Менеҷменти Ҷопонӣ

Менеҷменти ҷопонӣ дар даҳсолаҳои охири асри ХХ мамлакатро ба кишвари пешрафтаи ҷаҳонӣ ва асриХХ1 бошад дар ҷаҳон ба довталаби ҷои аввал бар овард. Бинобар ин омўхтанва паҳлўҳои алоҳидаи ин мўъҷизаро дар амалияи худ истифода бурдан амри зарурист.Хусусиятҳои менеҷменти Ҷопонӣ
Накша:
1.Хусусияти ҳоси менечменти Чопон
2.Тахлили киёсии менечменти амрикои ва чопони
3.Хусусиятҳои тайёркунии менечерон дар мамолики ҳоричи
Менеҷменти ҷопонӣ дар даҳсолаҳои охири асри ХХ мамлакатро ба кишвари пешрафтаи ҷаҳонӣ ва асриХХ1 бошад дар ҷаҳон ба довталаби ҷои аввал бар овард. Бинобар ин омўхтанва паҳлўҳои алоҳидаи ин мўъҷизаро дар амалияи худ истифода бурдан амри зарурист.
Системаи идоракунии ҷопонӣ аз корравии кадрҳоро маҳдуд менамояд, онҳоро бо фирма мустаҳкам пайваста барои ба бозори меҳнат баромадан роҳ намедиҳад, дарайни ҳолин дараҷаи баланди рақобати дохилӣ, боусулҳои мураккаби интиҳобуба вазифа қабул кардани мутахассисонро тақозо мекунад.
ҳар сол, одатан дар баҳор, ширкатҳои хусусӣ ва ташкилотҳои давлатӣ гурўҳи хатмкунандагони мактабҳои миёна ва олир оқабул мекунанд. Аксаран теъдоди ба кор таклифшудагон аз миқдори ҷойҳои ҳолӣ зиёданд, ки ин барои интиҳоб ва пешбарии беҳтарини онҳо имкон медиҳад. Онҳое, ки ба кор қабул мешаванд, кулли имкониятҳои болоравии мансабӣ муҳайё мегардад ва баробари ин коргарро то нафақа аз вазифа сабукдўш намесозанд, ба шарте ки ӯ ягон ҷиноят ё амали ѓайриқонунии вазнин содир накунад.
Шояд, яке аз хислатҳои бештар маълуми системаи идоракунии ҷопонӣ системаи кирокунии якумраи коркунон бошад, ки аксаран дар фирмаҳои калон амалӣ гардонида мешаванд. Ҷопониҳо аз гум кардани ҷои кор хеле метарсанд, чунки ба фирмаи тибқи мақомаш баробарвазн, ё муассисаи давлатӣ сабукдўшшудагонро ҳеҷ гоҳ ба кор қабул намекунанд. Ин ҳолат рақобатро байни хизматчиён ва коргарони касбӣ зуд метезонад, таслимшавиро ба роҳбарият баланд ва дараҷаи даъво ва талабҳои гуногунро нисбати онҳо паст мегардонад. Имрўз дар натиҷаи пиршавии аҳолӣ ва зиёд шудани миқдори коргарони синну солашон калон дараҷаи нақши кирояи якумра хеле паст рафтааст, чунки ҳиссаи коркунони довталаб ба маошҳои баланд зиёд шуда истодааст. Аммо он (кирояи якумра) дар намудҳои мухталиф арзи вуҷуд дорад, чунки “баста мондани коргар” ба ташкилот ва нигоҳдории олами ботини вай барои ширкат нафъовар аст. Аз ин сабаб баробари кирояи анъанавии якумра дигар шаклҳои зерини муносибатҳои меҳнатӣ инкишоф меёбанд:

