Таърихи пайдоиш ва мактабҳои классикии инкишофи менеҷмент

1.Давраҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи менеҷмент;
2.Мактабҳои классикии менеҷмент ва инкишофи фикру ақоиди идоракунӣ;
3.Алоқамандии инкишофи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва менеҷмент;
4.Шаклҳои таърихии пайдоиши моликият ва инкишофи менеҷмент;
5.Маданияти миллӣ ва инкишофи менеҷмент.

1.Давраҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи менеҷмент
Дар Юнони Қадим калимаи «менеҷмент» истифода намешуд. Ба ин мазмун монанд калимаи «master» бо мазмуни шахси «кобанда», «ҷусҷуҷӯкунанда» истифода мешуд. Санъати идоракунии одамон дар забони юнонӣ «демагогия», яъне «demos – халқ, ago – мебарам» дар забони тоҷикӣ маънои «роҳбарии халқ»-ро дорад. Баъдтар реҷаи давлатдоронро «despoteia» яъне ҳукмронии беандозаи шахсони алоҳида аз болои мардум меномиданд. Аммо дар навбати аввал «деспот» маънои соҳибхона, соҳибмулк, сардорро бо худ дошт. «Деспотия» ин ҳукмронии ғуломдорро ба ғулом меномиданд. Деспотизм – шакли роҳбарие мебошад, ки дар асоси ҳукмронии бе ҳудуди шахсон ташкил карда шудааст. Асоси калимаи «деспотизм» ин «des» буда, маънои «баста»-ро дорад. Калимаи «демагог» инчунин маънои намояндаи давлатиро низ дорад.
Чуноне ки Б. Ғафуров қайд мекунанд. Сарварии қабилаҳои ориёиро «пешвоён», ё худ «подшоҳоне» ба уҳда доштанд, ки аз ашрафи ҳарбиён баромада буданд. Дар куҳи Бесутун, воқеъ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон катибаҳои забони порсии қадим то имруз дар тахтасангҳои бузурги танаи куҳ нигохдорӣ шудаанд, ки бо хатти мехӣ ба се забон – порсии қадим, аккодӣ, эламӣ навишта шуда, аз панҷ, сутун иборат мебошанд. Катибаи мазкур ба соли 525 то мелод мансуб буда, бо фармони шоҳи бузурги Ҳахоманишӣ – Дорошоҳ навишта шудааст. Катибаи мазкур аз бузургтарин ва қадимтарин манбаи хаттӣ дар таърихи эрониён ва халқиятҳои Шарқ мебошад, ки дар он дар бораи ҳукмронӣ, роҳбарӣ, яъне подшоҳӣ ва кишвардори сухан меравад.
Калимаи «демократия» ҳамчун мазмуни қувва ё ҳукмронии халқиро ба худ гирифтааст ва ба маънии “demos” – халқ “kratos»-идора, ҳокимиятро дорад. Калимаи «педагогика» – ин санъати тарбия ва нигоҳубини кудакро дошта, дар баъзе мавридҳо ин калима ба маънои «роҳбари кардан», «ташкил», ё худ «омӯзиш» истифода мешуд. Дар навбати аввал педагог ғуломеро мегуфтанд, ки кудакро ба мактаб гусел мекард, баъдан ин калима маънои «сардор», «рохбар»-ро гирифт. Оиди «роҳбарӣ» ва вазифадорӣ дар қадим тоҷикон низ гуфтаҳои зиёде мавҷуд мебошад.
Ҳануз аз давраҳои қадим дар мардумони эрони табор, аз ҷумла тоҷикон амалдоронро аз руи унвонҳои “солор”, “сарвар”, “раис”, “мир” “муҳосиб”,”амлокдор”, “муҳрдор”, “котиб”, “дастархончӣ” ва ғайpa ном мебурданд. Баъди ба миён омадани давлатдории Рими Қадим, дар забони лотинӣ калимаи «mancepts» – соҳибкор, ҳамкор пайдо шуд. Инчунин «maneipium» маънои ҳуқуқи моликиятдориро дошт, ки аз ду қисм иборат буд: «manus» – дacт, ҳукмронӣ ва capio» – боигарӣ, капитал. Манафактура низ бо чунин маъно пайдо гаштааст. Яъне «manus» – даст «factura» – тайёр кардан.
Таърихшиноси немис И. Шнайд калимаи «менеҷмент»-ро аз этимологияи итолиёвӣ ёфта менависад, ки «maneggiare» – «қобилияти идора кардани асп»-ро дорад. Бо ин монанди калимаи англисии «manage» на фақат идора кардан, балки «донишмандӣ», «ҳакимиро» низ дар назар доштааст. Аз ин нуқтаи назар идора кардан илми кулл ва санъате мебошад, ки вазифаи ҳавасмандии одамон ва роҳ нишон доданро барои иҷрои он максадҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудааст, фаро мегирад».
Дар маҷмӯъ гуфтан зарур аст, ки дар «Идора кардани асп» ва «Идора кардани одамон» шаклҳои гуногуни идоракуниро истифода кардан мумкин аст. Яъне аз рафтори дағалона то муносибати дӯстдорона.
Сотсиологи немис Макс Вебер навиштааст, ки чун капитализм ба дараҷаи аълои худ расид, функсия ва фаъолияти менеҷерон низ тағйир ёфт, яъне, «омӯзиши психологияи истеъмолкунанда ва талаботи онҳо мақоми асосӣ дорад. Соҳибкор бошад, аллакай моликиятдори хусусӣ ва соҳиби капитал буд. Дар давраҳои аввали пайдоиши моликиятдорӣ «менеҷер» – гуфта шахсеро меномиданд, ки соҳибмулк дар вақти набудани худ ба уҳдаи ӯ кори худpo мегузошт. Баъдан ӯро ҳамчун ҷонишини капиталист меномиданд, ё ин ки «кудаки дар давутоз» меномиданд. Баръакс калимаи «директор» маънои моликиятдор», ё худ шахси ба камол расидаро дошт. Таърихнависон давраи инкишофи менеҷментро чунин шарҳ медиҳанд:
1.Инқилоби аввалӣ менеҷмент 4-5 ҳазор сол пеш дар давраи ғуломдории Шарқи Қадим ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра одамоне пайдо гаштаанд, ки урфу одат ва талаботи динии мардумро тағйир доданд, яъне ба ҷои қурбонии одамон онҳо қурбонии рамзии дигарро ҷорӣ намуданд. Дар натиҷа ин диндорон аз ҳисоби қурбонии мардум пулу мол, гову гусфанд, равғану дигар асбобҳо бой шуда, гуруҳи одамони навро ташкил доданд. Ин гуруҳи одамон на тоҷир ва на капиталист буданд, балки бо ном барандагони урфияти динӣ буданд, дар як муддати кутоҳ, боигарии калонро ба даст дароварданд. Ҳамин тариқ дар давраи якуми инкилоб менеҷмент ҳамчун восита, ё асбоби дин ва тиҷорат ташаккул ёфт. Маҳз дар ҳамин давра навиштаҷоту сабти амвол ва ҳисобу китобу назорат ҷорӣ гашта буд. “Чуноне ки дар китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» омадааст «Нахустин сарчашмаҳои хаттии санавӣ, ки дар бораи Осиёи Миёна маълумот медонанд, дар асри VII-VI пеш аз мелод дар ин сарзамин сукунат доштани қавлу тоифанои эронинажод – суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо ва ғайpapo хотирнишон намудаанд”.
