Санъати идоракунии муноқиша ва роҳҳои танзими он
Муноқиша ва идоракунии он ҷараёни мураккабе мебошад, ки аз роҳбар меҳнати хеле зиёд, дониш ва кордони талаб менамояд. Сарвар дар ҳамон ҳолат аз иҷрои вазифа худ баромада метавонад, агар оиди муноқиша, сарчашмаҳои пайдоиши он, сабабҳои шахсоне, ки онро ба миён оварданд, ахбори пурра ва аз ҷиҳати илмӣ, ҳуқуқӣ, меъёрӣ асоснок дошта бошад.Нақша:
Муноқиша ва идораракунии он
Санъати идоракунии муноқиша
Муноқиша ва идоракунии он ҷараёни мураккабе мебошад, ки аз роҳбар меҳнати хеле зиёд, дониш ва кордони талаб менамояд. Сарвар дар ҳамон ҳолат аз иҷрои вазифа худ баромада метавонад, агар оиди муноқиша, сарчашмаҳои пайдоиши он, сабабҳои шахсоне, ки онро ба миён оварданд, ахбори пурра ва аз ҷиҳати илмӣ, ҳуқуқӣ, меъёрӣ асоснок дошта бошад.
Ин масоили муҳимро ба ососӣ ҳал намудан имконпазир мебошад агар:
Тамоми ахборе, ки роҳбар қабул кардааст, бо мақсади ягон ва беҳтаршавии кору фаъолият равона шуда бошанд.
Маълумот оиди масоил аз сарчашмаҳои аниқе, ки барои он ҷавобгўй ҳастанд, омада бошанд.
Дурўғ, фиребгарӣ, дуррўягӣ, хешутаборчигӣ, хотирбинӣ ва дигар мақсадҳои ғаразнок вуҷуд надошта бошанд.
Алоқаи бетанаффуси баръакс ва қабули он ва муҳокимаи саривақтии он.
Қабули қарори идоракунӣ оиди бартараф намудани саббабҳои сар задании муноқиша, норозигӣ ва ьавасмандии кормандоне, ки ҳолатро баҳои дуруст дода, пеши роҳи муноқишаро гирифтанд.
Дар ташкилоте, ки қоидаи худидоракунӣ бештар амал мекунад, шўъба, гурўҳ, коллектив аксар маврид ўҳдадор мешавад, ки муаммоҳоро ҳал карда, гузоранд, ки муноқиша ба миён биояд. Вобаста ба ин, коллективи хурд, бригада ё шўъба метавонад қоидаҳои зерини худидоракуниро ҷорӣ намоянд:
Муҳокима рўи рост ва воқеи бурду бохти коллектив – бригада ё шўъба.
Муҳокимаи ҳавасмандии тарафҳо, масъулияти шахсони алоҳида, хоҳиш ва рафтори онҳо, дастгирии якдигарӣ.
Таъмини саривақти қарори идоравӣ, навовариҳо ва дигаргуниҳои сохтори ва ташкилию функсионалӣ.
Баҳодиҳии воқеии мўвофаққиятҳои шахсони алоҳида, баҳогузории натиҷагирии баланди онҳо ва пешниҳодҳо барои ҳавасмандӣ.
Муҳокимаи моҳияти бурдбориҳо барои даста, шўъба ва ташкилот, талаби алоқаи баръаксӣ ва дастгирии роҳбарият.
Ҷорӣ намудани чунин қоидаҳо имкон медиҳад, ки кормандон, ҳар як шахс потенсиали ақлонии худро амалӣ гаронида, менфиате барои худ ва барои коллектив оварда тавонад. Чунин як қоида на фақат барои коллектив, балки барои инкишофи босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат хело муҳим буда, талаботи инкишофи технологӣ ва навовариро таъмин месозад.
Пайдоиш ва саршавии муноқиша дар фаъолияти менеҷмент яке аз нишонҳои мавҷуд будани муаммо ва камбудиҳо мебошад. Аз тарафи дигар муноқиша – ин яке аз сабабҳои асосии инкишоф ва беҳтаршавии дараҷаи сифати кори ташкилот ва ҳолати психологии он мебошад.
