Қарзи давлатӣ: шаклҳо ва оқибатҳои он
Касри буҷа асосан тавассути интишори пулҳои нақд ва қарзи давлатӣ пўшонида мешавад…Касри буҷа асосан тавассути интишори пулҳои нақд ва қарзи давлатӣ пўшонида мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат дар ҳолати афзоиши қарзӣ давлатӣ буҷаи бекаср аз иқтисоди солим шаҳодат намедиҳад.
Қарзи давлатӣ гуфта қарзҳои давлатро дар назди шаҳрвандони дохилӣ ё шаҳрвандони хориҷӣ меноманд.
Қарзи давлатиро маҷмўи касрҳои буҷаи ҷамъшуда низ меноманд. Асосан ду шакли қарзи давлатиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: қарзи дохилӣ ва қарзи берунӣ.
Қарзи дохилӣ – ин қарзи двлатро дар назди шаҳрвандонаш ифода мекунад. Ин намуди қарз асосан аз вомбаргҳо ва амонатҳои аҳолӣ иборат мебошад.
Қарзи берунӣ – ин қарзи давлатро дар назди шаҳрвандон ё ташкилотҳои хориҷӣ ифода менамояд.
Дар баробари бекорӣ, беқурбшавии пул ва касри буҷа қарзи давлатӣ низ ба тараққиёти иқтисодии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Оқибатҳои иқтсодии афзоиши қарзи давлатӣ инҳо мебошанд:
зарурияти пушонидани қарзи давлатӣ боиси кам шудани истеъмолоти аҳолӣ мегардад;
қарзи давлати боиси ба хориҷи кишвар рафтани як қисми қоғазҳои қимматнок мегардад;
пўшонидани қарзи давлатӣ имкониятҳои истеҳсолии наслҳои ояндаро маҳдуд мекунад;
афзоиши қарзи давлатӣ баланд намудани дараҷаи андозҳоро тақозо менамояд, ки дар натиҷаи он фаъолияти соҳибкорӣ суст мешавад;
афзоиши қарзи давлатӣ боиси пайдоиши фишори психологӣ мегардад, ки дар натиҷаи он боварӣ ба ояндаи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳукумат кам шуда дар маҷмўъ катаклизми иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.
Давлат бо усулҳои гуногун метавонад, қарзи давлатиро пўшонад, аммо ҳар як амали давлат барои пўшонидани қарз масъалаҳои навро ба миён меорад. Аз ҳамин ҷиҳат дар иқтисодиёт нисбат ба касри буҷа, ҳалли масъалаи қарзи давлатӣ мушкилтар аст. Роҳҳои асосии пўшонидани қарзи давлатӣ инҳо мебошанд:
баланд кардани меъёри андозҳо, аммо ин гуна сиёсат ба пастшавии даромади соҳибкорӣ оварда мерасонад;
интишори пулҳои нақд, аммо ингуна сиёсат ба беқурбшавии пул сабаб шуда метавонад;
пардохти қарз бо металлҳои қимматбаҳо, қоғазҳои қимматнок, арзи қобили табдил, ки аз тарафи дигар ба камшавии боигарии миллӣ ва вайроншавии бозори молиявӣ оварда мерасонад;
азнавмолиякунонӣ (рефинансирование), яъне вомбаргҳои нав барои баробар кардани ҳисоб бо соҳибони вомбаргҳои пештар интишоршуда. Ин гунна сиёсатро «самараи фишор» низ меноманд ва он боиси афзоиши меъёри фоизи қарз ва камшавии маблағгузорӣ мегардад;
иваз намудани шартҳои пардохтҳои вомбаргҳо, ки онро сиёсати конверсионӣ низ меноманд;
тағир додани мўҳлати пардохти вомбаргҳо, ки онро сиёсати консолидатсионӣ низ меноманд