Технологияи менеҷмент
1.Интихоби мақсад ва стратегияи инкишофи корхона;
2.Масъалагузорӣ ва стратегияи иҷроиши мақсадҳои менеҷмент;
3.Таъсири муҳити беруна ва дохила ба фаъолияти менеҷмент;
4.Системаи стратегии идоракунии корхона.
1.Интихоби мақсад ва стратегияи инкишофи корхона
Коркарди сиёсати иқтисодии корхона (ташкилот) муайян кардани мақсад ва стратегияи инкишоф дар ояндаи наздик ва дур вобаста аз имконоти корхона ва захираҳо мебошад.
Дурнамои корхона – консепсияи инкишоф ва равияҳои асосии фаъолияти активии кории корхонаро мақсади корхона меноманд.
Стратегия – кор карда баромадани чорабиниҳои асоснок ва нақшаи ба мақсад расидан, ки дар он иқтидори илмию техникӣ ва истеҳсолию маишии корхона ба қисоб гирифта шудааст.
Мақсад – ҳолати ояндаи аниқи корхонаи алоҳидаро меноманд, ки корхона барои ноил гаштани он хоҳиш дорад ва аз тарафи дигар ин ҷараёни идоракунӣ мебошад.
Дар системаи идоракунии корхонаҳо мақсад як қатор функсияҳои зеринро фаро мегирад:
♦ коркарди фалсафаи фаъолияти корхона, консепсия, хислат ва хусусиятҳои хоси фаъолияти он;
♦ номаълумиро дар фаъолияти корхона ва ҳap як коргар аз байн мебарад, барои корхона ҳамчун роҳнамо хизмат карда, коллектив барои ба мақсад расидан ҳаракат мекунанд;
♦ унсури асосии муайян кардани критерияҳои инкишофи корхона, қабули қарори идоракунӣ ва назорати идоравӣ ва ҳавасмандӣ;
♦ новобаста ба он, ки он воқеӣ мебошад, ё не дар атрофи худ ихтирокоронро гирд оварда, барои иҷрои вазифа ҳаракат мекунанд;
♦ҳисобот аз иҷрои вазифа боиси дар боварии коллектив ва мардум даромадани корхона мегардад.
Самаранокии функсияхои мақсади корхона ҳамон вақт таъмин мегардад, ва ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
♦ мақсадҳо бояд аниқ бошад, яъне чӣ бо нишондиҳандаҳои микдорӣ ва чӣ бо нишондиҳандаҳои сифатӣ. Дар чунин як ҳолат, мақсад аз тарафи коллектив хуб қабул мешавад ва агар камбудиҳо бошад, ислоҳ карда шуда, ба иҷрои он амал мекунанд;
♦ мақсадҳо бояд, ки воқеӣ бошад, вагарна шахсоне, ки мефаҳманд, ки иҷрои мақсад ғайриимкон мебошад, барои иҷрои он ҳаракат намекунанд. Дар ҳақиқат кам ҳолатҳое мешавад, ки менеҷмент мақсадҳои иҷронашаванда мегузоранд, албатта ин вобаста аст аз дараҷаи профессионизми дониш ва кордонии менеҷерони корхона. Зарур аст, натиҷагирии афзуншавандаро мақсади худ гузорем;
♦мақсадҳо бояд, ки чандирӣ дошта, вобаста ба ҳолату вазъиятӣ ба амада омада, мувофиқ гардонида шаванд. Дар ҳолати дигар агар мо надониста, ба пеш ҳаракат кунем, он гоҳ ба вартае афтидан мумкин аст, ки баромадан амри маҳол аст;
♦мақсадҳо асосан дар натиҷаи фаъолияти якҷояи одамон иҷро мегарданд, дар вақти масъалагузорӣ мо бояд қоидаи кушодавӣ ва демократии мақсадро дошта бошем;
♦мақсадхо бояд тафтишшаванда ва таҳлилшаванда бошанд, ки баҳо додани иҷрои он коргаронро ҳавасманд гардонад;
♦ мақсадҳо бояд, ки бо якдигар алоқаманд буда, якдигарро пурра кунанд, ҳам дар муҳити вақт ва ҳам дар доираи фаъолият.
Риояи талаботи дар боло номбаршуда мақсади корхонаро характери системавӣ дода, гуруҳбандӣ ва иҷроиши онро осон мегардонад. Вобаста аз моҳияташон мақсадҳо ба ду гуруҳ ҷудо карда мешаванд: стратегӣ ва тактикӣ.
Мақсадҳои стратегӣ – барои иҷрои вазифаҳои перспективӣ ва калон хаҷме гузошта мешавад, ки сифати кории корхона дигар карда, дараҷаи нав ва обрӯи корхонаро таъмин мекунад. Мақсадҳои стратеги асосан барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ пурра нав кардани истеҳсолот ва базаи истеҳсолии корхона ё дигар кардани равияӣ он мебошад.
Мақсади тактикӣ – гуфта мақсадҳои ҷориро меноманд, ки давраҳои муайян ё худ этапҳои алоҳидаи мақсадҳои стратегиро дар бар мегирад. Мисол гузаронидани таъмири мукаммал, ё худ иваз кардани таҷҳизот, мақсади тактикӣ аст.
Вобаста аз муҳлати иҷроиш мақсадҳо ҷудо карда мешаванд, ба дарозмуддат – (зиёда аз 5 сол), миёнамуҳлат (аз як сол то 5 сол) ва кутоҳмуддат (то як сол). Маълум аст, ки барои мақсадҳои яксола нишондиҳандаҳо бисёртар буда, аниқ мебошанд, чунки аз руи мазмун низ онҳо алакай қисматҳои алоҳидаи мақсадҳои стратегиро иҷро мекунанд.
Вобаста аз мазмунашон мақсадҳо мешаванд: технологӣ, иқтисодӣ, истеҳсолӣ, маъмурӣ, маркетингӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ.
1.Мақсади технологӣ – беҳтар кардани технологияи истеҳсоли маҳсулот, кор ва хизматҳо, ҷорӣ намудани компютерикунонии истеҳсолӣ, аз байн бурдани афзалиятҳои зиёдатӣ, сохтани биноҳои истеҳсолии нав барои пурра кардани ҷараёни истеҳсолӣ.