Агар дигар хел баҳогузорӣ, мавҷуд будани муноқиша ин пайдо шудани сўрохӣ ё тарқиш дар боми бино мебошад, ки дар ҳолати боронгарӣ ё худ шамоли сахт биноро метавонад хароб созад, яъне мавҷуд будани муноқиша, тарқиш ва ҳолати садамавӣ дар бинои менеҷмент буда, мо бояд пеши роҳи онро гирем ва ислоҳ намоем.
Сарчашмаи асосии аксари муноқиша дар ташкилот ин қабули қарори беасос, яктарафа, бюрократии ғаразнок ва ғайривоқеӣ мебошад. Бинобар ин, аввалин қадами санъати идоракунии муноқиша роҳ надодан ба қабули чунин қарорҳо мебошад. Дуюмин сабаби саршавии муноқиша ноўҳдабароӣ, камсаводӣ ва паст будани дараҷаи касбии менеҷерон мебошад. Аслан шахсони эҷодкор ва кордон, ки дар ташкилот фаъолияти хуб мекунанду эҳсос менамоянд, ки менеҷер аз ўҳдаи вазифа ва ўҳдадориҳои худ намебарояд, норозигӣ баён карда, сабабгори сар задании муноқиша мегардад.
Аз пурсишҳои зиёди сотсиологҳо бармеояд, ки менеҷерҳо ба ҳисоби миёна 25-30% вақташонро барои ҳалли муноқишаҳо сарф мекунанд. Аксари менеҷерон ва роҳбарони ташкилотҳо қайд менамоянд, ки ин масъала солҳои охир авҷ гирифтааст, ки сабаби асосӣ васеъ шудани имконотҳои кормандон оиди дастрасии ахбор, пайдоиши усулҳои демократии идоракунӣ, баландшавии сатҳи саводнокии онҳо мебошад. Ҷамъи вақте, ки роҳбарон барои ҳалли муноқишаҳо сарф мекунанд, қариб 50% вақти кориро мегирад. Агар онро дар шакли музди меҳнати менеҷерон ҳисоб намоем, он гоҳ нархи муноқиша барои ташкилот ва ҷамъият хело ва хело гарон аст. Аз тарафи дигар, пастшавии ҳосилнокии меҳнат, корпартоӣ ва дигар зарарҳое, ки муноқишаҳо ба вуҷуд меоранд, ҳисоб намоем, он гоҳ арзиши муноқиша чандин маротиба меафзояд, ки ин албатта ҳисороти корхона ба ҳисоб меравад.
Дар баробарои ҳалли саривақтии муноқиша ташкил бурда калон карда, мувозинатии фаъолиятро нигоҳ медорад ва сифати коммуникатсия беҳтар шуда, боварии коллектив дучанд ва муҳити хуби корӣ пайдо мегардад. Дар баъзе ташкилотҳо системаи муайяне амал мекунад, ки бо хароҷоти камтарин муаммоҳо бартараф карда шуда, муноқишаҳо аз байн бардошта мешаванд.
Дар натиҷа хароҷотҳои судӣ, хароҷотҳои ҷорӣ ва дигар намуди зарарҳо то 60-80% кам мегарданд.
Пурсишҳои ҳазор кормандони соҳаҳои гуногун нишон дод, ки 25-30% онҳо бо сабабҳои гуногуни муноқишаҳо ва беадолатӣ фаъолиятнокии худро паст кардаанл, 15-50% қайд менамоянд, ки вақти кори худро бой медиҳанд, 10-15% аз кор мераванд.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи дигари саршавии муноқишаҳо дуруст ва пурра кор накардани яке аз қисматҳои системаи менеҷмент ё ин ки мавҷуд будани ҷои холӣ дар системаи роҳбарӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар як роҳбари ташкилотро зарур мебошад, ки дар баробари пайдоиши муноқиша, норасогӣ ва камбудиро дар дохили худи системаи менеҷмент ҷустуҷўй намуда, онро ба зудӣ ислоҳ намояд ва як мўҳлати муайяне зери назорати қатъӣ гирифта, натиҷаашро муҳокима карда, хулосаи зарурӣ барорад. Агар дар ҳақиқат натиҷаи мусбӣ ҳосил гардад, он гоҳ муаммо ҳалли худро ёфтааст, вагарна маълум мешавад, ки сабаби дигари муноқиша мавҷуд будааст, ки ин ба аксари ташкилотҳо хос буда, рафтори шахсони алоҳида мебошад.