коркунии муқаррарии дар ширкатҳо амалкунанда;
такроран кирокунии коргарони сабукдўшшуда ба вазифаҳои паст ва шароитҳои начандон хуб;
кирокунии муваққатӣ;
кирокунӣ ба ҳафтаи нопурра;
кирокунии кўтоҳмуддат бо интиқол ба дигар корҳонаҳои шароити меҳнатиашон начандон ҷолиб;
системаи “коргарии ҳатмӣ”, (коркун пас аз 5-7 сол ба таври ҳатмӣ ба дигар корҳонаи ширкат даъват карда мешавад);
кирокунии гурўҳии коргарон барои шароити кории ѓайри ҳолатҳои дар боло зикр шуда.
Ширкатҳои Ҷопон одатан ба омодакунӣ ва аз нав омодакунии дохилии кадрҳо майл доранд, бинобар ин онҳо мутахассисони тахассуси васеъ ва маълумоти олӣ доштаро ба кор қабул карда, аз онҳо мутахассиси лозимиро тайёр менамоянд.
Дар ширкатҳои ҷопонӣ ба сифатҳои шахсии коркунон ва маҳорати ҷамъиятчигии онҳо, дар мавриди зарурӣ бошад ба сарвари кардани онҳо аҳамияти муҳим медиҳанд. Дар Ҷопон умуман раванди усулҳои ба таври коллективона кор кардан хеле пурзўр мебошад. Дар фаҳмиши ҷопониҳо коллективизм – ин шакли ташкилиест, ки ба воситаи он натиҷаи зуруриро ба даст даровардан мумкин аст, ки онро дар асоси кўшишҳои инфиродӣ амалӣ намудан душвор аст.
Менеҷменти ҷопонӣ ба инкишофи инфиродии коргарон низ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Масалан, кормандонро дар бисёр ширкатҳо барои бартараф намудани шарму ҳаё мавриди иҷрои вазифа роҳбарон махсус маҷбур месозанд, ки дар кўчаҳо бо овози баланд суруд ҳонанд ё ба роҳгузарҳо тарҷумаи ҳоли худро иброз намоянд.
16.2. Системаи музди меҳнат ва мукофотдиҳӣ
Дар фирмаҳои ҷопонӣ системаи музди меҳнат ва мукофотонидани коргарон пешаз ҳама ба собиқаи хизматӣ нигаронида шуда буд, сифати кор бошад дуюмдараҷа ҳисоб меёфт. Аммо дар солҳои охир ба эътибор гирифтани дараҷаи ихтисоснокӣ, омодагии касбӣ, натиҷаи меҳнатӣ аз нав оѓоз гаштааст. Музди меҳнат дар асоси ду усул муайян мегардад. Усули аввал додани музди меҳнат дар асоси натиҷаҳо; усули дуввум усули омехта, ки дар асоси он пардохти музди меҳнат аз се қисм иборат аст, маоши асосӣ, иловапулӣ ва пардохтҳои махсус.
Маоши асосӣ ба синну сол, собиқаи корӣ дар фирма, сифатҳои шахсӣ, вазъи оилавӣ, омодагии касбӣ муайян карда мешавад.
Ба иловапулии ҳавасмандкунанда саҳми шахсӣ, музди берун аз вақти корӣ, иловапулӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, мукофоти ҷамъбасти сол, пардохтҳои нимсола дохил мешаванд, ки барои ҳама чун фоизи муайян аз музди кор ва барои парвариши ҳисси садоқат нисбати ширкат муайян мегардад.
Дар маҷмўъ ин пардохтҳо метавонанд якчанд бор маоши асосиро зиёд намоянд. Паст гаштани самаранокии кори коргарон ба гум кардани ин имтиёзҳо меоварад, бинобар он ҳеҷ кас ба паст шудани ин роҳ намедиҳад.
Пардохтҳои махсус одатан таъиноти пардохти эҳтиёҷҳои иҷтимоӣ, пардохти манзил, хизматрасонии тиббӣ, хароҷотҳои роҳкирои нақлиётро дарбар мегиранд, ки қисме аз онҳо ҳатмианд. Дар якҷоягӣ онҳо қариб 20% фонди музди меҳнатро ташкил мекунанд.