2.Инқилоби дуюми менеҷментро баъди ҳазор сол, ба давраи ҳукмронии шоҳи Бобул Ҳаммурапӣ (1792-1750 то давраи мо) мансуб медонанд. Дар замони ҳукмронии Хаммурапӣ, ки даврони зиёдеро дар бар мегирифт, одамон маҷбур шуданд, ки системаи идоравиро фикр карда бароянд. Маҳз дар ҳамин давра 285 қонуни идоракуни доираҳои гуногуни ҳаётиро қабул намуданд, ки нишонаи қимматноки ҳуқуқӣ ва давраи муайяни таърихи менеҷмент дар Шарқи Қадим мебошад. Бартарии ин давра дар он мебошад, ки аввалин маротиба системаи маъмурӣ пайдо гашт. Ин системаи маъмурӣ барои подшоҳони баъдина ҳамчун навоварӣ қабул карда мешуд. Ҳамин тариқ бартарии давраи дуюми инкишофи таърихии менеҷмент дар он аст, ки аллакай системаи ташкил ва танзими муносибатҳои одамон пайдо гаштааст. Мисол якчанд қонунҳои ин подшоҳро овардан мумкин аст, ки қариб то замони мо дар баъзе давлатҳо истифода мешуд. Мувофиқи қонун волидайн агар қашшоқ мемонданд фарзандашонро мефурӯхтанд. Агар зани шавҳардорро бо марде медиданд, уро ба об мепартофтанд ва агар мардро медиданд уро ба суд медоданд. Мард аз молу мулки хона чизе ҳақ надошт, молу мулк, ҳаққи фарзандон – кудакон буд. Афсарон барои рафтори дағалона нисбати аскари қатори ҷазои ҳукми қатлро мегирифт. Барои дуздии молу мулк ҳукми қатл таъин мешуд. Агар кас дар вақти дуздӣ дастгир мешуд дар девори ҳамон хона қатл мешуд. Барои сухани дағал ба падару модар забонро мебуриданд. Барои куфтани падару модар дастро мебуриданд. Ҷарроҳро барои ҷарророҳи нодуруст дасташро мебуриданд. Барои сохтмони хуб ба меъмор маоши хело баланд медоданд, вале агар хона чапа мешуду соҳибхонаро мекушт, уро ба қатл мерасониданд, ё агар хона қисман вайрон мегашт, аз ҳисоби меъмор таъмир мегашт. Чунин як қонун барои киштисозон низ вуҷуд дошт. Ҳамин тариқ маълум мегардад, ки маҳз дар давраи 2-юми инкишоф менеҷмент аллакай мавқеи худро ҳамчун як шакли фаъолият ва соҳа пайдо мекунад. Дар ин давра одамон маҷбур буданд, ки касбро бо тамоми нозукиҳояш меомӯзанд ва ҳамчун шахси касбии соҳа-менеҷер баромад кунанд.
3.Инқилоби сеюми идоракунӣ – баъди ҳазор соли аз байн рафтани Ҳамураппӣ, Вавилон боз аз нав дар маркази инкишофи менеҷмент қapop гирифт. Шоҳ Навуҳудонассор (605-562 то мелод) ҳамчун муаллифи лоиҳаи манораи Бобул, боғҳои гуногун, назорат дар коргоҳу дукон ва ғалла мебошад. Менеҷмент дар ин давраи таърихии худ ҳамчун системаи истеҳсолию сохтмони шинохта мешавад. Дар ҳазораи IV пеш аз милод дар Ҷануби Туркманистон нахустин иншооти обёри пайдо шуд, ки дар тамоми Шарқи пеш қадимтарин иншоот ба ҳисоб мерафт. Ин низ аз мавҷудияти идораву корбарӣ шаҳодат медиҳад, ки имрузи Туркманистон сарзамини мардуми шаҳрнишини эронитабор ва баъдҳо ватани парфияниҳо буд.
4.Инқилоби чоруми менеҷмент – ба давраи инқилоби саноати асрҳои XVIII-XIX рост меояд. Ин давра капитализми аврупоиро ба вуҷуд меорад. Инқилоби саноати ба назария ва амалияи идоракуни таъсири калон расонид. Дар ин давра аллакай капиталистони калоне ба вуҷуд омаданд, ки на як ё ду нафар буданд, балки ҳазорҳо одамонро ташкил мекарданд. Инчунин ба ҷои як менеҷер якчанд менеҷерон пайдо гаштанд. Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулот зиёд мешавад, суръати гардиши сармоя меафзояд, амалиётҳои бонки васеъ мегарданд. Дар ин давра идоракуни аллакай аз доираи фаҳмиши умумӣ берун баромада, чун дониши махсус, тарзу усули навро талаб мекунад. Идоракуни ба системаи мураккаби услубу усул, қоидаҳо, воситаҳои техникӣ ва технологӣ мубаддал мегардад, ки барои иҷрои он дониши касбиро талаб менамояд. Инқилоби чоруми менеҷмент ба инқилоби буржуазӣ рост меояд, ки шахсияти нав «капиталист»-ро ба миён меорад. Дар замоне, ки капиталист медонад, ки худаш танҳо аз уҳдаи идора кардан намебарояд, шахсияти нав – «менеҷер»-ро ба миён меорад.