Ҳалли ин масъала, албатта, меҳнати зиёди зина ба зинаро талаб мекунад.
Зинаи аввал ташкили дурусти маданияти роҳбарӣ, бо роҳи ҷорӣ намудани реҷаи амиқи корӣ, тақсимоти вазифа ва ўҳдадориҳо, ташкили курсҳои махсуси рафтори роҳбарӣ ва назорати иҷрои он.
Гузаронидани машваратҳо, сменарҳо ва конфронсияҳои илмӣ оид ба масоили роҳбарӣ ва ташкили он.
Гузаронидани маҷлисҳои оҷилӣ, корӣ ва ҳисоботӣ, ҳавасманкунии роҳбарони хушмуомила, фаъол ва донишманд.
Аз кор озод намудани роҳбароне, ки дониши ахлоқу рофтори хуби роҳбарӣ ва хоҳиши беҳтаршавии муҳти кори ташкилотро надоранд.
Ташкили муҳит – системаи озоди фикрронӣ, ё худ мактаби намунавии роҳбарӣ, ки бевосита худи роҳбар ҳамчун – пешво шинохта шавад ва намуна бошад.
Албатта, ҳолатҳое, ҳам мушоҳида мешаванд, ки худи роҳбарони болоии менеҷмент аз ўҳдаи ин талаботҳо баромада наметавонанд ва дар натиҷа худашон ариза дода, аз кор мераванд, ё онҳоро маҷбуран аз кор озод мекунанд.
Дар чунин ҳолатҳо роҳбар бояд аз сарчашмаҳои беруна истифода намояд, ки яъне мутахассисони беруна – равоншиносон, олимон ва сарварони варзидаро барои ҳалли муноқиша ҷалб намояд, инчунин таҷрибаи ташкилотҳои пешқадамро омўхта, онро дар ташкилоти худ ҷорӣ намояд.
Илова бар ин тартиб додани лоиҳаҳои махсус барои баррасии муноқиша низ аз фоида холӣ намебошанд. Муноқишаро набояд ҳамчун унсури вайронкунандаи тартиботбаҳогузорӣ намоем, балки ҳамчун як эроди норасогии фаъолияти менеҷмент баҳо додан лозим аст, ки ислоҳ мехоҳад. Барои пешгирӣ ва идора намудани муноқиша инчунин лозим аст, ки сарчашма ва роҳҳои ғайрирасмиро низ истифода карда, унсурҳо ва сабабҳои асосии муноқиша муайян карда шавад ва дар асоси ин чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.
Албатта, дар ҳар як муноқиша тарафҳои манфиатдор, ҳавасманд, шахсони сеюм ва қонун амал менамояд ва хоҳ– нохоҳ мавқеи шахсони манфиатдор ва ҳавасманд мураккабтар мебошад. Барои пурра дарк намудани сарчашмаи муноқишаҳо ва мақсади онҳо ғаразнок буда, на барои беҳтаршавии кори ташкилот, балки барои вайроншавӣ ва тезутуншавии ҳолатҳо равона карда мешаванд.
Чунон, ки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, роҳбарони аксари ташкилотҳои системаи бюрократию маъмурӣ ин усулро истифода карда, барои шахсони алоҳида ташкилотро барҳам медиҳанд. Ин нуқта низ бояд яке аз унсури муҳими санъати роҳбарии муноқиша гардад.
2.Умуман, санъати идоракунии муноқиша давраҳои зеринро бояд дар бар гирад:
Таҳлили сарчашмаи муноқиша, сабабҳои алоҳаи он ба сохтори ташкилот, маданияти дохила ва беруна, тарзу усули роҳбарӣ, таркиби кормандони корхона ва вақту соати муноқиша.
Омўзиш ва кор кардани системаи маданияти ташкилӣ, ки боиси пешгирии муноқиша мегардад. Вариантҳои гуногун ва самаранокии ҳалли муноқиша, пайвастагии он аз урфу одат, маданият ва таърихи миллату халқҳо сачашма мегирад.