2.Мақсади иқтисодӣ – мустаҳкам кардани вазъи молиявии корхона, баланд бардоштани фоиданокии фаъолияти корхона, гирифтани фоидаи устувор, баланд шудани қиммати аксияҳои корхона.
3.Мақсади истеҳсолӣ – зиёд кардани истеҳсоли намуди алоҳидаи маҳсулоти ва хизматҳо баланд бардоштани сифати он, баланд бардоштани саранокии истеҳсолот, паст кардани арзиши аслии маҳсулот.
4.Мақсади маъмурӣ – мустаҳкам кардани дараҷаи идорашавандашии корхона, ташкили муҳити хуби идоравӣ, сари вақт иҷро шудани супоришҳо, аз байн бурдани звеноҳоӣ халалрасони идоравӣ, беҳтар кардани тартибу интизом дар корхона.
5.Мақсади маркетингӣ – ба даст овардани ин ё он бозорӣ фуруши моли корхона, пайдо кардани харидорони нав, мизоҷони нав, зиёд кардани сикли гардиши моли корхона, пешвоиро дар бозорӣ мол ва нархи мол.
6.Мақсади илмию техникӣ – ихтироъ кардан ва ҷори кардани моли нав ва шакли нави хизматҳо, инчунин беҳтар кардани сифатҳои хоси молҳои мавҷуда, бо мақсади таъмин намудани дараҷаи стандарти байналхалқии
истеҳсоли молҳо.
7.Мақсади иҷтимоӣ – чорабиниҳое, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити меҳнат ва истироҳати коргарон, баланд бардоштани музди меҳнати коргарон, шароити манзили онҳо, баланд бардоштани дараҷаи квалификатсия ва маълумотнокии коргарон мебошад.
Вобаста аз шакли пешниҳод шуданашон мақсадҳо ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ ҷудо карда мешаванд.
Нишондҳандаҳои миқдорӣ – равандҳои инкишофи корхона, истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳоро бо нишондиҳандаҳои ченакӣ меноманд, ки бо сомонӣ, тонна, кг, дона, руз, соат ва ғ. ҳисоб карда мешаванд.
Нишондихандахои сифатӣ – хуб шудани тартибу интизоми коллектив беҳтар шудани сифати мол, самаранок истифодабарии захира, хуб шудани шароити кории коргарон. Аксари маврид аз рӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ, нишондиҳандаҳои сифатиро низ баҳо медиҳанд.
Мақсадҳо вобаста аз зинаи моҳияташон мешаванд умумӣ ва махсус.
Мақсадхои умумӣ гуфта умуман консепсияи корхонаро меноманд, ки равандҳои муҳими инкишофи фаъолияти корхонаро дар бар мегирад. Ба ҳайати мақсади умумӣ, дар навбати аввал мақсади генералии корхона дохил мешавад, ки онро миссияи корхона низ меноманд. Солҳои охир миссияи корхона асосан таъмин намудани ягон талаботи ҷамъиятиро меноманд.
Миссия – асосан фалсафаи пешравии корхона, эътибору обру, мавқеи он дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, инчунин шароити муҳити дохила ва берунаи он мебошад. Миссияи корхона имкон медиҳад, ки мақсади аниқи корхона муайян карда шавад.
Мақсади махсус – ин мақсади аниқеро меноманд, ки барои расидан ба мақсади алоҳидаи умумӣ кумак мерасонад. Мақсадхои махсус хатман кутоҳмуддат буда, ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ баҳо дода мешаванд.
Мақсадҳои махсус мешавад одилона ва корӣ.
Ҷараёни муайян кардани мақсадҳо вобаста аз шаклу намуди корхона ва хусусиятҳои хоси истеҳсолию моликиятдории он ду хел қабул карда мешаванд:
1. Марказонидашуда.
2. Ғайримарказонидашуда.
Ҳазорсолаи сеюм, ки давраи инқилобт техникию технологӣ ва компютеризатсия буда, суръати тағйирёбии муҳити дохила ба берунаи корхона хело ҳам баланд мебошад, бинобарин мақсади стратегии корхонаҳо дар давраҳои муайян тағйир дода, мувофиқ гардонида мешаванд. Дар ин ҳолатҳо тактикаи истифодаи як мақсад барои пурра кардани мақсади дигар истифода мешавад.
Бинобар ин дар корхонаю ташкилот системаи мақсадҳо пайдо мешаванд, инчунин системаи доимо нав кардан ва ё тағйир додани баъзе қисматҳои он амал мекунад. Мақсадҳо вобаста ба зинаи дарбаргирии масъалаҳо нисбати якдигар низ дар дараҷаҳои итоаткунанда ҷойгир мебошанд. Яъне мақсадҳои дараҷаи боло дар навбати аввал иҷро шуда, мақсадҳои дуюмдараҷа ва дараҷаи паст баъд аз он бояд иҷро шаванд. Пайдоиши иҷрои мақсадҳо бояд, ки самаранокии кори корхонаро таъмин карда тавонанд. Мақсадҳоро мумкин аст, ки вобаста аз моҳияташон ба миссияи корхона, ба мақсади хело ҳам зарурӣ ва муқаррарӣ ҷудо кардан мумкин аст. Мақсадҳое ҳастанд, ки вобаста аз вақт ва муҳимияташон барои мақсади стратегии корхона ва ё ташкилот кумаки калон расонида, дар навбати худ асоси он мебошад. Мақсадҳое ҳастанд, ки барои раванди истеҳсоли таъмин намудан зарур мебошанд. Дар охир мақсадҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо муқаррарӣ мебошанд, тағйирёбии вақт ё пурра иҷро намудани онҳо он қадар ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонида наметавонад.
Ҳамин тарик, интихоби мақсад ва стратегияи корхона 3 давраро дар бар мегирад:
1. Муайян кардани фалсафаи соҳибкории корхона.
2. Муайян кардани мақсадҳои дарозмуддат дар давраи планӣ.
3. Муайян кардани мақсадҳои (вазифаҳои) ҷории корхона.