5.Давраи панҷуми инқилоби менеҷмент. Давраи инқилоби саноатӣ ва капитализми классикӣ ба миён омад. Дар миёнаи асри XIX дар замони монополизм мактабҳои аввали бизнес пайдо шудаанд, ки менеҷерони касбии худро тайёр мекарданд. Дар ин давра менеҷер ҳамчун синфи алоҳидаи мутахассисони касбӣ ҷудо шудааст, ки давраи панҷуми инкишофи идоракунӣ мебошад. Инқилоби саноатӣ исбот намуд, ки моҳияти функсияи идоракунӣ аз функсияи молиявию техники кам нест. Ҳарчанд ки иқтисодчии бузурги миёнаи асри XIX Адам Смит ба ин шубҳа дошта менависад, ки қаҳрамони асосии ин давра «менеҷер – фабрикант», ё худ «капиталист» мебошад. Дар солҳои 60-уми асри XIX иқтисодчии бузурги немис К.Маркс асари «Капитал»-ро навишта ба қобилиятнокии идоравии капиталистон нобоварона назар дошт.
Баъдтар олимони илми идоравӣ фаҳмиданд, ки «капиталист» дар идоракунии истеҳсолот шахси асосӣ нест ва ҷои вайро бояд дигар шахс гирад. К.Маркс ва Ф. Энгелс навиштаанд, ки ин мавқеъро бояд синфи «пролетариат» гирад ва хато ҳам накарданд. Чунки дар замони шуравӣ ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо дар баробари ин боз як шахсияти дигар яъне «давлатдор» ба миён омад, ки соҳиби корхонаҳои калон, заводу фабрикаҳо ва моликияти зиёди аксионерӣ шуда, капиталистро аз майдон берун бароварданд. Дар чунин як вазъият ду нуқтаи назар, яъне бо гуфтаи Гегел, К.Маркс, Ф.Энгелс, В.И.Ленин ҷои капиталистро бояд синфи коргар гирад, вале бо гуфтаи сотсиологҳои америкоӣ чун М. Иритмен ва сотсиал-демократҳои немис М. Ребер, Э. Бернштейн ва К.Шмит «маъмурият» дар давлат ва сохтори хусусӣ дар иқтисодиёт мақоми баландро соҳиб мегардад ва ҳамчун як қисмати алоҳидаи иҷтимоӣ амал мекунад. Солҳои 40 -уми асри XX Ч.Бернайм китоби «Инқилоби менеҷерӣ»-ро менависад, ки дар он гуфта мешавад, ки «синфи капилатистро синфи идора ё худ роҳбарон» аз майдон берун бароварданд. Бернайм менависад, ки моликият ин фақат сармояи моддӣ набуда, пеш аз ҳама ин назорат мебошад. Яъне агар назорат набошад, моликият низ нест. Назорат бошад дар дасти «менеҷерон» аст, бинобар ин маънои пешинаи моликият моҳияти худро гум мекунад. Дар солҳоӣ 60-уми асри XIX дар илми назариявии менеҷмент як инқилоби калоне ба вуҷуд омад. Олимон, иқтисодшиносони зиёд аз қабили Симсон, Ф. Гилбрет, Д. Белл, Ч. Шумпетер, Р. Самуэлсон, П. Друкер ва дигарон асарҳои зиёдеро навиштаанд, ки то замони мо мавқеи худро гум накардаанд. Вобаста ба талаботи замон ва инкишофи иқтисодӣ дар шаҳрҳои қадимаи Шарқ ба монанди Бухорои Шариф, Самарқанд, Бағдод, Марв, Нишопур, Балху Ҳирот мадрасаҳои махсуси шахсони идоравӣ пайдо мегардад. Ин ҷавонон дар ташкилоти давлатӣ кор карда, ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, мактубҳо дастуроти баҳисобгирӣ, ҳисоботҳо менавистанд. Асосан дар омузиши ин роҳбарон бисёртар ба фанҳои фалсафа, фиқҳ, калом, мантиқ, таълим, равоншиносӣ, риёзӣ, фарҳангу адаб луғат ва амсоли ин диққати махсус медоданд.
2.Мактабҳои классикии менеҷмент ва инкишофи фикру ақоиди идоракунӣ
Новобаста ба он, ки инқилобҳои якуми идоракунӣ дар Шарқи Қадим ба вуҷуд омад дар Юнон – ду ҳазору панҷсад сол пеш то давраи мо пешравии калон дар инкишофи идора ва роҳбари, яъне менеҷмент пайдо гашт. Мардуми Юнон якумин шуда иқтисоди бозоргониро ташкил намудаанд, ки дар асоси меҳнати ҳалолу тоза ва маданияти баланд ва тиҷорати одилона ба роҳ монданд. Юнониён нисбат ба хушкӣ дар баҳр вақти худро зиёд мегузарониданд. Барои ин давлати хурдӣ дар домани куҳистон ҷойгирифта баҳр сарчашмаи асосии зиндагонии мардум, магистрали нақлиёт ба дигар давлатҳо ва бо ҳамин роҳ, воситаи гирифтани фоида буд. Ҳамаи ин натиҷаи он буд, ки аввалин мактаби таҷрибавии идоракунӣ Юнони Қадим ба ҳисоб меравад. Санъати идоракунӣ дар забони Юнонӣ «кибернетика», идоракунии киштӣ, ё худ киштиронӣ – «кибернесис» ном дошт, ки баъдтар ин номро ба «роҳбарон» ва «подшоҳон» низ мегуфтанд.
