Шароитхои амалиёт
Шароитхои ичтимои ва масоили захирахои мехнати Точикистон кишвари аз хама камбизоати собик Иттиходи Шурави мебошад. Соли 2002 ММД ба хар сари ахоли 186 долл. ИМА-ро аз руи курби мубодилавии чори ва 1 374 долл. ИМА-ро аз руи афзалияти кудрати харидори ташкил дод.1.Шароити умумии баамалбарории ислохот
2.Шароитхои сиёси
Солхои охир вазъи сиёси ба эътидол омад. Бахои муфассалтари сиёсиро ниг. дар замимаи 1.
Шароитхои ичтимои ва масоили захирахои мехнати Точикистон кишвари аз хама камбизоати собик Иттиходи Шурави мебошад. Соли 2002 ММД ба хар сари ахоли 186 долл. ИМА-ро аз руи курби мубодилавии чори ва 1 374 долл. ИМА-ро аз руи афзалияти кудрати харидори ташкил дод. Танхо БЧ Точикистонро ба чумлаи кишвархое, ки фарогири АБР мебошанд, дохил намуд. Тибки тахкики сатхи зиндаги дар Точикистон, ки соли 1999 БЧ ба анчом расонд, 83% ахоли берун аз сатхи расмии камбизоати карор доштанд, ки 17% он дар шароити кашшоки хаёт ба сар мебурд. Аз хама камбизоаттаринхо ахолии дехот ва бекорон мебошанд. Соли 2001 даромади миёна танхо 10,6 долл. ИМА-ро дар як мох ташкил дод, яъне аксари кулли ахолии коркун аз хадди аккали зиндаги паст даромад мегирад. Конунгузори оид ба мехнат ва хукуки мехнаткашон асосан ба конвенсияхои СБМ чавогу аст, вале на хама вакт дар амалия татбик карда мешава.
Барои баланд бардоштани даромади хакики ва расонидани кумаки давлатии фарди ба табакахои камбизоат хукумат мохи майи соли 2002 Барномаи стратегии мубориза бо камбизоатиро (БСМК)8 кабул кард. Стартегия барои кумаки минбаъдаи расмии донорхо асос гузошт ва афзалиятхои асосии сиёсатро дар мухлати миёна дарбар мегирад. Диккати
асоси ба рушди иктисоди дехот ва кишоварзи равона шудааст, ки аз онхо аксари ахолии камбизоат вобастаанд. БСМК ба рушди сектори хусуси ахамияти аввалиндарача намедихад, гарчи хам хукумат ва хам донорхо дарк мекунанд, ки муборизаи босамара бо камбизоати ахиран рушди устувори иктисоди ва ташкили чойхои нави кориро дар сектори хусуси, ки берун аз кишоварзи хачми хеле ночиз дорад, такозо менамояд. Бо назардошти махдудияти имконот барои зиёд кардани хачми карзи давлати, вазифаи асосии хукумат аз муайян кардани афзалнокии инвеститсияхои дар БСМК ва барномаи инвеститсияхои давлати пешбинишуда иборат мебошад.
6 20 000 рубли точики (кариб 16 долл. ИМА) дар соли 1999.
7 Даромад ба хар сари ахолии – 1,075 долл. ИМА дар як руз.
8 БААР дар он асосан дар сохахои хавопаймои ва телекоммуникатсия ширкат меварзад.
