Вазифаҳои иқтисодии давлат дар низоми иқтисоди бозорӣ

Давлат на танҳо як ҷузъи асосии низоми сиёсӣ, балки ҳамчун субъекти зарурии иқтисоди ҷомеа низ ба ҳисоб меравад.Давлат на танҳо як ҷузъи асосии низоми сиёсӣ, балки ҳамчун субъекти зарурии иқтисоди ҷомеа низ ба ҳисоб меравад. Хусусияти фарқкунандаи давлат ҳамчун субъекти иқтисодӣ аз он иборат аст, ки барои фаъолияти худ ягон ҷавобгарии иқтисодиро бар душ надорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки мавқеъ ва вазифаҳои давлат вобаста ба низоми иқтисодӣ гуногун мебошанд. Масалан дар низоми маъмўрӣ-фармонфармоӣ моҳияти иқтисодии давлат дар давлатикунонии тамоми ҳаёти иқтисодӣ ифода карда мешуд. Дар ин низом давлат дар тамоми «узвҳои организми» иқтисодиёт роҳ ёфта тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, тақсимоту истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот ва чизҳои истеъмолӣ, инчунин тақсимоти фаъолияти соҳибкориро низ ихтиёрдорӣ мекард. Умуман дар низоми маъмўрӣ – фармонфармоӣ давлат ҳамчун соҳиби ягонаи моликият, истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи ҷои кор баромад мекард. Иҷрои чунин вазифаҳоро бар души худ гирифта давлати Шўравӣ самаранокии баланди иҷтимоию иқтисодиро ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ таъмин намуда буд. Аз ҷумла сатҳи пасти бекорӣ, баланд шудани қурби пули Шўравӣ, мавҷудияти низоми мустаҳками ҳифзи иҷтимоӣ ва мавқеъи боэътимоди Иттиҳоди Шўравӣ дар бозори ҷаҳонӣ, нишонаҳои асосии натиҷаи монополияи давлатӣ дар иқтисодиёт буданд.
Гузариш аз низоми маъмурӣ-фармонфармоӣ ба низоми иқтисоди бозорӣ маънои онро надорад, ки мавқеъи давлат дар иқтисод ва вазифаҳои иқтисодии он аз байн мераванд.
Новобаста аз он ки дар назарияи иқтисодӣ аз мактаби меркантилистӣ (асри XVII) сар карда то мактаби монетаристӣ (нимаи дуюми асри XX), бештари олимони иқтисодшинос (бо истиснои Карл Маркс ва Ҷон Кейнс) ҷонибдорӣ маҳдуд намудани дахолати давлат ба иқтисод буданд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додаст, ки низоми иқтисоди бозорӣ бе дахолати давлат як қатор масъалаҳои иқтисодиро ҳал карда наметавонад.
Масалан дар низоми иқтисоди бозорӣ дар зери таъсири омилҳои гуногун инкишофи иқтисодӣ хусусияти даврагиро ба худ мегирад, ё ин ки дар натиҷаи рақобат баъзе истеҳсолкунандагон муфлис мешаванд, муҳити экологӣ ифлос мегардад ва гурўҳҳое, ки қобилияти меҳнат кардан надоранд (маъюбон, пиронсолон, кўдакон) имконияти таъмини талаботашонро аз даст медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат дар низоми иқтисоди бозорӣ дахолати давлат хело зарур аст, ки бе мавҷудияти он иқтисоди бозорӣ самаранок буда наметавонад.
Дар низоми иқтисоди бозорӣ давлат бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

пешгўӣ ва барномасозии бозор, яъне давлат барномаҳои стратегии тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ барномаҳои ҳалли масъалаҳои гуногуни макроиқтисодиро тайёр намуда, бояд маҷмўи чорабиниҳои мушаххасро оид ба бартараф кардани ҳодисаҳои манфӣ дар иқтисодиёт (афзоиши бекорӣ, касри буҷа, қарзи давлатӣ, беқурбшавии пул ва ғайра) андешад;
таъмини заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, яъне давлат шароитҳои ҳуқуқиро бояд фароҳам оварад, ки озодии иқтисодии истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаро таъмин намояд, инчунин давлат бояд иҷрои меъёрҳои ҳуқуқии дар соҳаи хоҷагидорӣ ҷойдоштаро назорат кунад;
танзими макроиқтисодӣ, яъне давлат бояд муҳимтарин параметрҳои макроиқтисодиро (маҷмўи арза ва маҷмўи тақозо) на ба хотири ҳимояи манфиатҳои худ, балки ба хотири ҳимояи манфиатҳои ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ бояд танзим намояд;
соҳаҳои ғайриистеҳсолиро (маориф, илм, маданият, тандурустӣ ва ғайра) давлат бояд ҷонибдорӣ намояд, яъне ба онҳо кўмаки молиявию ташкилӣ расонад;
давлат бояд ба ташкил ва инкишофи алоқаҳои берунӣ-иқтисодии муфид мусоидат намояд;
давлат бояд гурўҳҳои камбизоат ва камдаромади аҳолиро (маъюбон, нафақахўрон, оилаҳои серфарзанд, бекорон ва дигар гурўҳҳои аҳолӣ) дастгирӣ намояд;
таъмини иқтисодиёт бо миқдори пули зарурӣ;
танзими соҳаи экология ба хотири бартараф намудани «самараҳои берунӣ»;
таъмини талабот бо «молҳои ҷамъиятӣ» (мудофиа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ ва ғайра).

536
Нет комментариев. Ваш будет первым!