2.Масъалагузорӣ ва стратегияи иҷроиши мақсадҳои менеҷмент
Дар вақти масъалагузории иҷроиши мақсадҳои корхона бояд чор ҳадафҳои асосӣ риоя карда шаванд:
1.Муҳокимаи мақсадҳо. Мақсадҳо ҳамон вақт иҷрошаванда ва самаранок мебошанд, ки агар дар вақти масъалагузорӣ иҷрокунандагони онҳо иштирок дошта бошанд ва муҳокимаронӣ намоянд. Мақсадҳо асосан дар асоси таҳлили натиҷаи фаъолиятҳо, бурду бохт ва захираҳои корхона сурат мегирад. Муҳокимаи он дар байни иҷрокунандагон имкон медиҳад, ки боз захираҳо ва имконотҳои нав, фикру ақидаи касбие пайдо шаванд, ки барои иҷрои мақсад кумак расонанд. Аз тарафи дигар иштироки онҳо дар муҳокимаронии маъсулиятнокии кор иҷрокунандагонро баланд мебардорад. Муҳокимаи усул ва роҳҳои иҷроиши мақсад, инчунин муҳлати иҷро онҳо дар гуруҳҳои муносибати байни сохторҳои таркибии истеҳсолиро менамояд. Аз тарафи дигар муҳокимаи масъалагузорӣ аз боло ба поён тартиботи иҷрои мақсадҳоро таъмин менамоянд. Моҳияти муҳокимарониро ва ҷараёни онро дар ҳуҷҷатҳои пайнависӣ ва ҳисоботҳо бояд сабт намоем.
2.Муайян кардани равандҳои асосӣ. Дар назди корхонаҳо ва менеҷерон онҳо як қатор мақсадҳо гузошта мешаванд. Бинобар ин менеҷерони таҷрибадор касбӣ ва зираку донишманд аз байни онҳо мақсадҳои аввалиндараҷаашро зуд карда онҳоро гуруҳбандӣ менамояд.
3.Таъмин намудани алоқаи ҳисоботӣ. Тадқиқот нишон медиҳад, ки корхона ба нишондиҳандаҳои калон ҳамон вақт ноил мегардад, ки агар дар ҳар як зинаи муайяни иҷрои мақсад натиҷагирӣ намояд. Психологияи коргарӣ чунин одат кардааст, ки ӯ ҳавасманд мебошад, ки дар як давраи муайян кори ӯ таҳлил карда, баҳо дода шавад. Баъди ин хулосабарорӣ ӯ ҳаракат мекунад, ки барои ба мақсад расидан кушиши зиёд намуда, камбудиҳоро ислоҳ намояд.
4.Алоқамандии мақсадгузорӣ ба системаи ҳавасмандкунӣ. Самаранокии мақсадгузорӣ ҳамон вақт меафзояд, ки агар вай ба системаи ҳавасмандкунӣ ва баҳодиҳӣ пайваста бошад. Чунин як система пайдоиши мақсадҳои дутарафаро пайдо мекунад. Яъне коргар, ё роҳбари табақаи идоракунӣ ҳаракат мекунад, ки мукофот гирад, ё ба вазифа боло равад ва якбора мақсади корхона, вазифаҳои дар пеши ӯ гузоштаи корхонаро иҷро мекунад. Барои ба мақсад расидан ва изҷрои вазифаҳо дар назди менеҷменти корхона интихоби стратегия ва тактикаи идоракунӣ пайдо мешавад, ки кори хеле мураккаб буда, аз интихоби роҳи дурусти он тақдири фаъолияти корхона дар оянда вобаста мебошад.
Стратегияи идоракунӣ – гуфта, ин консепсияи қабулшудаи фаъолияти корхона мебошад, ки дар он барномаи умумии фаъолият, тақсимоти дурусти захираҳо барои ба мақсад расидан нишон дода шудааст.
Стратегия – ин интихоби мақсадҳои асосӣ ва чорабиниҳои ҳаматарафае, ки дар он мақсади пурраи имруза ва фардои корхона нишон дода шудааст.
Профессори донишгоҳи Гарвард Мишел Портер се равияи умумии стратегии корхонаро ҷудо мекунад:
1.Истеҳсоли маҳсулот бо хароҷоти камтарин.
2.Рушди мукаммалии равияҳои гуногун.
3.Нишонагирӣ барои мавқеи худро дар бозор ёфтан.
Менеҷере, ки роҳҳои ба мақсад расиданро интихоб менамояд, вай набояд фақат стратегияро пешниҳод намояд, балки вай бояд таҳлили ҳаматарафаи стратегияро дода тавонад. Яъне вобаста аз хусусияти хоси бозорӣ имрӯза услуби ситуатсионӣ бояд мақоми аввал дошта бошад. Барои ин менеҷер чунин услуби кориро истифода намояд:
– таҳлили амикқи нигоҳи рақибон;
– таҳлили дараҷаи таваккалкорӣ;
– мувофиқгардонии стратегияи нави корхона ба суннати пешинаи он;
– мувофиқкунонӣ бо муҳити берунаи корхона;
– баҳодии иҷрошавандагии мақсади корхона;
Менеҷери стратеги ин услубҳоро на дар вақти лоиҳасозии стратегӣ, балки дар ҷараёни иҷрои он бояд истифода намояд. Дар шароити имрузаи иқтисоди бозоргонӣ ташкилот на ин, ки фақат як нақшаи стратегӣ, балки якчанд нақшаи стратегӣ дошта бошад, ки онҳо тавонанд, мушкилиҳои пеш омадаро сари вақт ислоҳ намуда, худро ба ҳолати пайдошуда мутобиқ гардонанд. Тамоми нақшаи стратегии корхона бояд, бо назардошти фаъолияти корхонаҳоои рақобатии Шумо кор карда шаванд, чунки аз рафтори рақиб дараҷаи таваккали корхонаи Шумо вобастагии калон дорад.
Омилҳои зерини таваккали стратегияи корхона ҷудо карда мешаванд:
♦ маҳсулоти бозорӣ – махсусгардонии хурд, нишонагирии корхона ба миқдори ками бозорҳо;
♦ молиявӣ – яъне мавҷуд набудани фоидаи захиравии корхона, нокифоягии системаи молиявии корхона, номаълумии гирифтани даромадҳо дар ояндаи наздик ва дур;
♦ идоравӣ – яъне мавҷуд набудани таъмини кафолати дастгирӣ аз тарафи роҳбариятҳои болои ва худи корхона;
♦ истеҳсолӣ – норасогии қобилиятнокии истеҳсолии корхона барои амали гаштани стратегия.
