Сиёсати фискалӣ гуфта – низоми муайяни танзими иқтисодро ба воситаи хароҷотҳои давлатӣ ва андозҳо меноманд. Аз ҳамини ҷиҳат сиёсати фискалӣ маҷмўи сиёсати буҷа ва сиёсати андоз буда, дар баъзе ҳолатҳо, сиёсати буҷаю андоз низ номида мешавад. Унсурҳои асосии сиёсати фискалӣ хароҷотҳои давлатӣ © ва андозҳо (Т) ба ҳисоб мераванд.
Сиёсати фискалӣ тавассути усулҳои бевосита ва бавосита амалӣ карда мешавад. Ба усули бевосита афзоиши ҳаҷми хариди давлатии молу хизматҳо, афзоиши маблағгузории давлатӣ, инчунин афзоиши субсидияҳо дохил карда мешаванд. Яъне давлат ба мақсади амалӣ намудани сиёсати сохтори давлатӣ, барои инкишофи соҳаҳои алоҳида, маблағи муайян ҷудо мекунад.
Ба усули бевосита чорабиниҳое дохил мешаванд, ки ба воситаи онҳо давлат ба вазъи молиявии истеҳсолкунандагони молу хизматҳо ва маҷмўи тақозо таъсир мекунад. Масалан тағир додани меъёри андозҳо, ҷорӣ намудани имтиёзҳои андоз, сиёсати фоизи қарз ва ғайра.
Дар назарияи иқтисодӣ ду шакли сиёсати фискалии давлатро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: сиёсати фискалии фаъол ва сиёсати фискалии ғайрифаъол.
Сиёсати фискалиии фаъол ин сиёсати бошуурона ҳаракат додани буҷа мебошад, ки бо мақсади таъсир расонидан ба ҳаҷми МММ ва шуғли аҳолӣ, ё ин ки бо мақсади назорати беқурбшавии пулу таъмини рушди иқтисодӣ амалӣ кара мешавад. Ба низоми чунин чорабиниҳо тағир додани меъёри андоз ва хароҷотҳои давлатӣ дохил мешавад. Чорабиниҳои чунин шакли сиёсати фискалӣ аз ҷониби Кейнс пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла ҳангоми ҷой доштани пастравии истеҳсолот ў чунин чорабиниҳоро тавсия намуааст:
– хароҷотҳои давлатӣ барои харидани молу хизматҳо бояд зиёд карда шавад то ин ки тақозои нопурраро ҷуброн намоем. Дар ин ҳолат аз касри буҷа ва беқурбшавии пул ҳаросидан лозим нест;
– меъёри андоз аз фоида ва андоз ба даромади шахсӣ бо мақсади афзоиши маблағгузорӣ бояд кам карда шавад;
– бояд давлат ҷойхои кории нав ташкил кунад;
– давлат бояд ба меъёри фоизи қарз бо мақсади арзон кардани қарз ва афзун намудани маблағгузорӣ таъсир намояд.
Дар ҳолати ҷой доштани болоравии сатҳи истеҳсолот чораҳои зеринро Кейнс пешниҳод намудааст:
– кам кардани молу хизматҳо;
– зиёд намудани меъёри андоз аз фоида ва андоз аз даромади шахсӣ;
– ҷустуҷў намудани чорабиниҳо оид ба қиммат намудани қарз.
Сиёсати фискалии ғайрифаъол чунин сиёсатест, ки бе чорабинии давлат дар асоси фаъолияти меъёрҳои худфаъол амал карда мешавад. Ба меъёрҳои худфаъол пеш аз ҳама андозҳои афзуншаванда (прогресивӣ) ва пардохтҳои трансфертӣ (иҷтимоӣ) дохил мешаванд, ки онҳоро тасбитгарони худкор (встроенные стабилизаторы) низ меноманд.
Ба афзоиши МММ воридшавии андозҳои афзуншаванда низ зиёд мешавад ва баръакс бо пастравии истеҳсолот воридшавии андозҳо низ ба буҷа кам мешавад.
Пардохтҳои трансфертӣ бошанд, рафтори баръакс доранд. Кўмакпулиҳои гуногун ба бекорон, камбизоатон, субсидияҳо ба фермерон ва дигар пардохтҳо дар ҳолати болоравии иқтисодиёт кам шуда дар сурати пастравии истеҳсолот зиёд мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки сиёсати фискалии ғайрифаъол фосилаи майлкунии ҳодисаҳои макроиқтисодиро маҳдуд мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат дар бештари мамолики дунё сиёсати фискалии фаъол истифода карда мешавад.
Натиҷаи фаъолияти сиёсати фискалӣ тавассути самараи фузунсози хароҷотҳои давлатӣ (MG) ва самараи фузунсози андоз (MT) баҳо дода мешавад. Мазмуни фузунсози аввал дар он аст, ки афзоиши хароҷотҳои давлатӣ ба афзоиши МММ оварда мерасонад, ва он чунин муайян карда мешавад: MG =
Барои муайян намудани афзоиши МММ самараи фузунсозро бо афзоиши хароҷотҳои давлатӣ зарб кардан лозим аст, яъне:
MMM = MG G
Сиёсати фискалии давлат
Яке аз қисматҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат ин сиёсати фискалӣ мебошад…Яке аз қисматҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат ин сиёсати фискалӣ мебошад.
Акбар 1 год назад #
Ташаккури зиёд! Маълумотҳои бисёр муфид.