Менеҷер ва чаҳони муосир.

Усули асосии истифодаи менеҷмент барои ноил гаштан ба ҳадафҳои ниҳон дар шароити иқтисодӣ муосир, ташкил ва таъмин намудани ҳавасмандии иқтисодии коргарон аз натиҷаи меҳнат мебошад.Нақш ва сифатҳои асосии менеҷер дар ташкилот.
Накша:
1.Менечер ва накши он дар низоми идоракуни
2.Зинаҳои поени, миёна ва оли идоракуни

Усули асосии истифодаи менеҷмент барои ноил гаштан ба ҳадафҳои ниҳон дар шароити иқтисодӣ муосир, ташкил ва таъмин намудани ҳавасмандии иқтисодии коргарон аз натиҷаи меҳнат мебошад.
Расидан ба чунин мақсад ва иҷрои вазифаи муҳим зарурияти ба кор ҷалб намудани муттахассисеро, ки дорои қобилияти баланди фикрронӣ, тахассуси ва кордонию роҳбарӣ доранд пайдо мегардонад, ки он номи, «менеҷер»-ро ба худ гирифтааст.
1… Менеҷер – мутахассиси касбии махсус омодашуда аст, ки дар асоси шартномаи кироя барои соҳибмул (бидуни моликияти хеш) дар иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ ва идоракунии ташкилот (корҳона) фаъолият бурда, ба корҳона фоида меоварад. Зарурияти менеҷмент ҳамчун илми идоракунӣ дар асоси инкишофи ҷамъияти демократии инсонӣ, ки ба иқтисоди бозори равона карда шудааст, пайдо мегардад.
Қобили қайд аст, ки то кадом андоза илму ва то кадом сатҳ санъат будани менеҷментро кайҳо таҷриба исбот кардааст. Масалан як қатор ширкатҳои бузурги ИМА ба натиҷаҳои намоёни истеҳсолию тиҷоратӣ ноил гардидаанд, гарчанде 25% менеҷерҳои зинаи болоии онҳо маълумоти олии касбӣ надоштанд. Пас аз рӯи ин далели воқеъи амрикоиҳо ба хулоса омаданд, ки таносуби байни илм ва санъат будани менеҷмент ба 3/1 баробар аст. Мумкин аст дар мисоли дигар мамолик ин таносуб дигар бошад, вале як нуқта аниқу равшан аст, ки менеҷменти муосир илму амали касбӣ буда, бо санъату маҳорати баланди кордонӣ ҳамоҳанг мебошад.
Барои фаъолияти пурсамари ҳодагидорӣ дар корҳонаҳо бояд корманде фаъолият намояд, ки донишу малакаи амалӣ идора кардани одамонро дошта бошанд. Мутахассиси соҳибкасбе, ки ба рафтору фаъолияти меҳнатии кормандони алоҳида ё гурӯҳи онҳо ва умуман корҳона таъсир расонида метавонад, менеҷер мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки менеҷер дар соҳаи роҳбарӣ на ба мисли пешво, балки ҳамчун роҳбар нақши муҳим дорад. Натиҷаҳои омӯзиши назария ва амалияи мамолики ҷаҳон нишон медиҳанд, ки ба қатори сифатҳои фарқкунандаи менеҷер инҳоро дохил намудан мумкин аст:

мустақилият дар қабули қарорҳо:
ташаккули як гурӯҳи самарабахш;
иродаи қавӣ;
маҳорати донистану таҳлил намудани технологияи нав;
чусту чолокӣ ва боғайратӣ;
маҳорати бо диққат гӯш кардани ҳамсӯҳбат;
қобилияти амалӣ кардани навовариҳо дар истеҳсолот;
маданияти баланд, ақли расо ва қобилияту истеъдоди зеҳнӣ;
салоҳияти касбӣ; поквиҷдонӣ ва ҳисси баланди ҷавобгарӣ;
мутташакили ва мушоҳидакорӣ;
имконоти васеи иртиботи ба ҳунари гузашта тавонистани масоили ояндадор ва донистани роҳи ҳалли онҳо;
маҳорати ҷамъовари намудан, таҳлил,
хулоса баровардан ва истифодаи мақсадноки иттилоот;
ҳар гуна корҳона ва ё ташкилотро бо шакли аҳром тасаввур кардан шояд ба мақсад мувофиқ бошад, зеро буриши амудии он муносибати ҳокимият ва тобеяти зинаҳоро ифода мекунад.
Дар ин ҷо:

Менеҷерони зинаҳои олии корҳона
Менеҷерони зинаҳои миёнаи корҳона
Менеҷерони зинаҳои поёнии корҳона
Кормандони қатории корҳона
(Нақшаи 1.1) Менеҷерон дар зинаҳои гуногуни идоракунии корҳона.
Менеҷерҳои зинаи болоӣ – инҳо роҳбарони аҳроми ташкилии корҳона мебошанд. Онҳо асосан дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти корҳона бо сохторҳои поёнии он, қабули қарорҳои идоракунӣ саҳми бештар доранд ва бо роҳбарии фаъолияти қисматҳои гуногунии корҳонаҳо ҷавобгар мебошанд. Вақти кории онҳо барои нақшагирии асосӣ, корҳои ташкилӣ роҳбарӣ ва назорати фаъолияти корҳона сарф мегардад.
Менеҷерони зинаи миёна одатан менеҷерҳои асосии «дохилӣ» буда, онҳо 70-75% вақти кори худро барои иҷрои вазифаҳои идоракунии фаврӣ сарф мекунанд. Онҳо бо менеҷерҳои зинаи болоӣ доим дар тамос буда, нисбати иҷрои супоришоти додашуда ҳисобот медиҳанд. Зимни чунин тарзи ташкили фаъолияти меҳнатӣ дар байни менеҷерони зинаҳои болоӣ миёна ва поёнии идоракунӣ алоқаи зич ва ҳамоҳангсозӣ пайдо мешавад.
Менеҷерҳои зинаҳои поёнии идоракунӣ – нозирон, роҳбарони шӯъбаю қисматҳо, устою бригадирҳо мебошанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо ҳамоҳангсозии корӣ хизматчиёни ғайриидоракунӣ ва идоракунии бевоситаи сарватҳо ва техникаю маводи гуногун мебошад.
Менеҷерони зинаи поёнии тибқи қоидаҳои мавҷуда дар назди менеҷерони зинаи миёна ҳисобот медиҳанд. Дар корҳонаҳои бузург чандин сатҳи менеҷерони звенои миёна вуҷуд доранд.
Мувофиқи тартиботи қоидаҳои гузаштаю мавҷудаи ҷараёни идоракунӣ менеҷерон фаъолияти тобеонро идора мекунанд. Як қисми тобеон хизматчиёни оддӣ буда, одатан онҳоро ба кормандони ғайриидоракунӣ дохил мекунанд.
Дар ин бобат тадқиқоти профессор Генри Минсберг нисбати вазифаҳои менеҷерони зинаи поёнии хело ҷолиб ва муфид мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои махсуси амалӣӯ тартиби сарфи вақт ва мӯҳлати иҷрои вазифаҳои менеҷерони зинаи поёнии идоракуниро муайян кардааст.
Вазифаҳои менеҷерони зинаҳои поёнии менеҷерони зинаи миёнаи идоракунӣ бошанд танҳо ба се намуди амалиёт – нақшагириву назорати иҷрои супоришҳо ва омӯзонидани тобеон то 45% вақти кории хешро сарф кардаанд. Барои иштирок дар ҷаласаҳо – 8%, қабули карор – 5% ва вазифаҳои боқимонда вақти нисбатан камтар сарф шудааст.
12.2. Вазифаҳои менеҷер дар ташкилот.
3… Менеҷер корманди масъуле мебошад, ки дар таҳия ва қабули қарорҳои идоракунӣ фаъолона ширкат меварзад. ҳатто агар мо менеҷерро дар нақши роҳбар тасаввур кунем, он гоҳ маълум мешавад, ки дар ҳақиқат ҳалли вазифаҳои зерин дар шароити бозоргони аз фаъолияти пурсамари ӯ вобастагӣ дорад:

Муайян намудани мақсад, вазифаҳои стратегӣ ва ҷорӣ, нақшагирии фаъолияти ҳоҷагии корҳона;
Тақсим намудани вазифаҳо, супоришот, муқаррар намудани меъёрҳо, иртиботи доимӣ бо тобеъон, омода сохтани шароити зарурӣ ва тарҳрезию амалӣ гардонидани фишанги далелноки ва ҳавасмандгардонӣ;
Муайян намудани алоқаҳои иртиботӣ дар байни кормандони тобеъ, роҳбарон ва тобеъони алоҳида;
Назорат, таҳлил ва баҳо додан ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва кормандони алоҳида;
Омӯхтани хислату рафтор ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳар як корманди корҳона;
Гузаронидани ҷаласаҳо ва иштироки бевосита дар заруртарин чорабиниҳо;
Мукотиботи судманд, сӯҳбату мулоқоти шахсӣ бо муттахассисон, истеҳсолгарону таҳвилгарони молу хадамот, идораю ташкилотҳои гуногун, ки бо фаъолияти ҳоҷагии корҳона алоқаманд мебошанд.
Кор бо ҳуҷҷатҳо;
Иштироки бевосита дар тарҳрезӣ, қабул ва назорати иҷрои қарорҳои идоракунӣ.
Умуман дар ташкил ва идораи фаъолияти самарабахши корҳонаю ташкилот дар шароити муосир менеҷер касбӣ нақши бузург доранд.
Ба таври амиқу возеҳ мазмуни мухтасари нақшҳое, ки воқеан менеҷерон ба уҳда доранд дар китоби дарсии «Асосҳои менеҷмент» муаллифони он Мескон М, Алберт М ва Хедоури Ф оварда шудааст, ки бори аввал аз ҷониби профессор Генри Минсверг тарҳрезӣ шудааст.
Менеҷерон нақши назарраси хешро дар ташкили муносибатҳои байнишахсӣ, алоқаҳои иттилоотӣ ва қабули қарорҳои идоракунӣ бештар дар шароити иқтисодиёни давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва иқтисодӣ бозорӣ мегузаронад, ки онро аз натиҷаи тадқиқоти олимони Олмон боз хубтар дидан мумкин аст.
Маҳз дар давраи амалӣ пурраи иқтисодӣ бозорӣ менеҷер нақши асосии пешво ва ҷамъоварандаи иттилоот ва намояндагии ташкилотро ба ӯҳда дорад.

Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Сифатҳои фарқкунандаи менеҷер ва пешво?
Мақом ва вазифаҳои менеҷер дар ташкилот?
Вазифаҳои менеҷерони зинаҳои болоиро шарҳ диҳед.
Хусусиятҳои асосӣ ва ваколатҳои менеҷер дар фаъолияти идоракунӣ.
Ӯҳдадориҳои менеҷер дар ташкилот.

1.39K
Нет комментариев. Ваш будет первым!