Ба амали гардонидани стратегия фақат ҳамон вақт cap кардан зарур аст, ки агар даромадҳои оянда, имконотҳои таваккалро пушонанд. Дар ин ҳолат менеҷменти корхона қарордоди стратегӣ қабул мекунад.
Қарордоди стратегӣ – қарори идоракуниеро меноманд, ки дар навбати аввал ба ояндаи корхона равона карда шуда, барои қабули қарорҳои оперативӣ ҳамчун пойдевор хизмат мерасонад. Дуввум дорои як қатор мураккабиҳо мебошад, чунки омилҳои берунаи соҳибкориро низ ба ҳисоб мегирад, ки ба фаъолияти корхона таъсири худро мерасонанд. Сеюм ин, ки захираҳои калоне зарур мебошад, ки дар ҳолати иҷро намудан ба корхона зарари калонеро оварданаш мумкин аст.
Як қатор хусусиятҳои хоси қарори стратеги ҷудо карда мешаванд:
♦ қарори стратегӣ ин худ як шакли навоварӣ мебошад. Одамон ва корхона объектӣ амал гиаштани қарори стратегӣ мебошанд, бинобар ин чорабиниҳои махсусе зарур мебошад, ки одамонро барои навоварӣ маҷбур
созад. Яъне боваркунонии одамон, омузондани онҳо ба иҷрои мақсад ҷалб кардани онҳо раванди хеле мушкил мебошад;
♦ қарори стратегии идоракунӣ барои ба даст даровардани мақсадҳои ояндаи корхона равона шуда, ба оянда нигаронида шудаанд, бинобар ин на барои ҳамагон маълум ва равшан мебошад ва бинобар ин на ҳама бовар
мекунанд;
♦ иҷроиши қарори стратегӣ бо худ як қатор талабот дорад, яъне дониши мукаммали касби доштан ва тайёр будан ба таваккал;
♦ қарори стратегии идоракуни асосан характери субъективӣ дошта, ба он яку якбора баҳри объективӣ дода намешавад. Гузашти вақт баҳои объективии худро ба қарори стратегии идоракунӣ медиҳад. Давраи дигари стратегияи иҷроиши мақсадҳои менеҷмент, ин кор карда баромадани стратегияи корхона, ки бевосита бояд ба мақсад ва миссияи корхона мувофиқат намояд. Стратегияи корхона гуфта, асосан нақшаи амалиётҳоеро меноманд, ки барои ба мақсад расидан кумак мерасонад, вобаста аз захираҳое, ки дар корхона мавҷуд мебошанд. Дар вақти кор карда баромадани коркарди нақшаи стратегияи корхона, пеш аз ҳама омилҳои муҳити беруна, вазъияти сиёсию иқтисодӣ, инчунин захираҳои дохилаи корхона низ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Ҳамин тариқ ташаккулёбии стратегияи инкишофи корхонаро ба 4 давра ҷудо кардан мумкин аст:
Давраи 1-ум – муайян кардани мақсад:
♦ аниқкунӣ ва ба соҳаҳо ҷудо кардани он;
♦ пешгуй фаъолияти оянда вобаста аз хрлати имруза ва макради оянда.
Давраи 2-юм – таҳлили масоил:
♦ масоили мухити беруна;
♦ масоили мухити дохила;
♦ баҳои бартарияти рақибон.
Давраи 3-юм – муайян намудани ташаккули стратегия:
♦ кор карда баромадани вариантҳои инкишоф;
♦ баҳо додани вариантҳо;
♦ эҳтимолияти натиҷагирӣ;
♦ қабули қарори стратегӣ.
Давраи 4-ум – амали гардонидани стратегия:
♦ тартиб додани план ва буҷети корхона;
♦ мушоҳида ва назорат.
Ҳамин тариқ як аз давраи муҳими равандҳои стратегии менеҷмент барои ба мақсад расидан ин интихоби мақсадҳои дарозмуддат ва кутоҳмуддати корхона мебошад. Барои муайян кардани мақсади худ корхона бояд 8 бахши зеринро ба инобат гирад:
1.Вазъият дар бозори корхона – мақсади талаботи бозор мумкин аст, пешвоиро аз руи як, ё ду намуди мол, зиёд кардани он бояд то андозаи имконот бошад.
2.Навоварӣ – вазифаҳои мақсаднок дар ин бахш, пеш аз ҳама муайян кардани усулҳои нави сохибкорӣ, ташкили истеҳсоли намуди нави мол, истифодаи технологияи нав ва тарзи ташкили истеҳсолот мебошад.
3.Ҳосилнокӣ – ҳамон корхона самаранок ҳисоб карда мешавад, ки агар барои ҳар як воҳиди маҳсулот хароҷоти ками захираҳои иқтисодиро истифода барад. Бинобар ин нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат ва сарфа кардани захираҳо нишондиҳандаи сифатии корхонаҳо ба ҳисоб меравад.
4.Захираҳо – талабот ба ҳама гуна захираҳо муайян карда мешавад, захираҳои мавҷудбуда ва зарурӣ муқоиса карда шуда, муайян карда мешавад. Зарурати захираҳои иловагӣ, тарзи пайдоиши онҳо ва таъминоту истифодаи онҳоро муайян мекунад.
5.Фоиданокӣ – ин мақсад бо нишондиҳандаҳои миқдории ҳаҷми фоида ва дараҷаи даромаднокӣ муайян карда мешавад.
6.Равандҳои идоравӣ. Албатта, гирифтани фоидаи калон, ин пеш аз ҳама вобаста мебошад аз қобилияту кордони, тарзу усули ташкили кори менеҷменти корхона. Маҳз бо ташкили менеҷменти стратеги ба мақсад ноил шудан мумкин мебошад.