Дар ҳақиқат тартибот дар киштии Юнониён як мактаби намунавии идоракуни буд:
♦ вазифаҳои ҳар як кас аниқ тақсим шуда буд;
♦ системаи ягонаи идоракунӣ амал мекард;
♦ мувофиқкунонии фаъолият;
Идоракунӣ дар киштиҳои антиқаи юнонӣ яке аз аввалин моделҳои ташкили дурусти корхонаи тиҷоратӣ ва бизнеси хурд буд. Ба ҳайати киштии юнониҳо, ки киштиронон ва тоҷирон дохил мешуданд, доимо навоварии соҳибкорӣ ва таваккали соҳибкорӣ дида мешуд. Онҳо на фақат мол мефурухтанд, балки урфу одат, маданият, шаклу усули роҳбарии худро ба дигар давлатҳо паҳн мекарданд. Шиноварӣ дар баҳр албатта кори осон набуд, ин аз одамон пеш аз ҳама кордонӣ, ақли солим, донишу зиракӣ талаб мекунад. Юнониён, инчунин дар бандарҳое, ки меистоданд, хело ҳам тозаю озода ва намунавӣ буданд. Коргарони ин бандарҳо сохтмончиён, киштисозон, тоҷирон ва молиячиён буданд. Дар ин бандарҳо хариду фуруш, доду гирифти молу пул амалӣ мегашт. Хизматҳои гумрукӣ ва муҳофизатӣ пайдо шуда буданд, ки киштиҳоро аз ғоратгарону дуздон муҳофизат карда, қарзхо ва кумакпулиҳо медоданд. Аллакай амборҳои нигоҳдории молҳо, шартномаҳои тиҷоратӣ баста мешуд, ки асосашро соҳибкории «ҳалол» ва одилона ташкил медод. Ҳатто файласуфи бузург Афлотун дар аксари асарҳои худ калимаи «кибернетика»-ро истифода мекунад, ки ба маънои санъати болои идоракунии шаҳрҳо қабул шудааст. Идоракунӣ дар забони юнонӣ бо дигар калима гуфта мешуд. Чунончи дар соҳаи ҳарбӣ «кайранео» (идора кардани майдони ҷанг), дар хоҷагӣ бошад “ойкономика” (мудири хоҷагии хона) ном дошт. Фаҳмиши имрӯзаи Экономика» аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Мардуми Афина давлатдории худро дар асоси моликияти якҷояи давлатӣ ва хусусӣ сохтанд. Асоси моликияти хусусӣ ин хоҷагиҳои оилавӣ дар деҳот буд, ки «ойкос» ном гирифта буд. Афлотун «Ойкономика»-ро дар идоракунии полис ҳам истифода кардааст. Масҷиди католикии Рим яке аз системаи намунавии самаранок ва босуботи идоракунии марказонида- шуда буд. Ин системаи идоракуние мебошад, ҳарчанд оилаҳо ва корхонаҳои автономии хоҷагии қишлоқро дар бар мегирад. Юнони қадим дар як муҳлати кутоҳи таърихи ба як давлатӣ зебое мубаддал мегардад, ки тамоми намуди зироат ва зотҳои чорво парвариш карда мешуд. Системаи баланди интенсивии хоҷагии қишлок, ба он оварда расонид, ки Чиниён дар бозорӣ аграрии Осиё ва Шарқ рақобат нишон дода метавонистанд, ҳато дар минтакаҳое, ки заминҳои хеле ҳосилхез дошта, маданияти баланди зироатчигӣ доштанд, ба монанди эрониён чиниён ва юнониён эътироф шуда буданд. Яке аз хусусияти хоси хоҷагидории Юнониҳо дар он буд, ки кадом соҳае набошад, хоҳ хоҷагии кишлоқ, сохтмон, тиҷорат, ё моҳидори онро ба соҳаи “риёзиёти амалӣ” табдил дода буданд. Юнониён ҳамаи чизро ҳисобу китоб карданд: Мисол дар ангурпарварӣ – чӣ қадар нурӣ зарур аст, барои навъи муанян ва намуди хоки муайян, то ки тамъи вино дигар нашавад: чӣ миқдор дарахти ангур шинонанд, чӣ тавр заминро дуруст истифода намоянд, канали обро чӣ хел кобанд, ки камхарчу самаранок бошад ва таркиби хокро вайрон накунад, ба назар гирифта мешуд. Бинобар ин нисбати ин халқ чунин ақидае ҳаст, ки юнонӣ – косиб, тоҷир, зироаткор, зирак ва ба ҳамаи навоварӣ ва таваккалкорӣ тайёр, ба мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати мол аст. Файласуфони бузург Суқрот, Афлотун, Гераклит, Арасту, ки то имруз бо бузургии худ дар ҷаҳон маъруф шинохта мешаванд, моҳияти устувори меҳнатро ҳамон вақт баҳо медиданд, ки агар он бошуурона буда, дуруст ташкил карда шуда бошад. Меҳнати устувор, меҳнати ҳамон зироаткореро мешуморанд, ки агар пойдевори зиндагии ин шахс бошад. Меҳнати гуломе, ки аз воситаҳои истеҳсолот ҷудо буда, бешуурона, нофаҳмо ва беақлона иҷро мешавад, ҳеҷ гоҳ ба меҳнати намунавӣ, ҳавасмандӣ, ё ин ки пешқадам муқоиса кардан нодуруст мебошад. Мардумони Юнон инкишофи худро шакли пешқадами таърихие меноманд, ки бояд аз дигар халқу миллатҳо чун шумерҳо, мисриён, бобулиҳо, эрониён, чиниҳо, форсҳо, ҷопониҳо фарқ кунад, яъне «юнонӣ бояд зебо бошад ва бо хоҳиши худ кору зиндагӣ намоянд». Зиндагии фақиронаю одилона ва санъати волоии миллӣ, бояд асоси зиндагии мардуми Юнон бошад. Ҳамаи он гуфтаҳое, ки дар боло оварда шудаанд, як мактабе мебошад, ки баъдтар амрикоиҳо, ҷопонҳо ва аксари давлатҳои Fapб дар ватанҳои худ барпо намуданд. Маҳз чунин як қоида дар мактаби амрикоии Тейлор, Форд ва Рузвелт дида мешавад. Хислати дигари мактаби юнониҳо он аст, ки ин мардум одаме, ки худаш меҳнат накунаду меҳнати дигарон ва пулу моли дигаронро харҷ намояд ба ҷазо гирифтор менамуданд. Ҳатто гуфтае ҳаст, ки файласуфи бузурги Юнон Демокрит аз падараш пулу моли зиёде гирифта дар давоми 10 сол сафар карда хароҷот намудааст. Чунин як рафторро гуноҳ ҳисоб намуда, ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Дар суд Демокрит бо сухани охирони худ баромад карда, қайд мекунад, ки аз ҷамъбасти сафар «китоби пурқимате» навиштааст. Барои ин кашфиёти илмӣ, юнониён Демокритро аз суд озод кардаанд.
Қариб аксари файласуфони Юнони Қадим математикҳо буданд. Пифагор, Афлотун, Арасту олимоне, буданд ки фалсафаро ҳамчун илми миқдории олам инкишоф додаанд. Чунин як омузиш имруз логистика ном гирифтааст.
