Моҳият ва шаклҳои қоғазҳои қимматнок

Қоғази қимматнок дар маънои ҳуқуқиаш ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқҳои соҳиби онро барои гирифтани фоидаю сармояи ба гаравмондашуда кафолат медиҳад.Қоғази қимматнок дар маънои ҳуқуқиаш ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқҳои соҳиби онро барои гирифтани фоидаю сармояи ба гаравмондашуда кафолат медиҳад.
Ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ қоғази қимматнок ин воситаи молиявиест, ки фирмаҳо ва муассисаҳои давлатии молиявӣ барои гирифтани қарз ва барои ба вуҷуд овардани сармояи нав интишор намудаанд. Ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ қоғазҳои қимматнок воситаи муносибатҳои молиявии байни субъектҳои иқтисодиро ифода менамоянд.
Дар назарияи иқтисодӣ қоғазҳои қимматноки хусусияти ҳиссагидошта ва қоғазҳои қимматноки хусусияти қарзидоштаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба гурўҳи якуми қоғазҳои қимматнок пеш аз ҳама саҳмияҳо дохил карда мешаванд.
Саҳмия қоғази қимматноке мебошад, ки ҳиссаи соҳибашро дар сармояи ширкати саҳомӣ нишон дода ба соҳибаш ҳуқуқҳои зерин медиҳад:

ҳуқуқи гирифтани даромад дар шакли дивиденд;
ҳуқуқи соҳиб шудани моликияти ширкати саҳомӣ дар сурати аз байн рафтани ширкат;
ҳуқуқи гирифтани ахборот оиди фаъолияти истеҳсолию молиявии ширкат;
ҳуқуқи доштани овоз ҳангоми қабули қарорҳо дар идоракунии ширкат;
ҳуқуқи имтиёз доштан ҳангоми хариди саҳмияҳои нави ширкат.
Саҳмияҳо то замони мавҷудияти ширкатҳои саҳомӣ метавонанд дар гардиш бошанд ва саҳмияҳо вобаста ба ҷараёни гирифтани даромад (дивиденд) метавонанд оддӣ ва беном бошанд. Дивиденди саҳмияҳои оддӣ аз фаъолият ва натиҷаҳои молиявии ширкати саҳомӣ вобаста мебошад. Дивиденди саҳмияҳои беном муқарраргардида мебошанд. Агар дар ширкати саҳомӣ ҳарду намуди саҳмияҳо вуҷуд дошта бошанд, пас аввал дивиденди саҳмияҳои беном пардохт карда мешавад.
Саҳмияҳо метавонанд дар шакли номӣ ва ғайриномӣ низ баромад кунанд. Дар саҳмияҳои номӣ номи соҳиби саҳмия нишон дода мешавад ва дар саҳмияҳои ғайриномӣ номи соҳибаш нишон дода намешавад.
Мавҷудияту зарурияти саҳмияҳо дар он аст, ки барои амалӣ намудани баъзе лоиҳаҳои калони истеҳсолӣ соҳибкорони алоҳида маблағ надоранд ва истифодаи саҳмияҳо ин гузариш аз соҳибкории инфиродӣ ба соҳибкории коллективӣ мебошад.
Ба қоғазҳои қимматноки хусусияти қарзидошта бошад вомбарг (облигатсия), вексел, сертификатҳои депозитӣ, сертификати амонатӣ, чек ва қоғазҳои қимматноки давлатӣ дохил мешаванд.
Вомбарг (облигатсия) аз калимаи лотинии obligatio гирифта шуда маънояш ўҳдадорӣ мебошад. Вомбарг (облигатсия) қоғази қимматноке мебошад, ки қарзи субъекти интишоркунандаашро (эмитент) дар назди соҳиби он нишон медиҳад. Даромад аз вомбаргҳо пардохтҳо «мувофиқи купон» номида шуда, метавонанд дар шакли фоиз, ё ин ки дисконт баромад кунанд. Вомбарг асосан барои пўшонидани касри буҷа ё барои ҷалб намудани сармоя интишор карда шуда баъд аз тамом шудани мўҳлаташ пуррра пардохта мешавад, яъне маблағаш баргардонида мешавад. Вобаста ба мўҳлати баргардонидани маблағаш вомбаргҳои кўтоҳмўҳлат (то 1 сол), миёнамўҳлат (то 5 сол) ва дарозмўҳлатро (зиёда аз 5 сол) аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Вобаста ба намудҳои даромадашон шаклҳои зерини вомбаргҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

