Алоқамандии идоракунии стратегияи корҳона ва маркетинг

Тадқиқотчии америкоӣ Т. Питерс ва Р. Уотерман менависанд, ки «Камбудии таҳлили фаъолияти дохила дойр ба қарордоди идоракунӣ дар он аст, ки одамон аксари маврид он нишондиҳандаҳоеро таҳлил мекунанд…Проблемам методологие, ки оид ба таҳлили идоракунӣ 6а миён омадааст, ин муайян кардани кулли нишондихандаҳое, ки бояд таҳлил карда шаванд.
Тадқиқотчии америкоӣ Т. Питерс ва Р. Уотерман менависанд, ки «Камбудии таҳлили фаъолияти дохила дойр ба қарордоди идоракунӣ дар он аст, ки одамон аксари маврид он нишондиҳандаҳоеро таҳлил мекунанд, ки маълум ҳастанд, он чизе ки маълум нест, диққат намедиҳанд». Технологияи ахборӣ акнун чунин имконият додааст, ки менеҷерон ахбори зиёдеро истифода ва таҳлил намоянд. Инчунин муайян карда шудааст, ки қобилияти одамон барои кардани ахбор махдуд мебошад. Иқтисодчии америкоӣ Герберт А. Саймон, раванди карори идоракуниро таҳлил карда, ба хулосае меояд, ки «Одамон қариб аксари мавриди ахбор ва маълумоти махдудро барои халли масъалаҳо дар хисобкунӣ истифода мебаранд».
Аз ин ҳотир у пешниҳод мекунад, ки «дикқати менеҷерро» ҳамчун захираи махдуде, ки ба ҷараёни қабули қарори идоракунӣ таъсир мерасонад, қабул намудан мумкин аст.
Бечунучаро ҳангоми таҳлили идоракунӣ пеш аз ҳама сухан дар бораи баҳои иқтидори иқтисодии корҳона, муқоиса он ба дигар ширкатҳо, инчунин муаиян кардани мавқеи ширкат дар бозори мол мебошад.
Дар шароити имрузаи иқтисоди корҳонаҳои Тоҷикистон таҳлили идоракунӣ раванди хело мураккаб мебошад. Якчанд омилҳое вучуд доранд, ки тахлилро мураккаб мегардонанд:
а) дар аксари корҳонаҳо шӯъбаи махсуси таҳлил, ё аудит вуҷуд надорад;
б) аксари маврид ахборӣ идоракунӣ вучуд надорад, чунки дар корҳонаҳо баҳисобгирии идоракунӣ бурда намешавад;
в) худи рохбарияти корҳонаҳо ҳоҳиши таҳлили қарорҳои идоракуниро надоранд. Чунки хусусияти ҳоси роҳбарии шаркӣ, ки дар роҳбарони мо дида мешавад, намеҳоҳанд, ки камбудиҳои роҳбарии онҳо ошкор гардад ва кушода бошад. Як одати шаркӣ амал дорад, ки роҳбар чӣ кадар камбудӣ надошта бошад, ӯро кариб ки танқид намекунанд ва руирост намегуянд.
Дар баробари ин таҷрибаи ҳориҷиён нишон медиҳанд, ки дар маҷмуъ панҷ гурӯҳи хатогиҳо мавҷуд мебошад, ки дар вақти ахборӣ таҳлилӣ идоракунӣ содир мешавад:
Хатогии якум – менеҷерҳо ба ахбори мукаммали зарури мӯҳтоҷ мебошанд.
Олими англис Р.Л. Акофф менависад, ки аксари системаи ахборӣ факту рақамҳо ва фикрҳои тахминиро пешниҳод менамоянд, ки барои менеҷер аллакай камбудӣ пайдо мешавад. + қайд мекунад, ки аксари маврид менеҷерон ахбори зиёдатие доранд, ки аксаран нолозиманд. Бинобар ин аз миқдори зиёди ахбор истифода бурда наметавонанд ва камбудӣ зоҳир менамоянд. Аз ин ҳотир зарур мебошад, ки шӯъбаи махсус ахборро тасниф карда, аз ҳама ахбори зарури ва дурустро ба менеҷер пешниҳод намояд.
Хатогии дуюм – менеҷер ба ахборе, ки меҳоҳад гирад, зарурат дорад.