Тафовут дар музди меҳнати категорияҳои гуногуни коркунон дар Ҷопон нисбат ба дигар мамлакатҳо кам аст, имтиёзҳо танҳо барои коркунони рутбаҳои олӣ тааллуқ доранд.
Барои ширкатҳои ҷопонӣ идоракунии гурўҳӣ ҳос аст, ки ба принсипҳои коллективизм такя мекунанд, дар қабули қарорҳо одатан ашҳосе, ки ба он ягон вобастагӣ доранд ширкат меварзанд, дар ширкатҳои калон ин тақрибан 60-80 касро ташкил медиҳад.
Яке аз намудҳои қабули қарорҳо номи усули “ринг”-ро гирифтааст, ки татбиқи он аз якчанд марҳила иборат аст. Сараввал роҳбарияти ширкат якҷоя бо мутахассисони ҷалбшуда ба тариқи умумӣ масъалагузорӣ мекунад. Сипас, он ба поён, ба воҳидҳои мувофиқкунанда “фуроварда” мешаванд, ки дар он ҷо аз болои масъала корро оѓоз менамоянд: одатан сухан оиди гурўҳи секаса меравад, ки аз кормандони ҷавонтарин иборатанд. Ин кормандони ҷавон ҳамаи шахсони манфиатдорро дар асоси анкета пурсида, якчанд варианти қарорро омода месозанд. Сипас, лоиҳаҳо бо иҷрокунандагон ризоият карда мешаванд, дар натиҷа муносибати ягона кор карда мешавад. Ин ҷараён номи “нэмваси” – “бурридани решаҳо”-ро гирифтааст. Пас аз ин дар машварати махсус ва ё конфронс ҳуҷҷатро тасдиқ намуда, дар худи ҳамин ҷой равандҳои мушаххаси кор тибқи иҷрои он омода карда мешавад.
Интиҳоби қарор дар ин асно тибқи ризоияти умумӣ мегузарад ва ин бояд иҷрои самараноки қарорро таъмин намояд. Дар ҷараёни омодакунии лоиҳа кулли ақидаҳо оиди масъала ба ҳисоб гирифта мешавад ва чунин меҳисобанд, ки партофтани, ҳатто ба назари аввал, ҷузъи ночизи он амали беҷост. Умуман дар Ҷопон усули “ринг”-ро ба намуди фалсафаи идоракунӣ мансуб мекунанд, ки он закигӣ, эҳтиёткорӣ, масъулияти коллективиро талқин мекунад.
Дар фирмаҳои ҷопонӣ системаи хеле чобуки идоракунии сифат ташкил шудааст, ки дар чорчўбаи он 85% масъулияти сифат ба дўши иҷрокунандагони қаторӣва танҳо 15% – ба сарварони бевосита гузошта мешаванд. Ин барои бо кўшишҳои муштарак ба нуқсону сақат дар кулли ҷараёни технологӣ роҳ надодан на барои ошкор ва ислоҳ кардани он нигаронида шудааст. Унсури муҳими он системаи маҳфилҳо оид ба назорати сифат мебошад.
Боз як хусусияти менеҷменти ҷопонӣ системаи идоракунии захираҳои истеҳсолӣ мебошад, ки номи “аниқ дар вақт”-ро гирифтааст. Моҳияташ иборат аз он аст, ки ҷадвалҳои (графикҳои) махсуси додани масолеҳ, деталҳо, ҷузъиётҳои нимтайёрро ба ҷои корӣ маҳз дар ҳамон вақт, ки ба онҳо талабот пайдо шавад, таъмин мекунанд, зимнан на танҳо дар доираи сех ё корҳонаи алоҳида, балки фирма. Дар натиҷа сарфаи калоне дар анборҳо ва хароҷотҳои ҷории бо нигоҳдории захираҳо алоқаманд ба амал меояд.
Дар ҳотима мекўшем, ки хусусиятҳои усулҳои идоракунии ҷопониро дар муқоиса бо менеҷменти америкоӣ муайян намоем.