Облигатсияҳои дисконтӣ (бо забони англисӣ Zero Coupon Bond)- ин облигатсияҳое мебошанд, ки даромадашон дисконт аст. Ин гуна вомбаргҳо аз нархи номиналиашон пастар фурўхта мешаванд. Дар сурати наздик омадани мўҳлати пардохти вомбаргҳои дисконтӣ нархи бозории онҳо боло меравад.

Вомбарг бо фоизи муайяни устувор (бо забони англисӣ Fixed Rate Bond) – ин вомбарге мебошад, ки даромад аз он дар шакли фоизи муайяни устувор пардохт карда мешавад.

Вомбарг бо фоизи муайяни тағирёбанда (бо забони англисӣ Floating Rate Note)- ин вомбарге мебошад, ки даромад аз он аз даромади қоғазҳои қимматноки давлатӣ ва меъёри фоизи қарзҳои байнибонкӣ вобаста аст.

Вексел ин қоғази қимматнок буда, нишон медиҳад, ки субъекти интишоркунандаи он баъд аз тамом шудани мўҳлати дар он нишондодашуда, маблағи муайянро ба соҳиби вексел бармегардонад. Дар вексел навиштаҷоти махсус (индосамент) ҷой дорад ва дар он номи шахси иҷрокунанда метавонад дарҷ гардад. Агар номи шахси иҷрошаванда дарҷ нашуда бошад онро вексели фармонӣ (ордерӣ) меноманд.

Сертификатҳои депозитӣ ин ҳуҷҷати молиявиест, ки онро муассисаҳои қарзӣ интишор мекунанд. Чунин қоғази қимматнок дар бораи ба нигоҳдорӣ супурдани (депонирование) маблағҳои пулӣ маълумот дода ба соҳибаш ҳуқуқи гирифтани депозитро медиҳад. Сертификатҳои депозитӣ метавонанд бемўҳлат ва мўҳлатнок бошанд ва дар онҳо мўҳлати гирифтани маблағ ва ҳаҷми фоиз нишон дода шудааст.
Сертификати амонатӣ ин ҳуҷҷати молиявиест, ки ба нигоҳдорӣ супурдани (депонирование) маблағҳои пулии шахсони воқеиро дар муассисаҳои қарзӣ шаҳодат медиҳад ва ба соҳибаш ҳуқуқи гирифтани ин маблағ ва фоизи муайянро медиҳад.
Чек ин ҳуҷҷати молиявиест, ки барои ҳатман пардохтани маблағи муайянро аз ҷониби бонк ба нафаре, ки чекро дар дасташ нигоҳ медорад, нишон медиҳад. Дар муносибатҳои молиявии марбути чек се субъект иштирок мекунанд: 1) соҳиби чек – нафаре, ки дар бонк пулашро амонат гузоштааст ва ҳуқуқи ба дигар кас додани чекро дорад. 2) нафаре, ки чекро дар дасташ нигоҳ медорад ва чек ба манфиати ў дода шудааст. 3) пардохткунанда, яъне бонке, ки бояд ин маблағро пардохт кунад, ё ин ки бонке, ки соҳиби чек пулашро дар он ҷо амонат гузоштааст.

Қоғазҳои қимматноки давлатӣ ин ҳуҷҷати молиявие мебошанд, ки ўҳдадориҳои қарзии ҳукуматро нишон медиҳанд. Шаклҳои маъмули қоғазҳои қимматноки давлатӣ ин векселҳои хазинадорӣ (мўҳлаташон асосан 91 рўз), ўҳдадориҳои хазинадорӣ (мўҳлаташон 10 сол) ва вомбаргҳои хазинадорӣ (мўҳлаташон аз 10 то 30 сол) мебошанд. Ин шаклҳои қоғазҳои қимматнок барои хизматрасонии қарзи давлатӣ интишор карда мешаванд.

582
Нет комментариев. Ваш будет первым!