Мафҳуми андоз, низоми андозситонӣ ва унсурҳои он. Каҷхатаи Лаффер

Андоз яке аз сарчашмаи асосии даромади буҷаи давлатӣ ба ҳисоб меравад…Андоз яке аз сарчашмаи асосии даромади буҷаи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар давлатҳои мутараққӣ то 90% ва дар давлатҳои собиқ Шўравӣ то 77%-и даромади буҷаи давлатро андозҳо ташкил медиҳанд.
Андоз – пардохти ҳатмиест, ки давлат аз шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон меситонад. Аз ҳамин ҷиҳат андозҳо «ҳиссаи шаҳрвандонро» барои нигоҳдории давлат инъикос мекунанд.
Андозситонӣ гуфта тарзи танзими даромадҳо ва сарчашмаҳои пуррашавии маблағҳои давлатиро меноманд.
Назарияи иқтисодӣ принсипҳои гуногуни андозситониро пайваста ҷустуҷў менамояд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳоло дар назарияи иқтисодӣ ду консепсияи андозситониро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Консепсияи якум дар он асос меёбад, ки андоз бояд ба фоидае, ки андозсупоранда аз хизматрасонии давлат мегирад, бояд баробар бошад (ин гунна ақидаро бори аввал асосгузори мактаби классикӣ Адам Смит пешниҳод намудааст).
Консепсияи дуюм пешниҳод мекунад, ки андоз бояд ба даромад вобаста бошад.
Низоми андозситонии муосир дар асоси як қатор принсипҳо ташкил карда мешавад. Аз ҷумла:

Принсипи мўътадилӣ, яъне шаклҳо ва меъёри андозҳо бояд устувор бошанд;
Принсипи ҳатмӣ будани андозситонӣ, яъне тамоми субъектҳои андозсупоранда бояд андозро супоранд ва дар ҳисоб кардани ҳаҷми он мустақил бошанд;
Принсипи умумият, яъне андозситонӣ ҳамаи субъектҳои хоҷагидориеро, ки даромад мегиранд бояд фаро гирад.
Низоми андозситонӣ гуфта маҷмўи усулҳои идоракунӣ ва меъёрҳои ташкилию ҳуқуқии андозситониро меноманд.
Низоми андозситонӣ аз унсурҳои зерин таркиб ёфтааст:

Субъекти андоз – шахсе, ки бар дўши он супоридани андоз вогузор карда шудааст (шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон).
Объекти андоз – даромад ё амволе, ки аз он андоз ситонида мешавад (музди кор, фоида, замин ва ғайра).
Сарчашмаи андоз – даромаде, ки аз он андоз ситонида мешавад.
Меъёри андоз – бузургии андоз ба як воҳиди объекти андоз. Масалан: андоз аз як гектар замин.
Имтиёзҳои андоз – ин кам кардани меъёри андоз ё ин, ки озод намудани субъектҳои алоҳида аз супоридани андоз.
Мисли дигар мафҳумҳои иқтисодӣ моҳияти асосии андоз дар иҷрои вазифаҳои он инъикос меёбад. Андоз вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

Вазифаи фискалӣ, ки ба воситаи он маблағҳои пулии давлат ташкил карда мешаванд ва барои дахолат ба иқтисод замина фароҳам меояд.
Вазифаи иқтисодӣ, ки тавассути он азнавтақсимкунии маблағҳои пулӣ сурат мегирад. Масалан, кам кардани меъёри андоз ба фоидаи фирмаҳо, боиси зиёд шудани маблағгузорӣ мегардад.
Вазифаи иҷтимоӣ, ки тавассути он мувозинати иҷтимоии ҷамъият таъмин карда мешавад, яъне нобаробарӣ дар байни даромади гурўҳҳои иҷтимоӣ бартараф карда мешавад.
Андозҳоро вобаста ба муносибаташон ба даромад, вобаста ба механизми ташкилшавӣ ва вобаста ба самти воридшавиашон таснифбандӣ менамоянд.
Вобаста ба муносибати андозҳо ба даромад шаклҳои зерини андозҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

Андозҳои афзуншаванда (прогрессивӣ), яъне андозҳое, ки бо зиёдшавии ҳаҷми даромад меъёри онҳо низ зиёд мешавад.
Андозҳои пастшаванда (регрессивӣ), яъне андозҳое, ки бо зиёдшавии ҳаҷми даромад меъёри онҳо кам мешавад.
Андозҳои мўътадил, яъне андозҳое, ки новобаста ба ҳаҷми даромад меъёрашон як хел мемонад.
Вобаста ба механизми ташкилшавиашон андозҳоро ба шаклҳои зерин ҷудо мекунанд:

Андозҳои мустақим – андозҳое мебошанд, ки бевосита аз амвол ва даромад ситонида мешаванд. Ба ин шакли андозҳо дохил мешаванд: андоз аз даромади аҳолӣ, андоз аз фоидаи фирмаҳо, андоз аз меросу тўҳфаҳо ва андоз аз амвол.
Андозҳои ғайримустақим – андозҳое мебошанд, ки ба нархи молу хизматҳо илова шудаанд. Ба андозҳои ғайримустақим дохил мешаванд: андоз аз фурўш, андоз аз арзиши илова, андоз аз молҳои алоҳида (акзисҳо) ва боҷҳои гумрукӣ.
Мувофиқи моддаи 6-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо вобаста ба самти воридшавиашон ба андозҳои ҷумҳуриявӣ ва андозҳои маҳаллӣ тақсим мешаванд (ҷадвали 3).

