Мавҳум ва моҳияти қарори идоракунӣ.

Инсонеро метавон менеҷер номид, танҳо дар ҳоле, ки ӯ қарорҳои ташкилотро мустақилона қабул намояд ва ё бо воситаи дигар шахсон онро амалӣ созад. Қабули қарор ҳамчун ивази иттилоот қисми таркибии функсияи идоракунӣ ба ҳисоб меравад.Мафҳуми қарори идоракунӣ.
Накша:
1.Карорҳои идоракуни: мохияти мафхум ва таснифи онҳо
2.Змнаҳои тахия ва кабули карорҳои идоракуни
3.Уусулҳои асоснок намудан ва кабули карорҳои идоракуни
Инсонеро метавон менеҷер номид, танҳо дар ҳоле, ки ӯ қарорҳои ташкилотро мустақилона қабул намояд ва ё бо воситаи дигар шахсон онро амалӣ созад. Қабули қарор ҳамчун ивази иттилоот қисми таркибии функсияи идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Зарурияти қабули қарор дар он аст, ки қарор самтҳои фаъолияти идоракунандаро муайян сохта ба мақсадрасиро наздик мегардонад. Аз ин ру табиати қабули қарор барои онҳое, ки меҳоҳанд ба санъати баланди идоракунӣ ноил гарданд омили зарури ҳоҳад буд. Ба монанди ҷараёни мутобиқгардони, қабули қарор низ дар ҳамаи аспектҳои идоракуни акс ёфтааст. Қабули қарор – қисмати кори ҳамарузаи идоракунанда аст. Чунончи профессор Френк ҳаррисон мегуяд:
«Мақсади қарорҳои ташкилот ин таъмини ҳаракатҳоест, ки дар назди ташкилот вазифа гузошта шудааст». Аз ин ру самаранокии қарори ташкилот ин интиҳобест, ки дар ҳақиқат амалишаванда ва ба Мақсадҳои ниҳои оварда мерасонад.
Қабули қарор чараени бисерзинагии ташкили буда, алоқаи мураккаби бевосита ва баръакс дорад, ки фаъолияти зехни аъзои ташкилотро ба истифодаи усулҳо ва шаклҳои гуногуни техникии ҷамъовари, коркард ва расонидани ахборро якҷоя дар бар мегирад.
Дар замони муосир, ки чаҳон хеле мураккабу зудтаъгирбанда гаштааст, дар ташкилот алтернативаҳои зиёд мавҷуданд. Барои он ки менеҷер дар назди худ ва назди коллективӣ меҳнати мақсад гузораду онро ба даст оварад, бевосита лозим аст, ки пеш аз ҳама ҳолати мавҷударо таҳлил ва баҳо дода тавонад.
ҳар як функсияи идоракунӣ бо якчанд қарорҳои хаётан муҳималоқамандии зич дорад. Пас ҳаёти ташкилот ва муваффақиятҳои он низ аз қарори идоракунӣ вобастагӣ дорад.
Аз ин ҷост, ки ташкилоту муассисаҳои тиҷоративу давлатии ҷумҳуриамон, ки дар зинаҳои нави тараққиёт қарор доранд, моро зарур аст, ки ба ин функсияи идоракунӣ, ки акти натиҷавии коркарди интиҳоии масъала мебошад диққати ҷидди диҳем. Ин ҷо бармеояд, ки сараввал мо мафҳуми қарор ва тарзи интиҳоби дурустро бояд донем. Яъне чи омиле ҳаст, ки монеаи пешрафти ташкилот гаштааст? Ғайр аз ин қарорҳое, ки ташкилотҳои навтараққикардаистода, таҳия ва қабул менамоянд, аз қарорҳое, ки ташкилотҳои пешрафта қабул мекунанд ба кулли фарқ менамояд яъне ҷараёни амалисозии қарор чуноне, ки дар яке аз давраҳои қабули қарор нишон дода шудааст, ин бевосита аз мазмун ва шароитҳои объетивие, ки қарор амалӣ мегардад вобастагӣ дорад на аз ҳоҳиш ва кордонии роҳбарону коргарон. Пас моро лозим аст, ки барои самаранок иҷро гаштани қарорҳои идоракунӣ шароити мусоид фароҳам оварем.