Логистика – яке аз равияҳои асосии менеҷмент мебошад. Файласуфи бузурги юнон Фалес на фақат асари бузурги астрономи навишта вақти гирифтани офтобро пешгуи мекунад, балки тоҷир, баҳрнавард ва бинокунандаи купрукҳо буда, ҳамчун муҳандиси хуб шинохта шудааст ва барои амалдорон асбобҳои обёри низ месохтааст. Арасту менависад, ки Фалес хеле соҳибкори хуб буда, ҳатто аз рӯи ситораҳо ҳосили соли ояндаро муайян мекард. Худ пешакӣ аз ҳосилхезии баланди зироати равғандиҳанда хабардор мешуд ва аксари ҷувозҳои равғанкаширо ба идора гирифта, фоидаи зиёд мегирифт. Бо ин кораш дар таҷрибаи худ исбот мекард, ки фалсафа – илми амалӣ мебошад, ба шарте ки мо истифода карда тавонем. Мисоли дар бораи фаъолияти файласуф Фалес чунин мантиқ дорад, ки санъати фикрронӣ ва санъати амалигардонӣ он бо якдигар вобастагии калон доранд. Яъне муваффақияти соҳибкортӣ пеш аз ҳама ба дошишмандӣ ва интихоб карда тавонистани усули рафтори соҳибкор вобаста аст. Чунин як талабот дар кори ҳаррузаи юнониҳо ва амрикоиҳо Ф. Тейлор, Г. Форд, А. Слоун, Д.Рокфеллер, Ч. Муни дида мешуд. Шахсоне, ки дар боло гуфтем на танҳо таҷрибаи калони менеҷмент доштанд, балки ҳамчун файласуфони бузурги менеҷмент, ки стратегияи соҳибкориро муайян намудаанд, шинохта мешаванд. Муваффақиятҳои бизнес пурра ба фалсафа ва стратегияи идоракунӣ вобастагӣ дорад. Юнониҳо яке аз сабаби асосии қашшоқии одамонро дар хоҳиши меҳнат кор надоштан ва ё кор накардани шахсе мебинанд. Бо ақидаи ин мардум ба ҳамаи одамони солим Худо имконот дода аст. Аз ин нуқтаи назар маданияти динӣ ва маданияти меҳнат бо маданияти сохҳибкорӣ вобастагии калон дорад. Ин раҳмишро аввалин шуда мактаби Юнони Қадим исбот намудааст. Мактаби аврупоии менеҷмент баъди 1,5 ҳазор соли мактаби Юнони Қадим пайдо шуд, ки асостузори он файласуф, таърихнавис, шоир ва пайдогари назарияи идоракунӣ Никколо Макиавеллӣ (1469-1527) мебошад. Дар нимаи дуюми асри XX сиёсатшиносон, таърихнависон ва мутахассисони бахши менеҷмент ба корҳои илмии Н. Макиавеллӣ диққати махсус дода муайян карданд, ки дар асарҳои ин шахси бузург фикру ақоид ва назарияҳои бузурги илмӣ идоравӣ навишта шудааст, ки дар замони мо ҳатто қимати калони худро гум накардаанд. Менеҷерони Fapб фикру ақидаҳои Н. Макиавеллӣро омухта, ҳар гуна конфронс ва машваратҳо гузаронида, ҳатто рисолаву монографияҳои илмӣ низ менависанд.
Мутахассисон чор қоидаи Макиавеллӣро, ки ба инкишофи менеҷмент таъсир расониданд менависанд:
1.Эътибору мақом ва ё ҳукмронии пешво аз дастгирии тарафдорон вобастагӣ дорад.
2.Шахсони итоаткунанда бояд донанд, ки аз пешвои худ чиро интизор мебошанд ва инчунин пешво аз онҳо чиро интизор аст.
3.Пешво бояд иродаи баланди зиндагониро дошта бошад.
4.Пешво – доимо намунаи инсони ҳақиқатпарасту донишманд барои атрофиёнаш бошад.
Дар замоне, ки Макиавеллӣ умр ба cap бурдааст, подшоҳро худро намояндагони маданият ва инкишофи пешқадам ҳисобида, доимо барои ҳақиқатпарастию озодӣ ва мустақилияти одамон мубориза мебурданд. Мардумони итолиёвӣ идеал ва қисматҳои қиммати мактаби Юнони Қадимро барқарор карда истифода мекарданд. Аммо дар давоми 400-450 соли инкишофи ҷомеаи капиталистӣ ва афзоиши тиҷорат мавқеи итолиёвиҳо танг шудан гирифт. Фақат дар нимаи дуюми асри XX боз масьалаҳои арзиши умумибашарӣ боло меравад ва давраи инкишофи баланди иқтисодӣ, демократияи озод ва глобализатсия ба майдон меояд. Макиавеллӣ подшоҳонро таъкид месохт, ки фаъолияташонро бо ду чиз мувофиқ гардонанд.
– конуниятҳои объективӣ ва тақдир;
– рафтори шахсоне, ки ба ӯ итоатгар мебошанд.
Ӯ қайд мекунад, ки хислати умумии башарӣ ҳамин аст, ки чӣ мардуми камбағал ва чӣ мардуми бой якхела фикр мекунанд:
♦ он чизе, ки доранд аз даст надиҳанд;
♦ он чизе, ки надоранд ба даст биёранд.
Фарқ дар он аст, ки хоҳиши мардумони бой аз камбағалон хатарноктар аст. Чунки одамони бой барои аз даст надодани боигарӣ ва мавқеи худ хоҳиши давлатдор, ё вазифадор буданро мекунад. Барои вазифадор, ё давлатдор шудан ду омил таъсир мерасонад:
1.Мавқеи шахсӣ.
2.Камбудиҳои шахсӣ.
Мавқеи шахсӣ – яъне обрую эътибор доштан, алоқаи мустаҳкам ва пулу мол доштан мебошад.
Камбудиҳои шахсӣ – бошад, дониши мукаммал надоштан, рафтори дағалона доштан ва берун аз ҷамъият зиндагонӣ кардан мебошад. Аксари файласуфон дар он ақидаанд, ки одамон метавонанд, ки ҳукмрониро aз даст диҳанд, ё худ мавқеашро бой диҳанду ризо шаванд, вале агap молу мулк бой диҳанд, ҳеҷ гоҳ ризо намешаванд.
Подшоҳ хато намекунад, агар донад, ки рафтори одамонро ду чиз идора мекунад:
1.Тарс.
2.Дӯстдорӣ.
Маълум аст, ки шахсе, ки аз ӯ мардум метарсанд, идора карда метавонад. Дар ин ҷо тарс на фақат бо маънои қувваи ҷисмонӣ, балки дониш, ақлу хирад, зиракӣ ва кордонии роҳбариро дар назар доранд. Дӯстдорӣ хело нозуку нафис мебошад, ва дар арзишҳои хеле баланди инсонӣ қapop дошта, хело ҳам мушкил мебошад. Доимо байни он, ки мардумон чӣ хел знндагони карда истодаанду чӣ хел бояд знндагони кунанд, масофаи хеле калон вуҷуд дорад. Инсонӣ соҳибхирад бояд доимо кушиши дар тарозуи ақл баркашидани вазъиятро дошта бошад ва натиҷаи рафтори худро баҳо дода тавонад. Роҳбарон набояд, ки нисбати хиёнаткор, ё шахсони иғвоангез сустирода бошанд. Чунки агар у як нафарро вазо надиҳад, тамоми ҷамоа ҷазо мегирад, ё зарар мебинад. Макиавеллӣ менависад, ки роҳбарон бояд худро на золим ва на хуб балки устувор нишон диҳанд. Чунки мардумон пеш аз ҳама роҳбари сустиродаю беқавлро маломат мекунанд, на золимро.