Кор карда баромадани фишангҳои дохилӣ ва берунӣ, мувозинати қувваҳо барои пешгирии муноқишаҳо. Баҳои миқдорӣ ва сифатӣ додан ба муноқиша.
Дида баромадани вариантҳои гуногуни ҳалли муноқиша, бо воситаи гуфтушунид, ҳалли муаммо, маблағ ва қувва.
Доштани алоқаи доимӣ, ахбори бефосила, муҳокимаи рафтори ҳар як корманд, вохўриҳо ва ташкили кори мураббигӣ, ҳавасманкунии кормандон, ислоҳи хатогиҳо ва ислоҳоти тағйиротҳои сохторӣ ва кадрӣ.
Бояд дар хотир дошт, ки муноқиша тарафҳои мусбии худро низ дорад. Аслан функсияҳои мусбии муноқиша инҳо мебошанд:
Функсияи ахбории муноқиша. Ин функсия ду тараф дорад, яъне огоҳикунанда ва мухобиротӣ. Тарафи огҳикунанда дар он зоҳир мегардад, ки менеҷменти корхона оиди камбудиҳои кори роҳбарии худ бохабар шуда, онро ислоҳ менамояд ва мувозинатии хуби кориро таъмин месозад. Мисол, оиди шароити корӣ, музди меҳнат, истифода аз мансаби баъзе вазифадорон ва ғайра. Идоракунии ин давра, албатта, осонтар буда, ислоҳи фавриро талаб менамояд ва роҳбаронро огоҳ менамоянд, то масъалаҳо мураккаб ва всеъ нагарданд, яъне хомўш кардани сохтор дар ҳолати аввал нисбат ба давраи авҷгирии он осон аст.
Функсияи коммуникативии муноқиша дар он зоҳир мегардад, ки тарафҳо мехоҳад оид ба раҳибони худ, захираҳо ва натиҷаи кори тарафҳои мухолитф ахбор, доду гирифт ва муомилаи хуб вуҷуд дошта бошад. Майдони ахбории худро васеъ карда тарафҳо хомўш шуда, қаноатманд мешаванд ва ҳақиқатро дарк карда, боварӣ ҳосил мекунанду фаъолияти пусамарро давом медиҳанд.
Функсияи интегративӣ ё худ тағйиротии муноқиша. Аллакай дар ин функсияи тарафҳо гурўҳҳои алоҳида буда, талабҳои қатъии худро барои тағйироти сохторӣ, кадрӣ ва ташкилот пешниҳод менамоянд. Дар ин ҷо албатта идоракунӣ каме мушкилтар буда, ислоҳотро талаб менамояд. Мақсади асосӣ ташкил намудани шароити хуби корӣ барои ҳамаи аъзоёни каллектив, аз байн бардоштани нобаробарӣ дар фаъолияти менеҷменти ташкилот, таъмини инкишоф ва баландбардории ихтисоси ҳар як корманд ва коллективи бригада, сех ва шўъбаро тақозо мекунад.
Функсияи навоварӣ – дар натиҷаи муборизаи дутарафаи муноқишагарон тағйироти куллие ба вуҷуд меояд, ки ҳарду тарафро қаноатманд намуда, дар ташкилот муносибатҳои тамоман навро ба миён меоранд. Агар муноқиша асоси иҷтимоӣ, рўҳӣ ва иқтисодӣ дошта бошад, ҳалли мусбии вай метавонад муҳити навро пайдо созад. Дар ҳақиқат агар менеҷменти ташкилот, аз иҷрои масъалаҳои муноқиша барояд, он гоҳ боварӣ ва обрўи вай дар назди коллектив баланд шуда, муттаҳидии коллектив мустаҳкам мегардад. Барои ҳалли муноқиша дар баъзе ҳолатҳо тадқиқотҳои илмӣ гузаронида, дар он омилҳо ва ҳолатҳои воқеӣ таҳлил карда натиҷаҳои хуб ба даст меоранд, ки барои кори ташкилот навоварӣ буда, фоидаи зиёде низ гирифта мешавад, яъне система ва моделҳо сохта, вариантҳои гуногун таҳлил ва дар натиҷа варианти оптималӣ интихоб карда мешавад.
