Таркиб ва вазифаҳои низоми қарзӣ

Идоракунии қарз тавассути муассисаҳое сурат мегирад, ки дар маҷмўъ онҳоро низоми қарзӣ меноманд.Идоракунии қарз тавассути муассисаҳое сурат мегирад, ки дар маҷмўъ онҳоро низоми қарзӣ меноманд.
Низоми қарзӣ гуфта, маҷмўи муассисаҳои қарзию молиявиеро меноманд, ки вазифаи ҷамъоварӣ ва тақсимоти маблағҳои пулиро иҷро мекунанд. Мақсади асосии ин муассисаҳои қарзию молиявӣ, танзими иқтисодиёт ба воситаи миқдори пул дар муомилот мебошад. Ба чунин муассисаҳо бонкҳо, иттифоқҳои қарзӣ, ширкатҳои маблағгузорӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар институтҳои қарзию молиявиро дохил мекунанд.
Низоми қарзии муосир аз се зина иборат аст:

Бонки марказӣ;
Бонкҳои тиҷоратӣ;
Институтҳои махсусгардонидашудаи қарзию молиявӣ.
Бонки марказӣ дар низоми қарзӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд. Дар бештари давлатҳо (Олмон, Фаронса, ИДМ) бонкҳои марказӣ муассисаҳои давлатӣ мебошанд. Дар як қатор давлатҳо (ИМА, Шветсария) онҳо ҳамчун ширкатҳои саҳҳомӣ ташкил шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллӣ ҳамчун Бонкӣ марказӣ ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои асосии бонкҳои марказӣ инҳо мебошанд:

интишори пул;
нигоҳ доштани захираҳои тиллоию асъорию давлат;
нигоҳ доштани фондҳои захиравии дигар муассисаҳои қарзӣ;
қарз додан ба бонкҳои тиҷоратӣ;
анҷом додани амалиётҳои молиявии ҳукумат;
тасдиқ ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ.
Бонкҳои тиҷоратӣ, зинаи дуюми низоми қарзӣ ба ҳисоб рафта ба ҷалбкунӣ ва ҷобаҷокунии маблағҳои пулии шахсони воқеию ҳуқуқӣ, сару кор доранд. Ин намуди бонкҳо ҷалбкунӣ ва ҷобаҷогузории маблағҳои пулиро ба воситаи амалиётҳои фаъол (активӣ) ва ғайри фаъол (пассивӣ) ба анҷом мерасонанд.
Амалиёти фаъолияти бонкӣ гуфта, ба мизоҷон пешниҳод намудани қарзро меноманд, ки бонк бар ивазаш фоизи муайян мегирад.
Амалиёти ғайрифаъоли бонкӣ гуфта, ҷалбкунии пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро мефаҳманд, ки барои онҳо бонк ба мизоҷон фоизи муайн медиҳад.
Бонкҳои тиҷоратӣ умумӣ ва махсусгардонидашуда мешаванд. Бонкҳои тиҷоратии умумӣ тамоми амалиётҳоро барои ҳамаи мизоҷон ба иҷро мерасонанд.
Бонкҳои тиҷоратии махсусгарнодидашуда танҳо ба як соҳа (саноат, кишоварзӣ ва ғайра) ё гурўхи муайяни мизоҷон хизмат мерасонанд. Дар бештари мамлакатҳои дунё бонкҳои тиҷоратӣ ба мизоҷон қариб дусад намуди хизматҳоро мерасонанд, ки аз ҳама асосиашон инҳо мебошанд:

Карздиҳии бевосита, яъне пешниҳоди қарз ба мўҳлати муайян, бо шарти бозгардонидан ва пардохти фоизи муайян.
Маблағгузории бонкӣ, яъне харидани саҳмияҳо ва облигатсияҳо аз тарафи бонк.
Лизинг, яъне ба воситаи бонк ба иҷора додани воситаҳо истеҳсолот.
Қабул ва нигоҳдории амонатҳои гузошташуда.
Додани пул аз суратҳисобҳо ва иҷрои ҳисоббаробаркуниҳо.
Ҷобаҷокунии маблағҳои пулии ҷамъшуда ва ғайра.
Зинаи сеюми низоми қарзӣ ин институтҳои қарзию молиявӣ мебошанд, ки ба онҳо иттифоқҳои қарзӣ, ширкатҳои маблағгузорӣ, муассисаҳои амонатгузорӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва фондҳои нафақа дохил мешаванд.
Иттифоқҳои қарзӣ – ин кооператвҳои қарзиро меноманд, ки сармояи онҳо аз аъзоҳақии аъзоёнаш ба вуҷуд оварда шуда, онро барои пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ истифода мебаранд.
Ширкатҳои маблағгузорӣ – ширкатҳое мебошанд, ки тавассути интишори саҳмияҳои худдӣ, маблағҳои шахсони воқеию ҳуқукиро ҷамъ меоваранд.
Муассисаҳои амонатгузорӣ – муассисаҳое мебошанд, ки ба ҷамъоварии амонатҳои аҳолӣ сару кор доранд.
Ширкатҳои суғуртавӣ – муассисаҳое мебошанд, ки вазифаи асосиашон суғурта намудани амвол, ўҳдадорӣ ва ҳаёт мебошад. Маблағҳои озоди худро онҳо асосан барои молиякунонии ширкатҳои калон ва сектори давлатӣ истифода мебаранд.
Фондҳои нафақа маблағҳои худро барои харидани вомбаргҳои давлатӣ ва саҳмияҳои хусусӣ сарф намуда, ҳамин тавр дар такрористеҳсолии ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд.
Бояд қайд намуд, ки зинаи аввал (Бонки марказӣ) ва зинаи дуюм (бонкҳои тиҷоратӣ) дар якҷоягӣ низоми бонкиро ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат дар баъзе адабиётҳои иқтисодӣ низоми қарзиро низоми қарзӣ-бонкӣ низ меноманд.
Фаъолияти мўътадили иқтисодиёт аз устувории низоми қарзӣ вобаста мебошад. Омилҳои асосие, ки ба низоми қарзӣ таъсири манъфӣ мерасонанд, инҳо мебошанд:

номўътадилии қурби пули миллӣ;
сиёсати бесамари фискалӣ;
сиёсати бесамари пулию қарзии бонки марказӣ ва ғайра.
Роҳҳои асосии мўътадил намудани фаъолияти низоми қарзӣ, инҳо мебошанд:
– муккамал намудани қонунгузории бонкӣ;
– мувофиқ намудани дараҷаи ниҳоии захираҳои бонкӣ ва дараҷаи фоизи қарз, ба талаботи тараққиёти иқтисодӣ.
Моҳияти иқтисодии низоми қарзӣ дар вазифаҳои он ифода меёбад, ки ба ин вазифаҳо дохил мешавад:

Вазифаи пулӣ – хоҷагидорӣ (кор бо амонатҳо, амалиётҳо оид ба нигоҳдорӣ ва пешниҳоди қарз, пешниҳоди ахборот, маслиҳат додан ва ғайра), ки онро муассисаҳои қарзӣ иҷро мекунанд.
Вазифаи танзимкунӣ (муайян намудани дараҷаи захираҳо, муайян намудани дараҷаи фоизи қарз ва ғайра), ки онро Бонки марказӣ ба иҷро мерасонад.
Вазифаи ба тартиб андохтан (назорат аз болои бонкҳои тиҷоратӣ, назорат аз болои муассисаҳои қарзию молиявии махсус ва ғайра), ки онро Бонки марказӣ бо якҷоягии Вазорати молия ба иҷро мерасонад.

486
Нет комментариев. Ваш будет первым!