НИЗОМИ ҲИСОБУ КИТОБ ДАР БОНКҲО

Аҳамият ва шаклҳои ҳисобу китоб дар бонкҳо Тавозуни бонк ва усулҳои тартиб додани он Проблемаҳои гузариш ба ҳисобҳо мувофиқ ба талаботҳои МСФО Аҳамият ва шаклҳои ҳисобу китоб дар бонкҳо Ҳисоботи бонкӣ — ин низоми ягонаи тавсифи миқцорӣ ва нишондодҳоест, ки дар он вазъи молӣ, амволӣ ва ҷамъбасти фаъолияти муассисаи қарзӣ инъикос мегардад.

Вазифаҳои асосии ҳисоботи бонкӣ аз инҳо иборат аст: ташкили пурра ва аниқи ахборҳо оиди фаъолияти бон- кӣ ва вазъи амволии он, ки барои истифода ва таҳлили ҳисоботи бонкӣ, барои роҳбарияти бонк, саҳомон, иштирок- чиёни ташкилот, инвесторон ва кредиторон равона карда мешавад;

баҳисобгирӣ, таҳлили пурра ва аниқи амалиётҳои бон- кӣ ба мақсади тараққиёти ояндаи муассисаи бонкӣ, қабули қарорҳои лозима ва назорати бонкӣ;

ба мақсади мустаҳкам сохтани вазъи молии муассисаи қарзй, ошкор сохтани захираҳои дохили хоҷагӣ ва аз байн бурдани вазъи номуносиби фаъолияти бонкӣ.

Чуноне, ки мебинем тавозуни бонкй аз шаш қисмат (актив, пассив, сармоя даромадҳо, хароҷотҳо ва ҳисобҳои ғайритавозунй) иборат аст.

Дар қисмати ҳисобҳои пассивии бонк захираи бонк барои гузаронидани ҳар гуна амалиётҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳисобҳо захираҳои бонк, воситаҳои корхонаю муассиса ва шахси воқъеӣ, даромадҳои буҷаи давлат, амо- натҳо, воситаҳо барои ҳисобу китоб, фоидаи бонк, қарзҳои кредиторӣ ва ғайраҳо ҷой дода мешаванд.

Дар қисмати ҳисобҳои активии бонк пули нақд дар хазинаҳои бонк, қарзҳои дарозмудцат ва кӯтоҳмуддат, харо- ҷотҳои буҷаи давлат, хароҷотҳои капиталӣ, қарзҳои деби- торӣ, дигар активҳо дохил мешаванд

Дар қисмати ҳисобҳои гайритавозунӣ гардиши амвол ва ҳуҷҷатҳо, инкассо ва комиссия, сарбарги ҳисоботҳо ва васиқаю саҳмияҳо барои нигохдорй дар бонкҳо дохил мешаванд.

Ҳамаи ҳисобҳои тавозунӣ ба ҳисобҳои якуминдараҷа (ҳисобҳои синтетикӣ) ва дуюмдараҷа (ҳисобҳои аналитикӣ) ҷудо мешаванд.

Ҳангоми таҳлили тавозуни бонк ҳаҷми воситаҳои худ- дии бонк роли калонро мебозад, ки вай аз маҷмӯъи тамоми фондҳои бонк (оинномавӣ, захиравӣ, махсус) ва захираҳои суғурта карда шуда иборат аст.

Проблемаҳои гузариш ба ҳисобҳои мувофиқ ба талаботҳои СУҲМ

Стандарти умумиҷаҳонии ҳисобҳои молй (СУҲМ) — ин кӯшиши чандинсолаи аналитикҳо, роҳбарон ва сармуҳоси- бони тамоми мамлакат буд, ки ба мақсади баланд бардош- тани сифати ҳисобҳо ва дуруст нишон додани фаъолияти молии муассисаҳои қарзй равона карда шудааст. Ҳисобҳое ки мувофиқи СУҲМ тартиб дода мешаванд, дорой ахборҳои саҳҳе ва босифат буда, назар ба ҳисоботҳои пештара бар- тариҳои калон доранд, аз он ҷумла:

ҷамъбасти таҷрибаи имрӯзаи ҷаҳонй дар соҳаи ҳи- собот; шарти ба ҳисоботҳои дигар мамлакатҳо монанд кардан аз байн меравад;

ин шакли ҳисобот аз тарафи кули мамлакатҳо истифо- да бурда мешавад;

таъмини ахборҳои пурра ва саҳеҳ;

ба таври доимӣ мувофиқи талаботи ҷорӣ, таҷриба ва малакаи дар тамоми ҷаҳон ба даст омада такмил додани ҳисобу китоб;

таъминоти муҳокимаронии умумӣ ва ба таври экспери- менталӣ ҷорӣ кардани стандартҳо;

аз тарафи бисёре аз биржаҳо ва муассисаҳои умуми- ҷаҳонӣ қабул кардани стандартҳо.

Фарқи асосии СУҲМ аз ҳисоботҳои ҷойдошта дар мақсади охирини истифодабарии маълумотҳои молӣ зоҳир ме- гардад. Ҳисобҳои мувофиқи СУҲМ тартиб додашуда ба мақсади таъмин кардани маълумотҳои умумӣ барои сар- моягузорон, кормандон, молрасонон ва дигар кредиторҳо,

харидорон, давлат ва мақомотҳои он, ҳар гунна ҷамъиятҳо равона карда мешаванд.

Усул^ои асосии ҳисобҳои СУХМ ва ^арқияти онҳо аз ҳисоботҳои пештара аз инҳо иборат аст:

усули фаъолияти доимо амалкунанда;

усули фарқунандаи маънои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дошта; усули муқоисакунии маълумотҳо; усули моҳиятан фарқкунанда; усули баҳодиҳии активҳо, ӯхёадориҳо ва сармоя; усули ҷой доштан ва боварй доштан; элементҳои ҳисоботи молӣ;

талабот нисбати дасграс сохтани ахборотҳо ва ҳисоботҳои

молй.

. Усули ҳисобкунй бори аввал мувофиқи СУҲМ ба миён омад. Мувофиқи он даромаду харо^отҳо дар вақте ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки онҳо ба ин вақт рост меоянд, на ба вақте, ки онҳо дар асл гирифта шудаанд.

396
Нет комментариев. Ваш будет первым!