Менеҷер вобаста аз вазифаи худ дар маркази муноқишаи ташкилот қарор дорад ва ўро зарур аст муноқишаро бо тамоми воситаҳое, ки дар ихтиёр дорад, идора ва ҳал намояд. Барои ин менеҷер бояд тарзи назорат ва ҳолати муноқишаро хуб омўхта, тарзу усули роҳбариеро истифода намояд, ки ба ҳамон ҳолату вақт мувофиқат мекунад.
Ба усули асосии санъати идоракунии муноқиша усули сохторӣ ва байнишахсӣ дохил мешаванд.
Усули сохторӣ – вобаста аз вазифаи хеш менеҷер, ё худ роҳбар бо роҳҳои зерин муноқишаро идора ва ҳал менамояд:
бо роҳи фармон, супориш, қарор;
тақсими воситаҳо аз захираҳо;
дигаргун кардани сохтори ташкилии бригадаҳо, сехҳо, шўъбаҳо;
маблағгузории иловагӣ;
усули мустаҳкамкунии тарафҳо;
сохтани шўъбаҳои нави хизматрасонӣ;
гузаронидани маҷлисҳо, ҷамъомадҳои якҷоя;
истифодаи координатсияи қувваҳо;
вазифа, ё худ штати иловагӣ додан;
аз вазифа озод, ё худ штатро кам кардан.
Усули байни шахсиятҳо – низ вобаста аз ҳолатҳо чунин амалӣ мегардад:
ба инобат нагирифтани муноқиша;
ором кардани тарафҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ;
маҷбурсозӣ, бе назардошти манфиати тарафҳо;
ризо шудан ба талаботҳои тарафҳо;
вақти иловагӣ додан;
якҷоя бо иштироки тарафҳо ҳалли оптималӣ ёфтан;
ҷазо додан тарафҳои гунаҳкор ва шахсони мансабдори менеҷмент.
Интихоби модел ва усули ҳалли муноқиша аксари маврид аз он иборат аст, ки ба тарафҳо мўҳлат дода шавад. Бо гузаштани вақти тарафҳоором шуда, аз муноқиша даст мекашанд, яъне варианти аввал ин мўҳлат додан ва ба даст овардани ризогии тарафҳо мебошад.
Усули истифодаи қувва, албатта, ҳалли тези муноқиша мебошад, аммо барои оянда боз сар назадани муноқиша кафолат дода наметавонад.
Таҳлили моделҳои гуногуни муноқишаҳо нишон медиҳанд, ки барои сар назадани муноқиша усул, тарз ва қоидаҳои аниқи кори роҳбарӣ шарти зарурӣ мебошанд.
Барои он ки муноқиша рух надиҳад, роҳбарон бояд то ҷузъиёти хурд вазифа ва функсияи ҳар як фарди ташкилотро пурра ва аниқ муайян карда, шароити хуби корӣ, тарз ва қоидаҳои низомии баландро ҷорӣ намоянд. Дар ҳолате, ки дар ташкилот ҳар як корманд вазифа ва функсияи худро софдилона иҷро мекунад ва доимо банд мебошанд, муноқишаҳо то ҳадди ақл кам шуда низоми корӣ ҳукмфармо мегардад.
Аз тарафи дигар, барои он, ки муноқиша руҳ надиҳад, роҳбар бояд оид ба ҳар як корманди хеш ахбори пурра дошта, ҳолати иҷтимоӣ, психологӣ, кордонӣ ва иқтисодии онҳоро хуб донад ва тарзу усули роҳбарии хешро оид ба ҳар яке аз онҳо истифода карда тавонад, яъне чӣ тарз роҳбарӣ кардани коллектив ва ҳар як аъзои онро донад.
Роҳбаре, ки ҳамчун пешвои асил худро нишон медиҳад ва дар ҳалли масъалаҳою муноқишаҳо хирадмандӣ нишон медиҳад, соҳиби эҳтирому иззат гашта, ўро дўст медоранд ва зери роҳбарии ў кору фаъолият менамоянд. Бояд қайд кард, ки тарзу усули роҳбарӣ низ вобаста ба давру замон кўҳна шуда, қобилияту мавқеи худро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳад. Бинобар ин, роҳбаронро зарур аст, доимо аз технология ва усулҳои замонавӣ самаранок истифода карда, дараҷаи донишу малакаи касбии худро бемайлон инкишоф диҳад.