Хамкории минтакави Точикистон кишвари начандон калон буда, ба бахр баромад надорад. Он аз муносиботи нек бо хамсоягон барои дастрас кардани бозори онхо вобастагии амик дорад ва бинобар мушкилоти амнияти минтакавии марбут ба транзити маводи мухаддир ва вазъи сиёсии Афгонистон дучори мушкилоти чидди аст. Роххои асосии содироти Точикистон асосан аз тарики Узбекистон ва Казокистон равонаанд. Гардиши махдуди савдо бо Хитой низ чой дорад, ки он аз тарики рохи мошингард дар шарки кишвар сурат мегирад. Хатхои чануби аз тарики Афгонистон ба нимкитъаи Хиндустон дурбинои хуб доранд, вале аз сабаби ноэътидолии вазъият дар Афгонистон ба тарики лозима истифода нашудаанд. Масоили амнияти минтака ва кочоки маводи мухаддир борхо аз сабаби баста шудани сархадхо бо Узбекистон ва аз чониби Казокистон манъ кардани транзити молхо ба савдои хоричии Точикистон таъсири манфи расонидаанд. Ба баромади молхои Точикистон ба бозорхои беруни сиёсати пешгирифтаи
Узбекистон дар шакли протексионизми савдо мамониат мекунад. Дар натичаи ин хачми савдои минтакави ба таври чидди кам гашт. Новобаста аз ваъдахои чандинкаратаи рохбарони кишвархои минтака дар бобати ривоч додани хамкории минтакави дар сохаи савдо ва транзит, чорахои мушаххас дида нашуданд. Яке аз сарватхои иктисодии Точикистон ва моли асосии содиротии он неруи баркии оби ба хисоб меравад. Савдои захирахои оби ва неруи баркии Точикистон ба системаи печ дар печи додугирифти дучониба асос меёбад. Масалан, тибки созишномахои дучонибаи харсола Точикистон аз Узбекистон ва Туркманистон фасли зимистон неруи барк харида, фасли тобистон захирахои обро барои обёри медихад. Тобистон Точикистон хамчунин неруи барки зиёдатиро содир менамояд. Механизмхои нархбандии дар ин созишномахои додугирифт истифодашаванда хакикати холро тачассум намекунанд ва бахсхо дар ин бобат ба зиёд шудани хачми карз ва таъминоти ноустувор бо неруи барк оварда мерасонанд. Таъмини шароитхои иктисоди барои савдои самараноки минтакавии неруи барк ва захирахои об барои ояндаи Точикистон ва тамоми Осиёи Маркази вазифаи асоси мебошад. Вактхои охир чомеаи байналмилали барои ривочи савдои минтакави дар Осиёи Маркази фаъолона кушиш ба харч медихад. Чаласаи солонаи БААР низ мархилаи мухими хамохангсозии ин кушишхо гардид ва баъди баргузории он ММБ гуруи корие созмон доданд, ки вазифаи он аз амалигардонии ташаббусхои муштараки сиёси, аз чумла дастгирии хаматарафаи Конфронси БРО оид ба масоили хамкории минтакави дар сатхи вазирон, иборат мебошад. Гайр аз ин, алхол БААР лоихаи минтакавии интиколи баркро омода сохта истодааст, ки он аз тарафи БРО маблаггузори карда мешавад. Вазифаи лоиха аз он иборат аст, ки ба инкишофи савдои неруи барк миёни Точикистону Узбекистон мусоидат намояд. БРО бахши точикистонии онро маъкул донист ва БААР маблаггузории бахши узбекистонии онро ба накша гирифтааст.
2.1.4 Шароити хукуки
Базаи хукуки дар Точикистон нисбати кишвархое, ки дар онхо БААР амал менамояд яке аз номукаммалтарин ба шумор меравад. Ба истиснои конуни нав дар бораи ичора аз апрели соли 2003, як катор конунхои бахшида ба хифзи мухити зист, ки солхои 2001 ва 2002 кабул шудаанд ва конун дар бораи телекоммуникатсия, ки соли 2002 кабул шуда буд, конунгузории хочаги мохиятан ба шароит номувофик ва ислохои конунгузори дар бораи арав хурдхачм мебошанд. Баъди кабули кисмхои I ва II Кодекси нави граждани дар соли 1999, ки баъзе меъёрхои он имруз ба конунгузории амалкунанда дар бораи гарав мухолифат менамоянд, ягон икдомоти чидди дар ислохоти хукуки сурат нагирифт.
