Усулҳои мубориза бар зидди таваррум

Бо дарназардошти ин гуна оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, мубориза ба муқобили таваррум, яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад…Бо дарназардошти ин гуна оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, мубориза ба муқобили таваррум, яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Барои мубориза ба муқобили таваррум, ду шакли сиёсати давлатиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: сиёсати ғосибона (политика экспансия) ва сиёати боздоранда.
Сиёсати ғосибона – чунин сиёсати иқтисодиест, ки кўшиши давлатро барои зиёд кардани маҷмўи тақозо тавассути пасткунии меъёри андозҳо ва зиёд кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода мекунад.
Сиёсати боздоранда – чунин сиёсати иқтисодиест, ки кўшиши давлатро барои кам кардани қобилияти харидории аҳолӣ ба воситаи зиёд кардани меъёри андозҳо ва кам кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода менамояд.
Дар назарияи иқтисодӣ ва амалияи ҷамъиятӣ барои мубориза ба муқобили таваррум аз консепсияҳои кейнсионӣ ва монетаристӣ низ истифода мекунанд.
1. Зиёд кардани харољотњои давлатї 2. Арзон кардани ќарз

Афзоиши маблаѓгузорї

Афзоиши маљмўи арза

Паст шудани сатњи нарх

Кейнс барои мубориза ба муқобили таваррум афзоиш додани маҷмўи арзаро тавассути маҷмўи тақозо (хусусан тақозо ба маблағгузорӣ) пешниҳод намудааст. Мувофиқи консепсияи ў, мубориза ба муқобили таваррум бо чунин тарз бояд сурат гирад:

Консепсияи монетаристӣ дар асоси ақидаҳои иқтисодчии амрикоӣ Милтон Фридман (барандаи ҷоизаи Нобелӣ) асос ёфтааст. Фридман барои мубориза ба муқобили беқурбшавии пул афзоиш додани маҷмўи арзаро, тавассути камкунии хароҷотҳои давлатӣ, қиммат намудани қарз ва кам кардани меъёри андоз пешниҳод намудааст, ки он чунин бояд сурат гирад:
1. Кам кардани харољотњои давлатї 2. Ќиммат кардани ќарз 3. Кам кардани меъёри андоз

Афзоиши маблаѓгузорї

Афзоиши маљмўи арза

Паст шудани сатњи нарх

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои мубориза ба муқобили таваррум сиёсати ҷубронкунии даромад (яъне зиёд кардани музди кор, идрор, нафақапулӣ ва дигар сарчашмаҳои даромад, бо дарназардошти беқурбшавии пул) ва танзими нархи молҳои сабати истеъмолиро низ истифода мекунанд.
Дигар усули мубориза ба муқобили таваррум ин кам кардани миқдори пули нақд дар муомилот тавассути фурўши қоғазҳои қимматноки давлатӣ мебошад.
Таваррум дар ҳар як мамлакат хусусияти худро дорад, бинобар ҳамин, чораҳои пешгирии он низ бояд бо дарназардошти ҳамин хусусиятҳо сурат бигиранд.

609
Нет комментариев. Ваш будет первым!