Аксари маврид коргарони шӯъбаи ахбор аз менеҷер мепурсанд, ки кадом ахбор зарур аст ва чунин хаёл мекунанд, ки гуё менеҷерон ҳамаро медонанд. Аммо дар асл, ки ҳамаи менеҷерон медонанд, ки кадом ахбор барои онҳо лозим аст, бинобар ин доимо ахбори зиеди нолозимеро талаб мекунанд, ки баъдан худашон дар онҳо раҳгум мемонанд. Системам ахборӣ қисми таркибии идоракунии ташкилӣ ва иқтисодӣ мо бошад ва ахбори идоравӣ бояд, ки дар корҳона бошад ва таҳлил карда шавад.
Хатогии сеюм – чунин қабул шудааст, ки гуё менеҷер, ки ахбори заруриро гирифт, ҳатман қарори дуруст қабул мекунад.
Аммо дар аксари маврид дар қарори идоракунӣ якчанд вариантҳо пайдо мегардад, ки бояд дар назар дошта бошем.
Хатогии чорум — аксари маврид менеҷерон дар он андеша мебошанд, ки чӣ қадар дӯстони зиёд ва алоқаҳои зиёд дошта бошанд ва маслихат гиранд, ҳамон қадар қарори идоракунӣ самаранок мебошад. Аслан гирем, ду корҳонае, ки якхела мақсад доранд, ҳаракат мекунанд, ки аз якдигар зиёдтар ахбор дошта, дар бозор фонда и зиёд гиранд. Бинобар ин сохтори ташкилии идоракунии корҳона чунин бояд бошад, ки баъзе нишондихандаҳои сифатии кори корҳона махфӣ нигох, дошта шаванд.
Хатогии панҷум — аксари маврид коргарони шӯъбаи ахбор чунин ақида доранд, ки менеҷерро шарт нест, ки дар бораи раванди коркарди ахбор маълумот дошта бошад. Аммо зарур мебошад, ки менеҷер дар бораи ахбор маълумоти зарурй дошта бошад ва дарк карда тавонад, ки ин дуруст аст, ё не.
Мисоли оддӣ, агар ба шумо оиди зиёдшавии истеҳсоли мол якбора 300% афзудааст гуфта ахбор диҳанд, албатта ин аз нигоҳи иқтисодӣ ҳайратовар буда, шубҳа пайдо мешавад. Менеҷере, ки инро мефаҳмад боз як маротибаи дигар аниқ карда баъд қарори идоракунӣ қабул менамояд.

Ба остонаи асри ХХI қадам гузошта, инсоният бо як қатор проблемаҳои мураккаб дучор омад, ки аз як тараф ба зиддият байни ҷомеа ва табиат, аз ҷониби дигар ба зиддияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ алоқаманд мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хулосае омад, ки идомаи рушди бебоздошти иқтисодӣ тибқи асосҳои мавҷуда инсониятро ба фоҷиа рў ба рў ҳоҳад кард, ки он ба мавҷудияти аҳли башар таҳдид мекунад.
Аввал ин ки ҳангоми нигоҳ доштани шароитҳои мавҷудаи такрористеҳсол дар дурнамои наздик асосҳои захиравии истеҳсолот қатъ мегардад.
Дуюм, технология ва муносибатҳои афзалиядоштаи имрўза метавонад ҷомеаро ба фалокат рў ба рў созад.
Ва сеюм, ба гурўҳои иҷтимоӣ тақсим гардидани ҷаҳон метавонад боиси дарҳамшикании на камтар шадидтар гардад.
Дар ҷаҳони таҳдидҳо ва имкониятҳои ба ҳам алоқаманд иқдоми ҷавобӣ метавонад танҳо амали устувори дастаҷамъӣ бошад, ки ба рушди ҷомеа нигаронида шудааст. Моделҳои иқтисодӣ ва экологиро, ки мутобиқи он кишварҳои дунё дар ҷараёни ҳазорсолаҳо инкишоф меёбанд, Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист ва рушд, соли 1992 дар Рио-де -Жанейро қобили қабул эътироф нанамуд, зеро он худи мавҷудияти ҳаётро дар курраи замин таҳти хатар қарор медиҳад.