Дар кишвар конун дар бораи муфлисшави кабул карда шудааст ва гарчи алхол накшахои ислохоти минбаъда барраси шуда истодаанд, дар мамлакат судхои самараноки амалкунанда оид ба парвандахо дар бораи муфлисшави, институти идоракунандагони эътимоднок ва механизмхои татбики хукуки вучуд надоранд. Нокисии амалияи татбики хукуки ва проблемаи ришвахури дар системаи суди ба чумлаи монеахои чидди дар рохи дар Точикистон барпо кардани иктисоди амалкунандаи бозори мансубанд.
2.1.5 Мушкилоти экологи
Дар замимаи 2 маълумоти мухтасар дар бораи проблемахои экологи дар Точикистон оварда шудаанд.
2.1.6 Проблемахои одобу ахлоки Дар назди Точикистон проблемахои чиддии вобаста ба риоя накардани меъерхои идоракунии (интизоми) софдилона ва камкудратии дастгохи давлати истодаанд. Дар сохаи мубориза бо ришвахури тибки нишондодхои БЧ дар бобати самаранокии идоракуни аз соли 2001, кишвар чои 175-умро дар миёни 195 давлат ишгол менамояд. Аз руи натичахои тадкикоти фазои сохибкори ва нишондодхои фаъолияти корхонахо, ки соли 2002 гузаронида шуда буд, дарачаи баланди ришвахури аз тарафи 35% пурсидашудагон кайд гардид, ки ин ба хамин гуна нишондодхои кишвархои дигари ИДМ баробар аст. Хачми миёнаи даромади ширкатхо, ки барои максадхои пардохтхои гайриконуни таъин шудаанд, 2,6%-ро ташкил дода, хамчунин ба нишондодхои дигар кишвархои ИДМ рост меояд. Шароитхои институтсионали дар Точикистон дар ин минтака новобаста аз пешравии назаррас дар сохаи ислохоти иктисоди аз хама номувофик хисобида мешаванд. Набудани кадрхои махаллии мутахассисон, масалан дар сохаи хисобдории мухандиси ва хисоботи молияви ва ё хукуки корпоративи пешбурди фаъолияти сохибкориро хеле душвор мегардонад, зеро ки бисёри точикон бо максади даромадхои зиёдтар ба Русия рафтаанд. Дар сохаи татбики хукуки имкониятхои хукумат аз сабаби кам будани хадди маоши кормандон начандон васеъанд. Чун пештара проблемаи афзоиши транзити маводи мухаддир халли худро наёфтааст. Чуноне ки тачрибаи бисёре аз кишвархои чахон нишон медихад, савдои маводи мухаддир метавонад ба криминализатсияи чамъият оварда расонад, ки он барои инвеститсияхои хусуси таъсири чиддии ногувор дорад. Конунхои содда дар бораи мубориза бо сафедкунии даромадхо вучуд надоранд, вале конун дар бораи фаъолияти икстиодии беруни проблемахоеро ба танзим медарорад, ки бо фаъолияти гариконунии молияви вобастаанд.