7.Ҳайати корхона. Дар ин бахши мақсади корхона пеш аз ҳама дар нигоҳ доштани ҳайати доимии коргарон, таъмин намудани музди меҳнати мувофиқ беҳтар кардани шароит ва мотиватсияи меҳнат равона шудааст.
8.Ҷавобгарии иҷтимоӣ. Дар шароити имрӯза аксари иқтисодчиёни ҳарбӣ дар чунин ақида мебошанд, ки корхонаҳо бояд на фақат барои гирифтани фоидаи зиёд, балки барои пайдо кардани эътибор худ дар байни ҷамъият кушиш кунанд. Ҳавасмандии коргарон, фароҳам овардани шароити хуби муҳити зист барои ҷамъият ва фароғати одамон, дастгирии мардуми камбизоат ва ғайpapo ташкил намоянд. Аз гуфтаҳои боло маълум гашт, ки мақсади корхона якчанд бахшҳои муҳимро дар бар мегирад. Мураккабии интихоби мақсад дар он аст, ки менеҷмент бояд пайдарпай ва самаранок иҷрошавии онҳоро таъмин карда тавонад.
3.Таъсири муҳити беруна ва дохила ба фаъолияти менеҷмент
Дар назарияи идоракунӣ ақидаи муҳити беруна ва таъсири он ба фаъолияти корхонаи алоҳида дар охири солҳои 50-ум ба миён омадааст. Ин ақида дар омузиши услуби системавии идоракунӣ мақоми арзанда дорад. Дар консепсияи усули вазъиятии идоракунӣ низ услуби муайян кардани дохила ва беруна шарти зарурии характери корхона мебошад.
Муҳити беруна – ин қувваҳои беназоратие мебошанд, ки ба кори менеҷери корхона ва ба муҳити дохилаи корхона таъсири худро мерасонад. Ин омилҳо хело зиёд ва бо ҳам алоқаманд мебошанд, ки аксари маврид менеҷменти корхона барои интихоби қарор мушкилӣ мекашад.
Аз нуқтаи назари таъсиррасонӣ ин омилҳоро ба ду гуруҳ ҷудо мекунанд:
1. Омилҳое, ки таъсири бавосита доранд;
2. Омилҳое, ки таъсири бевосита доранд.
Омилҳои бавосита гуфта, омилҳоеро меноманд, ки онҳо новобаста аз фаъолияти дохилии корхона, берун аз он сарчашма гирифта, таъсири худро бевосита мерасонанд. Ин таъсирот ба қисмҳои зерин ҷудо карда мешаванд.
1.Таъсири экологӣ – ин омиле мебошад, ки аз қарори идоракунӣ дур ҳам бошад, таъсири худро ба фаъолияти корхона мерасонад. Аз охири солҳои 70-уми асри XX cap карда, дар аксари давлатҳои тараққикардаи саноатӣ проблемаи муҳити зист, ифлосшавии атмосфера, таъсири партовҳо ба захираҳои об инчунин нобуд кардани партовҳои истеҳсолӣ яке аз масъалаҳои муҳими руз шудaacт. Вобаста аз ин дар аксари давлатҳо норасогии захираҳои об, замини корам, нобудшавии ҷангалзорҳо мушоҳида мешавад, ки хоҳ нохоҳ таъсири худро ба фаъолияти корхонаро мерасонад. Таъсири ин омил бо ду роҳ ҳаллу фасл меёбад.
1. Бо роҳи қабули як қатор қонунҳо ва актҳои меъёрию ҳуқуқии танзимдарорандаи ин ҷараён аз тарафи давлат.
2. Бо роҳи кам кардани таъсиррасонии фаъолияти корхонаро бо муҳити зист, яъне бо роҳҳои беҳтар кардани технологияи истеҳсолӣ гузаштан ба истеҳсолоти бепартов, сохтани заводҳои партовсузонӣ ё коркарди партов инчунин ҷудо кардани маблағҳо ва чорабиниҳою хизматҳои рекреатсионӣ.
2.Таъсири иқтисодӣ – ин омил дар раванди истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳо ва хизматҳои корхона, ки дар ягон минтақа, ё давлат ҷойгир мебошад, дида мешавад. Корхона пеш аз он ки фаъолияти худро дар ин, ё он давлат, ё минтақа cap кунад бояд, ки оиди дараҷаи зиндагии ин мардум, даромади аҳолӣ, урфу одати онҳо, андозситонӣ, фоизи қарзи банк, маданияту дин, урфу одати мардум менеҷмент бояд маълумот дошта бошад.
3.Таъсири ҳуқуқию сиёсӣ. Доираи таъсири ин омил дар корхона хеле васеъ буда, аз то чӣ андоза хирадмандона будани ин актҳои меъёрӣ даромаднокии корхона вобаста буда, фаъолияти ояндаи ӯ муайян мегардад. Дар доираи ин қонуниятҳо корхона бояд, ки музди меҳнатро муайян созад, шартномаҳо баста фаъолияти бонкии худро амалӣ гардонад, нархи моли худро ба танзим дарорад. Инчунин аз ҳама омили муҳим муносибати худро ба органҳои маъмурию давлатӣ мутобиқ созад. Маълум аст, ки аксари қонуниятҳо доираи фаъолияти корхонаҳоро маҳдуд намуда, ба фоиданокии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аммо ҳолатҳое дида мешавад, ки ин актҳои меъёрӣ ба ҳимояи молистеҳсолкунанда низ равона карда шуда, фаъолияти онҳоро ҳавасманд менамояд.
4.Таъсири иҷтимоию маданӣ – албатта таъсири ин омилро дар фаъолияти ҳаррузаи корхонаҳо мушоҳида кардан мумкин аст, вақте одамон мехоҳанд, муҳитро ва предметҳоро ба худ мувофиқ намуда, истеъмол намоянд, корхона маҷбур аст, ки ба талабот мувофиқ мол барорад ва фаъолият намояд. Чунин як вазъият хоҳ нохоҳ ба қарордоди менеҷменти корхона таъсири калон мерасонад ва менеҷер дар вақти қабули қарори идоракунӣ ин ҳолатро низ бояд ба инобат гирад.
