Кўчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ

Кўчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ яке аз шаклҳои маъмули муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад…Кўчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ яке аз шаклҳои маъмули муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Содироти сармоя ин кўчиши сармоя дар шакли молӣ ё пулӣ ба хориҷи кишвар бо мақсади гирифтани даромад дар шакли фоидаи соҳибкорӣ ё фоизи қарз мебошад. Сабабҳои асосии содироти сармоя инҳо мебошанд:
– инкишофи бозори сармоя;
– тағирот дар қонунгузории миллӣ;
– хоҳиши фоида гирифтан аз тағироти қурби пул ва ғайра.
Мақсади асосии содироти сармоя ин дар дигар кишвар ба даст овардани фоидаи бештар аз ҳисоби бартарии шароитҳои берунӣ, нисбат ба шароитҳои хоҷагии миллӣ мебошад.
Дар илми назарияи иқтисодӣ шаклҳои зерини содироти сармояро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: содироти сармояи соҳибкорӣ ва содироти сармояи судхўрӣ.
Сармояи соҳибкорӣ бо мақсади ташкили истеҳсолоти худӣ дар хориҷи кишвар ё ин ки бо мақсади маблағгузорӣ дар ширкати дигар содирот карда мешавад. Маблағгузорӣ ба корхонаи хориҷӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани он маблағгузории бевосита номида мешавад.
Маблағгузорӣ ба қоғазҳои қимматноки хориҷӣ, ки на бо мақсади назорат кардан, балки бо мақсади даромад гирифтан сурат мегирад, маблағгузории дастҷамъӣ (портфельный) номида мешавад.
Содироти сармояи судхўрӣ – ин як шакли қарзӣ байналхалқӣ мебошад, ки қарз додани субъекти хоҷагидории як давлатро ба субъекти хоҷагидории давлати дигар ифода мекунад.
Дар асоси содироти сармоя ба хориҷа ширкатҳои фаромиллатӣ ташкил карда мешаванд.
Ширкатҳои фаромиллатӣ гуфта корхонаҳоеро меноманд, ки дар ду ё якчанд давлат шўъбаҳою муассисаҳои итоаткунанда дошта, аз як марказ сиёсати ягонаро ҷорӣ менамоянд.
Кўчиши қувваи корӣ низ яке аз шаклҳои муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Кўчиши қувваи корӣ гуфта ҳаракати аҳолии қобили меҳнатро аз як давлат ба давлати дигар меноманд. Асосан ду гурўҳи сабабҳои кўчиши қувваи корӣ вуҷуд дорад: сабабҳои иқтисодӣ ва сабабҳои ғайрииқтисодӣ.
Ба сабабҳои иқтисодии кўчиши қувваи корӣ инҳо дохил мешаванд:

паст шудани тақозо ба қувваи кории тахассусаш паст ва афзоиши арзаи он;
фарқияти музди кор дар давлатҳои гуногун;
афзоиши тақозо ба қувваи кории тахассуснок.
Ба сабабҳои ғайрииқтисодии кўчиши қувваи корӣ бошад инҳо дохил мешаванд:

вазъи демографӣ;
вазъи оилавӣ;
вазъи миллӣ;
вазъи сиёсӣ;
дин;
маданият ва ғайра.

390
Нет комментариев. Ваш будет первым!