2.2 Шароитхои макроиктисодие, ки ба фаъолияти БААР муносибат доранд
Баъди анчоми чанги шахрванди, дар Точикистон рушди бемайлони иктисоди ба назар мерасад. Хачми миёнаи рушд дар панч соли охир (1998-2002) 7,3%-ро ташкил дода, ба инкишофи босуръати истехсолоти саноати ва кишоварзи (ба хисоби миёна дар панч сол мутаносибан 9,2% ва 9,4 %) вобаста буда, талаботи дохили бо афзоиши хачми интиколи маблагхо (аз руи тахминхо – такрибан 80 млн. доллари ИМА дар соли 2002) конеъ гардонда мешавад. Мавкеи асосиро дар хачми истехсолот чун пештара пахта ва алюминий ишгол мекунанд, аммо баъзе нишонахои диверсификатсияи иктисоди ва баланд шудани махсулнокии мехнат дар бархе аз сохахо ба назар мерасад. Дар чор мохи соли 2003 ММД 10,2% зиёд шуд. Баробари ин, дар назар аст, ки дар дурнамои миёнамухлат рушд сусттар мешавад, зеро ки натичаи самаранокии истифода бурдани нерухои истехсоли дар ибтидои давраи гузариш ба итмом мерасад. Аз чумла, дар КАТ дар ояндаи наздик проблемаи нарасидани иктидор барои минбаъд зиёд кардани истехсоли алюминий пеш меояд. Аз соли 2000 тамоюли пастшавии хачми бекурбшави, ки соли пештар 14,5%-ро ташкил медод, ба назар мерасад. Баробари ин зиёд кардани музди мехнат дар сектори давлати, баландшавии нархи манбаи нерухо ва озукавори, муваккатан баркарор кардани банакшагирии директиви хачми бекурбшавиро дар давоми соли 2002 аз нишондихандахои накшави болотар бардошта, дар чормохаи аввали соли 2003 бекурбшави хеле боло рафт. Агар дар бораи оянда сухан ронем, дар соли равон таъсири баъзе омилхои бекурбкунанда бинобар баландкунии накшавии тарифхо ба хизматрасонии коммунали ва 20% зиёд кардани хачми музди мехнат дар сектори давлати (апрели соли 2003) боки мемонанд.
9 Корхонаи давлатии алюминий, ки кариб 60% даромадхои содиротиро таъмин менамояд.
Бинобар паст будани андозгундори ва истифодаи носарфакоронаи воситахо дар дахсолаи гузашта касри доимии бучет ба назар мерасид. Баробари ин, соли 2002 ба хукумат кариб муяссар гашт, ки мувозинати бучетро таъмин намояд. Рушди босуръати иктисоди ва таъсиси Вазорати даромадхо ва пардохтхои давлати дар ибтидои соли 2002 хачми андозгундориро баланд бардоштанд ва сарфаи харочот ба кам шудани он оварда расонданд. Баробари ин пардохти андозхо 16,1% ММД ва карзи беруна – 80% ММД-ро ташкил менамоянд, ки ин мукаммалсозии сиёсати бучетию молиявиро барои таъмини устувории молияи давлати такозо мекунад. Бо максади таъмини устувории бучет ХБА хачми нихоии чалби воситахои молиявии берунаро барои максадхои БДИ ба хадди 3% ММД (дар соли 2003 – такрибан 40 млн. доллари ИМА) мукаррар намуд. Гайр аз ин, проблемахои фаъолияти квазибучети боки мемонанд, зеро ки касри квазибучети дар энергетика сарфи назар аз зиёд кардани тарифхо ва бехтар шудани пардохти арзиши онхо дар вактхои охир, дар соли 2001 5,3% ММД-ро ташкил медод (газ – 1,9%, неруи барк – 3,0% ва гармидихи – 0,5%). Точикистон новобаста аз он ки кишвари начандон калон буда, ба бахр баромад надорад, дорои иктисоди нисбатан кушод буда, хиссаи савдо10 дар ММД дар соли 2002 123%-ро ташкил дод. Баробари ин, содирот дар якчанд номгу ашёи хом (пахта ва алюминий) хеле махдуд буда, аз хадди нарххои ин махсулот вобастаги дорад. Соли 2002 касри мувозанати савдо паст шуда, ИБХ афзуд, вале захирахои умуми бинобар баргардондани кредитхои ХБА бо назардошти хатогихои каблан дар хисобот чойдошта, тагйир наёфтанд. Аз нуктаи назари институтсионали кишвар дар масъалаи дохил шудан ба СЧТ ба пешрафти муайян ноил гашт. Мохи майи соли 2002 тарифхо аз нав паст карда шуданд ва номгуи молхои аз тарифхо озодбуда ихтисор шуда, декабри соли 2002 парламент меморандуми СЧТ-ро дар бораи речаи савдои беруна тасдик намуда, феврали соли 2003 онро ба СЧТ пешниход намуд. Гайр аз ин, тибки тачрибаи байналхалки кодексхои нави гумрук ва андоз ба амал бароварда шуда истодаанд.