Гурӯҳбандии қарори идоракунӣ.
Қарорҳои ташкилотро вобаста аз рӯи иҷрошавиашон метавон ба гурӯҳ тақсим намуд: Барномавикунонидашуда ва ғайрибарномавӣ.
Қарорҳои барномавикунонидашударо бори аввал дорандаи чоизаи лаурети Нобелӣ олим Герберт Саймон қабул ва таҳияи қарорро бо забони технологияи компютерӣ дар ченакҳои баланди сохтори истифода намудааст.
Қарорҳои барномавикунонидашуда – ин дар натиҷаи пайдарпай гузоштани муодилаҳои математики тартибдихии қарорҳоеро меноманд, ки қадам ба қадам иҷроишаш ба роҳ монда шудааст.
Масалан: агар аз сардори шӯъбаи молия оиди маблаггузориҳои имтиёзнок барои депозитҳо, облигатсияҳои маҳалли ва ё саҳмияҳои одди талаб намоем, дар ин вакт роҳбари шӯъба метавонад, фоидаи зиёдеро аз ҳисоби сармоягузори ба даст оварад. Интиҳоб нишон медиҳад, ки натиҷаҳои пардохти одди ба ҳар як вариант самаранок буда, истифодаи беҳтарин дар доираи қоғазҳои қиматнок аст.
Пас қарори барномавикунонидашударо метавон яке аз воситаҳои ёрирасон дар қабули самараноки қарори ташкилот намуд.
Чун қоида дар ин чо миқдори алтернативаҳои имконпазир маҳдуд буда интиҳоби он низ ба самти вазифаҳои ташкилот мувофиқ аст.
Дар раванди қабули қарор роҳбарон хатман бовари дошта бошанд, ки нишондодҳои қабули қарор дар ҳақиқатан дуруст ва мувофиқи мақсад аст. Дар акси ҳол бошад қабули он ба таври барномави бесамар аст.
Бинобар ин роҳбарони зинаҳои болои метавонанд, ба шахсоне, ки қабули барномавии қарорро аз худ кардаанду дар раванди фаъолиятҳои худ истифода мекунанд мурочиат намоянд ва методҳои онро дар фаъолиятҳои мибаъдаи ташкилот чори созанд.
Қарорҳои мукаррари ва ё ғайрибарномави ин дар сурате, ки омилҳои номуайяни дохили таъсир мерасонанд, ченакҳои асосиро истифода намуда роҳбарро лозим аст, ки қадамҳои худро тартиб дода барои барҳамдихии ҳолат нишондиҳандаҳои қабули қарорро коркард намояд.
Технологияи коркард ва амалигардонии қарори идоракуни. Ҷараёни коркард ва амалигардонии қарори идоракуни фаъолияти мебошад, ки аз рӯи теҳологияи муайян ва истифодаи системаи барномавии ахбр доир ба муайян кардани ҳолатҳои идоракуни бо рохи ташакулёбии ва амали гардонидани таъсиррасони ба объекти идора амали мегардад.
Ба раванди ташкили ин ҷараёнҷамъи қонуният ва пайдарпаии иҷрои онҳо дар муҳити муайяни вакт, ки дар алоқаи бевосита ва баръакс амли мегардад, дохил мешавад. Чунин як системаи такроршавандаро дар илми менеҷмент раванди технологии ташкили иҷрои қарори идоракунӣ меноманд.
11.2.Давраҳои омоданамоӣ ва қабули қарори идоракунӣ.
Қарори идоракуни ҳамчун ҷараёни идоракунӣ мебояд давраҳои муайяни технологиро гузарад. Дар робита бо ин мавқеи муҳимро давраи тайёрӣ ва интиҳоби ишғол мекунад. Барои роҳбарон қабули қарор мақсади асосӣ намебошад. Мақсади асосӣҳал намудани масъалаи идоракунӣ, ки пайдо шудааст буда, дар аксари маврид, роҳбарро зарур аст, ки пайдарпаии иҷрои қарор ва назоратро то лаҳзаи иҷро шудани он таъмин намояд.