5.Таъсири раванди демографӣ – таҳлили пешгуиҳои демографӣ ва худи ҷараёни ин омил барои кори менеҷменти корхона омили зарурӣ мебошад. Чунки менеҷменти корхона зиёдшавии аҳолиро аз руи ду моҳият нигоҳ мекунад:
1. Миқдоран зиёд шудани харидорон – истеъмолкунандагон.
2. Сифатан пайдоиши қувваи кории нав. Вобаста аз ин ду хусусият барои менеҷмент донистан як қатор нишондихандаҳои демографӣ зарур мебошад:
♦ миқдори занҳо ва мардҳо;
♦ давомнокии умри марду зан;
♦ умри миёнаи одамон;
♦ афзоиши аҳоли умуман ва дар минтақаҳо;
♦ даромади оила;
♦ дараҷаи шуғли аҳолӣ;
♦ дараҷаи маълумотнокии аҳолӣ;
♦ даромад аз руи сину сол ва ҷинсият;
♦ таркиб ва сифати хуроки аҳолӣ ва либоспӯшии он;
♦ дину оин, урфу одат ва тарзи зиндагии мардум.
6.Таъсири технологӣ. Соҳибкорӣ бояд, ки баробари прогресси технологӣ қадам гузорад, дар ҳама давраҳои истеҳсолот – истеҳсол, коркард, ҷиҳоз, хиззматрасонб, ҳаракати мол то истеъмолкунанда ва ғайpa. Чунки навоварии технологӣ барои менеҷменти корхона омили хело муҳим мебошад. Яъне навоарии техникӣ инкишофи усулҳои нави техникӣ, равандҳо истеҳсоли молҳо технологияи илмӣ мебошад, ки менезҷменти корхона бояд аз он бохабар бошад. Омилҳои беруна, ки ба фаъолияти корхона таъсири бевосита мерасонад.
1.Рақобати корхона. Омузиши фаъолияти корхона – фирмаи рақиб хело муҳим ва мураккаб мебошад. Нишондиҳандаҳои зарурие, ки бояд менеҷменти корхона оиди корхонаи рақиб донад, инҳо мебошад:
♦ ҳиссаи рақиб дар бозор;
♦ ҳаҷми умумии истеҳсолии рақиб;
♦ самаранокии фуруши мол;
♦ нархи мол ва бартарии сифати моли ӯ;
♦ тарзу усули реклама;
♦ тарзу усули технологияи истеҳсолӣ ва технологияи менеҷмент;
♦ таваккал ва ҳосилнокии меҳнат;
♦ сифати маҳсулот;
♦ коркард ва барориши моли нав;
♦ дараҷаи квалификатсияи ҳайати коргарон. Менеҷменти корхона ин маълумотҳои рақибро дониста метавонад, ки аз ӯ пеш гузарад.
2.Истеъмолкунандагон. Барои он, ки нақшаи стратегии корхона дуруст кор карда бароем, мо бояд пешаки оиди ғунҷоиши бозор, вақти хариди мол, инчунин модели тағйирёбии талаботи истеъмолкунандаро бояд, ки донем.
Дар вақти тартиб додани нақши истеъмолкунанда чор намуди ахбор истифода карда мешаванд:
♦ ахбори географӣ;
♦ ахбори демографӣ;
♦ ахбори психологӣ;
♦ ахбори рафтории истеъмолкунанда.
Пеш аз ҳама зарур мебошад, ки ҳудуди географиро муайян созед, ки дар он истеъмолкунандагони шумо ҷойгир мебошад. Дар баробари ин миллати он сарзамин, дину оин, деҳотӣ, ё шаҳрӣ будани он, миқдори аҳолӣ, инчунин донистани дигаргуниҳои демографӣ, асосан сину сол, ҷинсият, миқдори оилаҳо, тарзи зиндагонии онҳо, урфу одат ва синфи иҷтимоии харидор зарур мебошад. Аз дигар тараф шахсият ва тарзи зиндагии ӯ, пешво, мартаба, ё худ мавқеи истеъмолкунанда омилҳое мебошад, ки менеҷмент дар вақти тартиб додани нақшаи стратегии корхона бояд, ки ба инобат гирад.
3.Таъсири ҳукумат. Дар ҳамаи давраҳои фаъолият ба ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ новобаста ба он ки дар кадом мамлакате, ки шумо корхона доред ва соҳибкорӣ мекунед, чӣ дар Ҷопон, ИМА, Фаронса, ё Англия ташкилоти Ҳукуматии тиҷоратӣ ба Шумо таъсири худро мерасонанд. Бинобар ин хоҳ нохоҳ шумо дар кадом давлате, ки набошед, бояд дар доираи қонун ва қоидаҳои ҳамон давлат кор ва фаъолият намоед. Ҳимояи ҳуқуқ ва вазифаҳои шумо дараҷаи донишу малакаи маъмурияти ин давлатҳо марбут аст.
4.Захираҳои меҳнатӣ. Доимияти ҳайати кории коргарон, таҷрибаи хуби корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи касбии онҳо яке аз вазифаи муҳими менеҷменти корхона мебошад.
Се раванди омузиши ин омил ҷудо карда мешавад:
1. Обрую эътибори корхона дар байни аҳолӣ. Корхона ё ширкате, ки эътибори хуб дорад ва шароити хуби меҳнатиро ташкил карда ба боварии мардум даромадааст, метавонад, ки коргарони қобилияти хуб
доштаро ба худ ҷалб намояд.
2. Дараҷаи шуғли аҳолии маҳаллӣ, аз он вобаста, ки дониш дар кадом дараҷаи инкишоф дар ноҳия, ё минтақа қарор дорад, аз тарафи дигар ба маълумотнокӣ ва касбдонии коргарон вобаста мебошад. Корхонае, ки нав
ташкил карда мешавад, маҷбур аст, ки аз ҳисоби захираҳои худи коргаронро омузад ва тайёр намояд.
3. Имконоти мавҷуд будан ва имкон доштани аҳолӣ ба таҳсил. Маълум аст, ки коргаре, ки дониши суст дорад ва дараҷаи маълумоти миёнаи касбӣ дорад, доираи фаъолияти худро дар доираи ноҳия, ё минтақаи худ
мегузаронанд. Бинобар ин, барои менеҷмент маъмул аст, ки асосан коргарони маҳалли бисёртар дониши касбӣ дошта, асосан онҳоеро тайёр кунанд, ки барои ояндаи корхона зарур мебошанд.