Иктисоди пушидаи Точикистон эхтимол дорои микёси калон мебошад. Бисёр корхонахои хурд, бахусус дар дехот ва кишоварзи андозхои мукарраршударо пардохт наменамоянд, додугирифти бартери хеле ривоч ёфт. Гайр аз ин, накши калонро дар иктисоди пушида, эхтимолан савдои маводи мухаддир ташкил менамояд11. Созишномахои дучонибаи дар соли 2002 дар бобати реструктуризатсияи карзхо, кабл аз хама бо Узбекистон, Казокистон ва 10Чамъи воридот ва содирот, ки ба ММД таксим карда шудааст. 11 Тибки хисоботи МКГ (апрели соли 2003) то 30% ахолии дар ин ё он дарача бо савдои маводи мухаддир алокаманданд. Аз руи тахминхо, он 10-15% ММД-ро ташкил медихад. Россия басташуда имкон доданд, ки карзи кишвар аз хадди баландтарини онхо дар соли 2000 ба хачми 1,226 млрд. долл. ИМА (124% ММД) то ба 985 млн. долл. ИМА (82%ММД) кам карда шаванд. Дар солхои наздик дар назар аст, ки пардохтхои вобаста ба хизматрасонии карзи беруна бинобар даврахои имтиёзноки бо созишномахои нав пешбинишуда кам мешаванд (аз 25,6% содирот дар соли 2001 то 13,4% дар соли 2004), вале соли 2005 онхо аз нав меафзоянд (хадди баландатарини онхо ба соли 2007 рост омада, 19% содиротро ташкил мекунад). Новобаста аз ин, карзи беруна аз руи ракамхои нархи софи овардашуда дар соли 2002 129% содирот ва 339% даромад аз андозхоро ташкил медод. Хамин тарик, Точикистон чун пештара зери таъсири проблемаи хизматрасонии карз карор дошта, аз чалби минбаъдаи воситахои беруна бо шартхои имтиёзнок вобастагии сахт дорад
2.3 Пешрафти ислохот ва вазифахои бокимонда Дар панч соли охири баъди анчоми чанги шахрванди Точикистон ба пешравихои назаррас дар сохаи ислохоти иктисоди ноил гашт. Баробари ин, кишвар дучори мушкилоти зиёде мебошад, ки ба авзои мураккаби сиёсии минтакаи ноистикрор ва проблемахои фундаменталии рушд дар омезиш бо вазифахои мушаххаси давраи гузариш вобастаги доранд. Иктидори хукумат дар татбик ва таъмини риояи конунгузории андоз нокифоя буда, ба фаъолияти бозорхои дохили чун пештара монеахои зиёди пушида ва кушода халал мерасонанд. Дар ислохоти сохтори дастовардхои калонтарин аз соли 1997 дар сохаи озодкунии нарххо ва савдо, инчунин хусусигардонии корхонахои хурд ба даст омадаанд (ниг. ба диаграммаи 2.1). Дар Точикистон курби шинокунандаи мубодилоти ва конвертатсияи пурраи арзи милли чой доранд, сиёсати нисбатан кушоди савдо пеш бурда мешавад ва мохи майи соли 2001 кишвар ба аъзоги ба СЧТ дархост пешниход намуд. Хукумат хамчунин барои ичрои хамаи талаботхои вобаста ба кабули моддаи VIII ХБА дар бораи конвертатсияи пурраи хисобхои чори кушиш ба харч медихад. Баробари ин, дигаргунихо дар сохахои молия, инфраструктура, инчунин ислохоти сохтории шаркатхо ва хусусигардонии ширкатхои калон чун пештара хеле суст меравад. Дар поён дастовардхои солхои охир, вазифахои мушаххас дар се сохаи зерин нишон дода мешаванд: инкишофи сектори хусуси, ислохоти системаи молияви ва дигаргунсозии инфраструктура.