Роҳбари самаранок ҳамон роҳбаре мебошад, ки ба талаботи замона ҷавобгўй буда, аз талаботҳои воқеӣ қафо намемонад.
Паҳлўҳои роҳбарӣ бояд аз ду қисм иборат бошанд:
асосӣ – ки новобаста ба ҳолатҳо ва давру замон дигаргун нашуда, бояд пеш аз ҳама мемонад, яъне роҳбар дар кадом вазифае, ки набошад, бояд пеш аз ҳама инсонгарӣ, хоксорӣ бонизому ва ҳурмату эҳтироми худ ва дигаронро бидонад ва доимо худро идора карда тавонад.
Тағйирёбанда – ки рафторҳо вобаста ба ҳолатҳо, давру замон ва зинаҳои вазифадорӣ инкишоф меёбад.
Дар шароити имрўза инкишофи иқтисодӣ, ҷаҳонишавии иқтисодиёт аллакай ба аксари роҳбарони ташкилотҳо зарур аст, ки бо сарварони ташкилотҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ ва доду гирифти молию пулӣ дошта бошанд, ки ин дар замони Шўравӣ барои ташкилотҳо ғайриимкон буд. Бинобар ин, роҳбарони ташкилтҳо имрўз бояд ба ғайр аз забони модарии хеш боз 2-3 забони хориҷиро донанд. Аз тарафи дигар маълум аст, ки дар аксари давлатҳои хориҷӣ барномаҳои махсуси компютерӣамал мекунад ва тамоми фаъолиятҳо бо воситаи компютер сурат мегирад. Вобаста ба ин ҳар як роҳбари тоҷик истифодаи компютерро хеле хуб бояд бидонад.
Имрўзҳо, албатта, шаклҳои моликият, технологияи истеҳсолӣ, фурўши мол ва талаботҳои бозор кулан тағйир ёфтааст. Ҳатто, дар истеҳсолот суръати ҳаракати мол хело тез гардида, он аз 6 моҳ то 3 солро ташкил медиҳад ва роҳбари кордони замонавӣ аз 3 то 5 сол технологияи истеҳсолии корхонаро бояд дигаргун созад, вагарна аз суръати ҳаракати тези бозор қафо монда, ба талаботи замон ҷавогўй буда метавонад.
Усули самаранок ва диққатҷалбкунандае, дар менеҷменти аксари ширкатҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳо истифода карда мешавад, усули барномасозии мақсаднок буда, дар он маблағи аниқу зарурӣ, иҷрокунандаи муайян, фоиданокӣ рўзу соати иҷрои кор роҳбарӣ карда мешавад ва натиҷаҳои мусбии зиёдеро низ ба даст овардаанд.
Хулоса, санъати идоракунии муноқиша дар менеҷмент талаб менамояд, ки аз коргари оддӣ то роҳбари болоии менеҷмент қобилияти баланди фикрронӣ ва дарки масоилро дошта бошад.
МАВЗЎИ СЕМИНАР: Намудҳои муноқиша
Дар корхонаву ташкилотҳо низоъҳоро ба намудҳои зерин тасниф мекунанд:
дохилишахсӣ;
байнишахсӣ;
байни шахс ва гурўҳ;
байнигурўҳӣ;
Низои дохилишахсӣ дар ботини шахс ба амал меояд ва табиатан ифодаи маrқсадҳо ва ё ақидаҳо мебошад. Вай ҳамон Ҳолат пайдо мешавад, ки дар ботини инсон мақсадҳои ҳамдигарро истиснокунанда мавҷуд бошанд. Ҳалли ин гуна низоъҳо бо зиёд шудани мақсадҳои гуногун душвор мегардад ва шахс тарафҳои мусбат ва манфии онро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонад.
Низои байнишахсӣ. Ин намуди низоъ яке аз паҳншудатарин ба ҳисоб меравад. Низои байнишахси одатан байни шахсоне ба амал меояд, ки барои ҳалли масъалаи мушаххас ақидаҳо ва мавқеи гуногунро доранд.
