Қонунҳои идоракунӣ
Нақша:
1. Қонунҳои аосии идоракунӣ;
2. Менеҷмент ва менталитет;
3. Хусусиятҳои менталитет;
Қонун ин ҳақиқати устувори объективӣ мебошад. Идоракунии истеҳсолот танҳо дар он сурат бомуваффақият хоҳад буд, ки агар он бо истифодабарии бошуурона қонунҳои объективӣ асоснок шуда бошад.
1. Қонунҳои аосии удоракунӣ
Қонунҳои асосии идоракунӣ инҳо мебошанд:
1. Қонуни мувофиқати идоракунӣ ба хусусияти муносибатҳои истеҳсолӣ. Мақсади идоракунӣ, мазмун, шакл ва усулҳои он аз шаклҳои моликият ба воситаҳои истеҳсолӣ вобастаанд.
2. Қонуни мутамарказонии идоракунӣ робитаи доимӣ амалкунандаи байни ҳамаи қисмҳои иқтисодиётро дар назар дорад – аз корхона сар карда, то мақомоти марказии идоракунӣ.
3. Қонуни ягонагии низоми идоракунӣ. Ягонагӣ андозаи робитаҳои дохилии унсурҳои корхонаро, ташкилотро инъикос менамояд. Асоси амалӣ гардонидани ин қонун ягонагии принсипҳо, усулҳо ва мақсадҳои идоракунӣ дар ҳамаи давраҳои истеҳсолот мебошад.
4. Қонуни мутаносибии низомҳои идоракунанда ва идорашаванда, яъне таносуби байни низомҳо бояд танзим карда шавад.
5. Қонуни мувофиқати менеҷмент ва менталитет (ҳувият).
2. Менеҷмент ва менталитет
Омили муҳиме, ки ба хусусияти менеҷмент таъсир мерасонад, менталитети миллат аст. Менеҷмент ва менталитет бо ҳамдигар робитаи амиқу ҷиддӣ доранд. Менталитет асоси менеҷменти рафторӣ, унсури он, тарафи муҳими он мебошад. Мувофиқати менеҷмент ба менталитет дар ҳамин зоҳир мешавад. Вобастагии хусусиятҳои менталитет ва идоракунӣ дар ҷадвал дарҷ гаштааст.
“Менталитет – менеҷмент” ҳамчун мазмун ва шакл, ҳамчун моҳият ва падида баромад мекунад. Онҳо бо ҳам робитаи ҷудонопазиру такроршаванда доранд, ки онро “қонуни мувофиқати менеҷмент ба менталитет” ном мебаранд. Мувофиқати менеҷмент ва менталитет аломати асосии мувозинати низоми идоракунанда ва идорашаванда мебошад, барои бартараф намудани ҳолатҳои буҳронӣ мусоидат мекунад. Мувофиқати менеҷмент ва менталитет яке аз хислатҳои асосии мувозинатии низоми иҷтимоӣ мебошад, ки зимни он муноқишаҳои иҷтимоӣ вуҷуд надоранд.
Мавҷудияти мувофиқат ихтилофи байни менеҷмент ва менталитетро истисно намекунад.
Ихтилоф дар низоми “менталитет – менеҷмент” яке аз сабабҳои пайдоиш ва идомаи буҳронҳои иҷтимоию – иқтисодӣ мебошад.
3. Хусусиятҳои менталитет
Хусусиятҳои идоракунии вобаста ба онҳо:
1. Инфиродӣ – кушодани шуур (идрок), таваҷҷӯҳ ба шахсият, пардохти музд аз рӯи саҳми шахсӣ, қобилияти шахсӣ – муҳаррики пешравӣ дар мансаб;
2. Кӯшиш ба ҷудо будан – муносибатҳои расмӣ дар истеҳсолот, ташаккули ҷои кор, қарори идоракунӣ аз бартариҳои корманд вобастаанд;
3. Прагматизм – ҷидду ҷаҳди роҳбарону кормандон, интихоби самти асосӣ, вақте, ки муносибатҳои шахсӣ барои дастрас намудани мақсади гузошташуда халал мерасонанд, фурӯ нишонда мешаванд;
4. Практитсизм – тартиб додани низоми идоракунии ғайристандартӣ, мувофиқ намудани он ба мақсаду вазифаҳои мушаххас;
5. Ратсионализм – хусусияти асосии идоракунӣ интихоби қарори беҳтар аст, тартиб додани сохтори оптималии идоракунии истеҳсолот;
6. Кӯшиш барои бойшавӣ – интизом ва гузариш ба мансаби баландтарро андозаи музди меҳнат муайян мекунад, қарорҳои идоракунӣ бар манфиат асос меёбанд;
7. Дақиқ будан – шаклҳои осон кардашудаи назорати раванди кор, дараҷаи баланди интизом, хуб ба роҳ андохта шуда низоми идоракунӣ;
8. Консерватизм (муҳофизакорӣ) – мақбул набудани навовариҳо, эҳтироми роҳбар, сифати баланд, дастгирӣ намудани ташкили меҳнати мавҷудбуда;
9. Танбалӣ – дар идоракунӣ фишороварӣ лозим аст, маҳсулнокии пасти меҳнат;
10. Меҳнатдӯстӣ – маҳсулнокии баланд, бо вуҷуди шароити баробар, набудани қарорҳои сахт нисбати ҳайати кормандон;
11. Покизакорӣ – сифати баланд, фарҳанги баланди идоракунӣ, шаклҳои интихобии назорат, сатҳи баланди иҷроишӣ;
12. Сариштакорӣ – сарфакории максималӣ дар системаи идоракунӣ, татбиқи технологияҳои бебозгашт;
13. Гурӯҳпарастӣ (группизм) – қарорҳои идоравӣ ба таври дастаҷамъӣ (коллективӣ) қабул мегарданд, масъулияти дастаҷамъӣ, назорати дастаҷамъӣ;
14. Патернализм – муносибатҳои ғайрирасмӣ бо зердастон, пешравӣ дар хизмат аз рӯи синну сол ва собиқаи кор;
15. Мутобиқшавӣ ва навигариҳо – қабули навовариҳо, зуд татбиқ намудани онҳо;
16. Ислом – нуфузи роҳбар аз рӯи синну сол, аввал дину дуюм истеҳсолот, такя ба қавм, интизом;