5.Шахсони манфиатдор. Гуруҳи одамоне, ки барои фаъолияти корхона манфиатдор буда, дар ҷамъият мавқеи худро доранд ва таъсир расонида мерасонанд. Умуман шахсони манфиатдорро ба 4 гуруҳ ҷудо мекунанд:
♦тамоми ҷамъият – талаб мекунанд, ки корхона барои ҷамъият низ ҳиссаи худро гузорад, ҳукуматро дастгирӣ намояд, инчунин фаъолияташро ба таври қонунӣ ба роҳ монад;
♦аҳолии маҳаллӣ – талаб доранд, ки корхона шуғли доимии аҳолиро дастгирӣ намояд, дар чорабиниҳои маданию маишӣ иштирок намояд;
♦ саҳҳомон – талаб доранд, ки дар тақсимоти фоида иштирок намоянд.
Инчунин онҳо хукуқ доранд, ки ҳар сол дар съезди саҳҳомон иштирок намоянд, ҳуҷҷатгузориро тафтиш намоянд, дар интихобот иштирок намуда, намояндаи худашонро пешниҳод намоянд;
♦иттифоқи касаба – намояндагони ин ҷамъият ҳаракат доранд, ки дар ҳаёти истеҳсолию иқтисодии корхонаро иштирок намоянд.
Дар маҷмуъ чор гурӯҳи одамоне номбар карда шудаанд, ки ҳамагӣ як мақсад доранд, ин ҳам бошад баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии мардум, мақсади охирони корхона, низ ҳамин мебошад.
6.Кредиторон ва молтаъминкунандагон. Аз ҳама муносибати мустаҳкам ва зарурӣ боиси омили беруна мебошад, чунки инкишоф ва пешравии корхона ин бевосита аз сарчашмаи молиягузорӣ, хизматҳо ва сари вақт таъмин намудани ашёи хом мебошад. Аксарият ҳолатҳое мешавад, ки корхонаҳо аз маблағгузор ва молтаъминкунандагони худ қарзҳои кутоҳмуддат мепурсад, ё ин ки хоҳиши молтаъминкунии пешпардохт пеш мегузорад. Бинобар ин барои менеҷменти корхона зарур аст, ки ҳамаи уҳдадорӣ ва фаъолиятҳои молиявию пулие, ки ба корхонаҳои ҳамкор вобаста мебошад, саривақт ва бе фиребгарӣ иҷро намояд. Ҳамин тариқ муваффақияти кори менеҷменти корхона дар он мебошад, ки агар доимо аз омилҳои берунае, ки дар боло номбар карда шуданд, бохабар бошад, пешгуи карда тавонад ва дар фаъолияти кории худ ин омилҳоро ба инобат гирад.
1.Муҳити дохилӣ – ин омилҳои ситуатсиониеро меноманд, ки дар дохили корхона ба вуҷуд меоянд.
2.Ташкилот, ё корхона – ин гуруҳи одамоне меноманд, ки мақсади умумӣ дошта, фаъолиятҳои коллективона доранд. Ин гурухи одамон системаеро ташкил кардаанд, ки худ натиҷаи қарори идоракунӣ мебошанд. Тағйиротҳои асосие, ки дар дохили корхона ба миён меоянд ва диққати менеҷментро ба худ ҷалб мекунанд, инҳо мебошанд:
♦ мақсад ва масъалагузорӣ;
♦ сохтори ташкилӣ ва истеҳсолии корхона;
♦ вазифагузорӣ ва тартиботи иҷроиши он;
♦ технологияи истеҳсолӣ ва одамон.
Мақсад ва вазифагузории менеҷмент гуногун мебошад, ки вобаста аз хислату хусусияти корхона
мақсади он низ фарқ мекунад. Яъне агар корхонаи тиҷоратӣ бошад, дар навбати аввал, мақсади асоси гирифтани фоидаи калон мебошад. Корхонаи ғайритиҷоратӣ бошад, мисол донишгоҳ ва институтҳо мақсади кам кардани хароҷот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошад.
Сохтори ташкилии корхона – ташкили зинавии мантиқии идоракунии корхона буда, вобаста аз ҳаҷму хусусияти корхона бо мақсади самараноки иҷрои вазифа мебошад. Сохтори ташкилии корхонахо асосан аз руи моҳияти «функсионалӣ» ва «назоратӣ» ташкил карда мешавад, Вобаста аз ин корхонаро, шуъбаҳо, коргоҳ,
идораи худро доранд. Самаранокии кори менеҷмент ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар ин сохтор дар координатсия кор кунанд.
3.Вазифаҳо. Яке аз шакли тақсимоти меҳнат дар корхона ба ҳисоб меравад. Вобаста аз вазифааш ҳар як шахс уҳдадор мешавад, ки гуруҳи муайяни амалиётро ба уҳда дошта бошад. Самаранокии кори менеҷмент дар ҳамон вақт зоҳир мегардад, ки агар вазифа аниқ тақсим шуда бошанд ва ҳар як шахсӣ вазифадор кори худашро
иҷро намояд. Агар иҷрои вазифа такрор ва ё болои ҳам шавад он гоҳ муноқиша ва норизогӣ дар корхона пайдо шуда, кори менеҷмент суст мегардад.
4.Технологияи корхона яке аз омилҳои асосии замони мо ба ҳисоб меравад. Менеҷере, ки аз уҳдаи истифодаи технологияи нав намебарояд, аллакай ба талаботи корхона ҷавобгу намебошад ва садди роҳи пешравии корхона мегардад. Аз дигар тараф истифодаи технологияи нав имкон медиҳад, ки қисматҳои зиёдатии сохтори корхона аз байн бардошта шуда, суръати ҳаракати ахбор тезонида сифатан хуб шуда, самаранокии кори менеҷмент меафзояд.
5.Одамон менеҷменти корхона бо кумаки дигар одамон ба таври мукаммал амалӣ мешавад. Бинобар ин одамон омили марказии модели идоракунӣ мебошанд.