Андозҳои ҷумҳуриявӣ – андозҳое мебошанд, ки ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид мешаванд.
Андозҳои маҳаллӣ – андозҳое мебошанд, ки ба буҷаҳои маҳаллӣ ворид мешаванд.
Ҷадвали 3. Номгўи андозҳои ҶТ.


Андозҳои умумиҷумҳуриявӣ

1.

Андоз аз даромади шахсони воқеӣ

2.

Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ

3.

Андоз аз арзиши иловашуда

4.

Аксизҳо

5.

Андозҳои иҷтимоӣ

6.

Андози замин

7.

Андоз аз истифодабарандагони қаъри замин

8.

Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

9.

Андозҳои соддакардашуда

10.

Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ

11.

Боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ

12.

Боҷи давлатӣ

13.

Андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминии аввалия)

14.

Андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо

15.

Дигар пардохтҳои ҳатмии умумидавлатӣ

Андозҳои маҳаллӣ

1.

Андоз аз амволи ғайриманқул

2.

Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт

3.

Андоз аз фурўши чакана

4.

Дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ

Сиёсати андозситонӣ воситаи асосии дахолати давлат ба иқтисодиёт мебошад. Масъалаи асосии сиёсати андоз ин интихоби варианти самараноки андозситонӣ мебошад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ консепсияҳои кейнсионӣ ва институтсионалистии сиёсати андозро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Консепсияи кейнсионӣ ба «иқтисоди тақозо» такя мекунад. Мувофиқи ақидаи Кейнс дараҷаи баланди андозҳо, қобилияти харидории ҷамъият ва умуман маҷмўи тақозоро паст мекунанд. Дар натиҷаи пастшавии маҷмўи тақозо, нархҳо низ паст шуда, беқурбшавии пул аз байн меравад. Баръакси ин амал, кам кардани дараҷаи андозҳо, боиси афзоиши маҷмўи тақозо, дараҷаи нарх ва дараҷаи беқурбшавии пул мегардад.
Консепсияи институтсионалистӣ ба «иқтисоди арза» такя менамояд. Намояндагони ин равия чунин ҳисоб мекунанд, ки дараҷаи баланди андозҳо боиси афзоиши хароҷотҳои истеҳсолӣ мегарданд, ки дар натиҷаи онҳо дараҷаи нархҳо ва дараҷаи беқурбшавии пул низ меафзояд. Бинобар ҳамин онҳо паст кардани андозҳоро ҷонибдорӣ менамоянд. Намояндагони ин равияи институтсионалистӣ Э. Де Жирардон, Ҷ. Гелбрейт, Г. Коул ва дигарон мебошанд.
Дуруст будани ягон консепсия то ҳоло дар назарияи иқтисодӣ тасдиқ нашудааст, аммо кўшишҳои зиёде барои муайян намудани мувозинати меъёри андзҳо ва фаъолияти соҳибкориро бори аввал муайян намудааст. Ў нишон додаст, ки агар меъёри андоз аз даромад зиёд шавад, пас фаъолияти соҳибкорӣ паст мешавад, зеро ки соҳибкорӣ дар ин ҳолат бебарор мегардад. Паст шудани меъёри андоз ба фаъолияти пурсамар роҳнамун намуда, ба афзоиши пасандоз, маблағгузорӣ ва умуман истеҳсоли молу хизматҳо оварда мерасонад.
Алоқамандии байни меъёри андоз ва воридшавии андозҳо ба буҷа дар назарияи иқтисодӣ тавассути каҷхатаи Лаффер нишон дода мешавад.

Каҷхатаи Лаффер

Мувофиқи нақша, агар меъёри фоиз ба 0% баробар бошад, пас давлат низ ягон фоида намегирад. Агар меъёри андоз ба 100% баробар бошад пас ҳеч кас кор намекунад ва давлат низ даромад намегирад. Ҳангоми 50% будани меъёри андоз даромади давлат аз андоз ба нуқтаи R2 мерасад ва бо зиёд кардани меъёри андоз воридшавии андозҳо ба буҷа кам мешавад (нуқтаи R1).

2.25K
Нет комментариев. Ваш будет первым!