Саммити умумиҷаҳонӣ дар Йоханнесбург (соли 2002) тасдиқ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанўз ҳам тибқи сенарияи рушди ноустувор ҳаракат мекунад ва давлатҳо бояд барои ноил гардидан ба таҳияи Стратегияи миллии рушди устувор тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳавасмандии умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии рушди устувор дар «Рўзнома барои асри ХХI» ва дигар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардида, он ҳамаи кишварҳоро водор месозад, ки «барои тақвият ва таҳкими асосҳои ба ҳам алоқаманд ва дастгирикунандаи рушди устувор масъулияти дастаҷамъиро ба зимма гиранд».
Рушди устувори кишвар ин рушдест, ки эҳтиёҷоти насли имрўзаро қонеъ гардонида, имконияти насли ояндаро ҷиҳати қонеъгардонии эҳтиёҷоташ таҳти хатар қарор намедиҳад.
Рушди устувор се ченаки усулан ба ҳамдигар алоқамандро дар бар мегирад, ки бо рушди иқтисодиёт, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист тавсиф меёбад. Осудаҳолии ҷомеа бояд ҳаддалимкон баланд бардошта шуда, тавассути истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои табиӣ сатҳи камбизоатӣ паст карда шавад. Усули муҳими ноил гардидан ба рушди устувор аз таҳия ва татбиқи консепсияи миллии рушди устувор иборат мебошад.
Консепсияи миллии рушди устувор – ин барномаи дарозмўҳлати давра ба давраи гузариш ба рушди устувор мебошад, ки самтҳои мушаххаси дигаргунсозӣ ва намудҳои фаъолиятро ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои стратегӣ, захираҳои барои ин мақсадҳо зарурӣ, усул, системаи идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ дар сатҳҳои ҳудудӣ, минтақавӣ, миллӣ ва дар сатҳи байналмилалиро муайян менамояд.
Эҳтиёҷот ба таҳия ва татбиқи КРУ аз як тараф вобаста ба тақвияти «стартегиянокии давлат» ва зарурати нисбатан дақиқ муайян намудани доираи рушди кишвар ва аз ҷониби дигар- вобаста ба ҳифзи системаи нодири экологӣ ва захираҳои табиӣ бо манфиати ҳадди ақал барои кишвар ва осудаҳолии он ба миён омадааст, ки захираи устувори тамоми биосфера, махсусан барои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Проблемаҳои экологӣ, ки принсипҳои мавҷуда банақшагирӣ боиси ба миён омадани онҳо гардида, танҳо ба гирифтани даромад нигаронида шудааст ва гуногунию амиқии оқибатҳои манфиро барои табиат ба инобат намегирад, раванди рушди кишвар ва дар маҷмў рушди минтақаро бозмедорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз раванди рушди ҷаҳонӣ дар канор бошад. Истиқрори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил шудани он ба робитаҳои ҳоҷагидории ҷаҳонӣ аз кишвар иштироки фаъолро ҷиҳати татбиқи ҳамаи маҷмўи созишномаҳои байналмилалӣ тақозо менамояд.
Мамлакат ўҳдадориҳоро оид ба иҷрои вазифаҳои Рўзнома барои асри ХХI (Рио-де-Жанейро, с.1992.), эъломияҳои Саммити Ҳазорсола (Нью-Йорк, с.2000.) ва Боздиди умумиҷаҳонӣ дар сатҳи олӣ оид ба рушди устуворро (Йоханнесбург, с.2002.) ба зиммаи худ гирифтаст.
Ғояи рушди устувор –ғояи ба ҳаёту мамоти инсоният нигаронидашуда ҳамнавои раванди сулҳҷўёнаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз рўзҳои аввали истиқлол Тоҷикистон ҳамбастагии худро ба принсипҳои рушди устувор иброз дошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон азми мардуми кишварро барои эъмори ҷомеаи одилона эълон дошт ва ҳамзамон қарз ва ўҳдадории худро дар назди наслҳои гузашта, имрўза ва оянда эътироф менамояд.
Гузариш ба рушди устувор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи эҳтиёҷоти зарурии имрўза мебошад. Дар шароите, ки барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ҷалби ҳаҷми зиёди захираҳои табиӣ тақозо мегардад (замин, об, ҳаво, канданиҳои фоиданок, олами наботот ва ҳайвонот, захираҳои рекреатсионӣ ва ғайра), бояд механизмҳои нисбатан мутаносиб таҳия карда шавад.
Аз ин рў Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор афзалият, мақсад, вазифаҳо ва механизмҳои асосиро барои ноил шудан ба рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ муайян менамояд. Ҳамзамон зарур аст, ки омилҳои сиёсӣ, экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ба раванди ягона, ки ба баланд бардоштани осудаҳолии аҳолии Тоҷикистон нигаронида шудааст, ҳамгироӣ карда шавад.