Диаграммаи 1. Пешрафти сохаи ислохот (нишондихандахои чараёни гузариши БААР дар соли 2002)
Вазифахои асосии иктисодии Точикистон бо ташкили бозорхои муътадил амакунанда ва дастгирии институтхои бозори махдуд намешаванд. Дар назди кишвар вазифахои фундаменталии рафъи камбизоати ва баромадан аз мухосираи чугрофи истодаанд. Ба БААР зарур аст, ки дар хамкори бо дигар шарикон накши худро дар ин чараёни васеътар муайян созад. Аксари проблемахои рузмарраи ичтимои чунинанд, ки онхоро наметавон танхо бо рохи молиякунонии тичорати хал намуд ва халли онхо ба гирифтани грантхо вобаста аст. Дарачаи баланди карзи берунаи кишвар дурнамои чалби воситахои молиявиро дар шартхои тичорати барои лоихахои инфраструктура дар сектори давлати, аз чумла дар сохахои мухимтарини энергетика ва наклиёт ба таври чидди махдуд месозад, гарчи эхтимол имконоти маблаггузории муштарак бо истифода аз грантхои донори ва дигар карзхои имтиёзнок вучуд дорад. Бо назардошти ин, мусоидат ба чалби инвеститсияхои хусуси ба Точикистон самти мухимтарини фаъолияти БААР мегардад. Се вазифахои мухимтарини мархилаи гузариш, ки дар халли онхо БААР метавонад кумаки бевосита расонад, чунинад: бехдошти шароит барои инкишофи сектори хусуси бо рохи бехдошти фазои инвеститсиони, махсусан дар сохаи идоракунии давлати. Мусоидат ба инвеститсияхои хусуси ва сохибкори дар дарачаи корхонахои хеле хурд, хурд ва миёна
ахамияти багоят мухим дорад, зеро ки ин ба рафъи камбизоати бевосита мусоидат менамояд;
– ташкили системаи молиявие, ки талаботи корхонахои хусусии махалли, бахусус КХМ-ро, ки метавонанд ташкили аксари чойхои нави кориро таъмин намоянд, конеъ гардонда
тавонад;
– мукаммалсозии идоракунии молияви ва истехсолию хочаги дар корхонахои давлати. Имконоти амалиёт бо кафолати давлати махдуданд, вале имконияти пешбурди амалиёт бе чунин кафолат дар сохаи наклиёти хавои, инчунин чалби маблагхои молиякунонии муштараки ройгон (грантхо) дар дигар сохахои мухимтарини инфраструктура, ба мисли неруи барк, ХОК ва дигар сохахои хочагии коммуналии махалли мавчуд аст. Назари БААР ба молиякунонии инфраструктура ба чуброни масрафхо бо назардошти омили дастрас будани хизматхо ва ба халли ин масъала бо ёрии дастгирии фардии гуруххои дахлдори ахоли асос меёбад.