Аз ин ҳотир қарори идоракунӣ ин ҳуҷҷати яклаҳзаина набуда, акти натиҷавии ҷараёни идоракунӣ маҳсуб шуда, бо мурури вақт инкишоф ёфта, сохтори муаяни худро дорад.
Давраҳои ҷараёни қабули қарори идоракунӣ ба тартиби зайланд.
1. Таҳлили ҳолатҳо:
2. Муаяйн намудани мушкилот.
3. Муайян кардани ченаки интиҳоб.
4. Коркарди алтернатива.
5. Интиҳоби алтернатива.
6. Мувофиқкунонииқарор.
7. Идоракуниииҷроиқарор.
8. Назорат ва баҳои натиҷа.
9. Иҷрои қарор.

11.3. Талаботҳои асосии омодасозӣ ва қабули қарор.
Барои он ки қарори идоракуни самаранок иҷро шуда ва натиҷаи мусбӣ диҳад, бояд ки худи он дорои хислатҳои сифатии асосноккарда шуда сари вақтӣ, ҳақиқӣ, ратсионалӣ, хуқуқи-вазифавӣ, муқобилияти дохила надошта бошад.
Талаботҳои асосие, ки дар вакти иҷрои қарори идоракуни зарур мебошанд ба тартиби зайланд: Вобастагӣ- яъне қабул ва иҷрои он бояд ба муҳит ва давраи иҷро мутобиқат намояд.
Зиддият надоштан-яъне қарори қабул мегардида бояд ҳам самти иқтисоди ва ҳам ичтимоии ташкилотро дар гирад. Бинобар ин пеш аз қабули қарор ва саршавии иҷрои он бояд, ки ба ҳамаи чузъҳои истеҳсоли ва шароити меҳнат мутобиқ кунонида шавад.
ҳақиқӣ будани мӯҳлати иҷроиш- Мувофиқи қоида ҳар як фаъолият аз рӯи меъёрҳои физиологӣ, иқтисодӣ ва табиӣ сурат гирифта, ба сифату самаранокии захираҳо зарари худро нарасонад. Инчунин мо бояд мӯҳлати оптималиро интиҳоб намоем, ки самаранокии захираҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявиро таъмин гардонад.
қонуни будани қарори идоракунӣ. Барои он ки қарор амали гардад, пеш аз ҳама вай бояд дар асоси қонунҳои амалкунанда қабул карда шавад.
мавҷудияти хуби муҳити иҷтимоӣ-рӯҳӣ дар корҳона дар ҳолати татбики қарор ба ҳисоб меравад. Бисер ҳолатҳоеро мушохида кардан мумкин аст, ки дар корҳона моҳҳои дароз коргарон маош нагирифтаанд, ё ин ки шароити хуби кори вуҷуд надорад, кадом қарори хубе, ки шумо пешниҳод накунед, иҷрои он ғайривоқеӣ мебошад, яъне агар онро бод или гарм иҷро намояд, тамоман дигар сифату мӯҳлати муайяншуда иҷро мегардад.
Талаботи шашум назорат ва баҳои ҳар як давраи иҷроиши қарор мебошад, ки мувофиқи талаботи менеҷмент ҳар як татбики он бояд назорат кор карда шуда баҳо дода шаванд. Натиҷаи иҷрои он муҳокима шуда иҷрокунандагон бояд хавасманд карда шаванд. Иҷрои ин талабот боз имкони иҷрои саривактии қарорро таъмин месозад.
Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Давраҳои омоданамоӣ ва қабули қарори идоракунӣ
шартҳои асосии қабули қароро нишон диҳед.
Интиҳоби алтернатива чигуна сурат мегирад?
Тарзи мувофиқ гардонии қарор.
Усули идоракунии иҷрои қарор.
Талаботҳои асосии қабули қарор.

1.05K
Нет комментариев. Ваш будет первым!