Дурнамои афзалиятҳо барои ташаккули системаи минбаъдаи иҷтимоию сиёсӣ, заминаи нави иқтисодӣ, истиқрори арзишҳо ва принсипҳои рушди устувори Тоҷикистон аз эъмор ва рушди давлати унитарии демократии иҷтимоию ҳуқуқӣ, ташаккули ҷомеаи муосири гражданӣ, созмон додани иқтисоди бозаргонии дорои самти иҷтимоӣ, пешбурди самарабахши ҳоҷагидорӣ, истифодаи судманд ва сарфакоронаи захираҳои табиӣ иборат мебошад.
Мақсади асосии гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор аз таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ бо нигоҳ доштани муҳити мусоиди зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҷиҳати қонеъгардонии эҳтиёҷоти наслҳои имрўза ва ояндаи кишвар иборат мебошад.
Вазифаҳои аввалиндараҷа барои гузариш ба рушди устувор ин ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодӣ, паст кардан ва барҳамдиҳии камбизоатӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, идоракунии дахлдори захираҳои табиӣ бо роҳи ташкили иқтисодиёти ҳамгироишуда, ки метавонад ба инвеститсияҳои истеҳсолӣ захираҳои дохилиро ҷалб намояд, тавассути ба роҳ мондани идоракунии дақиқи раванд дар асоси саъю талоши дастаҷамъонаи ҷомеа мебошад.
Татбиқи принсипҳои рушди устувор дар се давра амалӣ карда мешавад. Давраи аввали гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор асосан ба татбиқӣ Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 рост меояд. Ҳамзамон дар ин ҷо фаҳмиш ва идоракунии раванди экологӣ, риояи дақиқи маҳдудиятҳои асосноки экологӣ нисбат ба фаъолияти ҳоҷагидорӣ ниҳоят муҳим буда ба масъалаҳои иттилоотонии аҳолӣ оид ба проблемаҳои ҳифзи муҳити зист, тадбирҳои кабудизоркунии ҳудудҳо, инчунин ба иҷрои уҳдадориҳо дар доираи конвенсияҳои глобалии экологии баимзорасида таваҷҷўҳи махсус дода мешавад.
Дар давраи дуюм дар доираи Стратегияи миллии Рушд то соли 2015 дар мамлакат сатҳи дигаргунсозиҳои сохториро нисбатан афзоиш дода, рушди устуворро бештар таъмин намояд, камбизоатиро аз байн бурда, минбаъд сатҳи зиндагии аҳолиро баланд бардорад. Дар ин давра бояд тадбирҳои превентивӣ оид ба такмили воситаҳои рушди устувор ҷиҳати мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим, таназзули замин ва ифлосшавии ҳавои атмосфера таҳия гардида, ҷиҳати пешгирии ба кишвар ворид намудани технология ва молҳои аз нигоҳи экологӣ хатарноки истеъмолӣ тибқи механизмҳои бозаргонӣ чораҳо андешида шавад.
Таъминоти гузариши кишвар ба рушди устувор давраи сеюми татбиқи стратегия буда, ба татбиқи сиёсат ҷиҳати солимгардонии иқтисодиёт ва суботи он нигаронида шудааст, ки шарти зарурии татбиқи принсипҳои рушди устувор мебошад. Дар ин давра дар назар дошта шудааст, ки системаи иқтисодии ба экология нигаронидашуда ташаккул ёфта, принсипҳои рушди устувор бо ҳамаи соҳаҳои ҷомеаи кишвар ҳамгироӣ ҳоҳад шуд. Суботи экологии ҳудуди кишвар қабл аз ҳама аз ҳисоби истифодаи самарабахши нерўи бойи табиии кишвар таъмин гардида, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, таҳияи нақша ва сохтмони истеҳсолоти аз нигоҳи экологӣ тоза, шаҳрсозӣ ва инфраструктура пешбинӣ гардидааст.
Консепсияи мазкур нисбат ба барномаҳо ё раванди мавҷуда раванди алоҳидаи банақшагирӣ намебошад ва ба он нигаронида шудааст, ки амали дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ иҷрошаванда ба принсипи рушди устувор мутобиқ гардонида шавад.

375
Нет комментариев. Ваш будет первым!