Объектҳои муқоиса

ИМА

Ҷопон

Ҷабҳаҳои қарорҳо

Инфиродӣ

Коллективӣ

Бартарияти ҳадафҳо

Тактикӣ

Стратегӣ

Ҷудокунӣ

Аниқ

Номуайян

Хулоса, асосгузори менеҷменти илмӣ Ф.У.Тейлор худ муҳандиси соҳибтаҷриба ва дар замони худ менеҷер буда, дар фаъолияти ҳаррўзааш масъалаҳои такмили истеҳсолотро ба ҳотири самаранокии меҳнат ҳаллу фасл кардааст. Ў роҳҳои корбариро омўхта, чор навъи идора кардани меҳнати коргаронро ихтироъ кард:

– аз нуқтаи назари илмӣ иҷро кардани кор;
– аз рўи илм интиҳоб кардани корманд ва инкишоф додани малакаю истеъдоди касбии ў;

меҳнати дастҷамъӣ;
тақсими масъулият барои натиҷаи меҳнат байни менеҷер ва кормандон.
Муҳаққиқи дигари соҳаи менеҷмент А.Файол пешниҳод намудааст, ки менеҷер вазифаҳои лоиҳакашӣ, яъне ба нақша гирифтан, таъсису созмон додан, роҳбарӣ, танзим ва назоратро бояд иҷро кунад.
ҳамин тавр, таълимотро оид ба идоракунӣ ба ду гурўҳ шартан тақсим кардан мумкин аст: “якченакӣ” ва “синтетикӣ”. Таълимоти “якченакӣ” таваҷҷўҳро ба ҳалли як масъала аз масъалаҳои идоракунӣ: вазифаҳо, одамон, ташкили фаъолияти идоракунӣҷалб месозад. Мисоли консепсияи “якченакӣ”: идоракунии илмии Ф.Тейлор буда, назарияи бихевиористӣ-таълимот оид ба ташкилот аст, ки асосгузорони он А.Файол ва М.Вебер мебошанд.
Дар Иттиҳоди шўравӣ назарияи менеҷменти илмиро дар шароити нави сохти ҷамъиятӣ ва тарзи сотсиалистии ҳоҷагидорӣ А.А.Богданов, А.К.Гастев, О.А.Ермонский, Е.Ф.Розмирович ва дигар муҳаққиқон, ки дар муассиса ва паҷӯҳишгоҳи илмии гуногун фаъолият доштанд, эҷод кардаанд. Яке аз бозёфтҳои он давра асоснок намудани принсипҳои идоракунӣ ба шумор меравад. Чунки дар давраи сотсиалистӣ роҳбарӣ бо роҳи марказонидан ва тарзи бевосита сурат мегирифт. Идораҳои давлатӣ маҳз бо ҳамин тарз ба фаъолияти истеҳсолию ҳоҷагӣ роҳбарӣ мекарданд.
Ин принсипҳо тарз ва сохтори идораҳои роҳбарикунандаро муайян мекарданд. Бинобар ин, зарурияти чуқуртару аз назари танқид омўхтани принсипҳои идоракунӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Хусусиятҳои менеҷменти Ҷопониро дар чӣ мебинед?
Системаи идоракунии ҷопонӣ чигуна аст?
Системаи музди меҳнат ва мукотдиҳӣ дар ташкилотҳои Ҷопонӣ чи тавр сурат мегирад?
Усули қабули қарор дар ташкилотҳои ҷопонӣ чи гуна аст?
Системаи идоракунии захираҳои истеҳсолӣ Ҷопон

1.23K
Нет комментариев. Ваш будет первым!