ҳамроҳ намудани давлат, модели дусектораи иктисодиётро ба сесектора табдил медиҳад, ин маънои пайдошавии намудҳои нави алоқамандиҳои макроиктисодиро низ дорад.
Барои модели сесектораи иктисодиёт, ҳамаи хулосаҳои барои модели дусектора баррасӣ шуда, мувофиқанд. Лекин маҷмӯаи хароҷотҳо дар модели сесектора аз се қисм иборатанд: истеъмолот C, инвеститсияҳо I ва харидҳои давлатӣ G: Е = C+I+G, маҷмӯаи даромадҳо бошад, ба истеъмолот C, пасандоз S ва андозҳо T ҷудо мешаванд: Y = C+S+T, ки дар ин ҷо Т – ин андозҳои соф, ки ба фарқи байни андозҳо Tх ва трансфертҳо Trбаробаранд: T = Tx – Tr.
Харидҳои давлатии молҳо ва хизматҳо инъексия мебошанд, андозҳо бошанд мусодира аз ҷараёни хароҷотҳо ва даромадҳо мебошанд, бинобар ҳамин, формулаи баробарии инъексияҳо ва мусодираҳо намуди зеринро мегирад: I+G = S+T.
Таҳлили модели сесектораи иқтисодиёт (модели иқтисодиёти пӯшида) нишон медиҳад, ки даромади милли Y, суммаи даромадҳои омилӣ буда (даромаде, ки аз тарафи соҳибони захираҳои иқтисодӣ (хоҷагиҳои хонавода) ба даст оварда шудааст), аз даромади дар ихтиёр будаи хоҷагиҳои хонавода фарқият дорад, яъне аз даромади ихтиёрӣ Yd. Фарқият дар ҳаҷми андозҳо, ки онро хоҷагиҳои хонавода ба давлат месупоранд ва трансфертҳо мебошад, ки давлат ба хоҷагиҳои хонавода пардохт менамояд:Yd = Y–Tx +Tr ва ё Yd =Y–T.
Даромади ихтиёрии хоҷагиҳои хонавода барои истеъмолот ва пасандоз истифода бурда мешавад:Yd = C + S.
Гирдгардиш дар модели чорсектораи иқтисодиёт. Ба схемаи гирдгардиш ҳамроҳ намудани сектори хориҷӣ модели чорсектораи иқтисодиётро тасвир менамояд (модели иқтисодиёти кушод).
Дар модели иқтисодиёти кушод мувозинатии даромадҳо ва хароҷотҳо нигоҳ дошта мешавад. Бо назардошти хароҷоти сектори хориҷӣ, ки «содироти соф» Xnномида мешавад (фарқи байни содирот ва воридот: Xn = Ex – Im), формулаи маҷмӯаи хароҷотҳо чунин намудро мегирад: E = C+I+G+Xn,
формулаи маҷмӯаи даромадҳо бошад, намуди зеринро мегирад:
Y = C+S+T.
Азбаски, хароҷотҳо айниятан ба даромад баробаранд E = Y, аз ин ҷо
C+I+G+Хn = C+S+T мешавад.
Ин формула айнияти асосии макроиқтисодӣ номида мешавад. Бо вуҷуди ин ҳаҷми маҷмӯаи хароҷотҳо айниятан ба арзиши маҷмӯаи маҳсулот баробар аст:Y = E = C+I+G+Xn.
Модели гирдгардиш ду намуди алоқамандиро дар иқтисодиёт нишон медиҳад. Зимнан фанни макроиктисодро боз ҳам аниқтар дарк намудан мумкин аст. Макроиқтисод қонуниятҳои рафтори агентҳои макроиқтисодиро дар бозорҳои макроиктисодӣ ва алоқамандии онҳоро меомӯзад.