Пешвои донишманд бо худ се сифатро бояд дошта бошад:
1.Сифати шер – зиракӣ.
2.Рафтори махфӣ доштан.
3.Ҳамчуннн пешво ду хислатро дошта бошад: яке қобилияти худодод, дигаре таҷрибаи зиндагӣ.
Бо гуфтаи файласуф Макиавеллӣ «табиат одамонро чунон офаридааст, ки онҳо ҳар чӣ хостан мегиранд, аммо на хама вақт онро ба даст меоранд». Асоси норизогиро ин ду хоҳиш ташкил мекунад. Дар ҳама ҳолат инсоният бояд меъёрро риоя карда тавонад. Аз ин нигоҳ дар илми менеҷмент маҳз усули меъёрӣ мақоми аввалиндараҷа дорад. Қоидаи дигари мактаби Макиавеллӣ ин таносуб ва маҳдудият аст. Тамоми одамон новобаста ба он ки чӣ хел зиндагонӣ доранд мақсади сарватмандӣ ва шарафро доранд. Ҳар як шахс барои худ роҳҳои гуногунро интихоб менамояд ва ба мақсад мерасад. Яке бо дониш, дигаре бо қувва ва зиракӣ, сеюмин бо фиребгарӣ ва амсоли ин. Интихоби мақсад пеш аз ҳама бояд ба муҳит, вазъият, имконот ва вақт вобаста бошад. Дар қоидаи таносуб Макнавелли маҳз 3 чизро таъкид кардааст: «мақсад-восита-ҳолат». Қоидаи маҳдудиятро бошад, дар он мебинанд, ки мавҷудияти қонуни объективии инкишоф ба он оварда мерасонад, ки объектҳоӣ моддӣ, шакли идоракунӣ, фаъолияти корӣ ва одамон дар ҳаракат мебошанд ва ба монанди гардиши ақрабаки соат ҳаракат мекунанд. Аммо инсоният рафтори бошуурона карда, фақат ҳаракати ба муваффақият соҳиб шуданро дорад.
Мувофики омузиши Макиавеллӣ қонуни маҳдудиятҳо ва боҳамзидҳои зайл вуҷуд доранд:
♦ некӣ ва бадӣ;
♦ боло ва поён;
♦ пастравӣ ва болоравӣ.
Ин се ҳолат мунтазам дар ивазшавии якдигар мебошанд.Ҳамин тариқ, мактаби Макнавелли дар инкишофи назария ва таҷрибаи менеҷменти иҷтимоӣ бузург буда, аввалин шуда, мафҳуми «давлат»-ро ҳамчун ташкили сиёсии ҷамъият муайян намудааст. Идеяи Макнавеллиро имрӯз намояндагони назарияи сотсиологӣ В. Парето, Э. Ченнинг, Г. Моска, Ч.Р. Миллс, инчунин намояндагони назарияи бюрократа – М. Вебер, Р. Михеле, А. Бонадко ва дигарон тарафдорӣ мекунанд. Мактаби классикии назариявии менеҷмент. Маъмулан ду мактаби бузурги менеҷмент то аввалҳои асри XX ҳамчун асосгузорони назария ва амалияи менеҷмент дар таърих шинохта шудаанд. Дар байни файласуфони бузурге, ки дар пайдоиши назарияи менеҷмент ҳиссаи бузург гузоштаанд,’ инҳоро номбар кардан мумкин аст: Нон-Локк (1682- 1704), Томас Гоббс (1588-1679), Адам Смит (1723-1790), Сен-Симон (1760-1825), Шарл Фуре (1772-1837), Роберт Оуэн (1771-1858), Девид Рикардо (1772-1823), Ҷон Стюарт Милл (1806-1873), Алфред Маршалл (1842-1924). Ин олимон, файласуфон ва иқтисодчиёни англис мебошанд, ки илми менеҷментро бо воситаи фалсафаи иҷтимоию сиёсӣ инкишоф доданд. Дар қатори онҳo олими бузург Роберт Оуэн – ҳамчун «роҳбари амалӣ» яке аз асосгузорони “Назарияи менедмент” шинохта шудааст. Дар инкишофи илми менеҷмент иқтисодшиносон мақоми хоса доштанд. Гарчанде ки дар навбати аввал зиддиятҳо буданд ва пешравии иқтисодиётро асосан дар ҳаракати мол медиданд. Баъдтар иқтисодчиёни бузурги англис Питер Друкер ва Алфред Маршалл (1342-1924) идоракуниро дар қатори дигар омилҳои самаранокӣ ба монанди замин, меҳнат ва капитал дохил намуданд. Иқтисодчиён Сен-Симон ва Шарл Фуре (1772-1837) дар бораи моҳияти идоракунӣ ва зарурияти пайдо намудани захираҳои баландбардории ҳосилнокии меҳнат ва танзими сохтори иҷтимоӣ ва инчунин мақоми аввалиндараҷа доштани идоракунӣ дар такдири ояндаи ҷамъият корҳои зиёде карда, баҳои баланд доданд. Иқтисодчии амрикои А. Гамилтон, қувваи ҳаракатдихандаи инкишофи иқтисодиро дар идоракунӣ дида, онро ҳатто аз омилҳои иқтисодӣ пеш мегузорад. Сарчашмаи асосии мактаби назариявии менеҷмент ва тейлоризми асри XX ин таҷрибаи инкишофи саноатии асри XVIII-XIX буда, дар худ гуруҳи калони менеҷеронро пайдо намуда буд. Инкишофи интенсивии саноат пайдоиши партовҳои зиёди саноатӣ, бад шудани шароити кории коргарон дар ин давра зарурияти танзимро ба миён овард. Маҳз дар ҳамин давра шаҳрҳои калони саноатӣ пайдо мегарданд, ки дар инкишофи менеҷмент мақоми калон доранд. Марказҳои таърихии менеҷмент Бобул, Мандестер, Филаделфия, Чикаго, Самарканд, Санк-Петербуг ва Москва мебошанд. Соҳаи асосии саноат дар Англия ин саноатӣ коркарди пахта ва насоҷӣ ба ҳисоб мерафт. Шаҳрҳои Ланкошир ва Манчестер маркази саноат буданд. Соҳибкорон, муҳандисон ва олимон – Ричард Аркрайт (1732-1792),Ҷеймс Уатт (1736-1819), Мэтю Болтон (1728-1809), Чарлз Баббетч (1792- 1817), Ҷилям Ҷевонс (1835-1882) – диққати махсусро дар равияи муҳандисию технологи ва иҷтимоию психологии менеҷмент доданд, ки дар бораи ин олимон иқтисодчии бузурги немис К.Маркс дар китоби худ «Капитал» қайд намудааст. Яке аз мисоли усули илмии ташкили менеҷмент солҳои 1800-ум дар компанияи Болтон ва Уатта, ки машинаҳои буғӣ истеҳсол мекард, дида шуда буд. Яъне дар вақти сохтани бинои нав ҷойҳои кориро аз руи ҷараёни технологӣ ва пайдарпаии фаъолиятҳо ташкил намуданд, ки дар натиҷа қисми корҳои зиёдатии нолозимиро гирифта партофтанд. Кори ҳар як коргар, шиддатнокии сифати кори у, баръало муайян буд ва вобаста аз ин музди меҳнат ва мукофот муайян карда шуда буд. Дар натиҷа дар ширкат системаи иқтисодии ҳисобу китоб ташкил карда шуда буд, ки арзиши аслии маҳсулот, хароҷотҳои бевосита ва бавосита ва нархи ҳар як мол алоҳида ҳисобу китоб карда мешуд.