Таъсири ин омилро менеҷменти корхона дар се ҳолат муайян мекунад:
1. Рафтори одамони алоҳида.
2. Рафтори гуруҳи одамон.
3. Рафтори роҳбарон дар корхона.
Барои менеҷмент аз ҳама муҳим омузиши рафтори одамон мебошад, чунки ин раванди хеле мураккаб буда, бо якчанд омили кушода ва пушидаи психологӣ, сиёсӣ, миллӣ, ва физиологӣ вобаста мебошад, ки ҳеҷ як менеҷер
қобилияти пурра омухтани ин омилро надоранд. Аммо аксари маврид рафтори одамон ба он вобаста мебошад, ки роҳбари аввали корхона чи хел муҳити кори ташкил мекунад, бинобар ин хуб мешуд, ки роҳбарони корхона муҳитеро пайдо кунанд, ки барои ба мақсад расидан кумак расонанд.
4.Системаи стратегии идоракунии корхона
Стратегияи корхона, ё фирма – системаи чорабиниҳо мебошад, ки дар оянда барои ба мақсад расидан кумак мерасонад. Моҳияти коркард ва ҷорӣ кардани чорабиниҳои стратеги дар он зоҳир мегардад, ки аз вариантҳои гуногуни равандҳои инкишоф интихоб намудани раванди самараноке, ки барои фаъолияти истеҳсолию хоҷагидори равона карда мешавад. Системаи стратегии идоракуни корхона дар шароити имрӯза вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
♦ ҷудо кардани захираҳо барои мақсадҳои стратегӣ новобаста аз сохтори мавҷудаи идоракунии корхона;
♦ ташкил намудани марказҳои роҳбарӣ барои ҳар як мақсадҳои стратегӣ;
♦баҳодиҳӣ ва ҳавасмандкунонии сохторҳои таркибии истеҳсолӣ ва роҳбарони он вобаста аз иҷрои мақсадҳои стратегӣ.
Коркарди стратегияи корхона дар зинаҳои болоии идоракунӣ сурат гирифта, барои иҷрои вазифаҳои зерин равона карда мешавад:
♦ коркарди мақсадҳои стратегӣ;
♦ баҳо додани имконотҳо ва захираҳои корхона;
♦ таҳлили тағйиротҳо дар фаъолияти маркетингии корхона;
♦ муайян кардани стратегияи ояндаи корхона;
♦тайёр кардан ва кор карда баромадани нақшаҳои қобилии фаъолияти корхона барои буҷети корхона;
♦ баҳо додани фаъолияти корхона вобаста аз вазифа ва мақсадҳои оянда.
Вобаста аз зарурияти ҳалли масъалаҳои стратегии корхона вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд:
♦ баҳо додани қудрати истеҳсолию захиравии корхона ва имконоти он барои иҷрои мақсад;
♦таҳлили омилҳои дохила ва беруна, ки пешравии корхона ва устувории фаъолияти онро аз ҷиҳати тиҷоратӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ таъмин менамояд;
♦ чорабиниҳое, ки барои аз вазъияти ногувор баромадани корхона таъсир мерасонанд;
♦ баҳои равияҳои интихобии корхона;
♦ интихоби вариантҳои оптималии инкишофи корхона;
♦қабули қарори идоракунӣ оиди кор карда баромадани нақшаи дарозмуддати инкишоф ва фаъолияти корхона.
Дар вақти кор карда баромадани стратегияи инкишофи корхона дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳо фикрҳои стратегие пайдо мешаванд, ки бо аппаратӣ идоракунии корхона мутобиқ кунонида мешаванд. Равияҳои нави истеҳсолӣ, идеяи истеҳсоли молҳоӣ нави талаботи замонавӣ пайдо мешаванд, инчунин ҳар гуна лоиҳахҳо ва мақсадҳои роҳвор пайдо мегарданд.
Вобаста аз вазъияти баамаломада тағйир додани стратегияи инкишофи корхона бояд дар системаи гуруҳбандӣ истифода карда шавад, ки қисматҳои зеринро дар бар мегирад:
♦назорати доимии омилҳои беруна ва таҳлили онҳо (омилҳои бозор, илмию техникӣ, умумииқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ);
♦ расонидани натиҷаи таҳлил ба диққати роҳбарон ва баҳо додани онҳо;
♦ ҷудо кардани проблемаҳои мураккаб, ки ҳалли фаврӣ талаб мекунанд;
♦ масъалаҳои дуюмдараҷае, ки дар давраи оянда ҳал кардан мумкин аст;
♦ вазифаҳое, ки назорати доими талаб мекунанд;
♦ вазифаҳое, ки диққат талаб намекунанд ва нолозим мебошанд.
Идоракунии стратеги муайян месозад, ки корхона барои оянда мавқеи худро доир ба ҳар як намуди фаъолият муайян месозад:
Асосан намудҳои зерини стратегияи корхона дида мешавад:
1.Стратегияи бозорӣ ва маҳсулотӣ – барои муайян кардани намуди аниқи маҳсулот ва технологияе, ки корхона истеҳсол мекунад, шаклу усули фуруш, роҳҳои баланд бардоштани тоб овардан ба рақобатӣ баланд.
2.Стратегияи маркетингии корхона – бо мақсади мустаҳкам кардани фаъолияти корхона дар бозор вобаста аз мавқеи мол, дараҷаи хароҷот барои омузиши бозор, чорабиниҳо оид ба васеъ кардани фаъолияти маркетингии корхона, интихоби бозор фаъолият бурдан аст.
3.Стратегияи рақобатии корхона – бо мақсади кам кардани хароҷотҳои истеҳсолӣ, ягонагӣ ва баландбардории сифати моли корхона, муайян кардани унсурҳои нави фаъолият дар бозорҳои алоҳида аст.
4.Стратегияи идоракунии соҳавӣ – дар асоси идоракунии роҳбарияти болоӣ ба назорати худ гирифтани як соҳаи корхонаро, ё моли алоҳидаро пурра бо мақсади диверсификатсияи фаъолият дар асоси пайдоиши соҳаи нав ё аз байн бурдани соҳаҳои ҷудогонаи корхона, ки бо мақсад мувофиқ нест.
5.Стратегияи навоварӣ – дар худ сиёсати