2.3.1 Хусусигардони ва дигаргунсозии корхонахо
Дар охири соли 2002 хусусигардонии хурд амалан ба итмом расид. Аз руи тахминхо, хиссаи сектори хусуси дар ММД аз 30% дар соли 1997 дар соли 2002 то ба 50% афзуд. Баробари ин, то ба имруз танхо нисфи корхонахои миёна ва калони давлатии барои хусусигардони мукарраршуда (аз чумла хамаи 22 коргоххои пахтатозакуни) хусуси карда шуданду халос ва 300 корхонаи миёна ва калон пурра дар моликияти давлати боки монданд.Гайр аз ин, ба азнавсозии самараноки сохтори сустии макомоти идоракуни ва дахолати давлат монеа мешаванд. Аксари сохахои саноат, гайр аз истихрочи тилло, ки дар он воридшавии микдори муайяни ИБХ ба назар мерасад, аз молиякунонии беруни ва тачрибаи идоракуни, бахусус дар корхонахои дар моликияти коллективи мехнати карордошта, танкиси мекашанд. Зиёда аз ин, азнавсозии КАТ бо иштироки БЧ бинобар ихтилофи назар дар бобати аудити зарурии молиявии ширкат ба таъхир афтод. Дар мохи декабри соли 2002 парламент стратегияи нави хусусигардониро маъкул донист, ки он БЧ-ро конеъ гардонда натавонист, зеро ки аксари корхонахои дар он зикршуда фаъолият намекунанд. Аз сабаби он ки зиёда аз нисфи ахоли бевосита ё бавосита аз кишоварзи вобастаги дорад, ислохоти ба афзунгардонии имконоти
12 Аксари корхонахои хусусигардондашудаи миёна барои иштироки БААР дар онхо начандон
калон хисоб мешаванд (масалан, дар соли 2002 корхонахои аз хама калони хусусигардондашуда фабрикаи дузандаги 0,5 млн. долл. ИМА ва ширкати сохтмони – 0,4 млн. долл. ИМА арзиш доштанд). Хамаи ширкатхои коммунали ва инфраструктурави давлати мебошанд.
иктисоди ва баланд бардоштани сатхи зиндагии аксари ахоли равона шуда дар дехот, ахамияти багоят мухим дорад. Баъди ибтидои суст ислохоти замин босуръат пеш меравад ва он имкон дод, ки азнавсозии кариб 50% хочагихои кооперативи ва хочагихои дехкони (китъахои замини фарди) таъмин карда шавад. Кадастри замин ташкил ёфт ва нархи бакайдгирии замин кам карда шуд. Хочагихои шахси назар ба кооперативу хочагихои давлати хосилнокии хеле баланд нишон дода, ислохоти замин яке аз чорахои хавасмандкунандаи рушди кишоварзи гашт. Баробари ин аксари хочагихои хусуси барои ба даст овардани самараи калон хеле хурд буда, то хол ба дастрасии кувваи кории оила такя мекунанд. Барои мустахкам кардани дастовардхои солхои охир дар сохаи хосилнокии мехнат зарур аст, ки дар дехот муассисахои кредити ва бозори воситахои истехсолот ва инчунин системаи фуруши махсулоти кишварзи ташкил шуда, монеахои бозори дохили бартараф сохта шаванд. Гайр аз ин, системаи обёрикунии Точикистон дар сатхи хеле паст карор дорад, зеро ки каблан шабакаи васеи тачхизоти насосии он бо неруи барки арзон таъмин карда мешуд. Ин соха диккати донорхое, ки чорахои мукаммалсозии системаи истифодаи захирахои оби ва лоихакашии системахои обёрикунии аз чихати технологи нисбатан сарфакоронаро маблаггузори менамоянд, чалб мекунад. Вазифаи асосии корхонахо чун пештара аз чалби инвеститсияхои хоричи ба чунин сохахо мисли саноати истихрочи маъдани кухи, коркарди пахта ва эхтимол баъзе бахшхои инфраструктура, ки дар онхо барои чуброни хатари калони дар кишвар чойдошта метавон самараи кифояи иктисоди ба даст овард, инчунин чалби сармояи милли барои аксари КХМ, ки асоси рушди бемайлони иктисод дар оянда шуда метавонанд, иборат аст. Баробари ин, азнавсозии сохтории корхонахои калон, аз чумла КАТ, барои паст кардани таъсирот ба воситахои давлати ва таъмини шароити баробар барои хамаи инвесторон зарур аст.