Диққати махсусро ба баландшавии ҳосилнокии меҳнат ва зиёдшавии хоҳишмандии коргарон барои кор дода мешуд. Ҳатто сохтмони хонаҳои истиқоматии барои коргарон ройгон дар ҳамин давра пайдо гаштаанд. Яке аз намояндагони бузурги мактаби назариявии менеҷмент Роберт Оуэн (1771-1858), ки бо номи утописта сотсиализм машҳур аст, аз нигоҳи таърихи менеҷмент ҳамчун шахсе, ки озмоишҳои амалии қимматнок дорад ва бо ин дар давоми умри 87-солааш шинохта шудааст. Роберт Оуэн дар оилаи бозорнишин ба дунё омада, ҳамагӣ 4-сол дар мактаб хондааст. Дар синни 20-солагӣ Оуэн ба соҳибкорӣ машғул мешавад ва соли 1800 соҳиби фабрикаи бофандагии калони шаҳри Нию-Ленаркс (Шотландия) мегардад. Маҳз бо роҳи ташкили қоидаҳои самараноки идоракунӣ ин фабрикаро ба қатори корхонаҳои пешсафи миллии ин мамлакат мебарад. Бартарии таҷрибаи Оуэн дар он буд, ки услуби нави идоракунии иҷтимоиро пеш гирифта, як қатор ислоҳот гузаронид. Кам кардани рузи корӣ, тозагӣ дар ҷои кор, мағозаи нархи арзон, кудакони то 10 соларо аз кор озод карда, ба мактаб мефиристонад, аз ҳисоби пули худ ба коргарон мақоми зист харида, хонаҳои коргаронро таъмиру таҳҷиз менамояд. Мақоми бузурги Р. Оуэн боз дар он аст, ки маҳз ӯ менеҷерро ҳамчун шахсӣ воқеӣ дар минбари таърихи пайдо месозад. Дар асарҳои А.Смит, Сен-Гамилтон ва Сея бошад «менеҷер» ҳамчун иқтисодчии назариявӣ нишон дода шуда буданд. Оукэн бошад якумин шахсе мебошад, ки дар амалия дар асоси таҳлили илми масоили алоқамандии ҳосилнокии меҳнат ва мотиватсияро ва алоқамандии онро исбот карда нишон додааст. Омузиши Оукэн асосан муносибати коргарон ба кор, ба менеҷмент, муносибати байни коргар ва корфармо мебошад, ки имруз низ яке аз масъалаҳои муҳими назария ва амалияи менеҷмент мебошанд.
Мактаби классикии менеҷмент ё худ мактаби сотсиологҳои идоракунӣ солҳои 80-уми асри XIX пайдо гашта, дар аввали солҳои 20-уми асри XX ҳамчун мактаби қонунии менечмент мақоми худро пайдо месозад. Ба мактаби класикии менеҷмент ғайp аз инженерони амрикоие, ки асосгузорони менеҷменти илмӣ» буданд, ба монанди – Ф. Тейлор, Г. Нантт, А. Хелси, X. Хэтвей, С. Томпсон, Г. Эмерсон, инчунин олимони немис ва франсуз низ дохил мешаванд. Ба монанди: Л. Гюлик, А. Файол, М. Зебер, Л. Урвик, Ч. Муни, А. Рейли, Э. Бреч, А. Аллен М. Фоллет ва Шелтон. Усули асосии омузиши ин мактаби бузургро, ки пойдевори методологию назариявӣ ва илмию методии менеҷмент мебошад, қоидаи ташкили илмии меҳнатии Тейлор, назарияи иҷтимоии ташкилии бюрократии Вебер, системаи маъмури Файол ва консепсияи идоракунии Гюлика, Муни, Рейли ва Урвикаро таҳлил мекунанд. Ҳамаи ин омузиш ба як мактаби хронологӣ ва тематикӣ дохил мешаванд. Дар ин ҷ0 сухан дар бораи ягон кашфиёти илмӣ ё гуруҳи ҳамақидаҳо намеравад, балки аксари онҳо бевосита таҷрибаи кории худро доштанд, ки баъдан ҳамчу назарияи идоракунӣ қабул шуданд. Мисол, Генри Форд, Эндрю Корнегӣ, Муни президентони ширкатҳои калонтарини амрикоӣ буданд.
Мувофиқи омӯзиши Муни ва Рели қоидаи асосии ташкили ҳамоҳангсозӣ (координатсия) ба ҳисоб меравад, ки иборат аст аз:
1.Раванд (scalaz);
2.Натиҷаҳо.