Низои байни шахс ва гурўҳ. Ин намуди низоъ дар он ҳолат рух медиҳад, ки шахс мавқееро ишғол мекунад, ки он хилофи мавқеи гурўҳ аст. Масалан, ҳангоми муҳокимаи масъалаи дар оянда зиёд намудани ҳаҷми фурўш, бисёриҳо чунин мешуморанд, ки он бо роҳи паст намудани нарх ба даст оварда шавад. Вале, танҳо як шахс ба ин ақида рози намешавад, зеро ў чунин мешуморад, ки ин роҳ боиси кам шудани фоида мегардад.
Низои байнигурўҳӣ (дохилиташкилотӣ)ин мухолифати ду ва ё зиёда гурўҳ дар корхона мебошад. Чунин мухолифат асосҳои касби-истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва ҳиссӣ доранд.
МАВЗЎИ КМРУ-и 1: Муноқишаи дохилишахсиро нишон диҳед:
Низои дохилишахсӣ ҳамон вақт хусусияти низои ақидаҳоро мегирад, ки шахс беасос будани мақсадҳои хеш, мавқеъ ё рафтори худро дарк намояд.
Масалан, яке аз муовинони роҳбари корхонаи истеҳсоли ба мудири амбори маҳсулоти тайёр супориш медиҳад, ки маҳсулотро ба ниёзмандон дар бозори дохилии шаҳри муайян фурўшад. Аммо муовини дигари корхона қатъи талаб менамояд, ки ин маҳсулот бояд ба як ширкати хориҷӣ интиқол дода шавад. Дар натиҷаи ин фикру амали ҳархела мудири амбор дар ҳолати ноинҷор мемонад ва дар ботини ў низои дохилишахси сар мезанад. Албатта, дар ин бобат мисолҳои зиёд мавҷуданд.
МАВЗЎИ КМРУ-и 2: ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҲОЛАТӢ
Шумо менеҷер оид ба кормандон мебошед. Ба ширкати Шумо зани боистеъдод омад ва хоҳиши вакили савдо шуданро дорад. Сатҳи тахассуснокии ў нисбатан баландназар ба умедворон-мардҳо бештар хоҳиши кор карданро доранд. Аммо қабул намудани ў ба кор аз тарафи як қатор вакилони савдои Шумо нигоҳи зиддиятнокро ба вуҷуд меовард, ки дар байни онҳо занҳо нестанд ва ҳатто як қисми мизоҷони ширкати Шуморо метавонад раҷонад.
Оё Шумо ин занро ба кор қабул мекунед?
Барои чӣ?
Кор бо тестҳо
1.Муноқишаҳоро аз рўи давраи инкишоф чӣ гуна гурўҳбанди менамоянд?
Муноқишаи умуми ва қисман
Кутоҳмуддат, тулонӣ
Мусолиҳа, бемусолиҳа
Кабл аз низоъ, зиддият, бўҳрон, халу фасл
2.Муноқиша чист?
Баҳам бархурдани ду равияи ба ҳам зидди психики одамони алоҳида дар муносибати онҳо
Муҳити психологӣ ва маънавиро дар коллектив коста намудан
Мақсади худро думболагири намудан
Гуногуншаклии манфиати одамон, хусусияти психологии онҳо, ки ба ҳолатҳои тасодуфӣ вобастааст
3.Мафҳуми низоъ аз кадом калима гирифта шудааст?
англисӣ
юнонӣ
грекӣ
лотинӣ
4.Аз рўи муносибат ба субъектҳои муноқиша чи гуна чудо мешаванд?
Муноқишаи манфиатҳо ва байнигурўҳи
Муноқишаи байнишахсӣ ва коллективӣ
Муноқишаи дохила ва беруна
Ҳамааш якчоя
5.Аз рўи натиҷаашон муноқишаҳо чӣ гуна мешаванд?
а) Номаълуми ғаразнок ва бадхорӣ
б) Мунокишаҳои мақсаднок
в)Конструктивӣ ва ғайриконструктивӣ
г)Ҳамааш якҷоя