Бо ақидаи Муни ва Рели қоидаи ҳамоҳангсозӣ дар кадом дараҷаи ташкилие, ки набошад – Дар бизнес, дин, кори ҳарбӣ, санъат ва ҳатто ҳукумат шарт ва зарур мебошад. Яъне фаъолияти одамон бояд дар доираи ҳуқуқу уҳдадориҳои муайян байни якдигар ташкил карда шаванд. Вазифа ва функсияи ҳар як коргар ҳам ба таври амудӣ ва ҳам ба таври уфуқӣ бояд муайян бошад, Мисол, гуруҳи коргарон, ки ягон предмети «вазнин»-ро мебардоранд бо ҳам якзоя ҳамоҳангии қуввашонро ташкил накунанд аз уҳдаи иҷрои кор намебароянд. Барои ташкил намудани ҳамоҳангии қувва коргарон 10-100-1000 ва зиёда одамон, як марказе лозим аст, ки ин вазифаро ба уҳда гирад, ин вазифаро «менеҷер» иҷро мекунад, ки ҳуқуқи ҳукмрониро дорад. Дар миёнаи асри XX мактаби менеҷменти англисӣ якчанд китобҳо оиди инкишофи менеҷмент аз чоп мебароранд, ки дар онҳо илми менеҷмент ҳамчун илми иҷтимоӣ омухта шуда, ақидаҳои Файол, Тейлор, Рели ва Муни ҳамчун як мактаб омухта, инкишоф дода мешавад. Намояндагони мактаби англисӣ солҳои 30-50-уми асри XX Лютер Гиюлик ва Линдалл Урвик мебошанд. Линдалл Ф.Урвик дар солҳоӣ 1928-1933 донишгоҳи Оксфорд таҳсил карда, дар Женева директори Институти байналхалқии идоракунӣ, ноиби президенти институти Бритониёвии идоракунӣ шуда, соли 1934 фирмаи консултативии худашро ташкил мекунад, ки яке аз калонтарин фирма дар Англия ба ҳисоб меравад. У зиёда аз 40 китоб ва корҳоӣ илми доир ба менеҷмент менависад. Усули омузиши мактаби англисӣ зиёд кардани қоидаҳо ва функсияҳои идоракунӣ мебошанд. Системаи Файол 5-функсия ва 14 қоидаи идоракунӣ, Урвик 29 қоидаи идоракунӣ, Гюлик бошад 7 функсияи идоракуниро пешниҳод менамоянд. Мувофиқи системаи унсурҳои маъмурии Гюлик идоракунӣ – ин банақшагирӣ, ташкил, ташкили штатҳоӣ корӣ, роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳисобот, тартиб додани буҷа мебошад. Қоидаи асосии тартиботии идоракунии Файол бошад, ин «ҷ0й барои ҳар як кас ва ҳар кас дар ҷои худ» мебошад. Усули дурусти ташкили маъмурии идоракунӣ, ин сохтори дурусти маъмурии ташкил, ки сохторҳои таркибии зиёдатӣ набошад ва баъдан одамон – мутахассисони мувофиқро ёфтан мебошад. Унсури дигари самаранокии маъмурият ин қоидаи «яккасардорӣ» мебошад. Дар ин ҳолат масъулияти ҳам роҳбар ва ҳам коргарон баланд мешавад. Мувофиқи қоидаи идоракунии Файол як шахс наметавонад, ки якбора ба дy роҳбар итоат намояд. Маҳз «мактаби классики» якумин шуда, қоидаи ташкили сохтории менеҷментро пешниҳод намуд, ки то имруз дар таҷрибаи қариб ҳамаи давлатҳо истифода карда мешавад. Мувофиқи талаботи ин қоида, идоракунӣ, аз поён ба боло ва дар ҳар як зина зарурияти ташкили сохтори таркибӣ бояд бошад. Қоидаи дигари идоракунии ин мактаб – «Андозаи назорат» мувофиқи ақидаи Р. Дэвис ҳангоми кори ҷисмонйӣ микдори коргарон барои идоракунии оптималӣ 30 нафар ва дар кори илмӣ бошад на зиёда аз 8-нафар муқаррар шудааст. Ҳамин тариқ, агар мо аз нигоқи мантиқии илм назар афканем, он гох, мактаби классикии менеҷмент», «менеҷменти илмӣ» дар нимаи аввали асри XX давраи хеле муҳимро аз cap гузаронидааст. Маҳз дар ҳамин давра менеҷмент аз усулу қоидаҳо ва функсияҳои алоҳида ба як илм ва фанни мустақил мубаддал гаштааст.
3. Алоқамандии инкишофи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва менеҷмент
Ташаккулёбии давлатӣ демократии тамоюли иҷтимоӣ дошта, дар Тоҷикистон, ки асоси хуқуқиашро конститутсияи соли 1994 ташкил медиҳад, боядяд пеш аз ҳама асосҳои иҷтимоие дошта бошад, ки дар он хусусияти хоси миллӣ , урфу одат, дину оин, шаклу миқдори оила ба назар гирифта шавад. Баъзе ақидаҳое вуҷуд дорад, ки гуё дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ инкишофи иқтисодӣ ва пешравии он пурра аз системаи ҷаҳонии иқтисодӣ вобаста аст, баҳснок мебошад. Ташкили моносистема ва конвергенсияи (наздикшавӣ) ягона роҳи пайваст шудан ба тамаддуни ҷаҳони, ё худ пешравии иқтисодӣ нест. Наздикшавӣ ба системаи ҷагонии инкишоф дар асоси инкишоф додани хусусиятҳои хоси иҷтимоию иқтисодии ҳар як мамлакат ва миллати алоҳида низ мумкин мебошад. Чунки системаи захираи инкишоф низ дар асоси доираҳои иҷтимоию моддии одамон ташкил карда шудаанд, ки дар ҷамъулҷамъ ба як шоҳроҳи калон мебарояд.
Ҳар як ҷамоаи инсонӣ ба қонуниятҳои объективӣ ва субъективии инкишоф рубару мегардад, ки ба инобат нагирифтани онҳо садди роҳи пешравии иқтисодӣ мегардад.
Иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон дар шароити буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ инкишоф ёфта истодааст. Аз нигоҳи илмӣ омилҳои системаи иқтисодиро бо ду категория:
1.Физикӣ.
2.Иҷтимоию гуманитарӣ, ҷудо кардан мумкин мебошад.
Гуруҳи омилҳои физикӣ агар ҳодисаҳоро аз руи нишондиҳандаҳои физикӣ ва риёзӣ, яъне ҳолату миқдори иқтидори захираҳо баҳо диҳад, гуруҳи дуюм раванди асосиро дар омузиши шахсиятҳо, мақсад, хоҳиш, урфу одат ва дину оин нишон медиҳад. Дар чунин як вазъият омузиши физикӣ мумкин он қадар мушкил набошад. Валекин

1.71K
Нет комментариев. Ваш будет первым!